Зеҳн

Камоли Хуҷандӣ - Муқаттаот

ВА
Валиев Султон25 ноябри 2024 · 1 дақиқа хондан

АЗ МУҚАТТАОТ

Чу девони Камол афтад ба дастат,

Навис аз шеъри ў чандон ки хоҳӣ!

Хаёлоти латифу лафзу ҳарфаш,

Агар хоҳӣ ки дарёбӣ камоҳӣ,

Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома,

Ба ҳар ҳарфе фурў рав чун сиёҳӣ!

Маро ҳаст аксар ғазал ҳафт байт,

Чу гуфтори Салмон нарафта зиёд.

Ки Ҳофиз ҳамехонадаш дар Ироқ,

Баланду равон ҳамчу Сабъи Шидод.

Ба бунёди ҳар ҳафт чун осмон,

К-аз ин ҷинс биме надорад Имод.

Табъи ту, Камол, кимиёест,

К-аз вай сухани ту ҳамчу зар шуд.

Девони ту дӣ касе ҳамехонд,

Дидам ки даҳон-ш пуршакар шуд.

Аз ғояти лутфу обдорӣ,

Ҳосид суханат шуниду тар шуд.

Ду Камоланд дар ҷаҳон машҳур,

Яке аз Исфаҳон яке зи Хуҷанд.

Ин яке дар ғазал адимулмисл,

В-он дигар дар қасида бемонанд.

Филмасал дар миёни ин ду Камол,

Нест фарқе, магар ба мўе чанд.

Э Ҳофизи андалебоҳанг,

Оҳанги ту рафта ним фарсанг.

Гар Зўҳра бар осмон занад уд —

Саҳл аст, ту бар замин бизан чанг!

Киса макун пурзару сим, эй писар!

Кисабуронанд дар ин раҳгузар.

Кисатиҳӣ бошу биёсо, Камол,

Ҳар кӣ тиҳикисатар осудатар.

Дарёб, Камол, ин сухани нозуку борик,

Озурда макун хотират аз кас сари мўе!

Гар бо ту баробар зияд он сўфии азрақ,

Ёд аст маро дар ҳаққи ў байти накўе,

Бадхоҳи ту худро ба бузургӣ чу ту донад,

Лекин масал аст ин ки: «чанорею кадуе».

Зарталабон ҳамчу дар ҳалқабагўш омаданд,

Шукр к-аз озодагӣ банда дар он силк нест.

Боғ агарам нест, ҳаст нахли маонӣ басе,

Нахли маро баргу шох ҷуз варақу килк нест.

Хонаи мулки маро нест ба ҷуз байту шеър,

Мулки дигар қофияст, қофия худ мулк нест.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба