Зеҳн

Хусусияти ғазалҳои Камол

ЗЕ
Зеҳн25 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Камоли Хуҷандӣ асосан шоири ғазалсарост. Вай дар ин намуди шеър аз забардасттарин устодон ба шумор меравад. Вай шоири латиф, суханпардози аҷиб ва адиби ниҳоят бориксанҷ аст. Ҳар як байти ў як мазмуни баланд, хаёлоти нозук ва маонии бикре дорад. Абдураҳмони Ҷомӣ дар ''Баҳористон'' ин матлабро дақиқона қайд карда, ғазалҳои Камолро саҳли мумтанеъ номида, навиштааст: "Вай дар латофати сухан ва диққати маонӣ ба мартабаест, ки беш аз он мутасаввир нест". Худи Камол ҳам ба ин ишорат мекунад:

Чу девони Камол афтад ба дастат

Навис аз шеъри ў чандон ки хоҳӣ.

Хаёлоти ғарибу лутфу ҳарфаш,

Агар хоҳӣ, ки дарёбӣ камоҳӣ1.

Зи ҳар лафзаш равон магзар чу хома2,

Ба ҳар ҳарфе фурў рав чун сиёҳӣ.

1. Камоҳӣ - тамоман.

2. Хома - қалам.

Камол дар мактаби бузурги адабии шоирони форсу тоҷик - Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Низомӣ, Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва дигарон тарбия ёфта, бо эҷодиёти худ манфиати камбағалону косибон ва деҳқононро ҳимоят карда, дар ғазал бештар ба Аттор, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳасани Деҳлавӣ пайравӣ мекардааст, ки ин матлабро худи ў борҳо ёдоварӣ мекунад.

Ҳунари шоирии ў низ дар ғазалсароист ва ў мисли Ҳофиз устоди ғазал аст. Осори Камолро ҳам мисли осори Ҳофиз асосан ғазал ташкил мекунад. Аз ин гузашта, Ҳофиз бо Камол дўстӣ ва рафоқати хос доштааст ва дар байни онҳо ҳамеша робитаи мактубӣ идома доштааст. Бисёр вақт онҳо ғазалҳои худро ба ҳамдигар мефиристодаанд. Боре Камол ба Ҳофиз ин ғазалро мефиристад:

Ёр гуфт: "Аз ғайри мо пўшон назар". Гуфтам: "Ба чашм".

"В-он гаҳе дуздида дар мо менигар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар ёбӣ нишони пои мо бар хоки роҳ,

Барфишон он ҷо ба доманҳо гуҳар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод,

Ташнагонро муждае аз мо бибар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар гардад лабат хушк аз дами сўзони мо,

Боз месозаш чу шамъ аз дида тар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар бар остонам об хоҳӣ зад зи ашк,

Ҳам ба мижгонат бирўб он хоки дар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар гардӣ шабе аз рўи чун моҳам ҷудо,

То саҳаргоҳон ситора мешумар". Гуфтам: "Ба чашм".

Гуфт: "Агар дорӣ хаёли дурри васли мо, Камол,

Қаъри ин дарё бипаймо сарбасар". Гуфтам: "Ба чашм".

Нақл мекунанд: Вақте ки Ҳофиз ба байти сеюм (Гуфт: "Агар сар дар биёбони ғамам хоҳӣ ниҳод, Ташнагонро муждае аз мо бибар". Гуфтам: "Ба чашм") мерасад, ўро ҳолати аҷиб фаро мегирад ва мегўяд: "Воқеан, пояи ин мард бисёр баланд аст".

Ғазалҳои Камол аксаран аз 7 байт иборат аст (Ҳафт байт омад ғазалҳои Камол... Маро ҳаст аксар ғазал ҳафт байт...) ва худи шоир низ ба ин гаштаву баргашта ишорат менамояд:

Гуфтаҳои ту, ки бо он задаӣ сикка, Камол,

Ҳафт-ҳафт аст, вале чун зари холис даҳ-даҳ.

Зари даҳ-даҳӣ тангаи пурраи зари холис аст ва он чун рамзи пуррагӣ ва баландарзишӣ дар урфият маълум аст. Сабаби пуррагӣ ва томияти ғазалҳои Камол он аст, ки шоир бо вуҷуди маҳорати фавқулоддаи худ, дар болои ҳар кадоме рўзону шабони зиёд меҳнат ба харҷ медодааст. Худи шоир гувоҳӣ медиҳад:

Гўяд Камол филфавр сад шеъри тар ба як шаб,

Лекин ба васфи рўят ҳар як ғазал ба моҳе.

Ҳамин меҳнати шабонарўзӣ ва истеъдоди фитрӣ боиси он шудааст, ки ғазалҳои Камол хаёлот ва маъниҳои хосро дар бар карда, қабули ом гардиданд, зеро

Сухан ҳаргиз тару рангин нагардад,

Ба заркорию ҷадвалҳои рангин.

Танҳо маъниҳои бикр, хаёлоти рангин ва шеърияти баланд боиси он мешавад, ки он дар кошонаи дили мардум ҷой гирад. Шеъри Камол аз ин қабил аст. Шоир ифтихор дорад:

Нақши Чин гарчи дилкаш аст, Камол,

Нақши килки ту пурхаёлтар аст.

Ба ақидаи Камол қимати хақиқии шеърро на ин ки миқдори байтҳо, балки мазмуни баланди он муайян мекунад. Аз ин ҷиҳат ҳақ ба ҷониби ўст, ки байти бикри шоирона ва устодонаро аз сад ғазали пасту муқаллидона боло мешуморад:

Камол, онҳо, ки фикри бикр донанд,

Фузун аз сад ғазал хонанд фарде.

Баробари лутфи сухан ва умқи маънӣ хушоҳангӣ ва мусиқавият аз ҷиҳатҳои хоси ғазалиёти Камол аст. Аз ин ҷиҳат аксари ғазалҳои ў ба оҳангҳои Шашмақом даромада, ба оҳангҳои халқ, низ суруда мешаванд. Аз афти кор ҳанўз дар замони зиндагии шоир ашъори ўро бо мусиқӣ мехондаанд, ки ба ин ў чандин бор ишора мекунад:

Гар равад мутриб ба базме, хонад абёти Камол,

Ҳар киро xонест, гўяд: мутрибо, хуш меравӣ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба