Бо шарофати Истиқлолияти миллӣ «Давлат мактабу маориф, таълиму тарбияро самти стратегии худ қарор дода ва тарбияи шаҳрвандонро зери назорат мегирад».
Аз солҳои 20-уми то солҳои 90-уми асри ХХ таълиму тарбия ва педагогика дар асоси идеологияи Давлати Шуравӣ амалӣ мегардид, ки ба арзишҳои милли чандон диққат зарурӣ дода намешуд. Табиист, ки ҳар сохти ҷамъиятӣ дар назди таълиму тарбияи насли наврас ва умуман, шаҳрвандон мақсаду ҳадафи худро мегузорад.
Бо шарофати Истиқлолияти миллӣ «Давлат мактабу маориф, таълиму тарбияро самти стратегии худ қарор дода ва тарбияи шаҳрвандонро зери назорат мегирад».
Файласуфи Юнони қадим Аристотел навишта буд: «Ғамхорӣ дар тарбияи шаҳрвандон бояд вазифаи умумидавлатӣ қарор гирад, на кори хусусӣ ва соҳавӣ. Чунин андеша кардан хатост, ки ҳар як шаҳрванд ба ҳоли худ аст, зеро ҳама шаҳрвандон ба давлат мансубанд. Дар ҳар яки онҳо ҳиссае аз давлатро дидан мебояд. Ғамҳорӣ дар ҳаққи ҳар ҳиссача, ғамхорӣ нисбат ба ҳамагон мебошад».
Албатта, фикр менамоем, ки андешаи Аристотелро дар таҷрибаи корӣ санҷида ба хулосае омадем ки агар тарбияи шаҳрвандӣ вазифаи умумидавлатӣ қарор нагирад, ба ягон натиҷа ноил гардидан мумкин нест. Тоҷикистон аз 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти хешро ба даст овард ва 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи хешро қабул карда, асоси сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва иҷтимоӣ муайян намуд.
«Истиқлолият, -мегўяд Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард».
Дар ҳақиқат дуруст аст, ки дар муддати солиёни дароз Давлати абарқудрати Шуравӣ дар таълим ва тарбияи насли наврас ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Аммо низоми таълими Шуравӣ миллати тоҷикро қариб аз шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуни фарҳанги миллӣ маҳрум гардонида буд ва ба идеология ва талаботҳои материалистӣ тобеъ намуда буд.
Асоси илмӣ ва методологии педагогикаи миллиро фалсафаи миллати тоҷик, назарияи диалектикии маърифат, андешаҳои миллӣ, афкори педагогии халқамон, ғояҳои худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва эҳсоси ватандўстӣ ва ватандорӣ ташкил медиҳад. Дар раванди ташаккул ёфтани маънавиёт ва ахлоқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуҷҷатҳои зерин ҷои арзандаро ишғол менамоянд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;
-Консепсияи мактаби миллии тоҷик;
-Консепсияи миллии таҳсилот;
-Консепсияи миллии тарбия;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» ва ғайраҳо.
Педагогикаи миллии халқи тоҷик илмест, ки перомуни тарбия ва таълими бошуурона ва мақсаднок, ғановати ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқӣ рушд намуда, шахсияти инсон ташаккул меёбад. Мувофиқи ин таъриф мо ба чор самт кор мегирем:
1. На ҳар гуна таълиму тарбия, балки таълиму тарбияи бошууронаю мақсаднок дар тамоми зинаҳои таълим ва ҷараёни омўзиши тамоми фанҳои таълимӣ;
2. Ғановати ҷаҳони маънавӣ-ахлоқии инсон, ки дар хусусиятҳои худи инсон нуҳуфта мебошад, метавонад қобилиятҳои инсонро муайян намояд. Дар робита ба ҷисму рўҳ инсон ҳам хоҳиши ҷисмӣ ва ҳам хоҳишӣ руҳӣ дорад;
3. Рушд ва ташаккули сифатҳои шахсиятӣ, ки аз таваллуд то пиронсолагӣ давом мекунад. Илми педагогика исбот намудааст, ки сифатҳои шахсиятӣ дар баъзеҳо то комилӣ ташаккул меёбанд, аммо дар баъзеҳо хуфта ва бе инкишоф мемонанд;
4. Ба танзим даровардани фаъолияти инсон, ки он ҳаёти бошууронаи инсонро дар тамоми ҷабҳа фаро мегирад.
Педагогикаи миллии халқи тоҷик, ба қавли академик Ф.Шарифзода,
«омили инсонсозии муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ташаккули мақсадҳои нави зиндагии шахсият ба ҳисоб меравад».
Дар ин росто Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар тарбияи маънавӣ ахлоқӣ ба насли наврас таъкид менамояд:
Нахуст аз касби дониш баҳравар шав,
Зи ҷаҳлободи нодонӣ бадар шав.
Вале по сўи дониш неҳ дар ин роҳ,
Ки илм омад фаровон, умр кўтоҳ.
Наёбад ҳеҷ кас умри дубора,
Ба илме рав, к-аз онат нест чора.
Ў дар назди насли наврас вазифа мегузорад, ки аз ҳама пеш, дониш ҳосил намуданро касби хеш қарор диҳанд, то ки зи нодонию нобиногӣ раҳо ёбанд. Набошад торафт илму донишҳо васеъ гашта истодаанд, лекин умри инсон барои тамоми илмҳоро азбар намудан кўтоҳӣ мекунад, имкон намедиҳад. Ягон нафари мою шумо умри дубора надорем, ки боқимондаи онро аз бар намоем. Лекин ба ҳар ҳол, талош варзидан зарур аст, ки асоситарини онро аз бар намоем. Дар зери ин мафҳум Абдураҳмони Ҷомӣ азбар намудани илми одамию одамгариро дар назар дорад, ки имрўзҳо торафт коста гардидани он ба мушоҳида мерасад.
Муҳимтарин рўйдод дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон он мебошад, ки дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати мустақил, озод ва соҳибихтиёр арзи вуҷуд намуд. Давлату давлатдории демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд омили асосии тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас мебошад.
Ба андешаи мо, омўхтан, таҳлилу таҳқиқ намудани афкори педагогии намояндагони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик ва педагогикаи мардумии халқамон пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ ба таври васеъ оғоз гардид. Он таҳқиқотҳое, ки дар замони Шуравӣ анҷом дода шуда буданд, наметавонанд моҳияти масъаларо бо хусусиятҳои миллӣ фаро гиранд. Гуфтан зарур мешуморем, ки он таҳқиқотҳо бе донистани гузашта буда, қудрати ояндаро бунёд кардан надоштанд ва надоранд.
Адабиёти классикии халқи тоҷик, ки ба уқёнуси беканор шабоҳат дорад, саршори андешаҳои маънавӣ-ахлоқӣ, ватану ватандорӣ ва маданияту эҳтироми инсон мебошад. Дар ин ҷо ба таҳқиқгарон зарур меояд, ки муносибатро дигар намуда, он афкори пурарзишро вобаста ба мавзуъҳои алоҳида таҳқиқ намоянд.
Бояд қайд намуд ки намояндагони адабиёти мо оид ба назарияи тарбия ва таълим асари хосса нанавиштаанд, лекин вақте ба он рў меоварем, мебинем, ки хазинаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик саршори афкори педагогӣ мебошад.
Х.С. Афзалов таълим ва тарбияро дар аҳди Сомониён таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки дар таҳсилоти он давра рўз ба ду қисмат тақсим карда мешуд: аз соати 8 то 12 ва аз соати 13 то 17, ки ба таҳсилоти муосир монандӣ дорад.
Қ.Қодиров бошад, тарбия ва таълимро дар замони Хаҳоманишҳо мавриди омўзиш қарор дода ба хулосае омад, ки дар он давра низ низоми муайяни таълиму тарбия вуҷуд дошт.
Дар мероси педагогии хеш Абуалӣ Сино талаб мекард, ки дар баробари таълими Қуръон дар мактабу мадрасаҳо омўзиши фанҳои таърих, ҷуғрофия, забони модарӣ, адабиёт, кимиё, варзиш ба роҳ монда шавад. Сино синну соли мактабиро аз 6-солагӣ то 14-солагӣ пешниҳод менамуд, зеро ин давраи хубтарини андўхтани дониш мебошад. Лекин дар масъалаи тарбия Сино бар он ақида буд, ки тарбия аз рўзи нахусти таваллуд оғоз мегардад ва дар он беэътинои кардан номумкин аст.
Инчунин дар андешаҳои педагогии хеш Сино тарафдори таълими гурўҳӣ буд, зеро дар ин шакли таълим имкониятҳои тақлид, муошират ва инкишоф бештар мебошад.
Дар мероси педагогии Носири Хусрав зинаҳои хониш хеле хуб ифода гардидаанд. Носири Хусрав ба қудрату тавоноии инсон баҳо дода, мефармояд, ки аз инсон дида чизи хубтаре дар олам вуҷуд надорад, лекин вақто ба рафтору кирдори инсон мушоҳидакорона менигарӣ дар байни онҳо ҳам хасисон ва ҳам шарифон зиёданд. Дар байни онҳо ҳам ҳакимону ҳам ҷоҳилон, ҳам нокасону ҳам хомон, дорои феъли иблисона ва сурати одами зиёданд, ки тавассути тарбия ва таълими мақсаднок метавонанд комил гарданд.
Агар муҳаққиқ тавонад аз андешаҳои педагогии Шайх Саъдӣ «Забон ва чеҳраи муаллим»-ро кушода диҳад, дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўён чизи беҳтарине ҳосил мегардад. Мероси педагогии Шайх Саъдӣ, ки муаллими ахлоқ шинохта шудааст, омили беҳтарине дар таълим ва тарбияи маънавӣ-ахлокии донишҷўёни муассисаҳои миёнаи касбӣ дар раванди дарсҳои тарбиявӣ ва машғулиятҳои мустақилонаю беруназаудиторӣ ба шумор меравад.
Дар мероси педагогии Абдураҳмони Ҷомӣ дар рафтор ва амали одамон аз ҳама бештар сифатҳои саховатмандӣ, эҳсону карам, шарму ҳаё, фурўтанӣ, хоксорӣ, пурсабрӣ, ҷасуриву нотарсӣ ва сирру асрори инсонҳоро паноҳ нигоҳ доштан ҷои хоссаро ишғол менамояд.
Ҷомӣ дар «Баҳористон» тани сиҳат, хотири ҷамъ, ризқи фарох, дўсти меҳрубон ва фароғатро омили зиндагии хуш ишора намуда, қайд менамояд: «Панҷ чиз аст, ки ба ҳар кас додаанд ва касеро аз он маҳрум насохтаанд, зимоми зиндагонии хуш дар дасти ў ниҳоданд: аввал- сиҳатии бадан, дуюм-эминӣ, сеюм-вусъати ризқ, чаҳорум-рафиқи шафиқ, панҷум-фароғат. Ҳар киро аз ин маҳрум карданд, дари зиндагонии хуш бар рўи ў бастанд».
Агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, корҳои тарбиявӣ ва беруназсинфӣ дар асоси талаботи Консепсияи тарбияи миллӣ ба роҳ монда шаванд, ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардидан мумкин аст. Дар ин раванд, агар китоби «Баҳористон» барои омўзиши мустақилона тавсия дода шаваду омўзгорон то кадом андоза ба маъною муҳтавои он сарфаҳм рафтани донишҷўёнро зери назорат қарор диҳанд, ба дастовардҳои беҳтарин дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон ноил гардидан мумкин аст.
Ҷомӣ дар мероси педагогии хеш китобро чун ёри ғамгусор ва устоди беминнат ситоиш намуда, ба муқобили онҳое, ки китоб ҷамъ мекунанду аз он баҳрае намебаранд, дар ҷанг буд. Абдураҳмони Ҷомӣ дар масъалаи тарбия ва таъсири он ба инсон ба таълимоти маорифпарварони Фаронса муқобил баёни андеша намудааст, ки мисоли равшани он ин мисраъҳоянд:
Ҳеҷ суде накунад, тарбияи ноқобил,
Гарчи бартар ниҳӣ аз халқи ҷаҳон миқдораш.
Сабзу хуррам нашавад аз нами борон ҳаргиз
Хори хушке, ки нишонӣ ба сари девораш.
Тавассути ин мисраъҳо Ҷомӣ гуфтан мехоҳад, ки тарбия ва таълими бачагоне, ки ба таълим майлу хоҳиш надоранд, натиҷаи дилхоҳ дода наметавонад. Ҳатто агар омўзгор тамоми меҳнату заҳмати хешро танҳо ба он бача равона намояд ҳам, фоида намедиҳад. Ин онро мемонад, ки хордарзаи болои девор аз нами борон сабзу хуррам намегардад.
Шоири ширинсухан дар қасидаи «Луҷҷатуласрор» ба масъалаҳои тарбиявию ахлоқӣ диққат дода, таъқид менамояд, ки ҷавононро аз кӯдакӣ бояд тарбия кард, ба роҳи рост ҳидоят намуд, зеро ба ақидаи шоир, ҷавонон ҳам ба мисли дарахтони навбар ё ниҳол нозук мешаванд.
Агар ин ниҳолҳо аз хурдӣ тарбия ёбанд, ҳосили аъло медиҳанд ва ҷавонон низ, чун ба камол мерасанд, корҳои нек ва судбахш менамоянд, ки фармудааст:
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бе халал хоҳи амал,
Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.
Баъдан Ҷомӣ дар қасида таъқид мекунад, ки агар шахс соҳиби донишу маърифат ва камолоти баланди илмӣ бошад, ҳеч гоҳ гадо нест, ӯ шоҳ аст, ки фармудааст:
Гар надорад симу зар доно, манеҳ номаш гадо ,
Дар бараш дил баҳри дониш, ӯ шаҳи баҳру бар аст.
Дар эҷодиёти Ҷомӣ рубои ва қитъаҳое мавҷуданд, ки онҳо аз лиҳози маънӣ ва санъати суханварӣ дар пояи баланди маънавӣ-ахлоқӣ меистанд.
Ҷомӣ дар рубоиёт ва қитъаоти худ бештар фикрҳои панду ахлоқии худро ифода кардааст. Чунончи, дар қитъаи зерин ба як масъалаи муҳимми рӯзгори хеш дахл намуда, таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнатдўст бошад. Ӯ бояд омӯхтан ва меҳнат карданро барои худ ор надонад, аз пайи номи падар нашавад, балки фазлу ҳунари худро дар назди мардум нишон диҳад. Агар ин сифатҳоро надошта бошад, мисли шохи беҳосили дарахти мевадор аст, ки танҳо вазифаи ҳезумро ба ҷо оварда метавонад, ки фармудааст:
Ҳар писар, к-ӯ аз падар лофад, на аз фазлу ҳунар,
Филмасал гар дидаро мардум бувад, номардум аст.
Шохи бебар гарчи бошад аз дарахти мевадор,
Чун наёрад мева бор, андар шумори хезум аст.
Чунин андешаро дар мероси педагогии Шайх Саъдӣ низ дар чунин шакл во хўрдан мумкин аст, ки фармудааст:
Сагеро луқмае ҳаргиз фаромўш,
Нагардад в-ар зани сад навбаташ санг.
В-агар умре навозӣ сифлаеро,
Ба камтар тундӣ ояд бо ту дар ҷанг.
Дар мероси педагогии Саъдӣ ва Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар масъалаи таълиму тарбияи сифлагон, одамони наслу асли паст монандии маъно ва мазмун дида мешавад. Ҳамчун таҳқиқотчии ин мушкилот бо боварии комил аз таҷрибаи фаъолияти педагогии хеш гуфтан мехоҳем, ки ин андешаҳо асос доранд.
Тамоми илмҳо инсонро объекти омўзиши хеш қарор додаанд ва то имрўз ба ягон илм имкон даст надодааст, ки инсонро аз тамоми паҳлўҳо кашф намояд, зеро ки инсон махлуқест мураккаб, гавҳарест ноёб, арзишест воло. Педагогикаи миллии халқи тоҷик илми навест, ки баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо гардидааст, аммо манбаъ ва сарчашмаи хешро аз давраҳои санг ибтидо мегирад.
То пайдо гардидани хат ва баъди он низ, афкори педагогӣ дар расму ойин ва эҷодиёти бадеии даҳонии мардум сайқал меёфт. Ин сарчашмаи нахустини педагогикаи миллии халқи тоҷик мебошад. Ин педагогика, ки ифодакунандаи зиндагӣ ва орзую умеди мардум аст, ҳамеша ҷолибу дилкаш мемонад.
Сарчашмаи дигари педагогикаи миллии тоҷик китоби динию ахлоқии «Авесто» ва пайдоиши забон ва хати авастоӣ мебошад.
Ёдгориҳои хати қадим, аз ҷумла кандакориҳои болои сангҳо дар кўхи Бесутун, девори қасру кушкҳо дар «Тахти Ҷамшед», кандакориҳои рўи чўб дар кўҳи Муғ ва ғайраҳо нишоне аз ниёгон мебошад.
Манбаъ ва сарчашмаи пурарзиши педагогикаи миллии мардуми тоҷик хираднома ва пандномаҳои даврони Сосониён, хусусан «Бунда ҳишт», «Худойнома», «Пандномаи Анўшервон», «Дарахти Ассурик», «Калила ва Димна» мебошанд, ки саросар асарҳои маънавӣ-ахлоқӣ дар тарбияи насли наврас мебошанд. Истифодаи ин мавод дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавондухтарон дар корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ аз манфиат холӣ намебошад.
Манбаъ ва сарчашмаи дигари педагогикаи миллии тоҷиконро афкори педагогии намояндагони барҷастаи адабиёти классикӣ ва муосири тоҷику форс ташкил медиҳад. Танҳо дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳ, тарз ва усули дурусту мақсаднок истифода бурдан аз ин сарчашмаҳоро коркард намуда, шакли амалишавӣ ва назоратро пайдо намоянд, то ки корҳои беруназаудиторӣ ба натиҷаи хуб ноил гарданд.
Ашъори панду ахлоқии устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ сарчашмаҳои беҳтарине дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ, ҳарбӣ-ватандўстӣ ва таҳаммулпазирии насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шуда метавонанд.
Дар раванди татбиқи унсурҳои Консепсияи тарбияи миллӣ аз асарҳои «Лубоб-ул-албоб»-и Муҳаммад Авфӣ, «Синдбоднома», «Абумуслимнома»-и Абутоҳири Тартусӣ, «Ҷомеъ-ул-ҳикматайн», «Сафарнома», «Рўшноинома»-и Носири Хусрав, «Кимиёи саодат»-и Муҳаммад Ғазолӣ ба таври васеъ барои хонишҳои беруназсинфӣ истифода бурдан аз манфиат холӣ нест.
Асарҳои «Эҳё-ул-улум»-и Абунасри Форобӣ, «Донишнома», «Тадбири манзил»-и Абуалӣ ибни Сино асарҳое мебошанд, ки тавассути онҳо маънавиёт ва маърифати донишҷўёнро оид ба дарки асрори олам ва роҳҳои дониста гирифтани асрори ҳастӣ васеъ намудан мумкин аст.
Дар раванди дарсҳои тарбиявӣ, корҳои беруназаудиторӣ ва хонишҳои мустақилонаи донишҷўён роҳбарони гурўҳҳои академӣ метавонанд асарҳои зерин: «Шариати исломия ва тараққиёти форсӣ»-и Сайид Аҳмади Васлӣ, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ризоқулихони Ҳидоят, «Вис ва Ромин»-и Фахриддини Гургонӣ, «Чаҳор мақола»-и Низомии Арузии Самарқандӣ, «Офариннома»-и Абўшакури Балхӣ, «Таҳзиб-ул- мантиқ»-и Саъдиддини Тафтазониро тавсия намоянд.
Бо мақсади таъсир расонидан ба маънавиёт ва ахлоқи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ роҳбарони гурўҳ бояд назорат баранд, то ки донишҷўён тамоми китоби тавсияшударо байни хеш иваз намуда хонанд. Дар семинару конференсияҳо бо маъруза баромад намуда, маҳорати андешаронии хешро сайқал диҳанд ва ба саволҳо ҷавоб гардонида тавонанд.
Бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва ахлоқи ҷавондухтарон дар корҳои тарбиявӣ, беруназаудиторӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ истифода бурдан аз асарҳои зерин: «Таърихи ҷаҳонкушо»-и Ҷувайнӣ, «Мифтоҳ-ул-улум»-и Сироҷиддини Саккокии Хоразмӣ, «Нисоб-ус- сибён»-и Абўнасри Форобӣ, «Ахлоқи Носирӣ»-и Насириддини Тӯсӣ, «Таҳзиби ахлоқ»-и Ибни Маскуя, «Заҳоир-ул-мулук»-и Мирсайид Алии Ҳамадонӣ ниҳоят муфиду зарурӣ мебошад.
Манбаъ ва сарчашмаҳои беҳтарини мероси педагогии халқи тоҷик дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ «Аврод-ул-аҳбоб» ва «Фусус-ул-одоб»-и Сайфиддини Бохарзӣ, «Одоб-ул-муридайн»-и Шайх Наҷмиддини Қубро, «Анвориф- ул-маориф»-и Шаҳобиддини Суҳравардӣ, «Гулистон» ва «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ, «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ, «Баҳористон»-и А.Ҷомӣ ва ғайраҳо шуда метавонанд.
Дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўён, омўзгорони таҷрибадор метавонанд аз ғазалиёти Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Камоли Хуҷандӣ самаранок истифода баранд. Дар ҳар дарси тарбиявӣ ё беруназаудиторӣ ва чорабинию шабнишиниҳо ду ё се мисраи як ғазалро дар якҷоягӣ тафсир намоянд ба манфиати бедоршавии маънавиёт ва ислоҳ гардидани ахлоқ мегардад.
Масалан, дар яке аз ғазалҳои хеш Ҳофиз таъкид менамояд, ки Айби риндон макун, эй зоҳиди покизасиришт, ки гуноҳи дигарон бар ту нахоҳанд навишт. “Агар омўзгор таҷрибадор бошад”, метавонад тавассути ҳамин ду мисраъ тамоми дунёи маънавӣ-ахлоқии донишҷўёнро фаро гирифта, нуқсонии дар онҳо мавҷуд бударо бартараф намояд.
Ё дар ду мисраи ғазали дигари Ҳофиз таъкид карда мешавад:
Ҳофизо, илму адаб варз, ки дар маҷлиси шоҳ,
Ҳар киро нест адаб, лоиқи суҳбат набувад.
Дар ин мисраъҳо шоир диққати асосии хешро ба мавқеъ ва мартабаи илму адаб равона менамояд ва таъкид менамояд, ки касе дорои ин ду сифат набошад, ба суҳбат, нишаст, боварӣ сазовор буда наметавонад.
Худи ҳамин ду мисраъ метавонад мавзуи асосии семинар, конференсия ва шабнишинии саволу ҷавоб қарор гирад ва олами ботинии инсонро дигар созад. Ҳофиз инчунин, дар яке аз ғазалҳои хеш таъкид менамояд:
Соқӣ, биё, ки ҳотифи ғайбам ба мужда гуфт,
Бо дард сабр кун, ки даво мефиристамат.
Ин гуфтаҳо метавонанд дар насли наврас маърифати баландро бедор намуда, онҳоро дар руҳияи хушахлоқӣ, таҳаммулпазироӣ, сабру тоқат тарбия намояд. Мехостем таъкид намоем, ки ғазалиёти Ҳофиз хеле зиёданд ва ҳар кадоми онҳо дорои ҷавҳари маънӣ мебошанд ва арзандаи истифода дар тамоми чорабиниҳои муассисаҳои таълимианд ва қудрати маънавиёт ва ахлоқро такмил додан доранд. Мисоли равшани он ғазалиёти “Ин чӣ шўрест”. “Шарбате аз лаби лаълаш начашидем”,
“Бирав эй зоҳиду даъват накунам” ва ғайраҳо мебошанд.
Мехостем, диққати шуморо ба ин ду мисраъ ҷалб намоем, ки Ҳофиз гуфтааст:
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гў ту хуш бош, ки мо гўш ба ахмақ накунем.
Махсусан дар шароити муосир, амалу рафтори одамон ниҳоят дағал гардидааст, ин мисраъҳо моҳияти педагогӣ, тарбиявӣ, ахлоқии хешро пайдо намудаанд. Яке аз сифатҳои беҳтарини инсон, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ мебошад ва дар мисраъҳои зерин ба насли наврас таъкид карда мешавад, ки аз ҳасудон ва одамони ахмақ хафа нашаванд.
Инчунин тамоми ғазалиёти баландмояи Саъдии Шерозӣ, ғазали «Гули Наврўз»-и Ҳоҷуи Кирмонӣ, «Ҷамшед ва Хуршед»-и Салмони Соваҷӣ, панду андарзҳои Ибни Ямин, «Минҷоҳ-ул-аброр»-и Ашраф дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷаондухтарон тавассути корҳои тарбиявӣ ва беруназаудиторӣ омили беҳтарине ба шумор мераванд.
Китоби «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ, «Анвори Суҳайлӣ», «Ахлоқи Муҳсинӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Ахлоқи Ҷалолӣ»-и Ҷалолиддин Муҳаммад Давонӣ, «Равзат-ус-сафо»-и Мирхонд, «Бадоеъ- ул-вақое»-и Восифӣ манбаю сарчашмаҳои беҳтарини педагогӣ дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҳам ҷавонписарон ва духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тавассути корҳои тарбиявӣ буда метавонанд.
Ҳатто мо таҳқиқгарони ин масъала тасмим гирифтем, ки руихати адабиётро барои хониши беруназсинфӣ барои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омода намуда, дастраси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардонем, то дар давраҳои таътилу вақтҳои холигӣ донишҷўён тавонанд онро дастрас намуда, мутолиа намоянд.
Шеъру достонҳои Абдулқодири Бедил, «Наводир-ул-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш, «Таҳҷиб-ус-сибён», «Заруриёти диния»-и Садриддин Айнӣ, «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров, «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Рушди маориф-асоси таҳкими аркони давлат», «Ватандўстӣ ва худшиносии миллӣ»-и Эмомалӣ Раҳмон сарчашмаи беҳамтои педагогикаи миллии халқи мо дар тарбияи маънавӣ ахлоқии насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ шуда метавонанд.
Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ агар ин манбаю сарчашмаҳои номбаргардидаро оқилона ва дар ҷои зарурӣ устокорона истифода баранд, боварии комил дорем, ки маънавиёт ва ахлоқи ҷавонписарону ҷавондухтарон ислоҳ гардида ба самти дилхоҳ равона мегардад.
Дар шароити муосир дар байни ҷавонон риш мондан ва дар байни духтарон сатр дар бар кардан афзоиш ёфта истодааст. Ин корро бо фармону зўроварӣ бартараф кардан мумкин нест, зеро анъанаҳои динӣ як қисми шуури ҷамъиятии моро ташкил медиҳад ва норозигии мардумро зиёд менамоянд. Лекин тавассути корҳои тарбиявӣ, воситаҳои ахбори омма, бо истифода аз далелҳои воқеӣ ин масъала ҳалшаванда мегардад.
Дар ин ҷо зарур мешуморем, ки донишҷўёнро бо андешаҳои Бедил дар бораи риш, фаш, миллат, кеш ва ақрабу неш аз ин варта раҳо бахшем, ки фармудааст:
Ин қадар риш чӣ маънӣ дорад?
Ғайри ташвиш чӣ маънӣ дорад!
Ҳазар аз зоҳиди мисвок ба сар!
Ақрабу неш чӣ маънӣ дорад?
Як нахўд каллаву даҳ ман дастор,
Ин каму беш чӣ маънӣ дорад?
Бедил ин ҷо ҳама риш асту фаш аст,
Миллату кеш чӣ маънӣ дорад?
Пас аз таҳлили ҳамаҷонибаи ин гуфтаҳои Бедил ва шоҳкориҳои адабиёт омўзгор дар донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ маънавиёт ва бедоршавӣ оғоз шуда, ахлоқ сайқал меёбад.
Дар раванди таҳқиқи мавзуъ оид ба педагогикаи миллӣ дар тарбияи маънавӣ-ахлоқии донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ чашмамон ба ашъори шоири муосири тоҷик Давлат Қувват афтод, ки аз шеъри ў бўи воқеият, ҳақиқат ва торафт коста гардидани маънавиёту ахлоқи насли наврас меояд, ки фармудааст:
Солҳо худро маломат мекунем,
Бас ҳақирона шикоят мекунем.
Нест моро як далели илм, лек
Баҳри исботе қиёмат мекунем.
Завқи шеъри Лоиқу Бозор нест,
Рў ба бозори Саховат мекунем.
Бо забони модарӣ гунгу карем,
Пурғалат ҳарфу ҳикоят мекунем.
Мо табар бар решаи худ мезанем,
Боз аз душман шикоят мекунем.
Мавлавию «Маснавӣ» бегона шуд,
Сактаҳо андар китобат мекунем.
Мепарастем мо Худои ломакон,
Нафсро лекин итоат мекунем.
Ифтихори миллати мо коста,
Дар сари мансаб салобат мекунем.
Офарин бар килки сеҳрафкани ин суханвар, ки дар ин мисраъҳо тамоми андешаҳои баланди маънавӣ-ахлоқиро ворид намуда, нуқсонҳои дар рафтори ҷавонон ҷойдоштаро ошкор намудааст. Нуқсонҳо дар ҷисми ҷавонон дар он мушоҳида мегардад, ки дар ҷисми мо ному нишоне аз илм нест, лекин барои исботи беасос талош меварзем, завқ ба донистани шеъри Лоиқу Бозор надорем, гунгу кар будани мо дар донистани забон, ҳарфу ҳикояти пурғалат, табар задан ба решаи миллат ва айбро ба гардани дигарон бор кардан мушоҳида мегардад.
Барои бештаре аз ҷавонони мо Мавлавию «Маснавӣ» бегона аст, дар зоҳир Худоро мепарастанд, вале дар амал ғуломи нафсанд, ифтихору худшиносии онҳо коста буда, барои расидан ба мансабу вазифа ба тамоми разолат қодиранд. Агар ин мисраъҳо дурусту нишонрас таҳлил карда шаванд, омили беҳтарине дар тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ шуда метавонанд.
Нозирҷон Боҳирӣ дар шеъри «Саҳви бахт ё ҳазли тақдир» дар образи шўра, зумрае аз одамонро овардааст, ки худшиносиашон паст, фарҳангу маънавиёт ва ахлоқашон коста мебошад ва ҷою мавқеи худро дарк карда наметавонанд. Онҳо дар инкишоф ва пешрафти ҷомеа аз худашон муҳимтареро қобилияти дарк кардан надоранд ва хешро зебу зинати ин сарзамин меҳисобанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бояд диққати бештар ба тафсир, таҳлил ва дарки маънӣ дода шавад. Ба донишҷўён бештар хондану аз ёд кардани шеърҳоро супориш додан зарур аст, то ки хотираи донишҷўён қавӣ гардад. Онҳоро омода созанд, ки ҳар калимаю ибораи номафҳумро аз фарҳанги забони тоҷикӣ пайдо намоянд. Дар ин раванд озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» хеле мавқеи баландро ишғол менамояд, ки тавассути он насли наврас ба китоб ва китобхонӣ рў овардааст, ки рафти озмун касро шод мегардонад.
Зи саҳви бахт буд ё ҳазли тақдир,
Миёни лолазорон шўрае руст.
Ба атрофаш назар афканду пиндошт,
Ки ҳусни лолазор аз ҳастии ўст.
Замоне гулпарастон гашта пайдо,
Саросар лолаҳоро чида рафтанд.
Нашуд аммо ба шўра эътиборе,
Варо гўё ҳама нодида рафтанд.
Аз ин афзуд фахри шўра даҳчанд,
Зи бахташ розию мегуфт бо худ.
Маро, ки гулшанороям наканданд,
Нагардад ҳусни гулшан то ки нобуд.
Тамоми фасли сол он зист бо кибр,
Валекин шўрагии худ надонист.
Надонист ў, ки танҳо як гиёҳ аст,
Агар чи дар чаман рўид, гул нест.
Ҳамин сон барабас он омаду рафт,
Бисабзиду бихушкиду хасе шуд.
На коми ҷонвареро карда ширин,
На орои баногўши касе шуд.
Дар дарси тарбиявӣ ва корҳои беруназаудиторӣ тарзи ифоданок ва бехато хондани шеърро ба донишҷўён ёд додан зарур аст, пас дар асоси талаботи педагогикаи миллӣ донишҷўён бояд мақсаду ҳадафи шоирро дарк намуда, ҳадафи онро баён намоянд. Дар он сурат, ҷиҳатҳои маънавӣ-ахлоқии онро баён намуда, дар зери таъсири он қарор гирифта, тарбияи маънавӣ-ахлоқӣ меёбанд.
Ин унсури тарбия ба воситаи расонидани таъсир ба дунёи маънавии донишҷўён ба даст меояд. Тарбияи ахлоқӣ ва маънавӣ натанҳо дар инсон фаҳмиши зебоӣ, балки нексириштӣ, ростқавлӣ, ҳалолкорӣ, ҳалолхўрӣ, адолатмандӣ, боинсофӣ ва амсоли инро ба вуҷуд меорад.
Илму фарҳанг дар асоси мероси гаронмояи ниёгон ба инсон таъсир расонида, дунёи маънавии онро ташаккул медиҳанд. Забон, адабиёт, таърих, осори арзишманди динӣ, ёдгориҳои таърихӣ, асарҳои санъат, барномаҳои гуногуни воситаҳои ахбор, интернет дар тарбияи ахлоқию маънавӣ мавқеи калонро касб менамоянд. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии шаҳрванд робитаманд буда, ҳар ду аз ҳамдигар ғизо мегиранд ва якдигарро бою ғанӣ мегардонанд.
Тарбияи маънавӣ-ахлоқии насли наврас ва бахусус, ҷавондухтарон пас аз истиқлолият ба даст овардани ҷумҳуриҳои иттифоқӣ мубрамиятро касб намуд. Сабаб ва омилҳои он зиёданд, вале мо зарур мешуморем, ки ба сифати асосӣ якчандтои онро номбар намоем:
1. Нооромиҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохилии шаҳрвандӣ;
2. Паст гардидани сатҳи зиндагӣ;
3. Мавҷуд набудани ҷойҳои корӣ ва қатъ гардидани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ;
4. Муҳоҷирати сершумори аҳоли ва дигар омилҳо.
Дар чунин ҳолат давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон талош меварзид, ки бо тамоми роҳу восита пеши роҳи косташавии маънавиёт ва ахлоқӣ насли наврасро, ки яке аз талаботи тамаддуни башарист, гирад. Аз замоне, ки инсон ҳамчун мавҷуди дорои фикр, андеша ва хирад ба андеша пардохтааст, тарбияи одобу ахлоқ яке аз мавзуъҳои муҳим дар ҳаёти ў ба шумор мерафт ва меравад. Зеро таълиму тарбия дар руҳияи одобу ахлоқи нек нахустин ва муҳимтарин омили саодату камоли одамӣ ва ҷомеаи инсонӣ мебошад.
Халқи тоҷик аз қадими дур пайваста ба таълиму тарбия аҳаммияти хосса медод. Хираду дониш ва одобу ахлоқ дар назди гузаштагон ва имрўзиёни тоҷикон пурарзиштарин сифатҳои инсонӣ дониста мешуд.
Ҳамин буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои душвори бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ба масъалаҳои тарбия, маънавиёт, ахлоқ, андешаҳои худшиносӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон аҳамияти хосса медод.
Қайд кардан бамаврид аст, ки моҷароҳои сиёсӣ ва маҳаллие, ки солҳои 90-уми асри ХХ Тоҷикистонро фаро гирифта буданд, оқибат ба косташавии корҳои таълиму тарбия ва паст гардидани маънавиёт ва ахлоқи ҷавонон аз ҷумла, ҷавондухтарон оварда расонид.
Мутаассифона, он давраҳо мақомоти марбут ва ё неруи пурқуввате мавҷуд набуд, ки ҷавононро аз ин амалҳои нангин ҷилавгирӣ намояд.
Барҳе аз мақомоти кишвар вазифаи худро нашинохта ба ҷойи ҳаллу фасли проблемаҳои дар байни ҷавонон рухдода, онҳоро боз ҳам шиддатноктар мекарданд.
Хушбахтона, Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябр-декабри соли 1992 ба беҳокимиятӣ дар ҷумҳурӣ хотима гузошт. Хатари парокандашавии Тоҷикистонро чун давлати мустақил аз байн бурд. Дар ин марҳила акнун ҷавонон ҳамчун неруи созанда ба майдон баромаданд. Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон қавитар гардид. Чуноне ки рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” инъикос намудааст, 2 феврали соли 1993 Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонон вохўрӣ ташкил намуд.
Иштирокчиёни вохўрии намояндагони ҷавони Тоҷикистон бо роҳбарияти ҷумҳурӣ “Муроҷиатнома ба ҷавонони Тоҷикистон”-ро пешниҳод намуданд, ки дар он чунин гуфта шудааст: “Давлат бояд боварӣ дошта бошад, ки шаҳрвандони ҷавонаш онро дастгирӣ менамоянд. Бинобар ин, мо ба давом додани фаъолияти тамоми ташкилотҳои Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон, иштироки фаъолонаи онҳо дар иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” даъват менамоем. Кореро бояд анҷом дод, ки мо ҳамчун қувваи муташаккилонаи муттаҳид амал намоем, ки барои он ҷудо кардани одамон аз рўйи аломатҳои динӣ ё дигар тааллуқияти иҷтимоӣ, миллатгароӣ ва маҳалчигӣ бегона бошад, то ин ки ҷавонон ба эҷодкорӣ, накукорӣ ва сулҳ, муттаҳид намудани миллат ва мустаҳкам кардани дўстии байни халқҳои Тоҷикистон машғул шаванд”.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) шароити мусоиди тарбияи маънавӣ-ахлоқии ҷавонон муҳайё гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дар як қолаби муайян ҷой намудани ҷараёни тарбияи ахлоқии насли наврас аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷудбуда истифода карда, дар мамлакат шароити хуби тарбиявӣ фароҳам овард.
Ба ин мисол шуда метавонад, пеш аз ҳама бунёд намудани муассисаҳои таълимию тарбиявӣ. Муассисаҳои наву замонавӣ, муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, ки дар онҳо толибилмон дар натиҷаи аз худкунии китобҳои бадеӣ, машғулиятҳои тарбиявӣ, таҳлилу омўзиши матнҳои ахлоқӣ соҳиби одобу ахлоқи намунавӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳолати косташавии маънавиёт ва ахлоқи ҷавонон чун доғи рўз дар солҳои соҳибистиқлолӣ зери пажўҳиши доимӣ қарор гирифта, коршиносон сабаби асосии косташавии тарбияи маънавӣ-ахлоқии хонандагону донишҷўёнро гуногун шарҳ медиҳанд.
Дар рўзномаи “Қонун ва ҷомеа”, зери сарлавҳаи “Тарбияи хуби фарзанд, осоиштагии диёр”, соли 2008 мақолае ба нашр расида буд. Дар мақолаи мазкур, раванди ахлоқии ҷавонон инъикос гардида, муаллиф қайд намуда буд, ки бар асари ҷанги шаҳрвандӣ бо сабаби вайрону валангор гардидани муассисаҳои таълимӣ бархе хонандагон аз мактаб дур монданд, ин боиси косташавии ахлоқи хонандагон гардид. Чунин матлабҳо дар ВАО-и мамалакат хеле зиёд ба табъ расида буданд.
Дар рўзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” мақолае бо номи “Бе тарбия тифл ба ҷое намерасад” нашр гардид, ки дар он сухан дар бораи дар оила тарбияи арзандаро гирифтани ҷавонон меравад. Муаллиф қайд менамояд, ки агар аз рўзҳои аввал ба тарбияи фарзанд аҳамияти даркорӣ дода шавад, бештар кафолат ҳаст, ки онҳо дар рўҳияи беҳтарини инсонӣ тарбия меёбанд.
Хушбахтона, ба хотири бунёди ҷомеаи солим, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунро «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» 3-юми майи соли 2013 қабул намуд, ки дар қонуни мазкур уҳдадориҳои падару модар ба таври мушаххас баён гардидаанд.
Аз ҷумла дар қонуни мазкур дарҷ гардидааст, ки падару модар дар тарбияи фарзанди худ уҳдадоранд:
-ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд:
-фарзандро ба зиндагии мустақилона омода намоянд:
-фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намоянд:
-шаъну шарафи фарзандро эҳтиром намоянд ва ба муомилаи бераҳмона нисбат ба ў роҳ надиҳанд:
-дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ рафтани фарзанди то бистсолаашонро манъ намоянд:
-ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусиятти шаҳвонӣ, зуроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд.
Мутаассифона, дар шароити имрўз бархе аз волидон вазифа ва уҳдадориҳои худро нодида гирифта, дар тарбияи солими фарзанди худ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Барои бартараф намудани чунин камбудиҳо дар ҷомеа волидайнро зарур аст, ки равобити худро бо муассисҳои таълими зичтар барқарор намуда, пайваста аз вазъи таълиму тарбияи фарзандони худ бохабар бошанд.
Дар баробари ин, яке аз иқдомҳои наҷибе, ки Ҳукумати кишвар бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, ин баргузор намудани ҷашни бузургдошти намояндагони илму адаби халқи тоҷик мебошад.
Мисоли равшани он, соли 1997 ҷашни-670-солагии Камоли Хуҷандӣ, соли 2004-ҷашни бошукўҳи 1000-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ, соли 2009 ҷашни 1300 – солагии Имоми Аъзам, соли 2010- 1150-солагии Абуабдулоҳи Рўдакӣ ва бузургдошти даҳҳо мутафаккирону шоирон мебошад.
Агар мақсади ин ҷашнвораҳо аз як ҷиҳат, зинда гардидани номи ин шахсиятҳои таърихӣ бошад, аз ҷониби дигар, дорои аҳаммияти бузурги маънавӣ-ахлоқӣ мебошад. Эҳтиром гузоштан ба бузургони худ яке аз суннатҳои деринаи мо тоҷикон мебошад ва танҳо дар ҳолате дар ниҳоди насли наврас онро киштан мумкин аст, ки насли наврас бо ҳаёту фаъолияти онҳо шинос бошанд. Ин раванди наҷиб имкон медиҳад, ки осори ин шахсиятҳои барҷастаи илму адаби тоҷик аз нав омўхта, нашр шуда, ба тамоми гӯшаю канори мамлакат паҳн шавад, то ба тарбияи дурусти ахлоқию маънавии насли наврас мусоидат намояд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё