МУАЛЛИМ, УСТОД, ОМӮЗГОР
Муаллим, устод, омӯзгор. Чун ин мафҳумҳоро ба забон меорем дар пеши назар чеҳраи нуронии шахсе намудор мегардад, ки тамоми ҳаёти хешро баҳри тарбияи насли наврас бахшидааст. Агар барои аз хоби ноз бедор сохтани табиат баҳор лозим бошад, пас баҳри саводнок шудану ба роҳи рост рафтани инсоният муаллим нақши калон дорад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Хизмати муаллим аст, ки устод Рӯдакиро чун шоири шоирон, ҳаким Фирдавсиро чун муаллифи асари безаволи «Шоҳнома», Айнӣ, Лоиқ, Турсунзода, Меҳмон Бахтӣ, Аскар Ҳаким, Фарзона, Кароматулло Олимов ва дигар адибони ҷовидон ба камол расонид.
Муаллим равшангари дилҳо ва ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ мебошад. Агар он заҳматҳои устод намебуд, ҳама аз илму дониш дур мемонданду дунё тираву тор мегарднд.
Чуноне, ки гуфтаанд:
Расад ҷон бар лаби бечора устод.
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Аз рӯзи аввали ба мактаб қадам монданамон муаллим моро бо рӯйи кушоду чеҳраи хандон пешвоз мегирад ва ба мо хондану навиштан, одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва гуфтору рафтори одамиро меомӯзонад. Пас аз чанд сол бо ҳамон чеҳраи кушод ба зиндагии мустақилона мегуселонад.
Муаллим ҳамеша кӯшиш менамояд, ки шогирди хуберо барои ҷомеа ба воя расонад. Барои ин ӯ чӣ қадар нури чашмонашро аз даст медиҳад, мӯйи сарашро сафед мекунад, вале боре ҳам шикоят накарда, ба кори худ содиқ мемонад. Пас мо шогирдонро мебояд ҳамаи заҳматҳои кашидаи устодонро пос дорем ва корҳоеро ба сомон расонем, ки устодон аз мо бифахранд.
Муаллим касби пурифтихор, бошараф ва соҳибрисолат аст. Муаллим барои гулгулшукуфоии низоми ҷомеа, соҳибмаърифатии аҳли ҷомеа, соҳибтамаддунӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ хизмат кардааст. Муаллим бо ақл, бо хирад, бо таҳаммул муносибат мекунад. Бурдбор аст, сабур аст ва заҳмат ба харҷ медиҳад, то наслро ба камол расонад. Насли оддӣ не, насли созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз. Он ҷое, ки муаллим қадам мегузорад, эҳсос карда мешавад, ки пешорӯйи ӯ дастаи нур равон аст. Ин нур нури хирад, нури маърифат, нури дониш, нури солимии тафаккур аст. Ва он ҷое, ки нур аст, шароиту имконияте ҳаст, ки мардум аз он баҳраманд шаванд. Муаллим ғарқи дарёи дониш, муаллим ғарқи анбуҳи китоб, муаллим шабзиндадор, муаллим ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб аст. Муаллим кӯшиш ба харҷ медиҳад солҳои тӯлонӣ меомӯзад, то ки баҳри ҷомеа, насли созандаву бунёдкорро ба воя расонад. Муаллим соҳиби андеша, соҳиби андарз, соҳиби панду ҳикмат аст.
Сарчашмаи ҳамаи хушиҳо, ободии ҳамаи маҳфилҳо, бузург гардидани ҳамаи шогирдони баркамол, маҳз меҳнати устодон-омӯзгорон мебошад. Омӯзгорон вазифаи ниҳоят душворро ба зимма гирифта, дар зиндагии пур аз розу ниёз тифли инсониятро тарбия менамоянд, илм меомӯзанд, ки чандон кори осон нест.
Хуррам онест, ки сазовори номи бузургу ин касби пуршараф аст. Омӯзгорӣ касби ниҳоят пуршараф аст ва омӯзгор касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи навоварист. Аммо донистану аз худ кардани навоварию ҷамъи рафтору гуфтори нек ба кас ба осонӣ муяссар намешавад. Чандон осон нест, ки аз тифле, ки аз олами маънӣ хабаре надорад, олиме сохт.
Муаллим барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекунад. Зеро шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад. Даме, ки шогирди муаллим шахси обурӯманд мегардад, бевосита аввалиндараҷа номи муаллимашро мегирад.
Хулоса, омӯзгор он шахсияти бузург ва нотакрорест, ки бо чароғи ақл олами фикри моро равшан намуда, дунёи пурасрори илмро муррифӣ мекунад. Деҳқону муҳандис, духтуру шоир ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Тобиши зиндагӣ бори дигар собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Хушбахтона дар мушкилтарин даврони зиндагии мо омӯзгорон дар хидмати халқу ватан қадр доранд. Эҳтироми муаллим вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси Ватан аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё