Камоли Хуҷандӣ - Шеваи нигориш
Шеваи нигориши Камол
Сабку услуби Камол ниҳоят ҷолиби таваҷҷўҳ буда, ўро чун устоди бемонанди шеъри тоҷикӣ намудор мекунад. Камол ҳамчун давомдиҳандаи сабки саҳли мумтанеъ суханҳои ширин, иборатҳои зебо, калимаҳои мутаносиб, ташбеҳ, истиораҳои нодир, таҷнису муболиғаҳои дилфиреб, зарбулмасалу мақол ва таъбирҳои ширадори халқиро чунон моҳирона кор мефармояд ки шеъри ўро ниҳоят намакин ва хушоҳанг мегардонад. Барои намуна ин ду байтро мулоҳиза фармоед;
Дар бешаи дунё, ки чарогоҳи дили мост,
Рўзе ду чаридему чамидему гузаштем.
Дар ҳақиқат бисёр ғазалҳои Камол чун мушоҳидаҳои шахсӣ гуфтугў ва муколамаҳои лирикӣ, сўҳбат ва монологи драмавӣ, репликаҳои тез, аксар ишқи фоҷиавӣ ва яктарафаро баён менамоянд иншо гардида, чунон мафтункунандаанд, ки бо назокат, тобнокӣ, образнокӣ ва тасвири рўҳӣ ҳамвазн ва ҳамоҳанги дурдонаҳои назми халқӣ буда, бо самимият ва бетакаллуфии худ хонандаро дар ҳайрат мегузоранд. Ба ин байтҳо диққат намоед, чи қадар содаю самимӣ буда, таронаҳои шўхи халқиро ба хотир меоранд. Вазни ёздаҳҳиҷоии баҳри ҳазаҷи мусаддаси маҳзуф, ки рукнҳояш ба мафойлун мафойлун фаўлун баробар аст, қаробати онро бо шеърҳои халқӣ афзунтар гардондааст:
Ба ёрони куҳан ёрӣ накардӣ,
Ҷафо кардӣ, вафодорӣ накардӣ.
Дар ғазали поён вазн бори латофат ва назокати суханро радифи "нагўем, чӣ гўем?" мебардорад. Ба воситаи ин радиф, ки аввал дар шакли инкор ва баъд ба тарзи савол таъкидан таъкид карда мешавад, ҳусни маҳбуба хеле барҷаста ҷилвагар мешавад:
Рўят гули сероб нагўем, чй гўем?
Он лаб шакари ноб нагўем, чй гўем?
Он зулфи камандафгану рухсору ҷабинро
Дузду шаби маҳтоб нагўем, чй гўем?
Ҳамин радиф аст, ки ташбеҳу истиораҳои анъанавии гули сероб (рўй), шакари ноб (лаб) ва ғайра малоҳати нав гирифта, шеърро дилчасп, маъниҳоро барxаста ифода кардааст. Ташбеҳҳои анъанавиро ба тарзи нав кор фармудан аз хусусияти барxастаи сабки шоирии Камоли Хуҷандист. Моҳро чун ташбеҳкунандаи рўи маҳбуба истифода бурдан ва абрўи маъшуқаро ба моҳи нав ташбеҳ намудан дар адабиёти асрҳои ХП-ХШ маълум буд. Аммо ин ташбеҳҳоро вобаста ба дўст дар шакли шарҳу тафсир ва хилоф овардани Камол ба онҳо таровати такрорнашаванда додааст:
Ид шуд, хоҳем дидан моҳ, яъне рўи дўст,
Рўзадорон моҳи нав бинанду мо абрўи дўст.
Камол аз ташбеҳу истиора, муболиға, тазоду таҷнис ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ нодиркорона истифода карда, дар айни ҳол ба таносуби сухан низ ниҳоят диққат мегуморад. Вале баъзе ташбеҳҳои корфармудаи ў дар назари аввал дурушт ва ноҷо менамоянд, мисли он ки чашмро ба обид, гўши рўзадор ва мардуми бисёрхоб (Бинем чашми масти ту бемору саргарон, Ин аст шева мардуми бисёрхобро) ташбеҳ медиҳад. Вале шоир дар ин берабтӣ хусусияте ё сифатеро дарёб мекунад, ки он дуруштӣ ва ноҷо будани аввал ба назар вонамударо аз байн мебарад. Дар байти зерин маҳбуба ҳам ба шаҳ ва ҳам ба шаҳи шатранҷ ташбеҳ дода шудааст:
Ба чӣ мансубӣ надонам, ки баремат ба висоқ,
Ту шаҳастиву тавон бурд ба бозӣ шаҳро.
Камол ба воситаи муболиға, иғроқ ва ғулув воқеаву ҳодисаҳоро барҷастатар тасвир менамояд. Барои намуна ин байтро мулоҳиза фармоед:
Бодбезан чу касе бар мани бемор занад,
Аз заифӣ чу магас бод барад пайкари ман.
Дар ғазалиёти Камол аксар санъатҳои гуногуни лафзию маънавӣ, радиф ва забон дар якҷоягӣ ҳусни олии ғазалро ба вуҷуд оварда, ҷиҳатҳои эмотсионалии гуфтаҳои шоирро барҷастатар ифода менамояд. Баъзан радифҳои дилнишину ҳадафҳои шоир ба либоси анъанавии суханаш рангу ҷилои тоза бахшида, онро ба назарҳо наву обнарасида нишон медиҳанд. Масалан, дар ғазали зер радифи "Гуфт, ки ҳарду" ташбеҳоти дақиқ, тазоду муқобила ва муболиғаҳои рўзро, ки дар назари аввал аз ҳамдигар аз замин то ба осмон фарқ доранд, байтҳоро муттаҳид намуда, ба ғазал оҳангу таровати махсусе мебахшад, ки дар натиҷа анъанавӣ будани ташбеҳу истиораҳоро пайхас карда наметавонад:
Гуфтам: Малакӣ ё башарӣ? Гуфт, ки ҳарду,
Кони намакӣ ё шакарӣ? Гуфт, ки ҳарду.
Чунин ғазалҳо лавҳаҳои хурди драматикӣ-лирикиеро ба хотир меоранд, ки бо муколамаву монолог лаҳзаи гувороеро таҷассум менамоянд.
"Камол устоди бузурги забон аст, ў дар аксар байтҳои худ як ё ду сухани думаънидор, ё ки чандмаънидорро чунон устодона кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт пурра мебарояд" (С. Айнй). Вале "бо вуҷуди фикр ва баланд будани мазмун хеле сода, равон ва ҳамафаҳм будани забони шеърҳояш натиҷаи ҳамин маҳорат аст. Дар аксарияти байтҳои вай санъати лутф, яъне, бамавқеъ ва устодона ба кор бурдани суханҳо ду ё чанд маънидор мешаванд" (А. Деҳотӣ). Аксари онҳое, ки ин хусусияти назми Камолро гўшзад кардаанд, ғазали радифаш "Гуфтам: ба чашм" ва ин байтро мисол меоранд:
Гуфтам: Давои дарди диламро хате навис,
Гуфто: Давот чун бинависам? Давот нест.
Дар ин байт калимаи "давот"-и аввал ба маънои "давои ту" омада бо "давот" (сиёҳидон) таҷнис карда шудааст, вале дар мавриди дуюм калимаи мазкур якбора ҳар ду маъноро низ ифода мекунад.
Дар байти зерин калимаи "ҷигар" дар мисраи дуюм ду маъно -маънои аслӣ ва "нотарсӣ"-ро ифода карда, ба василаи маънои дуюм ба "ҷигар"-и мисраъи якум таҷнисро ташкил кардааст:
Гуфтӣ: Бизанам бар ҷигарат тири ҷафое,
Аз тир натарсам, ки маро ҳам ҷигаре ҳаст.
Дар байти поён бошад, "вафот" дар ҳар ду мисраъ ҳам ба ду маъно "вафоят" ва "марг" истифода шуда, бо маъниҳои духўра дар ҳар ду мисраъ санъати лутфро ташкил мекунад:
Камол ҷон ба лаб овард бар умеди вафот,
Дилаш биҷўй, ки вақти вафот наздик аст.
Камол на танҳо санъати саҷъ ва лутфро зиёд ба кор мебарад, балки санъати иҳом низ аз санъатҳои дўстдоштаи ўст. Бисёр байтҳои ў дар баробари маънои наздик маънои дур ҳам доранд, ки барои ин танҳо овардани байти зайл кофист:
То ғам нахўрду дард, наяфзуд қадри мард,
То лаъл хун накард ҷигар, қимате наёфт.
Ба хуни ҷигар лаъл гардидани санг маънои дар натиҷaи заҳмати зиёд ба мақсад расиданро дорад, вале аз тарафи дигар ин ибора маънои оддии истеҳсолӣ дорад, ки кам одамон, онро медонанд. Гап дар сари он меравад, ки лаълро, ки аз маъдан истихроҷ мекунанд, он қадар тобнок нест, бинобар ин онро дар миёни ҷигари гарми нав аз синаи мол берун кашидашуда ҷой мекунанд, аз хуни он ҷигар лаъл ранги қирмизиро касб мекунад ва муҷалло мегардад, ки байти боло ҳар дуи ин маъниро ифода мекунад. Ҷои дигар Камол мегўяд:
Душвор кашад нақши ду абрўи ту наққош,
Осон натавонанд кашидан ду камонро.
Феъли "кашидан" дар мисраи якум феъли ёрирасон буда бо калимаи "нақш" вобаста аст, вале дар мисраи дуюм шоир онро чун феъли мустақил ба назар дошта, маънои дуюми он таранг кашиданро таъкид менамояд ва ба воситаи абрўвони маҳбубаро ба камон ташбеҳ додан (ду абрў-ду камон) суханбозии аҷибе мекунад: яъне чунин ки ду камонро як кас зеҳ карда наметавонад, наққош ҳам акси туро кашида наметавонад, чунки ту аз ҳад зебоӣ. Шоир ба воситаи санъати ҳусни таълил (асоснок кардан) маънии байтро хеле амиқ ва мантиқи шеърро шоирона мегардонад.
Истифодаи калимаҳои тазод, ки санъати тазодро ба вуҷуд меорад, аз воситаҳои дўстдоштаи маъниофаринии Камоли Хуҷандӣ мебошад.
Дар байти зерин калимаҳои "по" ва "сар" тазоди асосӣ буда, ба ҳам муқобил гузошта шудани "хоки по"-и маҳбуба бо "тоҷи кай", ки таркиби дуюми талмеҳ низ мебошад, маъниро барҷаста гўшзад намуда, саволи таъкидии миҷраи дуюм бо ҳамроҳии таҷнис - омонимҳои "кай" ва "Кай" ва нимтаҷnиси "мўҳтоҷ" ва "тоҷ" байтро хеле образнок ҷилва медиҳанд:
Хоки поят бар сарам тоҷи Кай аст,
Инчунин сар кай бувад мўҳтоҷи тоҷ?
Дар байти поён тазоди "қатра" ва "дарё" (баҳр) барои ифодаи танҳоӣ ва иттиҳод истифода шуда, шоир муттаҳидиро тарғиб менамояд:
Қатраӣ, қатра зи дарё чу ба соҳилҳоӣ,
Чун ба дарё бирасӣ, қатра наӣ, дарёӣ.
Дар кор фармудани ибораҳои рехта ва истеъмоли мақолу зарбулмасалҳо Камол назир надорад. Қариб дар тамоми ғазалҳои ў як-ду ва ҳатто се-чаҳор мақолу зарбулмасал истифода шудаанд, ки дар осори ягон адиб ин микдор таъбирҳои халқӣ, ибораҳои рехта, мақолу зарбулмасал истеъмол нашудааст. Ифодаҳои чашмони чор, пой дар гил будан, доғ бар ҷон ниҳодан, чашм паридан ва амсоли инҳо дар шеъри Камол зиёд ба кор рафтааст. Ба воситаи истифодаи мақолу зарбулмасалҳо Камол афкори пешқадами инсондўстона ва ватандўстонаи худро тарғиб карда, баъзан барои аёнияти воқеа ва барҷаста ифода шудани фикр аз мақолу зарбулмасалҳо истифода мебарад. "Ба пояи бузургӣ нарасанд худписандон", "То хўшаҳо ба даст орӣ, донае бикор", "Мастӣ сифати мардуми озода набошад", "Некўӣ куну афган дар об", "Ҷоми нозук ёфт" ва амсоли ин дар ашъори Камол моҳирона истифода шуда, байтҳои поён ҳам маҳорати Камолро дар кор фармудани мақолу зарбулмасалҳо нишон медиҳад:
Дил зи зулфу холи хубон тираву ошуфта аст,
Хонаро чун ду-ст бону, лоҷарам, норўфта аст.
Ақл гуфто: Ба рўи ў чунӣ?
Гуфтамаш: Рўй бину ҳол пурс!
Дар охир ба тариқи ҷамъбаст метавон хулоса кард, ки ғазалҳои Камол аз ҷиҳати маъно содаву оммафаҳм ва рангоранг, аз ҷиҳати сувари хаёл ниҳоят барҷаста, бетакаллуф, басе бо ҷўшу хурўш ва драматикӣ буда, эҳсосоти мухталифи қалби шоирро ифода карда, ҳар байти он аксаран мустақилмаъност, суханҳои ғариб низ дар он бисёр буда, ин ғазалҳо аз ҷиҳати сухан ва балоғати лафзӣ беназиранд. Аз ин рў дар давоми асрҳо Ҷомӣ, Лутфӣ, Фузулӣ, Ҳилолӣ, Сайидо, Бедил, Шоҳин, Айнӣ дар мисоли ғазали Камол қувва озмудаанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё