Зеҳн

ТАРБИЯИ МАЪНАВӢ-АХЛОҚИИ

ВА
Валиев Султон25 ноябри 2024 · 27 дақиқа хондан

Асрҳои IX-XV дар ҳаёти мардуми тоҷик давраи тараққии пуравҷи илму адабиёт ва фалсафа ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар дохили фалсафаи асрҳои миёнаи форсу тоҷик мактабҳои асҳоби ҳаюло, машшоъ, калом ва тасаввуф хеле ривоҷ ёфта, намояндагони бузурги он ба камол расиданд.

Дар ин давра илмҳои ҳайат, физика, риёзиёт, кимиё, тиб ба комёбиҳои бузург ноил шуданд. Дар Бағдод, Самарқанд, Димишқ ба воситаи расадхонаҳо омўзиши ҷирмҳои кайҳонӣ ва сохтани тақвим оғоз гардид, ки гувоҳи асосии боло гирифтани маънавиёт мебошад.

Аз рўйи маълумоти сарчашмаҳои муътамад таълимоти асҳоби ҳаюло ҳикматест, ки аҳли он ба азалияту абадияти ҳаюло (модда) макон ва замон муътақиданд . Ин фалсафаро дар асрҳои IХ-Х Эронишаҳрӣ Ибни Равандӣ (816-897) ва Абубакри Розӣ ҷонибдорӣ ва тақвият бахшиданд.

Ибни Равандӣ беш аз 114 китоби илмӣ-фалсафавӣ навишта, дар тарбияи маънавӣ ахлоқии насли наврас ҳиссаи шахсӣ гузоштааст. Пайрави дигари мактаби асҳоби ҳаюло Абубакр Муҳаммад Ибни Закариё ибни Яҳё Розӣ (865-925) мебошад. Дар таълимоти Розӣ мавқеи инсон дар донистани ҳама чизҳо ҷои хоссаро ишғол менамояд. Ў бо боварӣ изҳор менамояд, ки дар олам чизе нест, ки ақли инсон онро дониста натавонад, барои он инсонро танҳо ба омўзиш ҳавасманд гардонидан зарур аст, ки ба одат табдил ёбад.

Закариёи Розӣ ба иқтидору тавоноии маърифатии инсон баҳои баланд дода, солҳои зиёд дар бемористони Бағдод, ки маъюбони табобатнашаванда дар он буданд, хизмат намуда соҳиби тахаллуси «табиби мористон» гардид.

Андешаҳои маънавӣ- ахлоқии Закариёи Розӣ дар асарҳои «Китоб-ул асрор», «Ал-ҳовӣ», «Сирати гносеология», «Тибби рўҳонӣ», «Исбот ул-маод», «Китоб–ул-лаззат» баён гардидааст.

Аз маълумотҳои Забеҳулло Сафо чунин бармеояд: «Розӣ дар ахлоқ муътакид ба зухду тарки дунё ва инзиво нест ва мутаваҷҷеҳ ба ширкат дар умури иҷтимоӣ бо покдоманиву иффат аст».

Меарзад, ки рисолаи «Тибби руҳонӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розиро «Доират-ул-маорифи ахлоқи башар» номем. Ў дар ин рисолаи машҳури хеш ақлро бехтарин туҳфаи Парвардигор дар бунёди шинохти ҳастӣ дониста, бар он андеша мебошад, ки инсон маҳз тавассути ақл аз ҳайвон фарқ карда, зиндагии худро беҳ месозад ва инчунин марому мартабаи хешро нисбат ба ҳар чизи олам муайян ва баланд мебардорад. Ў дар фасли аввали «Тибби руҳонӣ», ки «Ситоиши фазилати ақлном дорад», мегўяд: «...ақл чизест, ки агар он намебуд, ахволи мо тибқи аҳволи ҳайвон мешуд ё мисли кўдакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем».

Бузургии Закариёи Розӣ дар он ҳис карда мешавад, ки дар ҳамин фасли асараш диққати махсусро ба омўзиши нафс равона менамояд. Ў нафсро фармонбардори ақл номида, таъкид менамояд, ки инсон бояд ҳамеша аз пайи тарбияи нафси худ бошад ва кушиш намояд, ки нафси саркашаш хамеша тобеи ақл бошад ва махз тавассути ақл инсон ба муроду мақсади худ мерасад. Чунин суханони хикматборро дар илми педагогика дар ашъори тамоми шоирони классикӣ ва муосир пайдо намуда, мавриди омўзиш ва татбиқ қарор додан мумкин аст.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар андешаҳои педагогии хеш маънавиёти баланд, ахлоқи ҳамида, дўстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром ва некию накукориро яке аз аломатҳои асосии давлату иқболи инсон медонад.

Дар таълимоти педагогӣ ва ахлоқии Муҳаммад Закариёи Розӣ устод - мураббӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд. Ў шахсияти ғамхорест, ки дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ барои шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсони, ба монанди поксириштӣ, накукорӣ, садоқат, инсондўстӣ, худшиносӣ, ифтихор ва ғурури миллиро тарғиб менамояд. Устод ба тарбияи ахлоқию маънавии шогирдон диққати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти онҳо панду андарзҳои муфид медиҳад.

Муҳаммад Закариёи Розӣ дар ҷараёни таълиму тарбия дар ҷои аввал ақли солимро мегузорад ва тамоми рафтори инсониро дар асоси ақлу хиради ў баҳогузорӣ мекунад. Ин гуфтаҳо асоси илмӣ доранд, зеро бе ақли солим на ахлоқ ва на маънавиёт шуда метавонад. Ў ба омўзгорону мураббиён тавсия медод, ки дар роҳи таълиму тарбия аз шогирдон ба ҳеҷ ваҷҳ, набояд малол ва озурда гарданд. Таълиму тарбияи насли наврас ба андешаи ў, яке аз муҳимтарин вазифаи мураббиёну омўзгорон буда, омўзгорон дар таълим ва тарбияи шогирдон бояд тамоми дониш ва маҳорати хешро сарф намоянд.

Устод бо шогирдон суҳбати содиқона намуда, камбудӣ ва рафтори ношоистаи онҳоро пинҳон надошта, ошкор созад ва роҳи ҳалли онро пешниҳод намояд. Мутобиқи андешаи мутафаккир, устод бояд дорои донишу маърифати баланд буда, дар раванди таълиму тарбияи шогирдон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад, балки хамеша ба онҳо муомилаи хуш намояд, то шогирдон ба ў рози дили худро бовар карда гўянд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ тавсия медиҳад, ки мардум нисбати ҳамдигар бояд меҳрубон, дилсўз ва ғамхор бошанд, ба қадри ҳамдигар расанд, зеро ҷойгоҳи инсон дар педагогика ниҳоят баланд аст. Ў дар масъалаи ба мартабаҳои баланд расидани инсон, ақлу хиради солим ва рафтори хубу муомилаи некро асос медонист, зеро муносибати дурушт сарчашмаи коста гардидани боварӣ ва эътиқод мебошад. Дар ин росто панд медод, ки соҳибмартаба бояд чунон рафтор кунад, ки аз нафрати халқ эмин бимонад.

Маълум аст, ки инсон обруву эътибори баландро танхо тавассути одобу ахлоқи шоистаи таҳсин сазовор гардида метавонад. Ранҷидан, дар дил нигоҳ доштан, кина гирифтани омўзгор ё мураббӣ аз шогирдон аз доираи ақлу маърифат берун буда, обрӯи омўзгорро дар ҷамъият паст менамояд.

Дар яке аз фаслҳои "Тибби рухонӣ" Закбриёи Розӣ рафтори донишмандону файласуфон, омўзгорону мурабиёнро мавриди омўзиш ва таҳлил қарор дода, мегўяд: « онҳо набояд аз чаҳорчўбаи адлу инсоф пой берун ниҳанд ва қайд кардааст, ки: "мардумро ёд медоданд, ки бо якдигарашон лутфу марҳамат дошта бошанд. Онҳо ба ҳамаи мардум насиҳат мекарданд, ки барои нафъи умум кӯшиш намоянд. Аммо он касоне, ки ҷабру зулм ва сиёсати фосидро пешаи худ менамуданд, ба хараҷу мараҷ ва сиёсати абаскорӣ роҳ медоданд, аз гунаи одамон намехисобиданд. Инсон агар сират дуруст кунад ва рафторашро нек созад, аз зарари мардум наҷот меёбад ва соҳиби ҳурмат мегардад. Инсон ба шарофати покӣ, ростию росткорӣ аз шарру ногуворӣ эмин мемонад. Агар кас ба мардум насиҳат кунад, ба онҳо раҳму лутф намояд, обрўяш баланд мешавад".

Ин олими варзида дар давраҳои пиронсолӣ аз таъсири дуди гудозиши металлу маъданҳо, ки машғулияти доимиаш буд нобино гардид. Ҳасудону бахилон вакти дар пирӣ нобино шуданаш ўро таъна мезаданд, ки ин нобиноии ў гуё ҷазои нодурустии ақидаҳои илмиаш ва бовари надоштанаш ба Худо мебошад. Ў бошад, дар ҷавоб ба онҳо олимона, файласуфона ва омўзгорона чавоб медод, ки чашмони ман кўр нашудаанд, балки аз дидани муқарризони камсавод хаста шудаанд ва намехоҳам дидори шумо барин нодонҳоро бори дигар бубинам.

Ба худатон мулоҳиза намоед, ки ин чӣ санъати баланди ҷавоб ба душманону ҳасудон дар чаҳорчӯбаи илму адаб мебошад, ки дар худ маънои зиёдеро ифода менамояд.

Чуноне ки маълум аст, ў ба бисёр масъалаҳои педагогӣ, аз қабили тарбияи маънавӣ- ахлокӣ, роҳу воситаҳои таъмини хайрияи умум ва саодати одамӣ, адлу инсоф, мақсаду мароми инсонро мавриди тадқиқу омўзиш карор дода, муаллими тарбияю ахлоқи замонааш гардида буд.

Фикр мекунам, ки дар ҷараёни таълими фанни таърихи педагогика дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон дар баробари омўзиши осору афкори шоирони классикии форсу тоҷик аз ақидахои педагогии табиатшиносону риёзидонон ва табибони ниёгонамон истифода намоем ба манфиати кор мебошад.

Яке аз шоирони тоҷику форс, ки шуҳрати баландро дар байни халқ сазовор гардида буд Рўдакӣ мебошад. Дар яке аз шабҳои ҷумъаи соли 858 дар хонадони Муҳаммад тифли зеборўяке чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ба ў Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузаранду овозаи шеъраш ба Бухоро – пойтахти давлати Сомониён мерасад ва ба дарбор даъват гардида, соҳибқирони шоирон, маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи худ Панҷрўд ё Рўдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти тоҷику форс мемонад. Дар ҳаққи Рӯдакӣ Низоми Арузии Самарқандӣ, Рашиди Самарқандӣ баҳои ниҳоят сазовор додаанд, ки мисоли равшани он ин мисраҳоянд:

Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,

Соҳибқирони шоирӣ устод Рўдакист.

Ин андешаи Низомии Арузӣ дар бораи Рўдакӣ дуруст ва омили дастгирӣ мебошад, ки фармудааст:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба неку шоирӣ,

Рўдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Ин мисраъҳои Рашидии Самарқандӣ низ исботи арзиши баланди Рўдакӣ баҳри роҳбарӣ кардан ба шоирони доираи адабии дарбори давлати Сомониён мебошад.

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

Рудакӣ дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас дар педагогикаи ниёгон ҷойи хоссаро ишғол менамояд. Дар андешаҳои педагогии хеш Рўдакӣ насли наврасро ба амир будан аз болои нафси саркаш даъват менамояд. Ў ҷавонон ва ҷавондухтаронро даъват менамояд, ки нисбати мардумони кару кўр бе эътиноӣ, густохӣ, сангдилӣ зоҳир нанамоянд, ки ин нишонаи одамӣ ва мардӣ нест. Дар зиндагӣ одамон ба ҳар ҳолату вазъият фитоданашон мумкин аст, насиҳат медиҳад, ки чунин одамонро дастгирӣ карда, ба пой гузоштан нишонаи мардӣ мебошад.

Рўдакӣ дар мактаби педагогии хеш ба насли наврас таъкид менамояд:

«Ноогаҳ набошед, ҳамеша ҳушёрона аз таҷрибаи таърих ё рўзгор омўзед, ки барои бартараф кардани мушкилот ва ҳодисаҳо барои шумо зарур мешавад.

Инчунин, таъкид менамояд, ки ҳар ки қобилияти сабақ гирифтан аз таҷрибаи рўзгор надошта бошад, ба ў ҳеҷ омўзгор қудрати омўзонидан ва ба роҳи рост равона кардан надорад».

Дар андешаҳои педагогии Рўдакӣ ҷои асосиро робита ва муносибати падару модар ба тарбияи маънавӣ- ахлоқии фарзандон ташкил медиҳад. Ў бо сўзу гудоз дар яке аз шеърҳояш қайд менамояд:

Эй дареғо, ки ҳунармандро,

Бошад фарзанду ҳунарманд не.

В-ар чи адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Мутаассифона, дар бораи фарзанддор шудан тамоми инсонҳо орзў менамоянд. Ҳар як падару модар писару духтаронашро дар ҳаёт бобарор дидан мехоҳад, лекин на ҳама фарзандон ба монанди падару модар ҳунарманд, боахлоқ, ҳалим ва дорои маърифати баланд ба воя мерасанд. Ба бисёрии падару модарон одоб, ахлоқ ва дониши доштаашонро ба фарзандонашон дар шакли мерос боқӣ гузоштан муяссар намегардад, дар ин ҷо Рўдакӣ талош меварзад, ки сабабро ёбад. Ҳеҷ гоҳ сабабро аз оила берун ҷустан нашояд, зеро он асрори дохили оила мебошад.

Рўдакӣ дар таълимоти педагогии хеш ба ҷавонписарону ҷавондухтарон таъкид менамояд: «Ҷаҳонро бо он чашмоне, ки ба ў менигарӣ нанигар, балки ҷаҳонро бо чашмони хирад нигар, зеро ҷаҳон ба монанди дарё ва баҳр асрори бениҳон дорад, барои ба он мушарраф гардидан, бояд киштие созӣ, ки асрори онро кашф намоӣ».

Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ё чорабиниҳои беруназаудиторӣ омўзгор аз ашъори Рўдакӣ масъалаҳоеро ба миён мегузорад, ки дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии ҷавондухтарон муҳимманд. Ашъори Рўдакӣ саропо панду андарз дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас ва омили беҳтарине дар корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ мебошанд.

Мисоли равшани он мисраъҳои зерин мебошад:

Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,

Ҳайрон шуду бигрифт зи ҳайрат сари ангушт.

Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?

То боз кӣ онро бикушад, он, ки туро кушт.

Бо андешаҳои педагогии устод Рудакӣ ва панду андарзҳои ҷовидонии ў, омўзгор, куратор, роҳбари синф ва мураббӣ метавонанд нақшаи фаъолияти хешро дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омода намоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам дар раванди дарси назариявӣ, ҳам дар корҳои беруназаудиторӣ ва дарсҳои тарбиявӣ, ҳам дар раванди чорабиниҳои фарҳангӣ дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас бо педагогикаи ниёгон таъсир расонида, насли наврасро дар руҳияи созандагӣ ба камол расонидан корест ниҳоят муҳим.

Рўдакист, ки дар ашъори безаволаш чун педагоги варзида ба насли наврас таъкид менамояд, ки одаме, ки ба куштор даст мезанад, нокушта намемонад. Инчунин дар ашъори Рӯдакӣ оид ба тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас онро вохӯрдан мумкин аст, ки ў огоҳ менамояд, ки ҳеҷ гоҳ ангуштатро ба кўфтани дари касе равона накун, ки даратро бо мушт кўфта, гирифтори азобу машаққат месозанд.

Дигар сарчашмаи педагогикаи ниёгон, «Шоҳнома»- и безавол мебошад, ки на танҳо оинаи таърих ва рўзгори ориёиён, шиносномаи миллӣ ва сарчашмаи ҳувияту асолати тоҷикон, балки бештар аз он педагогикаи миллии мардуми тоҷик дар тарбияи маънавӣ- ахлоқӣ ба шумор меравад.

Муҳимтар аз ҳама, «Шоҳнома» баёнгари фарҳанги ғаниву рангини қавмҳои ориёиву қадима, арзишҳои волои созанда, андешаҳои милливу мазҳабии ин миллат дониста мешавад. Дар ин маврид доктор Саҷҷоди Чўбина мегўяд:

«Шоҳнома»…андешаи динӣ ва рўҳи маънавии ин миллат аст, ки умқи асолати таърихии ин сарзамини дурахшонро мерасонад. Асолате, ки таълим ва ёдоварии он ба наслҳои имрўзу фардо метавонад ҷовидона мондани ин фарҳанги пурбор ва билттабъ ҳувийяти мусбат ва арзандаи миллии моро тазмин намояд».

Имрўз, ки мо дар шароити афзоиши босуръати робитаҳои мухталиф тавассути технологияи пешрафтаи замон қарор дорем, шиддат ёфтани раванди ҷаҳонишавиро ба эътибор гирифта, бояд ба асолати хеш бештар рў оварем. Ҳувийят ва ҳастии хешро дар муқобили фарҳангҳои бегона муаррифӣ намуда, ҳамбастагӣ ва якпорчагии миллии хешро дар асоси таълимоти Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҳифз намоем.

Дар ин замина тасмим гирифтем, ки нигоҳи дақиқтаре ба шоҳкории Ҳаким Фирдавсӣ «Шоҳнома» дошта бошем, то бубинем, ки ҳакими бузург ба масоили милливу фарҳангӣ ва иҷтимоиву тарбиятӣ чӣ гуна дахл намудаву чӣ андешаҳое дар мавриди шинохти худиву аҳли ҷомеа иброз намудааст.

Ҷаҳони рангини маънавии «Шоҳнома» ва андешаҳои педагогии Фирдавсӣ моро бори дигар дар партави панду андарз ва гўишҳои ҳакимонаву шоирона муътақид месозад, ки бар ҷойгоҳ ва арзиши илму дониш арҷгузорӣ кунем.

Дар раванди таҳқиқи мавзўи номбурда мо боварии комил ҳосил намудем, ки «Шоҳнома» саропо ҳикматномаи манзуми миллат, сарчашмаи тамоми унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ мебошад. Чун сирри олам ва рози зиндагӣ тавассути омўзишу дониш ошкор мегардад, Фирдавсӣ ба аҳли ҷаҳолат бо кароҳат менигарад ва нодониву нодононро накуҳиш мекунад, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:

Зи мардон батар он, ки нодон бувад,

Ҳама зиндагонӣ ба зиндон бувад.

Дар биниши Фирдавсӣ ҷаҳл зиндону торикӣ аст, ки зиндагиро барои инсон ногувор месозад ва ҳам чун занҷирест бар пойи ў. Худованд низ паёмбарашро дар ҷомеаи ҷоҳиле чун Арабистон ба рисолати ҷаҳлзудоӣ ва бардоштани занҷири нодонӣ ва хурофотпарастӣ аз пойи башариат муваззаф карда буд. Таъбири Қуръони карим дар ин маврид чунин аст: «Нодонӣ асоси ҳар гуна шарру бадӣ дониста мешавад». Ба ин андеша касе муқобил баромада наметавонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста талош меварзад, ки сатҳу сифати таълим ва тарбияи насли наврасро баланд бардошта, маънавиёт ва ахлоқи онҳоро баланд бардорад.

Тани сарди нодон зи гил хортар,

Ба ҳар некуйӣ носазовортар.

Ё дар дигар ҷойи «Шоҳнома» - и безавол омадааст:

Зи нодон бинолад дили сангу кўҳ,

Азеро надорад бари кас шукўҳ.

Накуҳида бар кор бурда гурўҳ,

Накуҳидатар назад донишпажўҳ.

Надонад аз оғоз анҷомро,

На аз нанг донад ҳаме номро.

Ҳатто Фордавсӣ таъкид менамояд, дили санги кўҳ аз одамони бемаърифат нолон аст, онҳо на нанг доранд ва на ному нишони хешро машҳур гардонида метавонанд.

Дар достони безаволи «Шоҳнома» Фирдавсӣ андешаҳои педагогии хешро дар робита бо сураю ояи Қуръони карим баён менамояд, ки дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷойи хоссаро ишғол менамоянд, ки мисоли равшани он ин гуфтаҳоянд:

Чунин дод посух, дониш гузин,

Чу хоҳӣ зи Парвардигор офарин.

Ки нодон фузунӣ надорад зи хок,

Ба дониш писандида кун ҷони пок.

Дар ин ҷо Фирдавсӣ ба падару модар таъкид менамояд, ки мушоҳидакорона назорат баранд, ки фарзанди онҳо ба илм, фарҳанг, маънавиёт таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро ҷаҳонро ба касе, ки нодону бемаърифат аст, бовар карда супоридан мумкин нест. Дар таълимоти педагогии Фирдавсӣ ҷои асосиро дониш, маърифат ишғол менамояд, нодон, ҷоҳил, бесавод арзишаш аз хоки сияҳ чандон боло нест ва тақдири халку ватанро ба онҳо бовар карда супоридан ягон зарурияте надорад.

Сипардан ба фарҳанг фарзанд хирад,

Ки гетӣ ба нодон набояд сипард.

Назар ба гуфтаи ҳакимон нодон ҳукми мурдаро дорад, агарчи ба зоҳир зинда ҳам бошад. Фирдавсӣ ин нуктаро чунин таъкид менамояд, ки агар чизеро намедонед, хомўшӣ пеша кунед, ки рамзи саломатии одам ва мояи нигоҳдории ў аз суқут мебошад.

Зи дониш чӣ ҷон туро моя нест,

Беҳ аз хомўш ҳеҷ пероя нест.

Дар ин боб ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб мефармояд, ки агар бандагон ҳангоме ки намедонанд, таваққуф мекарданд ва аз изҳори назар худдорӣ менамуданд, кофар ва гумроҳ намешуданд.

Дар таълимоти педагогии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» ҷои асосӣ ба одоб, ахлоқ дода мешавад, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:

Адаб беҳтар аз ганҷи Қорун бувад,

Фузунтар зи мулки Фаридун бувад.

Бузургон накарданд парвои мол,

Ки амволро ҳаст рўзе завол.

Инон сўи илму адаб тофтанд,

Ки номи наку аз адаб ёфтанд.

Фармони Илоҳист ба бандагонаш, ки мефармояд: Ва аз ҳавасҳои касоне, ки намедонанд, яъне огоҳӣ надоранд, пайравӣ макун. Аз ҷоҳилон рўй баргардон, дониста бош, ки адаб аз ганҷу бойигарӣ баланд аст, ягон мулк ба монанди адаб сарҳади фаровон надорад. Одамони бузург парвои молу мулк надоранд, зеро тамоми молу мулк адошавӣ дорад, аммо одоб, дониш, ахлоқи ҳамида на дуздида мешавад ва на аз ҷониби касе осеб мебинад. Ҳукамо низ таъкид бар он доранд, ки фармонпазирӣ аз нодон ва ҳамнишинӣ бо ў худ нишонаи нодонист.

Ҳаким Фирдавсӣ дар андешаҳои педагогии хеш оид ба нишасту хез бо одамони нодон андешаеро пайгирӣ менамояд, ки агар инсон дар зери дасти одамони бомаърифату доно қарор дошта бошад ба забардастӣ мерасад.

Инчунин таъкид менамояд, ки агар шахси доно туро душмани ҷонӣ бошад, беҳтар аз дўстест, ки нодон аст. Ин ақида дар андешаҳои педагогии Саъдии

Шерозӣ, Н. Хусрав ва дигарон низ бараъло мушоҳида мегардад.

Дар андешаҳои педагогии Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» диққати асосӣ ба нодонӣ, ба одобу рафтори ҳамида, ба хирадманду беозор будан, ба касбу ҳунар ва дигар сифатҳои инсонӣ дода мешавад. Аз нигоҳи Фирдавсӣ нодонӣ- ғофилӣ шинохта шуда, муҷиби олудашавӣ ба гуноҳҳо дониста мешавад.

Дар педагогикаи ниёгон ва дар «Шоҳнома»- и безаволи Фирдавсӣ оид ба тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас оид ба хашму ғазаб бар бегуноҳ, бахшиши беҳуда, носипосӣ, ифшои сир, гуфтори беҳуда, эътимод бар ноаҳлон ва дурӯғгӯйӣ аз нишонаҳои нодонӣ дониста шудааст, ки мутлақо дуруст мебошад.

Ҳар он гаҳ ки гўйӣ, расидам ба ҷой,

Набояд зи гетӣ маро раҳнамой.

Чунон дон, ки нодонтарин кас бувӣ,

Агар панди донандагон нашнавӣ.

Донишмандон ва ҳакимон таъкид намудаанд, ки чун касе худро дар илму дониш бениёз донаду ба ҷое расида ҳисобад, дар ҳақиқат ниҳоят ҷоҳилу худкома аст. Ҳамин тариқ мебинем, ки шоир нодониро торикӣ дониста, таъкид менамояд, то аз ҳамнишиниву ҳамдастӣ бо аҳли ҷаҳолат дурӣ ҷўем, ва вақту фурсати гаронқимати хешро беҳуда сарф накунем.

Фирдавсӣ ҳафт нишонаи мардуми нодонро ишора намуда, оқибату фарҷоми аъмол ва талоши онҳоро ёдрас мекунад, то аҳли завқу маънӣ аз бархўрд бо эшон ҳушёр бошанд. Лаззати гуфтори маънавию аҳлоқӣ ва фасоҳату таровати панду андарзи Фирдавсӣ бо насиме аз боғистони 28 ҳикматбори ў тану ҷони моро навозиш карда, ҳастиро сафои маънавӣ- ахлоқӣ мебахшад. Хулоса, чун ба сайри боғистони сарсабзу пурсамари «Шоҳнома» равем, бештар аз ин таровишҳои дигареро хоҳем дид, ки аз замири пок ва нигоҳи ҷўяндаи гўяндаи он сарчашма мегиранд.

Авҷи адабиёту фалсафаи тоҷик ба асрҳои IХ-ХV рост меояд, ки пайравони асосии мактаби маишоъ баъд аз Алкиндӣ Абунасри Форобӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Хоҷа Насриддини Тусӣ, Умари Хайём, Ибни Рушдӣ Андалусӣ ба шумор мерафтанд. Асосгузори мактаби маишоъ файласуфи Юнони Қадим Арасту мебошад, ки дар забони Юнонӣ препотетика номида мешавад ва пайравони ин мактаб дар боғу растаҳо қадамзанон ва озодона масъалаҳои баҳснокро ҳал ва фикру андешаи ҳамдигарро пурра мегардониданд.

Абу Нанср Муҳаммад ибни Муҳаммад Форобӣ (873-950), на танҳо дар мавзўъҳои фалсафӣ, балки роҷеъ ба ҷамъият, сиёсат ва ахлоқу таълиму тарбияи инсон як қатор асарҳои нодир навиштааст, ки номгӯяшон онҳо инҳо мебошанд: «Мақоли-фи-маонӣ-ул-ақл», «Китоб- ул- ҷамъ байна-л- ҳакимайни Афлотун-ул-Илоҳӣ ва Аристутолис», «Китобу орои аҳли-л- мадинати-л-фозила», «Китоб-ут-танбеҳ ало сабили-с-саода», «Китоб-ус- сиёсати-л-фозила», «Китоб фусул-л-маданӣ», ки мавзуи асосии онҳо ахлоқ ва маданияту маърифати инсонӣ мебошад.

Таърихи инкишофи ҷамъияти инсонӣ мисли Ибни Сино (980-I037) кам шахсиятҳоеро медонад, ки файласуф, энсиклопедист, олими мушоҳидакор, назариячии бузурги тиб, табиби шифобахшу таҷрибаомўз, шоир, мусиқачӣ, вазир ва педагоги шинохта унвон дошта бошад. Сино асарҳои зиёдеро таълиф кардааст ва асоситарини он «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома» ва ғайра мебошанд.

Маърифати баланд Синоро дар ҷаҳон бо номи Авитсена ва дар Шарқ бо номи Шайхурраис машҳур гардонид. Дар андешаҳои педагогии хеш Сино ба хислат ва хусусиятҳои дурўғгўӣ, худро бемор вонамуд кардан, нотавон нишон додан ва оқибатҳои он диққати хосса медод.

Аз рўйи ҳисоби олими эронӣ Саиди Нафисӣ, ки ба таҳқиқи Сино сару кор дошт маълум мегардад, ки Сино бештар аз 450 ҷилд асар бо забони арабӣ, 23-ҷилд бо забони форсӣ-дарӣ таълиф намудааст, ки аз онҳо I60 ҷилдаш дар китобхонаҳои дунё маҳфуз ва мавриди омўзиш қарор доранд.

Асари ў «Ал-Қонун» ҷамъбасти тамоми донишҳои тиббӣ мебошад, ки тамоми беморӣ ва тадбирҳои пешгирӣ ва дармон бахшидан дар он оварда шудааст. Китоби «Ал-Қонун» дар асри ХII аз тарафи Герард Кремонск ба забони лотинӣ тарҷима гардида, дар муҳлати садсолаҳо вазифаи китоби рўйимизии табибони Аврупоро ба ҷо меовард. Пас аз ихтироъ гардидани дастгоҳҳои табъу нашр ин китоб аз рўйи шумораи нашраш бо Инҷил рақобат мекард.

Ў аввалин шуда анатомияи мушакҳои чашм, механизми ҷараёни биниш, даҳлезҳои дил, вабо ва решаҳои онро ихтироъъ кард, ки то он рўзҳо олимони Юнони қадим намедонистанд. Роҳҳои пешгирии касалии қандро, ки Сино дар давраи худ ёфта буд, табиби англис Томас Уиллитисом баъди ҳафт аср аз нав ёфта бо номи худаш дарҷ кард.

Сино ақидаро дар бораи дар ҳаво ва об мавҷуд будани «микробҳо» (зверков), ки боиси хуруҷи беморӣ мегардад, дар давраи худ кашф намуда буд, ки дар асри ХVII аз тарафи олими ҳоландӣ Левенчук муаллифи аввалин микроскоп дар шароити лабораторӣ тасдиқ гардид.

Таълимоти Сино дар бораи набз хело қимати баланд дорад, ў 30 навъи набзи мураккаб ва 60 навъи набзи одиро фарқ кунонд, ки илми имрўза ба он каме дигаргунӣ ворид кардаасту халос.

Ба Сино усули муайян кардани касалиҳои дохилии инсон тавассути ламскунӣ (тук-тук) мансубанд, ки соли I722 духтури венагӣ Леопалд Аунбруггер аз нав муайян кард ва то имрўз дар илми тиб васеъ истифода бурда мешавад.

Ибни Сино мантиқро ҳамчун илми ченкунӣ дар ҷойи ниҳоят баланд мегузошт. Ў талош меварзид фаҳмад: «чӣ тавр нофаҳмо ба воситаи нофаҳмӣ фаҳмо мегардад», аз тарафи дигар андеша дошт, ки «ҳама гуна дониш, ки дар тарозуи ақл баркашида нашудааст, дониши ҳақиқӣ шуда наметавонад». Аз ин бармеояд, ки нуқтаи марказии назари Ибни Сино дар масъалаи маърифати олам ба ҳақиқат ва меъёрҳои он расидан мебошад.

Гувоҳи маърифати баланд доштани Синоро он ҳодиса муайян менамояд, ки 24-уми майи соли 1032 Ибни Сино бо чашми одӣ мушоҳида карда асрореро рўйи коғаз овардааст, ки ақли инсонӣ оҷиз аст. Ў гузаштани сайёраи Венераро аз доираи Офтоб пешгўйи кард, ки ин зуҳуротро соли 1639 аввалин шуда пас аз 600 сол, олими англис Джеримай Хоррокс бо дастгоҳҳои замонавӣ ифшо намуд.

Агар «Ал-Қонун» барои табобати бадан бахшида шуда бошад, «Китоб-уш-Шифо» ба табобат ва шифои руҳи инсонӣ бахшида шудааст.

Ибни Сино дар «Трактат дар бораи муҳаббат», «Ҳай ибни Яқзон», «Саломон ва Абсол», «Ат-Тоир» ақидаҳои фалсафӣ, ахлоқӣ ва инсондўстии хешро дар сатҳи баланди маърифати инсонӣ баён намудааст.

Олими маъруфи асрҳои ХII-ХIII Байҳақӣ, шарқшиноси машҳури немис А.Мюллер дар асри ХIХ, олими маъруфи тоҷик Бобоҷон Ғафуров ба шахсият ва фаъолияти илмии Сино ниҳоят баҳои баланд додаанд.

Оид ба фалсафа ва педагогика Насириддини Тусӣ (I20I-I274) асарҳои «Асрор-ул-иқтибос», «Равзат-ут-таслим», «Қавоид-ул-ақоид», «Китоб-ул- фусул», «Ахлоқи Носирӣ», «Таҷрид-ул-калом», «Таҷрид-ул-ақоид», «Шаҳр- ул-ишорот»- ро аз худ боқӣ гузоштааст. Масъалаи ҷавҳару арзро таҳлил карда, вай дар баробари ҷавҳари моддӣ (ҳаюло, сурат, ҷисм) ҷавҳари руҳонии мустақил ва мухтор аз ҷисмро (ақл, нафс) эътироф намудааст.

Мутобиқи ақидаи ў, нафси наботию ҳайвонӣ ба тан тобеъ буда, бо фаношавии тан нафси наботию ҳайвонӣ низ фано мешавад. Таълимоти маърифатии он аз танқиди назарияи дониши каломи Фахриддини Розӣ сабзидааст, ки ба қобилияти оламро донистани инсон боварӣ надошт.

Дар андешаҳои педагогии хеш Насириддини Тӯсӣ инсонро дар содир кардани рафтори нек ва бад соҳибихтиёр медонад. Дар соҳаи назарияи иҷтимоӣ Насириддини Тӯсӣ, ба таълимоти Форобӣ пайравӣ карда, ақидаҳои ўро дар бораи мавқеи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар бақои наслҳои башар тарафдорӣ менамояд.

Мероси педагогии Умари Хайём (I040-II23) дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути дарсҳои назариявӣ, амалӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ ва шабнишиниҳои маърифатӣ боиси пайравӣ ва омўзиш мебошад.

Абдулҳасан Алӣ ибни Зайди Байҳакӣ дар асари худ “Татимма сиван-ул- ҳикмат” ҳурмату иззати ба Хайём доштаи подшоҳи қарахониҳо Шамсулмулукро зикр кардааст: «Имом Умарро бо худ ба тахт мешинонд».

Ин дар доираи дарбори қарахониҳо аз нуқтаи назари олими илми нуҷум будани Хайём аст, ки ба воситаи ин илм дарбориён мехостанд аз Хайём зиндагӣ ва тақдири пурдаҳшаташонро фаҳманд.

Дар китоби “Чаҳор мақола”-и Низомӣ Арузии Самарқандӣ, ки худро шогирди Хайём меҳисобид ва дар бораи ҳаёти минбаъдаи ў нақлҳои ҷолибе овардааст, ки мутобиқи он Хайём вақти мурдан ва ҷойи дафнашро ишора кардааст.

Олими бузурги тоҷик Бобоҷон Ғафуров дар бораи Умари Хайём чунин менависад: «Шоири бузурги Шарқ Умари Хайём бо рубоиҳои хеш машҳур гардидааст, шумораи рубоиёти Хайём зиёд набуд, аммо аҳаммияти онҳо аз нуқтаи назари адабиёт ва фалсафа ниҳоят бузург мебошад».

Шоири фаронсавӣ Никле ба Хайём баҳо дода мегўяд: “Хайём илоҳиётро дар либоси майу соқӣ нишон додааст”. Гуфтан мехоҳам, ки Хайём дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, некию накукорӣ, покию ҳалолхурӣ мавқеи асоси дошта, саволҳоеро ба миён мегузорад, ки насли наврасро ба андеша ва пайравӣ ҳидоят менамояд.

Олими англис Честертон дар китобаш «Майи муқаддас ва Хайём» талош варзидааст, ки ба Хайём баҳогузорӣ намояд, аммо то охир Хайёмро шинохта натавонистааст.

Яке аз нависандагону донишмандони варзидаи форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус мебошад, ки соли 1020-и милодӣ дар хонадони амирзодагони вилояти Кўҳистони шимолии Эрон таваллуд ёфтааст. Ному насаби ў Унсурулмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вушмгир мебошад. Азбаски Унсурулмаолӣ амирзода буд, чун дигар давлатмандон ҳанўз дар синни ҷавонӣ илму ҳунарҳои гуногуни замонаашро хуб омўхта аз бар намуда буд.

Вай дар навоҳии шимоли Эрон волӣ буд, минбаъд дар дарбори Султон Масъуди Ғазнавӣ солҳои 1041-1049 надим шуда кор кард ва андешаҳои педагогии хешро ташвиқ намуд. Ҳама таҷриба, дониш ва панду ҳикмати андўхтаи хешро дар синни 63-солагиаш дар шакли китобе бо номи «Қобуснома», ё «Насиҳатнома» барои тарбияи фарзандаш Гелоншоҳ навишта мерос гузошт, ки яке аз китобҳои педагогӣ дар тарбияи маънавӣ- ахлоқӣ ба шумор меравад.

Ин асар аз дебоча то охир асарест, ки мероси ниҳоят арзандаи педагогикаи миллӣ дар раванди татбиқи унсурҳои тарбияи миллии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Ў дар дебоча таъкид менамояд: «... Бидон эй писар, ки ман пир шудам ва заифию бенерўӣ ва бетўшӣ (беқувватӣ) дар ман чира (ғолиб) шуд... Маслиҳат чунон дидам, ки пеш аз он ки номаи азл ба ман расад (яъне вақти вафот кардан фаро расад), номае андар накуҳиши рўзгор ва созиши кор ва некномию пешӣ ҷустан ёд кунам ва туро аз он баҳраманд кунам бар муҷиби меҳри падарӣ, то пеш аз он ки замона туро нарм кунад, худ ба чашми ақл андар сухани ман нигарӣ ва фузунӣ ёбӣ ва некномии ду ҷаҳон ҳосил кунӣ».

Ҳар як нуқтаи он меросест аз ақлу заковати миллат, ки қонуни зиндагиро ба инобат гирифта, талаботҳои педагогиро дар таълим ва тарбияи маънавии насли наврас оид ба ҳолатҳои тағйирёбандаи зиндагӣ пешниҳод менамояд.

«Қобуснома» аз 44 боб иборат буда, мавзуъҳои китоб васеъ ва мазмунашон хеле гуногун буда, аслан хусусияти ахлоқию тарбиявӣ дорад. Ў таъкид менамояд:... «Бидон эй писар, ки ман дар чиҳилу чаҳор боби ин китоб дар ҳар фанне, ки донистам, чунон ки тавонистам, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе сухане чанд туро насиҳат кардаму панде бидодам». Бобҳои «Қобуснома»-ро аз рўйи мавзуъ ва мазмун ба ду қисм тақсим кардан мумкин аст:

Қисми аввал бобҳое, ки мазмуни иҷтимоӣ доранд ва одоби муносибатро шарҳу эзоҳ медиҳанд.

Қисми дуюми бобҳо мавзуъҳои касбу ҳунар омўхтан, таҷрибаи бозору тиҷорат, ҳунари шоирӣ, дабирӣ, илму дониш андўхтан ва амсоли инҳоро дар бар мегиранд. Аз рўи баёни андеша маълум мегардад, ки ин педагоги бузург оид ба тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон андешарони намудааст.

«Қобуснома» ё худ «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус арзиши педагогикаи умумибашарӣ дошта, дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас бахусус ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷойи хоссаро ишғол менамояд.

Меарзад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар нақшаи солонаи муассиса, дар нақшаи солонаи корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи маънавӣ- ахлоқӣ аз бобу қисматҳои он васеъ истифода баранд. Ин китоб шуҳрати бузурги маънавӣ- ахлокиро ноил буда, ба забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, фаронсавӣ, туркӣ, арабӣ ва тоторӣ тарҷума шуда мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани ин мероси педагогӣ шаҳодат медиҳад.

Махсусан, дар шароити муосир, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо насли наврас сангдил гашта истода, маънавиёт ва ахлоқаш дар шинохти ҳаққи падару модар коста гардидааст, ин омил талаб менамояд, ки дар раванди корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз «Гулистон», «Бустон», «Баҳористон», «Кобуснома» ва дигар асарҳои дорои мазмуни баланди тарбиявӣ- ахлоқӣ бештар истифода барем.

Дар асари «Қобуснома»- и Унсурулмаолии Кайковус диққати хосса ба ҳунари сухан гуфтан дода мешавад, ки талаботи ҷамъияти муосир дар муносибати ҷавонон гардидааст. Сухан, ки бар мардумон намойӣ, накутарин намоӣ, то мақбул бошаду тариқи сухан туро, маърифат, ақлу хирадатро шиносанду ҳурмату эҳтиром намоянд.

Дар китоби «Қобуснома»- и Унсурулмаолии Кайковус ба тартиби таом хўрдан ва оини он аз нигоҳи ғолибият ба нафс сухан меравад, ки моҳияти маънавӣ- ахлоқӣ дорад. Мехостем диққати шуморо ба андешаи педагогӣ ва гигиению физиологии Кайковус ҷалб намоем, ки мефармояд: «Мардумони муҳташам ва хос дар шабонарўзӣ як бор беш таом нахўранд. Ва ин тариқи хештандорӣ аст. Валекин тан заиф гардаду беқувват. Пас, чунон бояд, ки мардуми муҳташам бомдод ба хилват андак моя тановуле кунад ва он гоҳ берун ояду ба кадхудойӣ машғул шавад».

Дар таълимоти педагогии Ҳофизи Шерозӣ низ оид ба ин масъала таъкид карда мешавад, ки инсонро хобу хур аз мартаба ва нуфуз дар байни омма маҳрум месозад. Ин андеша, дар мероси педагогии тамоми намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик мушоҳида мегардад, ки омили муҳимтарин дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар корҳои беруназаудирорӣ мебошад.

Дар «Қобуснома» ва «Баҳористон» мартабаи меҳмон ва одоби меҳмондорӣ дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас ҷойгаҳи намоёнро ишғол менамояд. Ба насли наврас Кайковус таъкид менамояд, ки эй писарон, мардумони бегонаро ҳар рўз меҳмон накунед. Аз он ки ҳар рўз ба ҳаққи меҳмон натавон расидан. Бинигар, то як моҳ чанд бор меҳмонӣ тавонӣ кардан. Он ки се бор тавонӣ кардан, як бор кун ва се бор андар ў харҷ кун, то хони ту аз ҳама айбе мубарро бувад ва забони айбҷўён бар ту баста бошад.

Мероси педагогии Ҳамадонӣ, Яъқуби Чархӣ, Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ, Бедилу Балхӣ ва дигарон дар тарбияи маънавӣ ахлоқии насли наврас маводи беҳтарине мебошанд, ки қудрати маънавиёт ва ахлоқи ҷавондухтаронро дигар кардан доранд. Дар ин ҷо танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дуруст ва нишонрас ташкил додани чорабиниҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ зарур аст.

Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ тавсия дода мешавад:

- ҷавондухтарон ҳарчӣ бештар ба омўхтани мероси педагогии ниёгон ҷалб карда шаванд;

- ба онҳо оид ба ин ё он самти хикояҳои хондаашон навиштани нақли хаттӣ супориш дода шавад;

- дар чорабиниҳои маърифатӣ- ахлоқии муассиса бо маъруза баромад кардани ҷавондухтарон;

- таъмини ширкати онҳо дар озмуни муассисавӣ ё ҷумҳурӣ оид ба «Фурўғи субҳи доноӣ, китоб аст»;

- омода намудани саҳначаҳо, бозии нақшӣ аз рўи асарҳои тавсиявӣ;

- нақл кардани мазмуни ғоявии асар ва ошкор намудани қаҳрамонони манфию мусбати он;

- ташкил намудани викторина, шабҳои саволу ҷавоб ва ғайра;

- навиштани мақола оид ба роҳҳои пешгирии косташавии маънавиёт ва ахлоқи ҷавондухтарон;

- ҷамъ намудани пешниҳоди онҳо оид ба роҳҳои пешгирии косташавии маънавиёт ва ахлоқи ҷавондухтарон тавассути корҳои беруназаудиторӣ.

Махсусан масъалаи тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон, ки минталитети миллат аз онҳо вобаста мебошад, ба яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ табдил дода шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба