Тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас
Дар шароити муосир, ки то як андоза маънавиёт ва ахлоқи насли наврас коста гардидааст, зарурияти рў овардан ба арзишҳои педагогикаи ниёгон ба миён омадааст. Арзиш худ мафҳуми фалсафӣ, сотсиологӣ, адабӣ ва педагогӣ буда, дар луғатномаҳо ба маънои баҳо, қимат истифода бурда мешавад. Ғайр аз ин, мероси педагогии ниёгон ҳамчун арзиш, ҳамчун шуури ҷамъиятӣ, ба ҳодиса ва воқеаҳои рўйдода тобишҳои маънавӣ-ахлоқӣ дода, онро аз ҷиҳати маънавӣ-ахлоқӣ ё тасдиқ ё рад менамояд.
Дар масъалаи тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас меарзад, ки рисолаи «Тибби руҳонӣ»-и Муҳаммад Закариёи Розиро «Доират-ул-маорифи ахлоқи башар» рў биёварем. Ў дар ин рисолаи машҳури хеш ақлро бехтарин туҳфаи Парвардигор дар бунёди шинохти хастӣ дониста, бар он андеша мебошад, ки инсон маҳз тавассути ақл аз ҳайвон фарқ карда, зиндагии худро беҳ месозад ва инчунин марому мартабаи хешро нисбат ба ҳар чизи олам муайян ва баланд мебардорад. Ў дар фасли аввали «Тибби руҳонӣ», ки «Ситоиши фазилати ақл» ном дорад, мегўяд: «...ақл чизест, ки агар он намебуд, ахволи мо тибқи аҳволи ҳайвон мешуд ё мисли кўдакону девонаҳо дар вартаи парешонӣ мемондем».
Муҳаммад Закариёи Розӣ дар андешаҳои педагогии хеш маънавиёти баланд, ахлоқи ҳамида, дўстию рафоқат, ҳурмату эҳтиром ва некию накукориро яке аз аломатҳои асосии давлату иқболи инсон медонад.
Ў ба омўзгорону мураббиён тавсия медиҳад, ки дар роҳи таълиму тарбия аз шогирдон ба хеҷ ваҷҳ, набояд малол ва озурда гарданд. Таълиму тарбияи насли наврас ба андешаи ў, яке аз муҳимтарин вазифаи мураббиёну омўзгорон буда, омўзгор дар таълим ва тарбияи шогирдон бояд тамоми дониш ва маҳорати хешро сарф намояд. Устод бо шогирдон суҳбати содиқона намуда, камбудӣ ва рафтори ношоистаи онҳоро ошкор созад ва роҳи ҳалли онро пешниҳод намояд.
Дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас дар педагогикаи ниёгон Рўдакӣ ҷойи хоссаро ишғол менамояд. Дар андешаҳои педагогии хеш Рўдакӣ насли наврасро ба амир будан аз болои нафси саркаш даъват менамояд. Ў ҷавонон ва ҷавондухтаронро даъват менамояд, ки нисбати мардумони кару кўр беэътиноӣ, густохӣ, сангдилӣ зоҳир нанамоянд, ки ин нишонаи одамӣ ва мардӣ нест. Дар зиндагӣ одамон ба ҳар ҳолату вазъият фитоданашон мумкин аст, насиҳат медиҳад, ки чунин одамонро дастгирӣ карда, ба пой гузоштан нишонаи мардӣ мебошад.
Рўдакӣ дар мактаби педагогии хеш ба насли наврас таъкид менамояд:
«Ноогаҳ набошед, ҳамеша ҳушёрона аз таҷрибаи таърих ё рўзгор омўзед, ки барои бартараф кардани мушкилот ва ҳодисаҳо ба шумо зарур мешавад.
Инчунин, таъкид менамояд, ки ҳар кӣ қобилияти сабақ гирифтан аз таҷрибаи рўзгор надошта бошад, ба ў ҳеҷ омўзгор қудрати омўзонидан ва ба роҳи рост равона кардан надорад».
Дар андешаҳои педагогии Рўдакӣ ҷои асосиро робита ва муносибати падару модар ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии фарзандон ташкил медиҳад.
Муттаасифона, дар бораи фарзанддор шудан тамоми инсонҳо орзу менамоянд. Ҳар як падару модар писару духтаронашро дар ҳаёт бобарор дида мехоҳад, лекин на ҳама фарзандон ба монанди падару модар ҳунарманд, боахлоқ, ҳалим ва дорои маърифати баланд ба воя мерасанд.
Рўдакӣ дар таълимоти педагогии хеш ба ҷавонписарону ҷавондухтарон таъкид менамояд: «Ҷаҳонро на бо он чашмоне, ки ба ў менигарӣ нигар, балки ҷаҳонро бо чашмони хирад нигар, зеро дунё ё ҷаҳон ба монанди дарё ва баҳр беканору адонашаванда мебошад, барои ба он мушарраф гардидан, бояд киштие созӣ ё асрори онро кашф намоӣ».
Бо андешаҳои педагогии устод Рудакӣ ва панду андарзҳои ҷовидонии ў, омўзгор, куратор, роҳбари синф ва мураббӣ метавонанд нақшаи фаъолияти хешро дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам дар раванди дарси назариявӣ, ҳам дар корҳои беруназаудиторӣ ва дарсҳои тарбиявӣ, ҳам дар раванди чорабиниҳои фарҳангӣ ба маънавиёту ахлоқи насли наврас бо мероси педагогии ниёгон таъсир расонида, насли наврасро дар рўҳияи созандагӣ, хушахлоқӣ, ростию росткорӣ тарбия намудан мумкин аст.
«Шоҳнома» чун асари безавол на танҳо оинаи таърих ва рўзгори ориёиён, шиносномаи миллӣ ва сарчашмаи ҳувийяту асолати мо, балки бештар аз он, педагогикаи миллии мардуми тоҷик дар тарбияи маънавӣ- ахлоқии ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба шумор меравад.
Дар раванди таҳқиқи мавзуи номбурда мо боварии комил ҳосил намудем, ки «Шоҳнома» саропо ҳикматномаи манзуми миллат, сарчашмаи тамоми унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ мебошад. Чун сирри олам ва рози зиндагӣ тавассути омўзишу дониш ошкор мегардад, Фирдавсӣ ба аҳли ҷаҳолат бо кароҳат менигарад ва нодониву нодононро накўҳиш мекунад, ки истифодаи он дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ниҳоят манфиатовар мебошад.
Дар педагогикаи ниёгон ва дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ оид ба тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас, оид ба хашму ғазаб бар бегуноҳон, бахшиши беҳуда, носипосӣ, ифшои сир, гуфтори беҳуда, эътимод бар ноаҳлон ва дурўғгўйӣ аз нишонаҳои нодонӣ дониста шудааст, ки мутлақо дуруст мебошад.
Таърихи инкишофи ҷамъияти инсонӣ мисли Ибни Сино (980-I037) кам шахсиятҳоеро медонад, ки файласуф, энсиклопедист, олими мушоҳидакор, назариячии бузурги тиб, табиби шифобахшу таҷрибаомўз, шоир, мусиқачӣ, вазир ва педагоги шинохта унвон дошта бошад. Сино асарҳои зиёдеро таълиф кардааст ва асоситарини он «Китоб-уш-шифо», «Китоб-ун-наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома», «Тадбири манзил» ва ғайра мебошанд.
Маърифати баланди илмӣ Синоро дар ҷаҳон бо номи Авитсена ва дар Шарқ бо номи Шайхурраис машҳур гардонид. Дар андешаҳои педагогии хеш Сино ба хислат ва хусусиятҳои дурўғгўӣ, худро бемор вонамуд кардан, нотавон нишон додан ва оқибатҳои он диққати хосса додааст.
Насриддини Тӯсӣ дар фалсафа ва педагогика бо асарҳои «Асрор-ул- иқтибос», «Равзат-ул-таслим», «Қавоид-ул-ақоид», «Китоб-ул-фусул», «Ахлоқи Носирӣ», «Таҷрид-ул-калом», «Таҷрид-ул-ақоид», «Шаҳр-ул- ишорат»-ворид гардидааст. Масъалаи ҷавҳару арзаро таҳлил карда, вай дар баробари ҷавҳари моддӣ (ҳаюло, сурат, ҷисм) ҷавҳари руҳонии мустақил ва мухтор аз ҷисмро (ақл, нафс) эътироф намудааст.
Дар андешаҳои педагогии хеш Насириддини Тусӣ инсонро дар содир кардани рафтори нек ва бад соҳибихтиёр медонад. Дар соҳаи назарияи иҷтимоӣ Насириддини Тусӣ, ба таълимоти Форобӣ пайравӣ карда, ақидаҳои ўро дар бораи мавқеи истеҳсолоти неъматҳои моддӣ дар бақои наслҳои башар андешаҳои ҷолиб пешниҳод менамояд.
Мероси адабӣ ва педагогии Умари Хайём (1040-1123) дар тарбияи маънавӣ ахлоқии насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути дарсҳои назариявӣ, амалӣ, дарсҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ ва шабнишиниҳои маърифатӣ боиси пайравӣ ва омўзиш мебошад.
Дигар нависандаю донишманди варзидаи форсу тоҷик Унсурулмаолии Кайковус мебошад, ки соли 1020-и милодӣ дар хонадони амирзодагони вилояти Кўҳистони шимолии Эрон таваллуд ёфтааст. Ному насаби ў Унсурулмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Қобус ибни Вушмгир мебошад.
Ў дар асоси таҷриба, дониш ва панду ҳикмати андўхтаи хеш, дар синни 63-солагӣ китобашро бо номи «Қобуснома» ё «Насиҳатнома» барои тарбияи фарзандаш Гелоншоҳ омода намуд, ки фарогирӣ мероси педагогии ниёгон мебошад.
Ин асар аз 44 боб иборат буда, мавзуъҳои китоб васеъ ва мазмунашон хеле гуногун буда, аслан хусусияти ахлоқию тарбиявӣ доранд. Ў таъкид менамояд:... «Бидон эй писар, ки ман дар чиҳилу чаҳор боби ин китоб дар ҳар фанне, ки донистам, чунон ки тавонистам, бо ту сухан гуфтам ва дар ҳар бобе сухане чанд туро насиҳат кардаму панде бидодам».
«Қобуснома» ё худ «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус арзишҳои педагогикаи умумибашарӣ дошта, дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас бахусус ҷавондухтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҷои хоссаро ишғол менамояд.
Меарзад, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар нақшаи солона, дар нақшаи солонаи корҳои тарбиявӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва маҳфилҳои фаннӣ барои баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ аз бобу қисматҳои он васеъ истифода намоянд. Ин китоб шуҳрати бузурги маънавӣ-ахлокиро ноил буда, ба забонҳои англисӣ, немисӣ, русӣ, фаронсавӣ, туркӣ, арабӣ ва тоторӣ тарҷума шуда мавриди истифода қарор гирифтааст, ки аз шуҳрати ҷаҳонӣ доштани ин мероси педагогӣ шаҳодат медиҳад.
Дар асари «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус диққати хосса ба ҳунари сухан гуфтан, ба тартиби таом хўрдан, ғолибият бар нафс сухан меравад, ки моҳияти маънавӣ-ахлоқӣ дорад ва ин моҳиятро оянда низ нигоҳ медорад.
Дар таълимоти педагогии Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Яъқуби Чархӣ, Ҷомӣ, Бедилу Балхӣ ва дигарон дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас маводи беҳтарине метавон пайдо ва мавриди истифода қарор дод, ки ҳамто надорад. Махсусан, масъалаи тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон, ки минталитети миллат аз онҳо вобаста мебошад, ба яке аз масъалаҳои мубрами замони муосир дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ табдил ёфтааст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё