САРМОЯИ БУЗУРГ АҚЛУ АДАБ АСТ, НА АСЛУ НАСАБ
Бале, шахсони боадаб ҳамеша хислатҳои ҳамидаи инсониро доро мебошанд. Шахси соҳиби ақлу адаб саховатманду хайрхоҳ, дурандешу ҳимматбаланд мешавад. Адаб ин бахту саодат, давлати ноёб, роҳнамоӣ зиндагӣ ва шодиву фараҳ мебошад. Абдураҳмони Ҷомӣ барҳақ гуфтаанд, ки:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Аз беадабӣ касе ба мақсад нарасад,
Зеро, ки адаб тоҷи сари мардон аст.
Адаб инъикоси зоҳирии ақл аст. Ақлe, ки бо адаб зебо гардонида намешавад, ба монанди қаҳрамони бесилоҳ аст. Дар зиндагии рӯзмарраи мо агар мушоҳида карда бошед, дар бозор ҳаҷми ягон чиз аз меъёр зиёд шавад, арзон мегардад, вале баръакс агар адаб зиёд шавад, қиматаш афзун мегардад. Агар мо соҳиби илму дониш, вазифаву мансаб бошему адаб надошта бошем дар байни мардум ҳеҷ обрӯву эътибор ва қадре надорем.
Вақтҳои охир дар кӯчаву хиёбонҳо бисёр ҷавононро мебинем, ки аз одобу ахлоқ дур мебошанд. Рафтору кирдор ва гуфтори онҳо аз чаҳорчӯбаи одоб берун аст. Вақте кирдори зишти ҷавонеро дар кӯчаву хиёбон ва ё дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дидаву бепарво мегузарем, вақте кӯдаки мо нафари дигареро дашному ҳақорат медиҳаду мо инро нодида мегирем, вақте бузургтаре аз худ заифтарро таҳқир мекунаду паст мезанад хомӯш меистем, ҳеҷ гоҳ пешрафту тараққӣ намекунем. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки намунаи ибрати чунин ҷавонон бошем. Бепарвоӣ зоҳир накарда, саҳми худро дар тарбияи дурусти наврасону ҷавонони боақлу боадаб гузорем.
Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд:
Кардам аз ақл савол ин, ки чӣ бошад имон?
Ақл бар гӯши танам гуфт, ки имон адаб аст.
Ё Ҳофизӣ ширинкалом мефармояд:
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,
Ҳар киро нест адаб, лоиқи сўҳбат набувад.
Саъдии бузургвор фармуда:
Баннӣ одам аъзои ҳамдигаранд,
Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.
Ё Нуриддини Шамсӣ, яъне банда оиди ин мавзӯъ мегӯяд:
Дур бош аз беадаб то метавон,
То ки бошӣ аз бадиҳо дар амон.
Мирзоева Г.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё