Зеҳн

АДАБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ

ЗЕ
Зеҳн22 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Адаб ҳусни инсон аст. Оре шахси боадаб ҳамеша аз хислати ҳамида мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунару фарханг бархӯрдор аст. Аслан ин қабила одамон фурутану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд.

Манманиҳо пешаи шайтон бувад,

Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумўъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

«Луқмони Ҳакимро пурсидаанд: Адаб аз кӣ омўхтӣ? Гуфт: Аз беадабон. Ҳар чӣ аз эшон дар назарам нописанд омад, парҳез кардам».

Аз ин андешаи орифона чунин хулоса меояд, ки барои дарки моҳияти адаб худи зиндагӣ моро чун устоди сахтгир таълим медиҳад. Як шахси боадаб бар сад нафар беадаб пирўз меояд, мисли он ки торикии шабро нури рўз маҳв мекунад. Бо ин маънӣ Абулҳасани Фаррухӣ гуфтааст:

Зи нури рўз гурезад ҳамеша зулмати шаб,

Чу фахр пайдо гардад, нуҳуфта гардад ор.

Бузургони илму адаб ба ин масъала таваҷҷўҳи хосса зоҳир намуда, адабро ганҷи қимат ва шарафу иқбол ба қалам додаанд. Ҳикмати Абулқосим Фирдавсӣ далели андешаи болост:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар аз мулки Фаридун бувад.

Бадриддин Ҳилолӣ бо як илҳоми шоирона хеле бамаврид мегўяд:

Адаб ороиши афъол бошад,

Адаб осоиши аҳвол бошад.

Адаб маҷмўаи ҳусну ҷамол аст,

Баҳоре дар камоли эътидол аст.

Адаб дар назари аҳли хосу ом бахту саодат, давлати ноёб, эътибору шаҳомат, тоҷи сари мардон аст. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфта:

Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,

Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.

Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасид,

Зеро ки адаб тоҷи сари мардон аст.

Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рўи он амал мекунанд. Вақтҳои охир теъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Дар кўчаю хиёбонҳо беадабиро дида, бепарво мегузарем. Ин амали бемавқеъ ба суди ҷомеаи навину демократӣ нест.

Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рўҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онҳоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегардад. Барои ин сараввал бояд худи мо муаддаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Боядат аввал адаб андўхтан,

Пас дигар касро адаб омўхтан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2