Моҳияти арзишҳои педагогии мероси ниёгон дар замони Истиқлолияти миллии Тоҷикистон
«Ҳадафи муҳимми низоми маориф тарбияи шахсияти фаъол ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон ва ҷавонон тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ ва тарзи идораи демократӣ, ки то имрўз барои ноил шудан ба дастовардҳои илмию техникӣ ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти таваҷҷўҳи доимии давлат қарор дорад».
Барои расидан ба ин ҳадаф Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф ҳамчун самти асосӣ ва стратегӣ «дар доираи қудрату имкониятҳои мавҷуда аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Аз муҳайё намудани заминаҳои ҳуқуқӣ сар карда, то маблағгузорӣ ва истифодаи воситаҳои самараноки баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, ҳифзи саломатии наврасону ҷавонон, шароити зист ва таълиму тарбияи кўдакони ятиму бепарастор таҳти назорату ғамхории доимии Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад».
Дар китоби «Маориф-омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат», (Душанбе, 2006) омадааст: «Бо вуҷуди тамоми кўшишу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, қайд мекунад Сарвари давлат, - сифати таълиму тарбия, сатҳи донишомўзӣ ва малакаю маҳорати хонандагону донишҷўён ҳанўз ба талаботи замон пурра ҷавобгў нест».
Дар ин раванд таъсири ҳодисаҳои охири асри ХХ ниҳоят равшан дарк мегардид. Дар давоми 30 соли истиқлолият низоми маорифи Тоҷикистон душвориҳои зиёдеро паси сар намуд, вале аз ҳама муҳим он аст, пош нахўрд, нарехт, балки аҳли маориф масъулияти азимро дарк карда, пешопеши зиёиёни кишвар қадам гузошта, дар атрофи давлати миллии худ муттаҳид гашта, мероси ниёгонро ҳифзупобарҷо нигоҳ доштанд.
Албатта, эҳёи арзишҳои педагогии мероси ниёгон кори 10-15 сола нест, вай давраи муайяни таърихиро дар бар мегирад. Масалан, эҳёи тамаддуни мардуми Юнон бештар аз 600 сол, илму санъати италяниҳо 200 сол умр дида буд. Барои эҳёи арзишҳои педагогии мероси ниёгон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон тафаккурро тарбия намудан зарур аст. Барои тарбияи тафаккури нав мо тамоми омилҳоро дар даст дорем, ки асоситарини он мактабу маориф, илм, фарҳангу маданият, садою симо ва садҳо фишангҳои дигар мебошанд.
Худи ҳамин фалсафаи сулҳпарвару сулҳофари халқи тоҷик, ки тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро дар як муҳлати кўтоҳ хотима бахшад ба ҳамдигарфаҳмӣ расад, тамоми оламиёнро ба ваҷд овардааст, ки моҳияти он арзишҳои педагогии мероси ниёгон мебошад.
Вақте ки муноқишаҳои дохилӣ дар Тоҷикистон паси сар шуданд, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан мегўяд:
«Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард. Фикр мекунам, ки ин саҳми Тоҷикистон дар таърихи сулҳпазирист».
Дар ин раванд фикр мекунем, мавқеи пешбарандаро мероси пурғановати гузаштаю ҳозираи миллати тоҷик ишғол менамояд.
Масалан, дар «Шоҳнома»-и безаволи хеш Фирдавсӣ таъкид менамояд:
Ҷуз аз оштӣ мо набинем рўй,
На воло бувад мардуми ҷангҷўй.
Сулҳу осоиш дар одат ва хислати мардуми тоҷик, дар хуну фаросати он, дар дину имони мардум решаи қадимӣ дорад. Таърих онро собит намудааст, ки тоҷик умре бо замин, боғу роғ, ҳунару ҳунармандӣ, фарҳангу маърифат, сухану панду ҳикмат сару кор дошт.
Баръакс, аҷнабиён мудом ба ин сарзамин чашм ало намуда, куштанду бурданд, аз калла манораҳо сохтанд ва аз хуни ин мардум дашту даманҳо лолагун гаштанд, аммо бо шарофати забону адабиёти оламгирашон маҳв нашуда, боқӣ монданд.
Фирдавсии Тусӣ дар «Шоҳнома» таъкид менамояд:
Наҷўед кину марезед хун,
Набошед дар кори бад раҳнамун.
Арзиши баланди таълимоти педагогии Фирдавсии Тусиро бинед, ки инсонро ба ваҳдату созиш ҳидоят менамояд, то ки хун нарезаду инсонҳо кушта нагарданд. Ў ба одамон таълим медод, ки мардумро ба кори бад, ки оқибати нохуш ба бор орад, роҳнамоӣ накунанд.
Мероси педагогии Фирдавсӣ дар шароити соҳибистиқлолии
Тоҷикистон низ мавқеи асосиро ишғол менамояд, ки фармудааст:
Куҷо беҳунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар ҷо бувад сарфароз.
Дар шароити муосир, дар муносибати бозоргонӣ мавқеи асосиро дониш, маърифат, касбу ҳунар, донистани забонҳо ишғол менамояд.
Одамони дорои чунин ганҷина ҳамеша болонишину сазовори ҳурмату эҳтиром ва зиндагии осоишта мебошанд. Дар ин боб бо донишҷўён дар дарси тарбиявӣ ё корҳои беруназаудиторӣ тадбирҳое андешидан зарур аст, ки олами маънавии онҳо васеъ гардад онҳо ба моҳияти касб, ҳунар бошуурона ворид гарданд.
Омўзгор, куратор, мураббӣ метавонанд барои бедор намудани маънавиёти донишҷўён аз мероси ниёгон чизеро барои муҳокима пешниҳод намоянд, масалан:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Инсони бедониш ягон арзише надоштааст, зеро ягон масъалаи ҳастиро ҳал карда наметавонад. Пас аз ин бояд донишҷўён дарк намоянд, ки мафҳуми дониш аз чӣ мебарояд ва чӣ маъни дорад? Зинаҳои дониш кадомҳоянд? Дониш инсонро ба куҷо мебарад? Фарқи дониши ҳиссӣ аз дониши мантиқӣ дар чист? Чаро дили пир бо дониш барност?
Ҳангоми чунин масъалагузорӣ донишҷўён бо дониш мусаллаҳ гардида, аз ҷиҳати маънавӣ ва ахлоқӣ тарбия ёфта, малакаю маҳораташон ташаккул меёбад. Дар андешаҳои педагогии хеш Фирдавсӣ таъкид менамояд:
Хирадманд бошу беозор бош,
Ҳамеша забонро нигаҳдор бош.
Фирдавсӣ ақлу хирадро мепарастид ва нисбати одамони бомаърифат эҳтироми хосса дошт, дар баробари он боварӣ дошт, ки одамони бохирад ҳеҷ гоҳ озордиҳандаи атрофиён буда наметавонанд.
Зеро хирад ҳамеша пеши роҳи фошгўии забонро мегирад. Аз забону гуфтори одамони хирадманд набояд касе ранҷиш бинад.
Дар андешаҳои педагогии Саъдии Шерозӣ низ арзишҳои пурқимати тарбиявӣ зиёданд, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Агар пилзўрӣ в-агар шерчанг,
Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг.
Ба андешаҳои педагогии ҷовидонаи Саъдӣ нигаред, ки то кадом андоза зебо гуфтааст: «Ба наздики ман сулҳ беҳтар, ки ҷанг». Дар мисраъи якум пилзўр ва шерчанг таъкид гардидааст, ки дар андешаи Фирдавсӣ ва Саъдӣ зўрию сахтчангӣ як чизи кўтоҳмуддат ва даргузар аст. Лекин аз ҳама чизи дорои арзиши баланд сулҳ ва осоиштагӣ мебошад, ки солҳои 90- уми қарни гузашта онро мо аз сар гузаронидем ва ба монанди гавҳараки чашм азизу гиромӣ медонем.
Имрўз дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи насли наврас дар руҳияи ваҳдату созандагӣ ҷои асосиро ишғол менамояд, ки бузурге гуфтааст:
Ғарқи ваҳдат бош, агар осуда хоҳӣ зистан,
Моҳиёнро ҳар чӣ бошад ғайри дарё, оташ аст.
Дар ҳақиқат, дуруст фармудаанд, ки насли наврасро агар хоҳӣ, ки зиндагии осоишта дошта бошанд, дар руҳияи ваҳдат, дўстӣ, хушахлоқӣ, маънавиёту ахлоқи ҳамида тарбия намудан зарур аст. Зеро аз сабаби камтаҷрибагӣ, хомӣ ҳама ходиса ва нохушиҳо аз ҷавонон содир мегардад. Дар мисоли моҳиёнро ҳар чӣ бошад ғайри дарё, оташ аст, ба ҷавонон фаҳмонидан зарур аст, ки ба қадри осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, ватан, диёри хеш расанд, ки ба оташу бадбахтӣ гирифтор нагарданд.
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шахси барҷастаи замони хеш ва устоди ахлоқи писандидаи башарӣ, дар пайравии намояндагони пешгузаштаи адабиёти форсу тоҷик наслҳоро ба накукорӣ, меҳнатдўстӣ, адлу инсоф, сулҳу сафо, илму фарҳанг, дўстиву бародарӣ, иттифоқу иттиҳод, сидқу вафо ва дигар амалҳои неки инсонӣ, ки дар шароити имрӯза мубрамият пайдо намудаанд, даъват менамуд.
Ҷомӣ дар рафтор ва амали одамон аз ҳама бештар сифатҳои саховатмандӣ, эҳсону карам, шарму ҳаё, фурўтанӣ, хоксорӣ, пурсабрӣ, ҷасурию нотарсӣ ва сирру асрори инсонҳоро паноҳ нигоҳ доштанро меписандид, ки яке аз талаботҳои педагогикаи миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми фаъолияти илмӣ- адабии хеш ба ахлоқи разила ба сифати маҳкумкунанда ва фошкунанда баромад менамуд. Ў зулму ҷабр, нифоқу низоъ, хиёнату ҷиноят, мансабпарастӣ, молпарастӣ, пастию сифлагӣ, шаҳвату айш, кибру ғурур, худписандию мағрурӣ, мардумозорӣ ва дигар рафторҳои разилонаю ноҷавонмардонаро ниҳоят бад медид ва дар андешаҳои педагогии хеш таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамуд.
Дар ин кори наҷиб ў давомдиҳандаи анъанаҳои инсондўстонаи Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Носири Хусрав, Низомӣ, Саъдӣ, Ҷалолиддини Румӣ ва ғайраҳо буд. Ҷомӣ ба воситаи пайдо намудан ва парваридани сифатҳои нек дар насли наврас мехост, ки инсони комилро ба воя расонад.
Дар китоби «Сабҳат-ул-аброр» ҳикояе оварда мешавад, ки дар он бо меҳнати ҳаққу ҳалоли худ туъмаи ночизе ба даст оварда рўз гузаронидан ва дар айни замон озод будану аз касе миннат накашидан аз хизмати шоҳро кардану дар зери нангу ор мондан боло гузошта шудааст, ки мисоли равшани он ин гуфтаҳоянд:
Ҷомӣ ба мулку мол чу ҳар сифла дил мабанд,
Кунҷи фароғу ганҷи қаноат туро бас аст.
Дар мероси педагогии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷойи асосиро ғолибияти инсон бар нафси саркаш дода шудааст. Нафс чизест, ки инсонро аз тамоми мартабаю манзалат маҳрум менамояд. Интихоб намудани мулку мол, кунҷи фароғу қаноатмандӣ мояи асосӣ дар тарбияи маънавӣ ахлоқии насли наврас мебошад. Ё дар ҷойи дигар ба худ ишора намуда, ба насли наврас таъкид менамояд:
Ҷомӣ зи хони ризқ чу ноне кифоя аст,
Озори бори миннати дунон чаро кашам?.
Дар ин мисраъҳо шоир баҳои асосиро дар баланд гардидани обрў ва арзиши инсон ба ду мафҳум равона намудааст. Ба мафҳуми ганҷи қаноат ва миннати дунон, ки барҳақ дуруст аст. Дар андешаҳои педагогии Ҷомӣ инсони дорои ганҷи қаноат ба ҳар мартаба мерасад. Вале дар ҳолати риоя нанамудани қаноат ва сабру қарор инсон гирифтори таънаю маломат мегардад.
Шиблии Нуъмонӣ дар ҷилди панҷуми китоби худ «Шеър-ул-аҷам» чунин нақлро меорад, ки фикри дар бораи озодии шахс рондаи моро тақвият медиҳад: «Ҷомӣ ҳикоят мекунад, ки – менависад Шиблии Нўъмонӣ, - пире ҳезум мешикаст ва Худоро муттасил шукр мекард, ки вайро азизу гиромӣ доштааст. Шахсе, ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба пир эрод гирифта, мегўяд: Ин чӣ иззатест, ки Худо ба ту додааст? Пир дар ҷавоб гуфт: Кадом иззат болотар аз ин мешавад, ки ман мулозим ва ходими касе нестам».
Дар ин гуфтаҳо, бинед, сухан дар бораи озод будан ва бо меҳнати ҳалоли хеш рўз гузаронидану дар зери нангу ор намондани инсон сухан меравад. Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои тарбиявӣ, беруназсинфӣ ва чорабиниҳо дар ин руҳия ташкил ва гузаронида шаванд, сад андар сад боварӣ дорем, ки маънавиёт ва ахлоқи ҷавондухтарон рўз то рўз рў ба беҳбудӣ меорад.
Абдураҳмони Ҷомӣ дар роҳи фурўтанию хоксорӣ бузургтарин намунаи ибрат буд, ки ин аз боби «Рўзгори Ҷомӣ» ба ҳамагон маълум мебошад ва мояи тарбияи ахлоқии насли наврас ба ҳисоб меравад. Ў бо маблағи меҳнатии худ мадрасаву корвонсаройҳо сохта, чандин касро бо дороии хеш хонадор ва барои пешрафти илму эҷодашон кўмак мекард, аз рўи омўзиши ҳуҷҷатҳои таърихӣ маълум мешавад, ки баҳри ҳимояи бечорагону бенавоён ба сардорони давлат мактубҳо навишта, аз маҳбасу камбағалӣ раҳо додани онҳоро дархост менамуд. Тавассути ин амал ҷавондухтаронро дар рўҳияи хушахлоқӣ, инсондўстӣ, саховатмандӣ ва хайрҳоҳӣ тарбия намудан мумкин аст.
Арзишҳои педагогии мероси бадеии Ҷомӣ танҳо ба оммаи мазлум не, балки ба мансабдорон ва подшоҳон низ дахл дошт, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Эй, ки дар тоҷу нигин дорӣ рўй,
То ба кай тоҷу нигин хоҳад монд?!
Мулки ҳастӣ ҳама тай хоҳад шуд,
На замону на замин хоҳад монд.
То тавонӣ, ба ҷаҳон некӣ кун,
К-аз ҷаҳон бо ту ҳамин хоҳад монд!.
Некӣ кардан дар таълимоти ў ҳамчун нишонаи дуру дароз зинда мондани ному нишон ишора гардидааст. Вале новобаста аз гуманизми хеш, Ҷомӣ нисбати золимон раво донистани зулмро дастгирӣ менамояд, ки ин аз мавқеи фаъолро дар адабиёт ишғол намудани ў дарак медиҳад.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо ин аст:
Бо аҳли ҷафо вафо раво нест,
Подоши ҷафо ба ҷуз ҷафо нест.
Ё:
Турушрў бош бо бадхў, на ширинлаб, ки сафроӣ,
Беҳ аз себи сифоҳонӣ бувад норинҷи Гелонаш.
Ҷомӣ дар осори безаволи хеш «Баҳористон» тани сиҳат, хотири ҷамъ, ризқи фарох, дўсти меҳрубон ва фароғатро омили зиндагии хуш ишора намудааст: «Панҷ чиз аст, ки Худо ба ҳар кас доданд ва касеро аз он маҳрум насохта, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ў ниҳода: аввал- сиҳатии бадан, дуюм- эминӣ, сеюм -вусъати ризқ, чаҳорум- рафиқи шафиқ, панҷум- фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рўи ў бастанд».
Чун дар ин ҷо сухан аз рафоқату ёр рафт, таъкид кардан зарур аст, ки Ҷомӣ аз бузургтарин ва фаъолтарин тарғибкунандагони рафоқат ва дўстии самимӣ буда, дар эҷодиёташ ба ин мавзуъ ҷои хоссаеро додааст. Ў дўстиро рўшноӣ номида, аз бародарӣ боло гузоштааст ва дар «Саломон ва Абсол» чунин ҳикоятро меорад:
Гуфт бо донишваре он содамард,
К-эй ба дониш назди ҳар озода фард!
Боз кун з-ин нуқтаи пўшида пўст,
Ки бародар беҳ бувад ё ёру дўст?
Гуфт: набвад пеши доно ҳеҷ чиз,
З-он бародар беҳ, ки бошад ёр низ. ҳамон ҷо.
Мутаассифона, Ҷомӣ ёреро меписандад, ки на танҳо ҳангоми роҳату осоиш ҳамроҳи кас аст, балки онеро меписандад ва талқин менамояд, ки дар лаҳзаҳои мушкилу хатарнок инсонро яккаю танҳо намегузорад.
Баробари талқини сифатҳои неки инсонӣ Ҷомӣ аз ҷаҳл, ҳасад, хашму кина, тамаъ, ҳирс, риё, ғурур, мардумозорӣ, худписандӣ, пурхўрию серхобӣ ва ғафлат дур буданро тағриб мекард, ки асоси педагогикаи миллиро дар тарбияи маънавӣ- ахлоқӣ ташкил медиҳад.
Дар мероси педагогии хеш Ҷомӣ аз ҳама бештар душмани ашаддии насабпарастӣ мебошад, ки дар шароити муосир дар байни ҷавонон реша давонидааст ва ба муқобили онҳое хуруҷ мекард, ки мағрури аслу насаби худ шуда, аз донишу ҳунар дурӣ меҷустанд, ки мисоли равшани он ин гуфтаҳоянд:
Зад харе лоф бар харони дигар,
Ки маро рахши Рустам аст падар.
Дод аз онҳо яке ҷавобаш боз,
Ки гувоҳи ту бас ду гўши дароз.
Яке аз ҳамзамонони Ҷомӣ Зайниддини Восифӣ дар «Бадоеъ-ул- вақоеъ» нақлеро меорад, ки мувофиқи он вазири Султон Ҳусейни Бойқаро Низомулмулуки Ҳавофӣ шаҷараи авлодӣ тартиб дода, худро аз Аббосиён амакзодаи пайғамбар муаррифӣ менамояд. Руҳониёни зиёде ин даъворо тасдиқ намуда муҳр гузоштанд. Вазир шаҷараи авлодиро назди Ҷомӣ ҳам барои имзо фиристод, аммо Ҷомӣ ба он имзо намегузорад. Пас вазир худаш маҷбур мешавад, ки барои имзо пеши Ҷомӣ равад. Ҷомӣ ғайр аз он, ки рўбинӣ накарда, имзо намегузошт, аз рўи зарофат чунин рубоиро дар болои шаҷараи вазир менависад:
Онро, ки бувад нури набӣ дар башара,
Ҳоҷат набувад ба тулу арзи шаҷара.
В-онро, ки зи рух натобад ин нури сара,
Шаҷра надиҳад ба ғайри лаънат самара.
Дар доираи ин гуфтаҳо донишҷўёнро дар рўҳияи мустақилият, ошкорбаёнӣ тарбия намудан мумкин аст. Ҷомӣ дар бисёр навиштаҳояш илму донишро ҳамчун калиди маърифати инсонӣ қайд намуда, илмро бо ҷаҳолат ва олимро бо ҷоҳил муқобил мегузорад, ки омили беҳтарин дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мебошад. Илмро Ҷомӣ тоҷи сари ҷумла ҳунарҳо ва қулфкушои ҳама дарҳо ва шарафи одамӣ номида, мардумро ба азхудкунии он даъват менамуд, ки талаботи педагогикаи миллӣ дар тамоми унсурҳои тарбия мебошад.
Мувофиқи андешаҳои педагогии Ҷомӣ тамоми корҳоро инсон бояд аз рўи дониш ва мувофиқи маслиҳати донишмандон ба анҷом расонад.
Агар инсон хеш донишманд набошад, бояд дар паноҳи донишманде ҷой гирад. Ҷомӣ дуруст мефаҳмид, ки илм дарёи беканор аст ва фаро гирифтани тамоми илмҳо аз имкон берун аст. Бинобар ин, инсон бояд илми заруртаринро омўхта, онро ба амал пайвандад, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав!
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.
Вале, по сўи дониш неҳ дар ин роҳ,
Ки илм омад фаровон, умр кўтоҳ.
Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,
Ба илме рав, к-аз онат нест чора..
Дар андешаҳои педагогии Ҷомӣ китоб чун ёри ғамгусор ва устоди беминнат ситоиш гардида, ба муқобили он шахсоне, ки китоб ҷамъ мекунанду аз он баҳрае намебурданд, дар ҷанг буд. Мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Аз ҷумла китобҳо, ки дар бар дорӣ,
Судат накунад, ки нафси кофар дорӣ.
Сарро ба замин чӣ мениҳӣ вақти намоз,
Онро ба замин бинеҳ, ки дар сар дорӣ.
Дар андешаҳои педагогии хеш Абдураҳмони Ҷомӣ дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсон ба ихтилофи фикр роҳ додааст. Ў дар баъзе асарҳояш бефоида будани тарбияи одамони бадниҳод, аслу насаби паст, сифларо, ки аксар онҳоро ноқобил, нокас, ноаҳл меномиданд, дар чунин шакл баён намудааст:
Ҳеҷ суде накунад тарбияи ноқобил,
Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.
Сабзу хуррам нашавад аз нами борон ҳаргиз,
Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш..
Агар ин гуфтаҳоро бо таълимоти маорифпарварони Франсия муқобил гузорем, мефаҳмем, ки мухолифанд, аммо дар таҷрибаи бисёрсолаи педагогӣ ба хулосае омадем, ки ҳақ бар ҷониби Ҷомӣ мебошад. Дар таълиму тарбияи инсон то як андоза ГЕН мавқеъ дорад.
Дар ин равия метавон андешаи Ҳотифиро низ ҳамчун мисол мавриди истифода қарор дод, ки фармудааст:
Агар байзаи зоғи зулматсиришт,
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт.
Ба ҳангоми байза парварданаш,
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш.
Диҳӣ обаш зи чашмаи салсабил,
Бад-он байза гар дардамад Ҷабраил.
Шавад байзаи зоғ оқибат зоғ,
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.
Дар ин ҷо сухан дар бораи ранҷу азоби товуси боғи биҳишт меравад, ки Ҳотифи дар ин роҳ ишора бар он намудааст, ки агар хуроки товусро аз анҷири боғи биҳишт таъмин намоем, обашро аз оби муқаддас расонем, бар он байза Ҷабраил бо нафаси покаш дамад ҳам бефойда мебошад, зоғи сиёҳи беарзиш товуси зебо намешавад.
Моҳияти арзишҳои педагогии мероси ниёгон дар тарбияи маънавӣ- ахлоқӣ, ифтихори ватану ватандорӣ, эҳтироми забону маданияти миллӣ ниҳоят муҳим мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди корҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ бояд ҳар чӣ бештар ба мероси педагогии ниёгон рў орем. Масалан, дар масъалаи одоб, ахлоқ ба мероси Ҷалолиддини Балхӣ тарзе насли наврасро дохил намоем, ки маънавиёташон бедор гардад, ки фармудааст:
Ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст,
Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.
Эй басо ҳиндиву турке ҳамзабон,
Эй басо ду турк чун бегонагон.
Пас, забони ҳамдилӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст..
Дар ин раванд насли наврасро дар рўҳияи эҳтироми забон, донистани забонҳои гуногун, тозаю беолоиш нигоҳ доштани забон, эҳтироми дигар забонҳо тарбия намудан зарур аст. Тавассути ин мисраъҳо дар насли наврас ҳамдилӣ, ҳамдигарфаҳмиро тарбия намудан ва сулҳу ваҳдатро тараннум намудан мумкин аст.
Ё ба ин гуфтаҳои Ҷалолиддини Балхӣ нигаред, ки сар то по тараннуми ахлоқ одобӣ инсонӣ, маърифати дарки асрори ҳастӣ мебошанд:
Лоҷарам пешаи мардони сухандон адаб аст,
Назди арбоби хирад мояи имон адаб аст.
Одамизод, агар беадаб аст, одам нест,
Фарқ дар байни бани одаму ҳайвон адаб аст.
Кардам аз ақл суоле, ки бигў имон чист?
Ақл бар гўши дилам гуфт, ки имон адаб аст.
Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ, омўзгор бояд донишҷўёнро ба таҳлил ва шарҳ додани мақсаду муҳтавои муаллиф ҷалб намояд. Дар мисраи аввал шоир таъкид бар он менамояд, ки дар назди одамони хирадманд хомўш нишаста, ба сухани онҳо гўш додан нишонаи одоб мебошад. Дар назди арбобони хирад адаб нишонаи мояи имон аст. Дар мисраъҳои оянда Ҷалолиддини Балхӣ таъкид менамояд, ки одами бе одоб одам нест ва танҳо одам аз ҳайвон тавассути адаб фарқ мекунад.
Ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ супориш дода мешавад, ки ба худашон савол диҳанд, ки имон чист? Дар натиҷаи ҷустуҷў пай мебаранд, ки ҳам имон, ҳам Калом ва ҳам Қуръон адаб аст.
Ё ғазали зеринро аз мероси Ҷалолиддини Балхӣ ба донишҷўён пешниҳод менамоем, ки таҳлил намуда, мазмуни ғоявии онро кушода диҳанд. Дар раванди дарси тарбиявӣ ин ғазал дар байни донишҷўён ҷунбишро ба вуҷуд меорад.
Самира шарҳ медиҳад, ки дар ин ҷо мо гуманизми баланди шоирро мебинем, ки аз Худо талаб менамояд, ки ягон касро гирифтори ғарибӣ ва фироқ аз азизонаш нагардонад. Ошиқонро нолон нагардонаду боғи ҷонашонро тозаю сарсабз гардонад. Ба дилашон хазон нарасаду халқ сарсону саргардон нагардад.
Фикри ўро Моҳира давом дода мегўяд, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар мероси педагогии хеш таъкид менамояд, ки ҳатто ба хотири дар дарахт ошёна доштани мурғ, шохро нашиканед, мурғро овораю сарсон нагардонед, ки корест носавоб. Дар мероси педагогии Ҷалолиддини Балхӣ гуманизми баланд, маънавиёт ва ахлоқи оламгир мушоҳида мегардад, ки вазифаи таълиму тарбия онро дар замири насли наврас ворид кардан мебошад.
Ҳабиба бошад, баён менамояд, ки Ҷалолиддини Балхӣ дар яке аз ғазалҳои машҳури хеш таъкид менамояд, ки дар тамоми шабу рўз ман дар андешаи он ҳастам, ки барои чӣ аз аҳволи дили хеш бехабарам. Ман равшан намедонам, ки аз куҷо омадаам ва омаданам баҳри чист ва ба куҷо меравам, охир, нанамоӣ ватанам.
Андешаи Ҳабибаро давом дода, Садбарг мегўяд, ман сахт дар ҳайратам, ки Худо маро бо кадом мақсад офаридааст, ё мақсади ў аз офаридани ман дар чист. Фикр мекунам, моро баҳри он офаридааст, ки бо меҳнати ҳалоли хеш ҷамъиятро пеш барем. Ба мардум хизмати содиқона намуда, аз худ осоре боқӣ гузорем. Агар ҳамин рисолати созандагию ободониро иҷро намоем, маълум мешавад, ки мо мурғи боғи малакутем, нестем аз олами хок.
Маърифати Усмон шарҳи ғазалро тақвият бахшида мегўяд: маърифати суфиёнаи Ҷалолиддини Балхиро бинед, ки мегўяд: «Кист бар гўш ки ў мешунавад овозам», яъне ман баланд нагўям, бо даруни дилам изҳор ҳам намоям ба Худо ошкор аст ва ў гўё дар даруни гўши ман қарор дорад. Ё кадомест, ки суханро дар даҳонам мегузорад. Ҳамеша таъкидам менамояд, ки инсон набояд дам гирад, ором нишинад, ӯ бояд ҳамеша дар такопўи зиндагӣ бошад, зеро ҳанўз дар ин ҷо ба худ наомадаем, ки рафтан пеш меояд. Намунаи ғазал оварда мешавад:
Рўзҳо фикри ман ин асту ҳама шаб суханам,
Ки чаро ғофил аз аҳволи дили хештанам.
Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд,
Ба куҷо меравам, охир, нанамоӣ ватанам.
Мондаам сахт аҷаб, к-аз аз чӣ сабаб сохт маро,
Ё чӣ будаст муроди вай аз ин сохтанам.
Мурғи боғи малакутам, наям аз олами хок,
Ду- се рўзе қафасе сохтаанд аз баданам.
Кист бар гўш, ки ў мешунавад овозам,
Ё кадом аст сухан мениҳад андар даҳанам?
То ба таҳқиқ маро манзилу раҳ нанмоӣ,
Як дам ором нагирам, нафасе дам назанам.
Ман ба худ н- омадам ин ҷо, ки ба худ боз равам,
Он ки овард маро, боз барад бар ватанам.
Дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии ҷавондухтарон тавассути дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназаудиторӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мавқеи Мир Сайид Алии Хамадонӣ ниҳоят калон мебошад, ки фармудааст:
Камол аз суҳбати мардон тавон ёфт,
Дур аз дарёю лаъл аз кон тавон ёфт.
Дило, дар суҳбати аҳли сафо бош,
Чу суҳбат ёфтӣ, аҳли вафо бош ,
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ камоли маънавӣ-ахлоқӣ ёфтани инсонро аз ширкат варзидан дар сӯҳбати донишмандон медонад. Ў яке аз олимони бузурги соҳаи фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон мебошад.
Ў дар замони хеш аллакай ба моҳият ва муҳиммияти назарияи маърифат сарфаҳм рафта, салтанат ва боломақомии инсонро дар омўзиш, таҳсил, маърифат ва дарки асрори ҳастӣ медонист. Ў пайваста одамонро баҳри талош варзидан барои ба даст овардани ин сифати олӣ, боодобу хушрафтор будан даъват менамуд.
Мувофиқи ақидаи ӯ, инсон ҳар қадар майл ба донистани асрори ҳастӣ дошта бошад, ҳамон қадар салтанати ў бар табиату ҷамъият ва атрофиён бештару қавитар мегардад, ки мисоли равшани ин гуфтаҳо дар мисраъҳои зерин мебошад:
Ҳаст доим салтанат дар маърифат,
Ҷаҳд кун, то ҳосил ояд ин сифат.
Ҳар кӣ масти олами ирфон бувад,
Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад
Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсият ва андешаҳои педагогии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанўз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш ба таври бояду шояд омўхта нашудааст ва ҳоло ҳам норавшан қарор дорад. Аввалин шуда соли 1975 файласуфи шинохтаи тоҷик Моҳирхуҷа Султонов шиносномаи аввалини хешро таҳти унвони
«Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда дастраси ҳаводорони ин шахсияти бузург гардонид.
Дар Тоҷикистон, хоссатан дар вилояти Кўлоб ва Қўрғонтеппа аз рўи муҳаббати бепоёну самимият ўро Ҳазрати Амирҷон ном мебаранд.
Номи асосии ин шахси шариф Алӣ бинни Шаҳобуддин буда, дар Ҳамадони Эрон дар оилаи марди донишманду пурзаковат ва барўманди замон ба дунё омадааст. Дар хусуси соли таваллуди ў чандин фикрҳои мухталиф мавҷуданд. Дар аксар сарчашмаҳои таърихию адабӣ санаи таваллуди Мир Сайид Алии Ҳамадониро ба 12-уми моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 12 октябри соли 1314 мелодӣ мувофиқ медонанд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бештари умри азизи хешро дар ғарибӣ ва ғурбати сафарҳои пай дар пай гузаронидааст. Ў равшан дарк менамуд, ки барои ноил гаштан ба зинаи баланди маърифати ҳастӣ яке аз омилҳои асосӣ сафар, шиносоӣ бо ҳаёт ва маданияту тамаддуни халқҳои ҷаҳон мебошад. Аз ин рӯ, ба ҳар сарзамине, ки пои муборакаш мерасид, он манзилу макон аз файзи қудуми бобаракаташ ободу зебо ва муҳташам мегашт. Ба бечораю бенавоён, заифону беморон дасти тараҳҳум ва сахо дароз мекард.
Ў ба Макка, Мадина, Миср, Покистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Туркия ва дигар мамолики дунё на аз пайи ғун кардани сарвату моли дунё ё тасарруфи мулку боигарии он манзилу маконҳо сафар мекард.
Мақсади асосии ў танҳо ба расму русум ва одату анъанаи он халқҳо аз наздик шинос шудан ва ба онҳо ба қадри ҳол кўмаки маънавӣ ва ахлоқӣ расонидан буд.
Худи ҳазрати Сайид Алии Ҳамадонӣ мефармояд: «Се бор аз Машриқ ба Мағриб сафар кардам, басе аҷиб даҳру дайр дида шуд ва ҳар боре ба вилояте расидам расм ва одати аҳли он мавзеъ тариқи дигар дидам… Ў ба ёд оварда мегўяд, 1400 авлиёи комилро дарёфтам ва аз ҳар яке баргирифтам ва аз он ҷумла 400 авлиёро дар як маҷлис дарёфтам ва ҳар яке маро навозиш карданд ва ҳар исме аз исмҳои Аллоҳ, ки кушоиш ва фатҳи тафриқоти эшон аз он шуда буд ба ин заиф ато фармуданд ва аз он баракоти бисёр ва баҳраи бешумор баргирифтам».
Мувофиқи назари педагогии ў шогирд бояд серзавқу талош бошад ва бешакку шубҳа, дархосту супоришҳои устодро ба ҷо биёрад, ки мисоли равшани он мисраъҳои зерин мебошанд:
Эй Алӣ! Рав назар кун, зи сари сидқу сафо,
Ки ба ҷое нарасад бе назари пир мурид.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар таълимоти хеш талаботи педагогиро дар муносибати шогирду устод то як андоза дуруст ҳал намудааст. Дар таълимоти хеш ў ҷои хоссаро ба таълиму тарбия бахшида, мавқеи устодро дар таълиму тарбияи муридон ё хонандагон нишонрас ишора намудааст.
Ин заковат ва қобилияти баланди маънавӣ ба Мир Сайиди Алии Ҳамадонӣ хеле барвақт дар ҷавонӣ муяссар гардида буд. Шайх Муҳаммадхони Азконӣ яке аз олимону орифони шуҳратманди замон ба шумор мерафт ва на ҳар кас дар назди ў хизмати муридӣ ба ҷо оварда метавонист. Аммо Алии Ҳамадонӣ ба туфайли заковати баланд, сабру тоқати беинтиҳо тавонист, ки ба муридии ў сазовор гардад ва ҳатто Шайх либоси ифтихории худро ба шогирди хеш туҳфа намуд, ки ин садақаи олӣ ва боварии комили устод ба мурид мебошад.
Сайид Алии Ҳамадонӣ он чи аз илму маърифат омўхт, дар саҳифоти ҷудогона сабт кард ва дар охир онҳоро дар шакли китоби алоҳида таълиф намуд, ки адади онҳо ба гуфте аз 70 беш аст. Дар ин солҳо аз умри бобаракати ў 60 сол зиёдтар дар омўзиш ва саёҳат рафта буд.
Сайид Алии Ҳамадонӣ қарор дод, ки чанд соли умри боқимондаи худро дар Ҳамадони азизаш сарфи таълифи китоб ва тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас намояд. Аммо вазъияти сиёсӣ чандон мувофиқ набуд, зеро дар ин солҳо Амир Темур ба Эрон лашкар кашида, ғоратгариҳои зиёдеро ба мардум раво дониста, шаҳрҳои мутараққии ин сарзамин -Шерозу Табрез, Исфаҳону Ҳамадонро ба хок яксон гардонид.
Алии Ҳамадонӣ тоқати дар ҳоли харобазор дидани ватани азизашро надошт ва аз ҷониби дигар, таклифи Амир Темурро дар хусуси дар дарбори ў хизмат кардан надошт. Ин аст, ки соли 1379 дар синни 65 - солагӣ бо ҳамроҳии хешу табор ва беш аз 700 шогирдону муридони хеш ҷилои ватан карда, Кашмири Ҳиндустонро макони зисти доимии худ қарор дод. Дар хусуси ин маконро ихтиёр кардани Сайид Алии Ҳамадонӣ ақидаю ривоятҳои гуногун мавҷуданд, ки аз байни онҳо ривояти зеринро ба ёд оварданием: «Сайид Алии Ҳамадонӣ баъди ба кишвари афсонавии Кашмир расидан дар музофоти Кабравсавод бо як гурўҳи олимони он диёр вохўрӣ намуда, байни онҳо баҳси доманадоре сурат гирифт.
Уламо ва донишмандони Кашмир, ки дар заковат машҳури дунё буд, бо Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ соатҳои тулонӣ баҳсу мунозира намуданд. Охирон, саволу ҷавоб дар атрофи гове, ки дар назди маъбадхона буд, сурат гирифт ва то дарёфти ҳақиқат идома ёфт. Ҳалли масъала он буд, ки вазъи гов муайян карда шавад. Олими кашмирӣ аввалан ба ин савол посух доданӣ шуда мегўяд, ки гов дар батни худ гусолае дорад, ки пешонаи он мисли пешонаи модараш сафед аст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳарифи худро тавзеҳ дода, илова намуд, ки аслан пешонаи гўсола сафед нест, балки нўги думаш сафед аст. Гўсола айни ҳол дар батни модараш тарзе ҷойгир аст, ки ҳамон сафедии нўги думаш омада дар пешонааш ҷой гирифтааст. Барои аниқ кардани фикрҳои мухталиф ва исботи дурустии даъво бошандагони он ҷо говро сар бурида, гўсоларо берун оварданд, ки воқеан, пешонааш не, балки нўги думаш сафед буд.
Пас аз он ки пири хиради кашмириён дар назди маърифати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муттаҳам гардид, ҳама қавму пайравони ў имон оварда, дини исломро қабул карданд ва то охир ба Сайид Алии Ҳамадонӣ содиқ мемонанд. Мувофиқи ишораи олими маъруфи Эрон Азизуллоҳи Аторудӣ шумораи асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ зиёдтар аз 90 номгўро ташкил медиҳанд. Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ба асарҳои насрии худ, аз қабили «Макорим-ул-ахлоқ», «Захират-ул-мулук», «Анвор-ул-азҳор», «Вуҷудия», «Кашф-ул-ҳақоиқ» ва амсоли инҳо дар инкишофи мактаби тасаввуф саҳми босазо гузоштааст ва андешаҳои педагогии хешро тақвият бахшидааст.
Асарҳои Сайид Алии Ҳамадонӣ, аслан бештар афкори панду ахлоқиро дар бар мегиранд. Лекин ногуфта намонад, ки осори ў дар ривоҷи тасаввуф ва ахлоқ пояҳои баландтареро ишғол менамоянд.
Хосса, каломи мавзунаш хеле содаю равон, дилчаспу оммафаҳм мебошад. Ба мисраъҳои зерини бузургвор таваҷуҳ намоед, ки чи гуна соддаю раво, оммафаҳму саршори инсондўстианд:
Ҳар кӣ моро ёд кард, Эзид мар ўро ёр бод,
Ҳар кӣ моро хор кард, аз умр бархурдор бод.
Ҳар кӣ андар роҳи мо хоре фиканд аз душманӣ,
Ҳар гуле к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Дар ду олам нест моро бо касе гарди ғубор,
Ҳар кӣ моро ранҷа дорад, роҳаташ бисёр бод.
Дар мисраъҳои зикр ёфта чи хоксории олӣ, чӣ фурутанию самимият, муҳаббати безавол ба насли башарият бо фасохату дилбастагии том ифода ёфтааст. Ин суханони олӣ тахминан умри 700 - сола доранд, аммо ягон калимаю ифодааш барои форсизабонони имрўза, хосса тоҷикон номафҳуму берун аз фарҳанги ниёкон нест.
Лекин ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, аз мухлисони ашъори ин бузургвор хоҳиш менамоем, ки ба мазмун ва муҳтавои ҳамин мисраъ диққати хешро бештар равона намоянд:
Ҳар гуле, к-аз боғи васлаш бишкуфад, бехор бод.
Пас, ҳамду сано бод ба килки сеҳрноки ин суханвари азалӣ ва пайваста бояд бигўем: « Руҳат шоду марқадат пурнуру хонаи охиратат обод бодо, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ!» Шояд ҳамин неруи ақлонӣ, ақидаю афкори бикр ва содагию оммафаҳмии забони осораш бошад, ки ихлосмандони ҳақиқии равияи ў, дўстдорони каломи раббонӣ асрҳо инҷониб вайро ҳамчун пири хирадманд хондаанд ва ба ў пайваста пайравӣ менамоянд,
Аҳволи дил, эй Шоҳ, нагўям, ки надонӣ,
Биллоҳ, ҳамадонӣ, ки ту шоҳи Ҳамадонӣ.
Сад афсўс, ки ҷараёни зиндагӣ, фаъолияти адабӣ, осори муқаддаси ин шахсияти шариф ҳанўз ҳам барои мо ворисонаш чандон равшан нест.
Хушбахтона, яке аз муридони содиқаш Мавлоно Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, ки солиёни зиёд бо ин марди шариф ҳамсафар буд, оиди шахсият ва шарҳи ҳол ва андешаҳои педагогии ў «Хулосат-ул-маноқиб» ном асаре офарид ва яке аз сарчашмаҳои нахустин ва боэътимод дар шинохти Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шумор меравад. Муҳаққиқони баъдина ҳангоми рў овардан ба эҷодиёти Сайид Алии Ҳамадонӣ асосан ҳамон асари номбурдаро сарчашмаи ақидаи хеш қарор додаанд. Алҳол дар Ҳиндустон, Покистон, Эрон доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмию адабии Сайид Алии Ҳамадонӣ асарҳои зиёде ба табъ расидаанд, ки мутаассифона, то ҳол дастраси мо нашуданд.
Мувофиқи ақидаи олимон Аҳмад Ҳасани Донӣ, Аҳмад Ҳасани Обидӣ, Абдулаҳмади Ҷовид, Анкари Деҳлавӣ, Муҳаммад Осимӣ, Моҳирхуҷа Султонов дар Покистон Ассосиатсияи байналхалқии «Шоҳи Ҳамадон» амал мекунад, ки ба омўзиш ва таҳқиқи осори Сайиди Алии Ҳамадонӣ ҷиддан сару кор дорад ва то як андоза дар шинохти шахсияти ў ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Дар «Гулистон»- и Саъдии Шерозӣ омадааст: «Ҳакиме писарро панд ҳамедод, ки эй ҷони падар ҳунар омўзед, ки молу давлати дунёро эътимод нашояд ва симу зар дар сафар бар маҳалаи хатар аст: ё дузд ба як бор бибарад, ё хурда тамом кунӣ. Аммо ҳунар чашмаи зоянда асту давлати поянда». Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ омўзгорон, кураторон, декану мудирони кафедра дар гирди ҳамин масъала дарси тарбиявӣ, шабнишинӣ, вохўрӣ бо аҳли ҳунар ташкил диҳанд, олам гулистон мегардад.
Саъдӣ дар яке аз ҳикояҳояш нақл мекунад: «Дар диёри Мағриб омўзгореро дидам чеҳра дарҳамкашида, талхгуфтор, бадхислат, мардумозор ва қуръонхонияш дили мардумро сиёҳ карда буд. Як гурўҳ писарони зебочеҳраву духтарони бокира гирифтори ҷаври ў буданд, ки на заҳраи хандидан доштанду на ҷуръати сухан гуфтан. Мардумон аз ин хислати бади омўзгор огоҳ шуда, ўро ба зудӣ аз мактаб ронданд.
Мактаби ўро ба яке аз омўзгорони некукори беозор доданд, ки танҳо бо зарурият сухан мегуфт ва касеро дар гуфтор озор намедод. Кўдакон чун устодро фариштахислат диданд, ҳайбату даҳшати омўзгори аввалро фаромўш карда, шайтонхислат шуданд».
Аз ин гуфтаҳои боло бар меояд, ки дар тамоми давру замон дар маркази таълим ва тарбияи насли наврас омўзгор ва донишу маҳорати омўзгор меистад. Маънавиёт ва ахлоқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ на танҳо тавассути дарсҳои назариявӣ, балки тавассути дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ғанӣ мегардад, агар иҷроиш зери назорат бошад.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон дар тамоми зинаҳои таҳсилот имконияти даст кашидан аз низоми маъмурӣ-фармонфармоиро таъмин намуда, барои дар арзишҳои миллӣ тарбия намудани насли наврас шароит муҳайё намуд. Мисоли равшани он баргузор намудани Симпозиуми умумиҷаҳонӣ дар соли 2009 бахшида ба бузургдошти Имоми Аъзам, конференсияҳои ҷумҳуриявӣ оид ба Имоми Бухорӣ, Ғазолӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мавлавӣ ва ғайраҳо мебошад.
Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳотҳои гуногун гузаронида шуда, гузариш ба фазои ҷаҳонии таҳсилот оғоз гардид. Гимназияю литсей, коллеҷ, донишгоҳу донишкадаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуданд, ки арзишҳои педагогии мероси ниёгонро сармашқи кори таълим ва тарбияи насли наврас қарор дода, идеологияи Шўравӣ торафт ба гўшаи фаромўшӣ рафта, кор дар самти эҳё намудани мероси гаронмояи ниёгон оғоз гардид, ки натиҷанокии онро аз озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» мушоҳида намуда истодаем.
Арзиши педагогии мероси адабии Саъдии Шерозӣ дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ниҳоят калон мебошад. Саъдӣ дар ашъори хеш пеш аз ҳама, тарафдори дар руҳияи покии забон тарбия намудани бахусус, духтарон буда, одат кунонидани забонро бо ҳарфи дурўғ намеписандид. Ў тамоми зебогии зиндагӣ ва биҳиштро дар доштани дўст, рафиқи меҳрубону мушфиқ ифода намудааст.
Ў дар андешаҳои педагогии хеш мардӣ ва мардонагиро дар тобоварӣ ба меҳнату ранҷ медонист ва касе ин сифатро надошт, дар таълимоти ў ба ҷое расида наметавонист. Насли наврасро таъкид мекард, ки ба кадри падару модари пири хеш расанд, зеро рўзе мешавад, ки онҳо ҳам пир ва муҳтоҷи дастгирӣ мегарданд.
Дар мероси педагогии Саъдӣ ҷойи асосиро зиддият ва муборизаи ду қувваи ба ҳам зид ишғол менамояд- ин ҳам бошад, хирадманд ва бехирад мебошад, ки фармудааст:
Гар хирадманд зи авбош ҷафое бинад,
З-ў дили хеш наёзораду дар ҳам нашавад.
Санги беқимат агар косаи заррин бишикаст,
Қимати санг наафзояду зар кам нашавад.
Суханони барҳақ, андешаи баланди педагогӣ дар ин мисраъҳо баён гардидааст. Масъалаи душмани доно ва дўсти нодон дар ашъори Саъди ҷои махсусро ишғол менамояд.
Дар андешаҳои педагогии Саъдӣ диққати махсус ба ваҳдат, дўстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дода шудааст, ки мисоли он ин гуфтаҳоянд:
Намеранҷам, агар сад сол нодон н-оварад ёдам,
Вале мирам, агар як дам кунад доно фаромўшам.
Дар андешаҳои педагогии Саъдӣ таъкид меравад, ки инсон бояд ҳамеша аз рафтору кирдори душман огаҳ бошад ва хешро ҳифз карда тавонад, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Агар душман зи пой афтад, ба таъзимаш марав ҳаргиз,
Ки хам- хам гаштани сайёд баҳри қатли мурғон аст.
Саъдӣ дар таълимоти педагогии хеш зиндагиро пойдор меҳисобад, вале умри зулму золимиро пойдору бардавом намеҳисобад, ки мисоли равшани он дар ин мисраъҳо ифода шудааст:
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесўзад,
Агар сўзад, шабе сўзад, шаби дигар намесўзад.
Дар дарсҳои тарбиявӣ, корҳои беруназаудиторӣ, семинару конференсияҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ аз мероси педагогии ниёгон мавзуъҳоеро интихоб намудан зарур аст, ки ба маънавиёт ва ахлоқи насли наврас таъсир бахшида тавонанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё