Зеҳн

Сатҳи баланди маънавӣ-ахлоқӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ25 ноябри 2024 · 24 дақиқа хондан

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки меъёрҳои инсонпарваронаи Куруши Кабир баъд аз 2500 сол дар санадҳои тамаддуни муосир тавассути Созмони Милали Муттаҳид: Баёнии умумии ҳуқуқи башар дар сарқонунҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон, ба монанди Олмон, Франсия, Россия, ИМА, Тоҷикистон ва ғайраҳо шомил гардиданд.

Дар асоси афкори педагогӣ ё дидактикаи намояндагони бузурги халқи тоҷик имконияти навиштани садҳо ва ҳазорон рисолаҳои илмӣ ва дар сатҳи баланди маънавӣ-ахлоқӣ ташкил додани дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот вуҷуд дорад.

Барои дар руҳияи меҳру муҳаббат доштан ба таълим, ба гирифтани дониши баланд ва расидан ба қадри донишу маърифат тарбия намудани насли наврас Саъдии бузургвор фармудааст:

Доно ба ҳар диёр азизу мукаррам аст,

Лаънат бар он диёр, ки нодон бувад азиз.

Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ омўзгор бояд корро тарзе ташкил намояд, ки ҷавондухтарон ба мафҳуми соҳибмаърифат, дорои ҷаҳонбинии васеъ, донандаи асрори ҳастӣ, дониш сарфаҳм рафта, сабаби азизу мукаррам гардидани инсони дорои ин сифатҳоро фаҳманд. Фаҳманд, ки Шайх Саъдӣ диёреро лаънат мехонад, ки дар он нодон азизу мукаррам аст. Лекин дарк намоянд, ки дер ё зуд нодонию ҷоҳилии он ошкор гашта, ҷойи поёнро дар зиндагӣ ишғол менамояд.

Дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳатто як шоҳасар не, балки ду мисраъ метавонад дар вобастагӣ аз салоҳияти омўзгор натиҷаи хуб диҳад, ки мисоли равшани он ин мисраъҳо мебошанд:

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,

Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Дар зери таъсири ин ду мисраъ насли наврасро ба андешаи солим ба амалҳои неку накукорӣ ҳидоят намудан мумкин аст. Ё барои тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон ба мероси педагогии Ҳофиз рў меорем, ки фармудааст:

Эй бехабар, бикўш, ки соҳибхабар шавӣ,

То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ.

Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ,

Ҳон, эй писар бикўш, ки рўзе падар шавӣ.

Дар ин мисраъҳо Ҳофиз ба насли наврас таъкид менамояд, ки талош варзанд, ки ба маърифати ҳастӣ расанд. Дар шароити муосир ҳар шахсе, ки аз ин ё он зинаи таҳсилот ҳуҷҷат мегирад, мақсади асосии он роҳбар шудан бар мардум мебошад. Аз ин рӯ, Ҳофиз таъкид менамояд, ки аввал роҳ рафтанро омўзед ва пас аз он даъвои роҳбарӣ намоед. Дар кори таълиму тарбия дар назди омўзгорон одоби баланд нишон деҳ, кўшиш кун ба он хотир, ки рўзе мерасад, ки ту падар ё модар мешавӣ ва ин масъулияти баланд аз ту дониши зиёдро талаб менамояд.

Дар ин мавзуъ дар Қуръони маҷид ва ҳадисҳои муътабари Муҳаммад расулуллоҳ ва осори бузургпояи ниёгон, ба монанди «Ҳуҷҷат-ул-ислом», «Эҳё-ул-улум», «Кимёи саодат», «Арбаийни Сулаймонӣ», «Наводир-ул-меъроҷ», «Салоти Масъудӣ», «Меъёр-ул-ахлоқ», «Қобуснома», «Гулистон», «Бўстон», «Баҳористон» ва ғайраю ғайраҳо ниҳоят гуфтаҳои баландғоя маҳфузанд ва дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз манфиат холӣ намебошанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити муосир, ки парокандашавии оилаҳо ва зиндаятим мондани тифлон дар ҷомеа рў ба афзоиш ниҳодааст, дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназсинфӣ ва чорабиниҳои муассисаро бештар ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар ин самт бахшидан зарур аст. Ин масъала яке аз мушкилоти асосии ҳаёти иҷтимоии ҷомеаи муосир мебошад, ки аз мадди назари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» дур намондааст. Эй фарзандон ва ҷавононе, ки ба ташкили оила ва интихоби зан омода гардидаед, бидонед, ки оила пойдевори ҷомеа мебошад, бинобар ин пеш аз ҳама, ҳурмату иззати худатонро наку доред.

Инсон бо заҳмату талоши зиёде метавонад сазовори ҳурмату эҳтироми атрофиён гардаду бо як қадрношиносӣ, дар як нафаси кўтоҳ онро аз даст дода, худро ба махлуқи зишттарин табдил диҳад. Духтарон, занон, модарон киштзори ҳосилдиҳандаи насли инсонӣ мебошанд.

Ҷавондухтарон бояд тавассути корҳои беруназаудиторӣ донанд, ки як зан дар зиндагӣ чор нақшро дар як вақт метавонад иҷро намояд. Агар аз онҳо духтари хубу босавод ба воя расонем, духтари хуб барои падару модар, хоҳари хуб барои бародарон, зани хуб барои шавҳар ва модари хуб барои фарзандон мебошанд.

Дар таълимоти Имоми Аъзам ишора мегардад, ки зан бояд покиза ва покдину кадбону ва дўстдори шавҳару аҳли хонадони ў бошад. Зан бояд шармгин, бомулоҳиза, зирак, кўтоҳдаст, кўтоҳзабон, сариштакор, пагоҳхез ва ҳушёрхобу хонанигаҳдор бошад. Зани нек, биҳишти мард дар ҳамин дунё ва равшанибахши охирати падару модараш мебошад. Ривоятест, ки ба хонаи марди бонамозу ибодат хостгорон омада, духтарашро хостгорӣ карданд. Тўй ҳам шуда гузашт ва пас аз се рўзи хонадорӣ шавҳар азми сафар намуда, аз завҷааш хоҳиш кард, ки то аз сафар баргаштанаш аз хона набарояд ва ба ҷое наравад. Рўзе қосиде омада хабар расонд, ки падарат бемори сахт аст ва мехоҳад туро бубинад ва васиятҳояшро гўяд. Зан, наметавонам-мегўяд, шавҳарам аз хона ба ҷое набаро гуфта супориш дода ба сафар баромада буд. Зан ашки сўзон рехта аз доираи гуфтаи шавҳараш ва расми шариат оид ба фарҳангӣ оиладори берун набаромад. Дар тамаддуни мардуми мо ин амалест, ки бунёди оиладориро мустаҳкам мегардонад. Аз миён боз чанд рўз гузашт, қосид аз нав пайдо шуд ва хабар расонид, ки падаратон аз дунё гузаштанд, ҳеҷ набошад барои видоъ бояд як сари қадам равед, ки хуб намешавад ва мардум таънаю маломат мекунанд. Зан боз наметавонам, шавҳарам аз хона набаро гуфта рафта буд ва амрашро вайрон карда наметавонам, гуфта ашки сўзон рехт. Духтарон бояд ба ин талаботи ниёгон нигариста, андеша намоянд, ки куҷо дурусту куҷо нодуруст мебошад. Падари онҳо пас аз се рўзи реҳлат дар хоби аҳли хонадон даромад, ки вориди биҳишт буд ва он ҳам бошад, натиҷаи дар итоаткорӣ тарбия кардани он духтараш буд. Доир ба ҳамин масъала бо ҷавондухтарон инчунин омода намудани саволнома ва гузаронида ҷамъбаст намудани он зарур мебошад. Оид ба рафтору кирдори ин духтар ошкор кардан зарур, ки донишҷўён чӣ фикр доранд ва чанд нафари онҳо ин амалро дуруст ва мояи пайравӣ меҳисобанд.

Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва корҳои беруназаудиторӣ ба донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар боби нозукиҳои оила ва маданияти оиладорӣ корҳои маънавӣ-фарҳангӣ ташкил кардан зарур аст. Онҳо бояд фаҳманд, ки киро ба занӣ ва шавҳарӣ интихоб намоянд, ки дар дили ў ғайри ту ва муҳаббати ту каси дигар набошад ва нағунҷад. Ин суханро мо ба он хотир овардем, ки дар илми муосир як чизро ген мегўянд ва агар инсон аз қавму тоифаи паст бошад, дар кадом вазифа ва мансабе қарор надошта бошад, дер ё зуд ин нишонаю аломати аҷдодиаш боло мегирад ва пастию нокасии ў зоҳир мегардад. Зеро ки хор аз ҷиҳати ҷинсию аҷдодӣ ягон арзиши дар баландӣ ҷойгиршавӣ надорад, аммо бо мақсади ба дасту ҷисми бадрафторе халидан ва хонаро аз чашму нияти бад ҳифз кардан дар чунин баландӣ гузошта мешавад.

Мутаассифона, дар шароити муосир духтарон ва писароне оила ташкил менамоянд, ки ба он аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ омода нестанд, ягон ҳунар, касб, шуғли дўстдошта надоранд ва ин боиси нооромии ҳаёти ояндаи онҳо мегардад. Онҳо тарзи ба даст гирифтани сўзан, дуруст дўхтани дарзи либос, рӯбучин, пухтупазро намедонанд, ки ҳамаи ин ва ғайраҳо сабаби хонавайронии ҷавонон мегардад.

Ҷавондухтаронро бояд аз синни хурдсолӣ дар руҳияи меҳнатдўстӣ, хоҷагидорӣ, таҳаммулпазирӣ ва хушмуомилагӣ тарбия кард, Муҳаббат ба меҳнат аз синни кўдакӣ ташаккул ёфта, кўдакро обутоб медиҳад. Ҳар як оила вазифаи хоҷагидорӣ-истеҳсолиро иҷро мекунад ва ин кор махсусан, дар деҳот хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар деҳот ҳар оила барои киштукори шахсӣ қитъаи назди ҳавлигӣ, парандаю чорво дорад, ки дар он тамоми аъзоёни оила дастаҷамъона меҳнат мекунанд.

Ба ҷавондухтарон дар раванди корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ фаҳмонидан зарур аст, ки оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ барои расидан ба рўзгори обод ва ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ, меҳнатӣ, беҳдошти саломатӣ, ҳифзи солимӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд.

Ҳаёти солими миллат ва ҷомеа аз фазои солими оила маншаъ мегирад. То кадом ҳад вазъи иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангию ахлоқии оилаҳо дар сатҳи баланд бошад, ба ҳамон андоза он ба рушд ва пешрафти давлату миллат мусоидат менамояд. Бо назардошти мубрамият ва рўзмаррагии ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон намуд, ки дар ин самт чандин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва муассисавӣ баргузор гардид, ки мақсади он баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа нисбати оила буд ва мебошад.

Арзиши андешаҳои педагогии Ибни Сино дар он ошкор мегардад, ки ба муқобили маҳдуд кардани таълими Қуръон ва шариат баромада, дар барномаҳои таълимии мадрасаҳо ворид намудани фанни таърих, ҷуғрофия, забони модарӣ, адабиёт, кимиё, варзиш ва ғайраро дархост менамуд. Ибни Сино таклиф менамуд:

1. Синну соли 6-14 солагиро Сино давраи бачагӣ номида, вазифаи ин давраро аз таълиму тарбияи мунтазам ва андўхтани дониш иборат медонист. Ин андешаи педагогии Сино қиматашро дар ягон давру замон гум намекунад.

2. Сино дар илми одамшиносӣ тарафдори таълими тафриқа мебошад. Дар рисолаи «Тадбири манзил» Сино менависад:

«Устод…бояд бидонад, ки наметавонад ба ҳар шогирд ҳар саноатеро таъмин кунад, балки ҳар кадом аз шогирдон завқу шоистагии омўхтан ва фаро гирифтани санъати махсусро доранд. Дар ин ҷо Сино дар арзишҳои педагогии хеш ба завқу шавқи инфиродии шогирд такя менамояд. Бояд ҳар кас мувофиқи завқу истеъдодаш санъат омўзад, вагарна таълиму тарбия натиҷаи матлуб намедиҳад».

Мутаассифона, ин масъала дар таҳсилоти муосири касбӣ ҳалли худро наёфтааст ва дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ худсарона рўй медиҳад, ки натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад, ки аз чандин омилҳо вобастагӣ дорад.

3.Олими тавоно ва бузург Сино ғайр аз таълими инфиродӣ таълими гурўҳиро ташвиқ мекард, ки дар замони мо ҳукумфармост ва таълими коллективӣ номида мешавад. Ин таълими коллективии Синоро мо муҳаққиқон дар се чиз мебинем: 1. Дар таълими коллективӣ дар байни донишҷўён мубоҳиса ва муошират баргузор мегардад, ки дар раванди он қафомондаҳо ба пешқадамон баробар мегарданд. Донишҷўёни суст кўшиш менамоянд, ки аз фаъолон ибрат гирифта, қафо намонанд;

2. Муколама бо ҳамдигар, ки сарчашмаи инкишофи ақлу фаҳмиш мебошад, завқи онҳоро бедор намуда, ба қатори фаъолон ворид менамояд;

3. Рафоқат, дўстии байни ҳамдигарии онҳо оғоз гардида, имконияти таъсири маънавӣ-ахлоқӣ расонидан ба ҳамдигар меафзояд.

4.Ибни Сино дар андешаҳои педагогии хеш тарафдорӣ эҳтиром доштани насли наврас ба вақт буд, таклиф менамуд, ки дар лаҳзаҳои мондагӣ ва дамгирӣ ҷавонон бояд аз як шуғл ба шуғли дигар гузаранд, то хастагӣ бартараф гардад ва вақт сарфа гардад.

Арзиши маънавӣ -ахлоқии таълимоти педагогии Носири Хусрав (1004-1084) дар рисолаи «Хонулихвон», «Сафарнома» ниҳоят ҷолиб ифода ёфтааст:

1. Ў таъкид менамояд, ки илму дониш ҳадяи Худованд аст ва ҳар чи ҳадя ва эҷози Аллоҳ аст, мукарраму маҳбуб аст. Барои мо инсонҳо ҳурмату эҳтироми илму дониш арзандаи ҳурмату эҳтиром хеш мебошад.

Дар андешаҳои педагогии Носири Хусрав донишмандон ва олимон дар ҷамъият бояд ҷойгаҳи хоссаи хешро дошта бошанд.

2. Дар замони хеш Носири Хусрав ҳамчун ҳуҷҷатулҳақ аз ин боло гуфта наметавонист, зеро гирифтори азобу шиканҷа мегардид. Илму дониш маҳсули худомўзӣ, сабру тоқат ва тамоми азоби зиндагиро ба худ раво дида тавонистани инсон мебошад. Дар ин раванд Ниҳонӣ дуруст қайд менамояд, ки заҳр аст ҷафои илм маънӣ шакар аст, ҳар пашша аз он чашад, ў шери нар аст.

3. Дар андешаҳои педагогии Носири Хусрав илму дониш натиҷаи ақли солим мебошад, ки арзиши хешро то ҳол нигоҳ медорад. 4. Дар андешаҳои педагогии хеш ў таъкид менамояд, ки мо илму дониш меомўзем, то зиндагиамонро рангин гардонем, ҷаҳонро обод гардонем, бо роҳи рост равем, росту ҳақ гўем, ҳар қадар тавонем ба корҳои нек даст занем. Ин андешаҳо мояи беҳтарин дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар тамоми зинаҳои таҳсилот шуда метавонанд.

5. Дар арзишҳои маънавӣ-ахлоқии Носири Хусрав қайд карда мешавад, ки ҷаҳлу нодонӣ, бадию зиштӣ ба сари инсоният фасодӣ меоварад. Ў дар таълимоти педагогии хеш ба насли наврас таъкид менамояд, ки ҷоҳилу нодон набошанд, аз амалҳои баду зишт хешро дар канор гиранд. Ў ин андешаро ҳатто дар мисраъҳои зерин таъкид менамояд:

Машав ғаммоз андар назди шоҳон,

Битарс охир зи оҳи бегуноҳон.

Носири Хусрав дар таълимоти педагогии хеш аз ҳама бештар онҳоеро маҳкум менамуд, ки хабаркаш, шўрандоз, хабарбаранд ва бо ин амали хеш атрофиёнро гирифтори азобу машаққат мегардонанд.

Насиҳат медод, ки ақаллан аз ғазаби Худо битарсед ва ин кори носавобро накунед, ки дар охир гирифтори азобу машаққат мегардед.

Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои тарбиявӣ, беруназсинфӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро дар доираи арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ дуруст ба роҳ монему дар он аз арзишҳои педагогикаи миллӣ дуруст истифода намоем, тамоми унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ иҷрои хешро хоҳад ёфт.

Арзиши маънавӣ-ахлоқии афкори педагогии Носири Хусрав дар ин мисраъҳо ошкор мегардад, ки мегўяд:

Туро лаззат зи илм аст, аз амал бўй,

Камоли худ, рав, аз илму амал ҷуй.

Носири Хусрав шарафмандии инсонро дар илм мебинад, ки бо заҳмати зиёд азбар мегардад ва инсонро пурбори ҷавҳар ва маънӣ мегардонад. Инсони дорои арзишҳои маънавӣ-ахлоқӣ инсони камолёфта дониста шуда, сарчашмаи камолоти ў амалҳои неку шоистаи ў мебошанд, ки арзандаи таҳсину офарини атрофиён мегардад.

Носири Хусрав инчунин дидактики бузургест, ки роҳу равиши хондан, навиштан, омўхтан ва омўзониданро басо моҳирона дар ин ду мисраъ ғунҷонидааст:

Биҷўю бинавис, он гаҳ бихону боз бипурс,

Пасаш биомўз, он гаҳ бидону ба дил кор.

Ў тартиб ва зинаҳои хонишро ба таври зерин баён мекунад, ки ибтидои онро ҷустан, пас аз он навиштан, он гаҳ хондан, пас аз он боз пурсидан, он гаҳ омўхтан ва ба ақлу фаросат супурдан ташкил медиҳад.

Арзишҳои маънавӣ-ахлоқии Абдуллоҳи Ансорӣ (1006-1088), ки дар адабиёти классикӣ бо тахаллусҳои «Пири Ҳиравӣ», «Пири Ансорӣ»,

«Пири Ҳирот» машҳур гардидааст, муаллифи чандин рисолаҳои панду ахлоқӣ ва дидактикӣ мебошад. Абдуллоҳи Ансорӣ дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мавқеи калонро ишғол менамояд. Ба асарҳои тарбиявӣ ва педагогии ў мисол шуда метавонад «Туҳфат-ул-мулук»,

«Насиҳатномаи Вазир», «Муноҷотнома», «Суханҳои Абдуллоҳи Ансорӣ», «Сад майдон» ва ғайра.

Ў дар рисолаи хеш «Туҳфат-ул-мулук», ки аз чил боб иборат аст, чаҳор чизро сабабгор ва оқибати чаҳор чиз донистааст. Байни масъалаҳои зиёд дар асар диққати махсус ба омўзиши илм ва татбиқи он дар амал дода шудааст. Ў инчунин дар ин асар ба касб, дониш ва ақл диққати хоса зоҳир намудааст. Ў дар ин асари хеш чаҳор чизро бо чаҳор чиз эҳтиёҷ медод, ки яке аз он илм бо амал мебошад.

Дар яке аз бобҳои асар ба саодати инсон таваҷҷуҳ зоҳир менамояд, ки асоси онро «саъй дар касбу камол» ташкил медиҳад. Дар зери маҳфуми «чаҳор чиз бо ҳар чиз тамом шавад», Абдуллоҳи Ансорӣ дониш ва ақлро дар ҷои аввал мегузорад. Албатта дар ҷойи аввал гузоштани дониш ва ақл аз ҷониби Абдуллоҳи Ансорӣ дуруст мебошад, зеро донишу ақл бо ҳамдигар робитаи мутақобилан доранд ва бе ҳамдигар вуҷуд дошта наметавонанд.

Арзиши маънавӣ-ахлоқии «Қобуснома»-и Кайковус (1020-1099) дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ва арзишҳои башарӣ то имрўз баланд аст. Ин асар соли 1083 таълиф гардида, ҳамчун «дастури тарбиявию ахлоқӣ» ва китоби рўимизии ҳазорон одамон табдил ёфта, номи муаллифро дар таърихи адабиёт ва афкори педагогии халқҳои тоҷику форс ва арзишҳои башарӣ ҷовидонӣ мегардонад».

Ин асар аз 44 боб иборат буда, масъалаҳои ахлоқу одоб, маънавиёт, анъана, таҳсилу дониш, омўзиши касбу ҳунар, сифатҳои некию бадии инсониро фаро мегирад. Дар таълимоти ў одамони бе касбу ҳунар ва донишу маърифат ба хори мағелон шабоҳат дода шудаанд. Агар аз рўи ин асари безавол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дарсҳои тарбиявӣ, тавсия барои худомўзӣ, хониши мустақилона бо ибрози андеша, семинар, конференсияи донишҷўён ташкил дода шавад, ба натиҷаи хубе дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ ноил гардидан мумкин аст.

Ҳеҷ набошад, агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар «маҳфили адабиётчиёни ҷавон» ин асарҳо мавриди омўзиш қарор гиранд, ниҳоят муфиду манфиатовар мебошад.

Оид ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ истифода бурдан аз арзишҳои миллӣ дар осори Ҳомид Муҳаммади Ғазолӣ (1058-1111) ниҳоят муфид мебошад. Дар байни осори Ғазолӣ «Фарзанднома», «Кимиёи саодат», «Эҳё-ул-улум» дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас мавқеи калони панду ахлоқиро ишғол менамоянд. Файласуф ва фақеҳи бузург Муҳаммад Ғазолӣ мартаба ва дараҷаи олимонро ин тавр баён мекунад: «Ҳеҷ дараҷаро болотар аз дараҷаи уламо надидаам».

Ғазолӣ дар таълимоти педагогии хеш бештар аз насиҳатҳои Луқмони Ҳаким ба фарзандон истифода бурда, наврасону ҷавононро ба омўхтани илму касб даъват менамуд. Гўё Луқмони Ҳаким ба фарзандон насиҳат дода мегуфт: «Даст аз касб бозмадор, ки ҳар кӣ дарвешу ҳоҷатманд шавад ба халқ, дини вай танг шавад ва ақли вай заиф, муруввати вай ботил шавад ва халқ бо чашми ҳақорат бад-ў нигаранд».

Ин арзишҳои маънавӣ-ахлоқии Ғазолӣ то кунун қимати худро гум накардаанд ва дар педагогикаи миллӣ ҷойгаҳи хосаро ишғол менамоянд ва дар ин руҳия тарбия намудани насли наврас дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз манфиат холӣ нест.

Арзишҳои маънавӣ-ахлоқии Фаридуддини Аттор (1119-1233) дар фалсафа, илм, ахлоқ ва хирад на такрори таълимоти пешгузаштагон мебошад, балки онро инкишоф дода пеш бурдааст. Ба қалами ў дар давоми умри бобаракаташ 190 асар хос мебошад, ки дар байни онҳо асари ў «Панднома» қомуси таълиму тарбия ё асари педагогӣ мебошад.

Дар ин асар се мафҳуми фалсафию дидактикӣ: илм, хирад, ақл ва муносибати онҳо масъалаи марказии асарро ташкил медиҳад.

Мисоли равшани он ин гуфтори Аттор мебошад:

Ҳар кӣ илм дораду набвад бар он,

Аз тариқи ақл бошад бори гарон.

Ба донишҷўён фаҳмонидан зарур аст, ки илм, қоидаю мафҳумҳое, ки дар раванди таълим аз бар менамояд, агар дар он самт фаъолият нанамоеду дар амал донишатонро татбиқ насозед, баъди чанд вақт ба бори гарон табдил меёбад.

Ибораи «Рўшноии чашм», ки ба илму дониш нисбат дода мешавад, ҳанўз дар «Авесто» ва пандномаҳои аҳди Сосониён, минбаъд дар ашъори Рўдакӣ ва шоирони баъдин во мехўрад ва Аттор онро қавитар ифода намудааст, ки мисоли равшани он ин мисраъҳо мебошанд:

Ҷумла торикист ин меҳмонсарой,

Илм дар вай чун чароғи роҳнамой.

Аттор таъкид менамояд, ки ин олам ин саройи меҳмонон, яъне дунёе, ки дар он мо қарор дорем, бе илм торику зулмат мебошад. Дар андешаҳои педагогии хеш Аттор насли наврасро ба омўхтани илм, аз бар намудани дониш ҳидоят менамояд. Тамоми бурду бохтро Аттор дар илму маърифат мебинад ва таъкид менамояд:

Азизаш нахонанд аҳли хирад,

Ки номи бузургон ба зиштӣ барад.

Дар ин мисраъҳо Аттор таъкид менамояд, ки мо бояд дар асоси маърифати баланд мероси адабӣ ва педагогии бузургони миллатро омўзем. Онҳоро мавриди истифода қарор диҳем, дар раванди ислоҳ намудани нуқсониҳои мавҷудаи зиндагӣ онҳоро ҳамчун иқтибос истифода намоем ва насли наврасро дар андешаҳои баланди маънавӣ- ахлоқӣ тарбия намоем.

Дар арзишҳои педагогӣ ва маънавӣ-ахлоқии худ Аттор инсонро ба шинохти хеш даъват менамояд, ки мисоли он ин мисраҳоянд:

Ҳар ду аз як об дар хун омадем,

Хар ду аз як роҳ берун омадем.

Хар ду аз як зод барпоем мо,

Ҳар ду аз як бод барҷоем мо.

Дар ҳама навъе чу бо ту ҳамдамам,

Ман чаро бархезам, аз ту чӣ камам?.

Дар ҳолати сари ин гуфтаҳо андеша намудани инсон, аз куҷо пайдо шуданаш, тавассути чӣ вуҷуд доштанаш ва чаро ба истиқболи касе, ки ба пешвози ў мешитобад, чаро намехезӣ? Ин гуфтаҳо саропо маънавиёту ахлоқанд, ки то мо расидаанд ва қимати хешро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳанд.

Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ (1193-1292) аз рўи арзишҳои педагогии хеш бештар ба маънавиёт ва ахлоқи насли наврас ё инсоният қобилияти таъсиррасонӣ дорад. Осори Саъдӣ арзишҳои умумибашариро бою рангин гардонидааст, ки мисоли равшани он дар даромадгоҳи

Созмони Милали Муттаҳид ҷой дода шудани мисраъҳои зерини Саъдӣ мебошад:

Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як ҷавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

«Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдӣ хазинаи панду ҳикмат, сулҳу ваҳдат, ватандорию ватанпарастӣ, маънавиёту ахлоқ мебошанд. Бояд тазакур дод, ки «Гулистон» дар давоми асрҳо ҳамчун китоби дарсӣ фаъолият менамуд ва ҳоло ҳам, ин рисолатро аз даст надодааст. Дар тамоми китоби дарсии забони модарӣ барои синфҳои ибтидоӣ ва китоби адабиёти синфҳои болоӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ Саъдиро меомўзанд ва ҳамчун муаллими ахлоқ мавриди истифода қарор медиҳанд.

Дар таълимоти Саъдӣ таъкид карда мешавад, ки ду кас ранҷи беҳуда мекашанду саъйи бефоида менамоняд: яке он, ки гирд меовараду намехўрад ва дигар он, ки илм меомўзаду амал намекунад. Ин суханон арзиши маънавӣ-ахлоқиеро доро буда, метавонанд арзишҳои умумибашариро ғанӣ гардонанд ва дар тамоми олам арзандаи таваҷҷуҳ ва пайравӣ гарданд. Андешаҳои педагогии Саъдӣ фарогирандаи танҳо маънавиёту ахлоқ набуда, тамоми унсурҳои Консепсияи миллии тарбияро фарогиранда мебошанд.

Афкори дидактикии Ҷалолиддин Муҳаммади Давонӣ (1424-1503) ҳамчун шахси соҳибмаърифат, ки Алишери Навоӣ ўро «офтоби оламтоби сипеҳри дониш ва баҳри бекарони ҷавҳари маънӣ» дар асари «Ахлоқи Ҷалолӣ» номида буд, дорои андешаҳои баланди маънавӣ- ахлоқӣ мебошад. Аз мазмуни ин асар бар меояд, ки: «Давонӣ ҳангоми таълифи ин асар аз асари ахлоқии Насириддини Тӯсӣ «Ахлоқи Носирӣ» фаровон истифода бурдааст». Аз ин истифода бурда, хулоса баровардан мумкин аст, ки дар андешаҳои педагогии хеш Давонӣ низ ҷонибдори ба инобат гирифтани табиат ва майлу хоҳиши кўдак мебошад.

Олими намоёни соҳаи педагогикаи тоҷик Баён Раҳимов ҳамрангии андешаҳои педагогии Давонӣ ва Тусиро муқоиса намуда менависад: «Пеш аз он ки кўдакро ба омўхтани ин ё он илм сафарбар намоем, бояд ин ё он касбро ёд доданро муайян кунем, ки ў ба чи шавқу ҳавас дорад ва ба кадом илм ё касб истеъдод дорад».

Давонӣ дар кори таълиму тарбия тарафдори омўзгорест, ки тақводор, донишманд, боақлу хирад, ҷиддӣ, озода, олиҳиммат, боандеша бошад, зеро чунин омўзгор метавонад суҳбаторо шавад, забони кўдакро ёбад ва дар омўзиш комёбӣ ба даст оварад. Дар ҳақиқат, дурустии ин андешаи Давониро мо дар таҷрибаи фаъолияти педагогии хеш дар ёфтем.

“Маориф” калимаи арабӣ буда, маънояш роҳбарӣ намудан, роҳнамоӣ кардан ба ҷавонон мебошад. Маориф як раванд, ҷараён, ҳаракат ва дигаргунӣ дар вуҷуди инсонҳост, ки тавассути он аз дониш ва таҷрибаи мардуми дунё дуруст истифода бурда тавонистанро ҳидоят менамояд.

Маорифпарварӣ ва ҷунбишҳои оммавӣ дар Бухоро асосан дар охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ оғоз гардид, ки ба он мутафаккирони намоёни миллат А. Дониш, С. Айнӣ, Т. Асирӣ, Фитрат, Туғрал, Возеҳ, Шоҳин ва як зумра зиёиёни ҷадид роҳбарӣ мекарданд.

Аҳмади Дониш (1826-1897) дар педагогикаи тоҷик ба ҷараёни маорифпарварон мансуб буда, мероси педагогии ў то охир омўхта нашудааст. Махсусан, самтҳои педагогию дидактикии ў ба се ҷавҳар нигаронида шудааст: 1. Таълимотҳои педагогии ў аз табиати маърифатпарваронаи халқи тоҷик, педагогикаи ниёгон, афкори педагогии пешгузаштагони худ маншаъ мегирад. 2. Илму маорифи ин сарзамин, адабиёти пурғановати он ба ғарбиён бе таъсир намонд ва андешаҳои пешқадами онҳо ба сарзамини мо таъсир расонид. 3. Аҳмади Дониш ва онҳое, ки худро пайравони ў меҳисобиданд тухми илми педагогикаро дар ин сарзамин кориданд. Дар ин ҷараён саҳми А.Дониш дар равнақу ривоҷи ҷараёни маорифпарварӣ ниҳоят калон мебошад. Ба ў як қатор асарҳо мансубанд, ки яке аз онҳо «Наводир-ул-вақоеъ» мебошад. Ў лоиҳаю нақшаҳоеро пешниҳод менамояд, ки ҳукуматдорони аморати Бухороро ба гузаронидани тадбирҳои демократӣ ва ислоҳотҳои соҳаи иҷтимоию давлатӣ ва маънавию сиёсӣ маҷбур месохт.

Дар андешаҳои педагогии Аҳмади Дониш таълиму тарбияи оилавӣ, нақши волидон дар омўхтани дониш ва касбу ҳунари фарзандон ҷои асосиро ишғол менамояд. Аҳмади Дониш аз он хаёлотҳои маорифпарварӣ даргузашта, дар охири зиндагии худ ба фикре омад, ки то вақте ин сохти давлатӣ ва фармонфармоии он ҳукумрон аст, беҳбудии умум ва адолати иҷтимоӣ барқарор кардан номумкин аст. Аҳмади Дониш то як андоза демократия ва баробарии иҷтимоиро тарафдорӣ менамуд.

Аҳмади Дониш бо афкори педагогии хеш тавонист мактаби маорифпарвариро дар Осиёи Миёна таъсис диҳад ва як гурўҳ чавононро ба монанди Шамсиддин Шоҳин, Мирзо Абдулқодирхоҷаи Савдо,

Тошхоҷаи Асирӣ ҳамчун шогирд дар атрофаш ҷалб намояд.

Намояндаи дигари педагогикаи охири асри Х1Х ва ибтидои асри ХХ Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусейни Хатлонӣ (1880-1922) мебошад, ки дар андешаҳои педагогии хеш ба хондану навишта тавонистани хонандагон аҳаммияти ҷиддӣ медод. Аз рўи рағбати ў пай бурдан мумкин аст, ки дар санъати хушнависӣ ба дараҷаи баланди устодӣ расида буд ва ин санъатро дар сатҳи баланд талаб менамуд.

Ҳоҷӣ Муҳаммадҳусейн дар ҳимояи мактабу маориф, таҳсили фарзандони мардуми камбағал, ашхоси ҳунарманду доно талош меварзид. Ў даъват менамуд, ки мардум аз суҳбати одамони бомаърифату доно бештар истифода баранд. Гарчанде мафҳуми педагогикаро истифода накарда бошад ҳам, тавассути амалияи он, таҷрибаи омўзиши илму дониш, маводи таълим, муносибати устоду шогирд, маънавиёту ахлоқ фикру андешаҳои ҷолиб пешниҳод намудааст.

Агар имрўз мо бо ақлона андеша намоем, мебинем, ки педагогикаи муосири тоҷик ҷузъи таркибии педагогикаи умумибашарӣ буда, давоми мантиқии афкори педагогикаи ниёгони мо мебошад, ки маҳсули ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад ва дар ҳамбастагӣ инкишоф меёбад.

Яке аз маорифпарварон, сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ (1878-1954) ба шумор меравад, ки агар ўро саромади педагогикаи муосири тоҷик, дидактикаи он гўем, хато намешавад. Ў ба мактаби дидактика аз мактаби омўзгорӣ ворид гардидааст ва масъулияти омўзгорро ниҳоят равшан дарк менамояд.

Оид ба ҳаёту фаъолияти адабӣ, педагогии устод Айнӣ муҳақиқон Х. Асозода, Баён Раҳимов, Хайрулло Афзалов корҳои зиёдеро ба сомон расониданд. Асарҳои Садриддин Айнӣ «Ёддоштҳо», «Ғуломон», «Таҳзиб-ус-сибиён», «Духтарбача ё ки Холида» асарҳои педагогӣ дидактикӣ мебошанд, ки дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас мавқеи асосиро ишғол менамоянд. Асарҳои устод дар баланд бардоштани маърифати таърихӣ, худшиносӣ, ифтихор, таҳаммулпазирӣ ва маънавию ахлоқии насли наврас мавқеи махсусро ишғол менамоянд.

Дар яке аз шеърҳояш ҷавонону хонандагонро даъват менамояд, ки дар олам ҳар касе бекор гардад, ба чашми аҳли олам хор гардад, ки худи ҳамин даъват ишора аз андешаҳои баланди педагогӣ доштани устод шаҳодат медиҳад.

Ҳаёту зиндагӣ, фаъолияти илмию педагогии Айнӣ рамзи ифтихор ва пайравӣ мебошад ва осори пурғановати ў саршори тарбияи маънавӣ- ахлоқии насли наврас мебошад. Дар андешаҳои педагогии Айнӣ ҷои асосиро ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, иҷро намудани рисолати фарзандӣ, сарфаю сариштакор будан, ростию ошкорбаёнӣ ва забонро нигоҳ доштан аз дурўғу туҳмат ташкил медиҳад.

Дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ба хусус, ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз арзишҳои умумипедагогии дини мубини ислом низ самаранок истифода бурдан ниҳоят муҳим мебошад. Дин-тамаддун ва фарҳанги ғановатмандест, ки бо арзишҳои олии ҷовидонаи худ дар давоми асрҳо дар ташаккули худшиносӣ, худогоҳӣ, покию покизагии халқу миллатҳои гуногуни олам нақши бағоят бузургро мебозад.

Дар таълимоти Ҷалолиддини Балхӣ танҳо ба як нуқта диққати шуморо ҷалб кардан мехоҳем, ки фармудааст: ҳангоми сухан кардани суханвар хомўш бош, дар назди арбоби хирад риояи одоб мояи имон аст, ба ҷо биёр. Поёнтар таъкид менамояд, ки чашмонатро кушода ин китоби китобҳоро нигар, ки аз аввал то охири он адаб, имон, ахлоқ ва покию покизагӣ мебошад.

Фарҳанги бузурги дини мубини мо саршор аз ғояҳои накукорӣ, муносибат ва муошират бо атрофиён, ба даст овардани дил, муҳаббат бо хешу табор ва атрофиён, муомилаи нек бо ҳамсоягон, мурувват бо дўстон, дилсўзию ғамхорӣ нисбати беморону нотавонон, ёди хайри гузаштагон, фарқ кардани ҳалолу ҳаром ва ғайраҳо мебошад.

Тамоми ганҷинаи бебаҳое, ки намояндагони адабиёти классики тоҷик мушарраф гардиданд, фикр мекунем аз арзишҳои умумипедагогии дини мубини ислом мебошад, ки дар гуфтори Саъдӣ чунин садо медиҳад:

Падармурдаро соя бар сар фикан,

Ғубораш бияфшону хораш бикан.

Чу бинӣ, ятиме сар афканда пеш,

Мадеҳ бўса бар рўи фарзанди хеш.

Бинед, ки Саъдӣ дар ин мисраъҳо чӣ арзиши баланди бадеиро дар арзишҳои баланди маънавӣ-ахлоқӣ дар талаботи умумипедагогӣ баён намудааст. Ин гуфтаҳо сарчашмаи бузурги тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ барои муттаҳид сохтани насли наврас ба корҳои нек, дарки нокомию ноумедии атрофиён, ҳамдардӣ, хайрҳоҳӣ нисбати атрофиён мебошад, ки моҳияти баланди педагогиро ноил мебошанд.

Арзишҳои олӣ ва ҷовидонаи дини мубини ислом, ки арзишҳои умумипедагогиро ташкил медиҳанд, инҳоянд:

-шинохти хеш, дарки дигарон ва расидан ба ҳақ;

-интихоби роҳи рост; -сарчашмаи маънавиёт ва ҷаҳонбинии воло;

-ахлоқи поку ҳамида;

-сабру субот;

-покии тану руҳ;

-таҳаммулу тоқатпазирӣ, ки дар илми педагогика ҳамчун нишонаҳои беҳтаринӣ инсонӣ шинохта шудаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба