Низом Қосим - БОРОНИ АШК
Саҳна сап сафед. Маълум нест, ки пур аз дуд аст ё дар оғўши меғ. Мусиқии муассире, ки гоҳ-гоҳ хониши ҳамсароён ивазаш мекунад. Батадриҷ дуд ё меғ бартараф мешавад ва аз дур тарҳи нимавайронаи шаҳри бостоние намоён мегардад. Зимни он тарҳи китоби бозе аён аст. Дар байн – ду тахт ва бар фарози онҳо - ду тоҷи сарнагун. Иштирокчиёни намоиш дар атрофи онҳо хомўшу сархам чарх мезананд. Аз як тараф Куруш ва аз тарафи дигар Куруз рўи саҳна меоянд ва дар пешсаҳна рўбарўи ҳам, ҳар яке зимни як сафҳаи он китоби боз, қарор мегиранд. Дигар иштирокчиён мавзун саҳнаро тарк мекунанд.
КУРУЗ
Дуруд, эй Куруш, эй фармонравои бузурги Порс!
КУРУШ
Дуруд, эй Куруз, эй шоҳи номвари Лидиё!
КУРУЗ
Ончунон ки дар саҳнаи гардони дунё бо ҳам будем, дар китоби ҷовидони таърих низ боҳамем.
КУРУШ
Моро аз ин сафҳаҳои ҳақгўву ҳақнамо ҷои гурез нест, Куруз…
Довари аҷибест таърих, ки пирўзу афтода пешаш якест. На, балки гоҳе ғолиби садҳо набардро мағлуб мешуморад ва мағлуби басо муҳорибаро ғолиб мебарорад он… Акнун, рўи ин сафҳаҳо ману ту дигар он шоҳони афлокие наем, ки бар ҳама касу ҳама чиз ҳукм менамуданд; ин ҷо бандагони хокие ҳастем ва ҳама касу ҳама чиз бо забони шоҳи мутлақи ҳамаи замону маконҳо – Таърих бар мо ҳукм мекунанд…
КУРУЗ
Оре, Куруш, рўи ин сафҳаҳо мо бар ҳукми ҳамагонем…
Дигар на пушти аҷдоди олимақомамон паноҳ бурда метавонему на паси авлоди соҳибномамон. Ин ҷо ҳама танҳоянд ва танҳо-танҳо пеши дунё ҷавоб мегўянд.
КУРУШ
Хушбахт касе, ки сазовор ҷавоб бигўяд, Куруз.
КУРУЗ
Ёд дорам, Куруш, ки навҷавон ба тоҷу тахт расидам. Дувоздаҳ кишвару милёнҳо инсонро зери даст доштам. Чунон будам, ки поям заминро намешинохту сарам осмонро. Қудрати бекарон ҳам доштаму сарвати фаровон ҳам. Бо он ҳама меболидаму каму беши дунёро намедидам…
КУРУШ
Ҳамин тавр аст, Куруз. Афзун набуда шоҳоне, ки кам амал кунанду зиёд андеша. Аксар баракс кардаанд ва ману ту низ истисно наем.
КУРУЗ
Ҳақ гуфтӣ, Куруши оқил. Ман низ хешро то қиёмат бар тахт мегумоштаму ҷовидона хушбахт мепиндоштам. Чи сон ҳам нагумораму чи сон ҳам напиндорам, ки кишвари зиёдеро фатҳу мардуми бисёреро мутеъ карда будам ва садҳо ҳакимон ба дарборам ҷамъ омада, васфу тараннуми қудрату адолатам мекарданд.
КУРУШ
Он ҳама тавсифҳои осмонӣ хушат меомад, бегумон…
КУРУЗ
Худат хуб медонӣ, Куруш… Дар аввал таърифҳои рўбарўву тамаллуқҳои берўёнаи атрофиён нороҳатам мекард. Ақлам мегуфт, ки масхараат мекунанд, Куруз, вале дилам… Батадриҷ одат кардам ва дигар хушам меомад, агарчи худ хуб медонистам, ки кияму чиям…
КУРУШ
Бадбахтӣ он аст, ки ҳақгўтаринҳо ҳам дар он издиҳоми хушомадпешагон гўё маҳлулу нопадид мешаванд, Куруз. Вагарна оқилоне кам нестанд дар ҳар мулку макон, ки метавонанд бо ҳикмате ва ё тамсиле мо, шоҳонро ба худ биёранд…
КУРУЗ
Шоҳ, то бар тахт аст, оташ аст, Куруш. Кӣ меёрад, ки бо оташ бозӣ бикунад?
КУРУШ
Хуб, Куруз, сухан аз он буд, ки хушбахти замон будиву заминро зери по эҳсос намекардӣ…
КУРУЗ
Оре, Куруш, чунин буд. То он рўзе, ки Солон ба даргоҳам омад…
КУРУШ
Шунидаам, Куруз, аз он хирадманд шунидаам. Гумонам, ҳуқуқшинос буд, ҳо?
КУРУЗ
Ҳуқуқшиносон зиёданд, Куруш… Ҳақшинос буд Солон, натанҳо ҳақшинос, ҳақҷўву ҳақгўи беназир ҳам буд.
КУРУШ
Мегуфтанд, ки бо хоҳиши афинагиҳо барояшон маҷмўи қонунҳо таълиф кардаву пас он даҳ сол ғайб задааст; гуфтааст, ки оламу одам дидан мехоҳад, вале дар асл… барои он тарки диёр кардааст, ки амалдорони кишвар ҳар замон бар нафъи хеш ба тағйир додани он қонунҳо маҷбураш насозанд…
КУРУЗ
Оре, Куруш, ба расми афинагиҳо қонунро танҳо муаллифи он тағйир дода метавонист.
КУРУШ
Хуб, Куруз, бо чӣ ниёз ба даргоҳат омад Солон?
КУРУЗ
Ман низ гумон кардам, ки бо ниёзе омадааст, чун ҳама ҳакимону шоирон – аз дуру наздик – бо ниёзе меомаданд ба дарбор: яке манзил мехост, дигаре боғу киштзор, севумӣ канизу ғулом металабиду чаҳорумӣ – зару сим…
КУРУШ
Солон чӣ дархост?
КУРУЗ
Иҷоза хост, ки чанде озод дар кишварам сайр бикунад…
Фармудам, ҷойҳои диданиро нишонаш доданду чизҳои шуниданиро гуфтандаш. Баъди муддате омаду…
Аз умқи саҳна Солон пайдо мешавад. Либоси сафед ба бар дорад.
Солорона қадам монда, назди Куруз меояд.
СОЛОН
Шоҳо! Эмин бод диёру ёронат, ки чанде сарпаноҳам буданду ҳамроҳам. Инак, иҷоза бифармо, ки ба роҳи хеш идома бидиҳам.
КУРУЗ
Чаро меравӣ, Солон?
СОЛОН
Барои он ки шунидани «Чаро меравӣ?» хуштар аст аз шунидани «Чаро намеравӣ?»
КУРУШ
(ба Куруз)
Хуб гуфт.
КУРУЗ
(ба Куруш)
Оре, Куруш, гуфтору кирдораш ҳама ҳакимона, беш аз ин, хеле озодона буд… (Ба Солон) Солон, ту, ки ба хотири оламбиниву одамшиносӣ ҷаҳон гаштӣ, оё инсонеро дидаӣ, ки хушбахттарини дунёяш гуфтан мумкин бошад? (Ба Куруш) Интизор будам, ки маро шахси хушбахттарини олам эълом медорад, чун ба хушомаду худширинкуниҳои ҳамсуҳбатон одат карда будам. Аммо Солон…
СОЛОН
Оре, шоҳ, ҳакимеро медонам, ки хушбахттарини инсонҳо буд.
КУРУЗ
(халтаеро, ки дар даст дошт, афтонда; ба Куруш)
Ин халтаи зарро ба он хотир дар даст доштам, ки агар ҷавоби дилхоҳамро медод, ҳадяаш мекардам… (Ба Солон) Чаро он ҳаким?
Кист ў худ?!
СОЛОН
Ҳакиме беназир ва беш аз беназириаш аз оламу одам бениёз! Ҳаким пайдо мешавад. Либоси дарвешона дар бар дорад, вале ғуруру виқораш аён аст. Замин рахти хобу осмон рўпўшаш буд… Дар офтобак гарм кардани ҷисми пиру хастаашро дўст медошт. Рўзе дар ҳамин ҳол буд, ки… Ҳаким дар офтобрўяе каҷпаҳлў задааст. Шоҳ меояд. …шоҳи мулк аз он ҷо раҳгузар шуд ва, ҳакимро дида, таваққуф кард.
ШОҲ
Ман шоҳам!
ҲАКИМ
(бепарво)
Ман – ҳаким.
ШОҲ
Шунидаам, ки дар фанни худ беназир ҳастӣ. Пас, адолат нест, ки марде ба ин бузургӣ чунин хор бошад. Ҳама ин вазирону дабирон ва аҳли рикобам шоҳид – ҳар хоҳише, ки дорӣ, бигў, ҳамин замон иҷро хоҳад шуд!
ҲАКИМ
Хоҳиш мекунам, пеши офтобро нагир…
Дуд ё меғ ҳаким ва шоҳро нопадид месозад.
СОЛОН
Хушбахтӣ аз ин зиёд мешавад оё?!
КУРУЗ
(ба Куруш)
Бовар доштам, ки ақаллан дувум маро ном мебарад, бо ин умед пурсидам: (ба Солон) Хуб, баъди он ҳаким киро хушбахт мешуморӣ?
СОЛОН
Ҳакими дигаре буд, номаш – вирди забон ва илмаш – машҳури ҷаҳон…
Дуд ё меғи як гўшаи саҳна нопадид мешавад.
Зиндон. Ҳаким, сар ба зону ниҳода, ғарқи андеша аст. Садои қулфу дари оҳанӣ. Дўст меояд.
ДЎСТ
Дуруд, эй ҳаким!
ҲАКИМ
Чӣ хел ба ин ҷо даромадӣ? Кӣ роҳат дод?
ДЎСТ
Зар, ҳакими муҳтарам, гузарномаи пурқудрату бемуҳлати ҳама замону маконҳо. Дар диёри мо низ зар ҳама даҳонҳоро мебандаду ҳама дарҳоро мекушояд…
ҲАКИМ
Чаро омадӣ? Чӣ лозим буд, ки ҷонатро дар хатар бигузорӣ?!
ДЎСТ
Омадаам, ки бигрезонамат… Чашми посбони зиндонро бо зар бастаам - фироратро намебинад; киштӣ ҳам омода аст ва нохудои шинос то субҳ ба соҳили дигар мерасонадат. Он ҷо ҳаётат бехатар хоҳад буд, ҳаким.
ҲАКИМ
На, дўсти азиз. Агар бигрезам, мардум «гунаҳкор будааст, ки гурехт» мегўянд.
ДЎСТ
Бигў, воқеан, ба чӣ гунаҳкорат мекунанд?
ҲАКИМ
Гурўҳе сиёсатмадорони хушкмағзу шоирони тамаллуқкор ба шоҳ шикоят бурдаанд, ки бо ҳикматам озодии ботин ва бетааллуқиву бетамаллуқиро тарғиб мекунам. Гўё ҳикмати ман мафкураи мардум, бахусус ҷавононро хароб мекардаву ба пойдории давлат хавф доштааст!
ДЎСТ
Ҳикмат чӣ гуноҳ дорад, ҳаким?
ҲАКИМ
Ҳикмат сарчашмаи андешамандиву фаросат аст. Ҳар касе, ки андешаманду бофаросат шуд, хешро мешиносаду аз бехудӣ дурӣ меҷўяд. Чун ҳама худро бишносанду аз бехудӣ бипарҳезанд, ҷоҳталабиву судҷўӣ, тамаллуқу сифлагӣ, ришвахориву василаҷўӣ, хешутаборчигиву маҳалбозӣ нозарур мешаванд ва ҷои ин ҳамаро инсофу адолат мегирад… Ман ба шогирдонам ҳаминро талқин намудаам ва дар таҳи дор ҳам такрор хоҳам кард.
ДЎСТ
Туф бикун ба ин ҳарфҳову ҷонатро бираҳон, эй ҳаким, ки ҳоло даркорӣ ту ба мо!
ҲАКИМ
Агар фирор бикунам, умрбод рўҳам ноором хоҳад монд. Оё ин ҷисми пургуноҳ ба ин қурбонӣ меарзад?!. Акнун бирав, ки ҳамин замон субҳ медамаду барои бурдани ман меоянд…
Хайрбод мекунанд.
Дуд ё меғ нопадидашон мекунад.
СОЛОН
Субҳдам ҳакимро ба қатлгоҳ бурданд. Барои ақида, дар роҳи ҳақиқат ҷисмашро ба марг супурд ў, вале рўҳашро зиндатар кард.
Беш аз ин хушбахтие ҳаст магар?!
КУРУЗ
(ба Куруш)
Ҳолати маро тасаввур мекунӣ, Куруш? Агар дафъаи аввал халтаи зарам пеши пои Солон афтода бошад, ин бор гўё дили чун мурғи бепарам ба мақдамаш афтод… Базўр худро боздоштам, то бубинам, ки анҷоми кор чист. (Ба Солон) Ҳакимо, магар ин ҳама қудрату сарват, азамату шаҳоматро намебинӣ?! Оё ин ҳама иқболи ман чандон нокирост, ки ба як гуфтани ту намеарзад?!
СОЛОН
Хушбахт касест, ки ибтидои хубаш интиҳои хуб ҳам дошта бошад, шоҳ. Туро оғоз хуб аст ва аз ин мамнунӣ. Вале ман хушбахтат гуфта наметавонам, зеро намедонам, ки анҷоми корат чист. Агар анҷомат низ чунин бошад, бешубҳа, ояндагон дар шумори хушбахттаринҳои дунё ёдат хоҳанд кард. Ман дар ин кор оҷизам…
Солон байни дуд ё меғ нопадид мешавад.
КУРУЗ
Ин суханони Солон дар тўли умри дароз гоҳ ба ёдам меомаду гоҳ фаромўш мешуд. Ва ҳар гоҳ ки бар онҳо меандешидам, дармеёфтам, ки асли ҳақиқатанд. Ва бори дигар эҳсос мекардам, ки ҳақиқати беғараз аз касеву чизе биму бок надорад, Куруш.
КУРУШ
Оре, бисёр шудааст, ки нафаре тамоми умр пирўз зистааст, вале дар анҷоми зиндагӣ чунон бадбахтие ба сараш омадааст, ки чун сели дараҳои кўҳӣ анбўҳи хушбахтии кулли ҳаёташро ба коми нестӣ афкандааст. Аз ин рў, барҳақ – то одамӣ зинда аст, хушбахтиву бадбахтиаш аён нест. Онҳое, ки бемаҳал хешро хушбахт мешуморанд, шояд… бобароре бошанд, вале хушбахт - на!
КУРУЗ
Бигў, Куруш, ту ҳам худро хушбахт мешумурдӣ?
КУРУШ
Ба гумони ман, хушбахтӣ ҳолати мутлақест, ки кам муяссар мешаваду бардавом буда наметавонад… Дақиқтар он аст, ки ман худро шахси бобарор бигўям, яъне, касе бишморам, ки бо ҳукми қазову қадар аксаран кораш омад мекард.
КУРУЗ
Хоксорӣ накун, Куруш. Чӣ хел хушбахт набудӣ, ки мардуматро аз ғуломӣ раҳондӣ, шаҳди истиқлолият чашондӣ ва ба пирўзиҳои фаровон расондӣ?
КУРУШ
Бобарор будам, Куруз, бобарор…
КУРУЗ
…ва барори навбатиат охирин бебарории ман буд…
КУРУШ
Ҳамин аст дунё, Куруз, одамӣ аз ҳар кори хеш барор умед дорад. Ту низ, ҳангоме ки ба ҷанги ман бархостӣ, омади коратро умед доштӣ. Агар не, чаро набард оғоз кардӣ?
КУРУЗ
Оре, Куруши кабир. Ва то набард борҳо фолбинонро озмудаму аз боэътимодтаринаш суол кардам, ки «оё метавонам бо порсҳо набард кунам?»
КУРУШ
Огоҳам, Куруз. Фолбин гуфт, ки «агар ба ҷанги порсҳо биравӣ, кишвари бузургеро шикаст медиҳӣ…» Муаббирони ту
«кишвари бузург»-ро Порс тафсир карданд, вале муаббирони ман зери ин мафҳум кишвари худи ту – Лидиёро фаҳмиданд… Яъне, ту ҳам умед доштӣ, ки кишвари бузургеро сарнагун мекунӣ, ман ҳам…
КУРУЗ
Шоҳе, қабл аз ҳуҷум ба як кишвари ҳамсоя, аз коҳинон фол хостааст, посух додаанд, ки «пирўзӣ ногузир аст ва сарбозонат бояд бо худ ишкелҳо бигиранд, то бар пои мағлубон бизананд!»
Ҳамчунин карда, шикаст хўрдааст он шоҳ ва душманони ғолибаш сарбозони аз марг раҳидаву ба асорат афтидаи ўро фармудаанд, ки ишкелҳои дар кўлборҳо доштаашонро бар пойҳои хеш бизананд…
Ана, ҳамин хел фолҳои духўра, Куруш…
Китфонаш меларзанд ва маълум нест, ки механдад ё мегиряд.
КУРУШ
Ғалат дар таъбир нест, Куруз, дар он аст, ки мо, шоҳон, на мувофиқи фол амал мекунем, балки барои амалҳои дилхоҳи хеш фоли мувофиқ меҷўем… Амали дилхоҳат, ки набард бо ман буд, он ҳама фолҳои духўраро дархурди нияти хеш пазируфтӣ…
КУРУЗ
Оре, Куруш, бисёр мехостам интиқоми Астиагро биситонам аз ту. Хоҳарамро беваю фарзандонашро сағир карда будӣ, охир…
КУРУШ
Астиаг туро хоҳаршўй буду маро – падарбузург. Дар манзалати пайвандӣ болотар будани падарбузургро инкор намекардагистӣ? Вале дар ин масъала ман ҷонибдори ҳакими бостонам, яъне, Астиаг – бобои ман, валекин ҳақиқат волотар аст.
КУРУЗ
Ҳақиқати он маврид магар сари қудрат омадани ту буд?
КУРУШ
На, Куруз, ҳақиқат ҳамеша раъйи Яздон аст, ки гоҳе инсонҳо бо худхоҳии хеш сарфи назараш мекунанд… Дар он ҳолат ин раъй бар рағми худхоҳии Астиаг зинда мондани ман ва мурдани нияти зишти ў буд.
Дуд ва ё меғи як гўшаи саҳна пароканда мешавад.
Астиаг тарсида аз хоб мехезад. Каф ба ҳам мекўбад ва ҳамоно гўё наздиконаш ҷамъ меоянд.
АСТИАГ
Бист сол қабл, вақте ки духтарам Мандана тифл буд, хоб дидам: чунон пешоб карда, ки дунё зери об мондааст… Аз ин фоли бад гирифтам ва, чун ба балоғат расид, ба Камбуҷиёи порс додамаш, то аз бараму кишварам ҳарчи дуртар бошад… Инак, хобе мудҳиштар аз он – гўё аз батни духтарам токе сабзидаву ба саросари ҷаҳон шоха давондааст… Чӣ маънӣ дорад ин, эй муаббир?
САДОИ МУАББИР
Духтарат Мандана умедвор аст ва писаре ба дунё меорад, ки ба ҷои ту шоҳ мешавад, Астиаг…
АСТИАГ
Не! Не! Не!.. Гарпаг! Ту қаринтарини манӣ. Амрамро бишнаву ба иҷро бирасон: писари Мандана набояд зинда бимонад!
САДОИ ГАРПАГ
Амри шоҳ бароям воҷиб аст… (худ ба худ) Тифли Мандана бояд нест бишавад, вале на бо дасти ман.
Амалиёти баъдина байни дуд ё меғ, дар атрофи Курушу Куруз сурат мегирад. Чеҳраҳо норавшан, вале овозашон расост.
ГАРПАГ
(парпечи зарин ба даст, ба сўи дигари саҳна нидо мекунад)
Митрадати чўпон! Ҳо, Митрадати чўпон!
МИТРАДАТ
(аз он сўи саҳна)
Бифармо, Гарпаги воломақом. Омодаи хидматам!
ГАРПАГ
Амри шоҳ аст, ки зуд ба Дараи Роз биёӣ!
МИТРАДАТ
Меоям, вале зуд не: худат медонӣ, ки то Дараи Роз дурўза роҳ аст.
ГАРПАГ
Хуб, пасфардо, шомгоҳ дар он ҷо ба ҳам меоем! Онҳо, ду бор гирди Курушу Куруз давр зада, рўбарўи ҳам қарор мегиранд. Шоҳ Астиаг мамнун аст, ки умре содиқона молу говашро пойидиву якеашро ҳам туъмаи гургон накардӣ. Акнун мефармояд, ки ин тифлро… туъмаи онон бисозӣ.
МИТРАДАТ
Тифлро? Тифли киро? Чаро?
ГАРПАГ
Сирри давлатист ин. Вале, ба хотири дўстии дерсола, танҳо барои худат мегўям, - танҳо барои худат! – ин тифли Мандана – духтари Астиаг ва Камбуҷиёи порс аст ва ба хотири амнияти қавму кишвари мо бояд бимирад. Агар зинда бимонад…
МИТРАДАТ
Фаҳмидам, Гарпаг, фаҳмидам, аммо чаро бо дасти ман, охир, чаро?..
ГАРПАГ
(бе таваҷҷуҳ)
Астиаг афзуд, ки агар чунин накунӣ, ё бо ҳила ин як нафарро зинда нигоҳ бидорӣ, бетаъхир ду нафар – худату занатро ҳалок хоҳад кард.
МИТРАДАТ
Се нафар бигў – занам умедвор аст ва имрўз ё фардо бояд чашмаш равшан бишавад. Шояд дар ин ду рўз таваллуд ҳам карда бошад… Митрадат парпечро аз дасти Гарпаг мегирад ва ҳарду, ду бор дар атрофи Курушу Куруз давр зада, ба самтҳои муқобил мераванд. Дар як гўшаи саҳна Митрадатро Спакои парешонёлу парешонҳол истиқбол мегирад, ки низ дар даст парпеч дорад, вале он ҳақирона аст.
СПАКО
Куҷо ғайб задӣ, Митрадат? (Ба парпечи дасташ нигариста)
Чист ин? Тифл?
Мусиқии дилфишоре садо медиҳад. Митрадат бо имову ишора асли ҳолро ба ҳамсараш баён медорад. Зан, даст бар само бурдаву худро пеши пои шавҳар афканда, тавалло мекунад. Мусиқӣ батадриҷ паст мешавад.
СПАКО
Агар чунин аст, пас бигузор на ин асилзодаи солиму расида, балки тифли… беҷони ману ту туъмаи гургон бишавад!
МИТРАДАТ
Чиҳо мегўӣ, Спако? Чӣ хел тифли беҷон?
СПАКО
Ман тифли мурда зодам ва акнун фаҳмидам, ки ин ҷазои сазовори Худованд будааст барои тифлкуширо ба гардан гирифтани ту. Чун мо, инсонҳо бе раҳму шафқат нест Худо ва ҳар амалаш зуҳури ҳақиқату адолат аст… Инак, баъди ҷазои сазовори рафтори ту, шояд подоши таваллоҳои ман барои тасалло баҳрамон ин тифлро фиристодааст. Ва ман ин ҳадяи қисматро ба куштан нахоҳам дод!
Парпечро аз дасти Митрадат мегирад.
МИТРАДАТ
Инак, Худо ба ҷонам ҷабр кард, Спако, акнун ту макун!
Атроф пур аз чашму гўшҳои шоҳ аст, ҳамаро мебинанду мешунаванд… Беш аз ин – нишони садоқат ва итоати мо ба шоҳ устухонҳои ин кўдак хоҳад буду бас…
СПАКО
Чизе мегўӣ, бигў, чӣ соне маҳкумам мекунӣ, бикун, вале ман ин ҷисми зиндаву боландаро бепаноҳ нахоҳам гузошт… Андар ин парпечи шоҳона тифлаки нокоми худамон - ин пораи ҷигари сўхтаи маро ба коми гургон бисупор. Ва бигў Гарпагро, ки омада, нишони садоқату итоати ту – устухонҳои набераи шоҳро бо чашмони хеш бубинаду бурда, бо иззати шоҳона ба хок бисупорад… Вале ин мавҷуди маъсумро ба ихтиёри ман бигузор,
Митрадат, намон, ки оғўши муҳаббатам холӣ бимонаду пистонҳоям дар ҳасрати лабони ҷонбахши тифлаки ширбоз бихушканд…
Спако ва Митрадат парпечҳои дасташонро иваз мекунанд ва, зери навои мусиқии дилфишоре, дар атрофи шоҳон давр зада, ба ду ҷониб мераванд.
КУРУШ
Ана, ҳамин хел, Куруз… Ба гумонам, ҳамон ҳаким - Солон гуфта буд, ки одамизод бозичаи дасти тасодуфҳост. Яке аз ҳамон тасодуфҳои пешовардаи Яздон маро аз марги яқин раҳо кард ва зинда мондан интиқоми нахустинам буд аз Астиаг… Ман он вақт асли ҳолро намедонистам ва, табиист, ки дар фикри интиқом ҳам набудам. Лекин Зиндагӣ, Тақдир, Ҳақиқат, Яздон дар ин фикр буданд… Яъне, набояд аз мукофоти амал ғофил шуд, набояд фаромўш кард, ки сазои некӣ ҳам ҳатман мерасаду ҷазои бадӣ ҳам…
КУРУЗ
Чӣ тур кабир шудӣ, Куруш? Ин ҳам тасодуф буд магар?
КУРУШ
Набиштаи Яздон буд, Куруз, амри тақдир буд… Ман бар онам, ки асилзода дар айлоқ ҳам асолаташро гум намекунад, чунон ки зар зери хок ҳам зар аст. Узр барои ин худхоҳӣ, вале ҳақиқат аст ин… Байни ҳамсолон ҳамеша ман бартар будам: дастур доданро дўст медоштам ва иҷрои дастурҳоямро ноил мешудам. Ҳамин буд, ки бачаҳо ҳангоми бозӣ ҳамеша… шоҳи хеш интихобам мекарданд. Ва амали ман ҳам… чун рафтори шоҳи ҳақиқӣ буд: якеро мефармудам, ки гўшам бошад, дигареро чашми худ таъин мекардам, амр медодам, ки «қаср»-ам бисозанд, таъзимам бикунанд, пешам сари тарс дошта бошанд… Боре бачаи Артембари сарватманд аз фармонам сар печид… Саҳнаро дуд ё меғ фаро мегирад. Симоҳо нопадид шуда, садоҳо ба гўш мерасанд.
САДОИ КУРУШИ НАВРАС
Тозиёнааш бизанед!
Садои зарбҳои тозиёна ва доду войи бачае баланд ва пас лаҳзае хомўшӣ ҳукмрон мешавад.
САДОИ АРТЕМБАР
Аз писари чўпонат Митрадат шикоят дорам, шоҳам. Худ ин изҳои тозиёнаро бар тахтапушти писарам бибину нагзор, ки дар сояи адолатат чунин ноҳақӣ беҷазо бимонад…
САДОИ АСТИАГ
Ин ҷо биёред чўпону писарашро!
Лаҳзае хомўшӣ.
Ҳамин ту – зодаи ношуди чунин як мавҷуди ночиз писари
Артембари муътабарро таҳқир кардӣ?!
САДОИ КУРУШИ НАВРАС
Ба падарам кордор нашав, шоҳам, агар ин амал гуноҳ бошад, гуноҳи ман аст ва ман худ ҷавоб мегўям… Бидон, ки ин корро барои пойдории адолат кардаам: бачаҳои деҳ маро шоҳи худ интихобидаанд ва аз ягон амрам сар намепечанд; ин бача гарданкашӣ кард ва ҷазои сазовор дид. Агар ман гунаҳкор бошам, инак, дар ихтиёри туям, лекин, фаромўш накун, ки мулк бе сиёсат намепояд…
САДОИ АСТИАГ
Астиаги аҳмақ! Чаро то ҳол таваҷҷуҳ накардӣ, ки чӣ монанд аст ба ту ин «шоҳи бачаҳо»! Посухаш ҳам посухи чўпонзода нест, ғурури шоҳона дорад. Ва солаш низ мувофиқ ба санаест, ки набераат Курушро… маҳкуми нобудӣ карда будӣ… Оҳ, Худоё!
(Лаҳзае хомўшӣ) Артембари арҷманд, биравед ва осуда бошед, гунаҳкорон ҷазои сазовор мегиранд… (Лаҳзае хомўшӣ) Ходимон, ин бачаро ба қасри дарун бибаред… (Лаҳзае хомўшӣ) Акнун ту бигў,
Митрадати чўпон, ки ин бача кист?
САДОИ МИТРАДАТ
Писарам аст, шоҳам, ягона писарам аст!
САДОИ АСТИАГ
Бигиред, посбонон, ҷазои сазовораш бидиҳед, то бидонад, ки дурўғ гуфтан пеши шоҳ чист!
Зарбҳои тозиёна ва доду войи Митрадат.
САДОИ МИТРАДАТ
Тавба кардам! Росташро мегўям!
САДОИ АСТИАГ
Гарпагро ин ҷо бихонед! (Лаҳзае хомўшӣ) Хуб, Гарпаг, бигў, ки тифли духтари ман – Манданаро кай ва чӣ сон нобуд кардӣ?!
САДОИ ГАРПАГ
(худ ба худ)
Аз ҳузур ва авзои Митрадат маълум, ки асли ҳол ошкор шуда ва роз ниҳон доштан бесуд аст… (Ба Астиаг) Шоҳам! Умре бе хиёнат хидмататро кардаам ва талабам аз Худо ин аст, ки зиндагиамро ҳамчунон содиқона ба поён бибарам… Вақте ки он вазифаи мудҳишро вогузоштиам, бисёр андешидам, ки чӣ сон ҳам амратро ба ҷо биёрам ва ҳам… пешат беҷурм бимонаму қотили пайванди туву духтарат набошам. Бино бар ин, ба Митрадат рў овардам ва ҳангоме ки ходимони содиқам устухонҳои тифлро нишонам доданд, самимона бовар кардам, ки ҳам амри ту ба иҷро расидаасту ҳам хуни тифлат ба гарданам наафтодааст… Чун асли ҳол ин набудааст, ихтиёр турост…
САДОИ АСТИАГ
(баъди лаҳзае хомўшӣ, зери лаб)
Ҷазоятро хоҳӣ дид, палид! (Баланд) Шодам, ки писари Мандана зинда монда, вагарна умре бо ҷурми қотилии набера ва адовати духтарам чӣ мекардам?! Ба ин хотир базм меороям ва туро болонишини базм мекунам, Гарпаг! Писаратро ҳам биёр, ки бо Куруши ман бозӣ кунад…
САДОИ ГАРПАГ
Ман аз шодӣ худро пеши пои Астиаг афкандам ва Худоро ҳазорон шукр гуфтам, ки дар баҳои сарпечӣ аз дастури шоҳ натанҳо эмин, балки муҳтарамам низ доштанд! Кош медонистам, ки зери лабханди миннатдоронаи шоҳ чӣ хусумате ниҳон аст ва чӣ бераҳмонаву мудҳиш қасд меситонад ў…
Дуд ё меғ пароканда ва симоҳои Курушу Куруз аён мешавад.
КУРУШ
Оре, Куруз, хоҳаршўи ҳукмравоят Астиаг ходими содиқаш Гарпагро бераҳмонаву мудҳиш ҷазо дод: писари ягонаи сенздаҳсолаашро чун гўспанд сар буридаву пухта пешаш ниҳод ва Гарпаги ғофил ва аз бахшиши шоҳу шароби базм сархуш гўшти писари нокоми хешро нўши ҷон намуд… Ва бузургии рўҳашро бибин, ки чун асли ҳолро фаҳмид, худро набохт, гуфт, ки ҳар амри шоҳ барояш воҷиб аст ва, бозмондаҳои ҷисми писарашро ғундошта, ба гўристон шитофт, ки рамзӣ ҳам бошад, ба хок бисупорад…
КУРУЗ
Содиқ ходиме будааст…
КУРУШ
Оре, содиқ буд ва баъдан низ содиқ монд. Вале садоқати баъдинааш танҳо интизории тўлониву пуразияти лаҳзаи интиқом буду бас… Инро аз номае, ки солҳо баъд махфӣ ба ман фиристод, аён хондам.
Аз байни дуд ё меғ Гарпаг пайдо мешавад.
ГАРПАГ
(номаро мехонад)
«Эй Куруш, эй писари Камбуҷиёи порс! Бихон ин номаро ва бидон, ки ба шарофати ман зинда мондаву боз ба дидори падару модари аслиат расидаӣ… Инак, боз дар хидматат ҳастам: аъёну ашроф ва лашкари кишварро, ки аз зулми Астиаг ба ҷон расидаанд, мойилат кардаам. Дили лашкари Порсро биёбу биё ва бигир ин тоҷу тахтро! Биёву биситон ниқоратро аз касе, ки туъмаи гургон карданат мехост!..»
Дуд ё меғ Гарпагро нопадид мекунад.
КУРУЗ
Бигў, Куруш, номаро чӣ хел ба ту расонданд? Охир, Астиаг ҳазорон ҷосус дошту чизе аз назараш пинҳон намемонд…
КУРУШ
Воқеан, аҷиб корест ин… Гарпаги оқил, илоҷи дигаре наёфта, харгўшеро чок кардаву номаро андарунаш ниҳодааст ва як қаринаш, ба сурати сайёд онро сари дўш карда, бемамониат аз марз гузаштаву назди ман расидааст.
КУРУЗ
Мойил кардани порсҳо чӣ тур муяссарат шуд?
КУРУШ
То он замон байни лашкар маҳбубият пайдо карда будам…
Чун номаро гирифтам, ҳамаро фармудам, ки бо досҳо ба дашти бекароне биёянду онро аз хору хас пок бисозанд. Рўзи дигар дар ҳамон ҷо базми ҷамшедӣ оростаму дилхушашон кардам. Ва пурсидам, ки дирўз хуш буд ё имрўз? Гуфтанд: «Чӣ ҷои суол, ки дирўз заҳмати бепоён доштему имрўз роҳати тану ҷон!» Гуфтам, ки агар бо ман бошед, ҳамеша чун имрўз хоҳед буд, вагарна умрбод заҳмати дирўзаро бар дўш хоҳед дошт… Ҳама изҳор карданд, ки сар аз фармонам намепечанд.
КУРУЗ
Ва ту бо садоқати онону хиёнати лашкари Мидиё Астиагро мағлуб кардӣ. Қотили бебароратро чӣ сон дарёфтӣ?
КУРУШ
Он вақт Астиаг аллакай 35 сол бар тахт буд ва солаш ҳам ба ҷое расида. Шояд аз ин рў буд, ки чандон кина ҳам эҳсос намекардам нисбаташ. Агар танҳо ба ман ҷабр мекард, боке набуд, ба мардумони хеш ҳам бедодии зиёд раво дида буд, ки дар лаҳзаи мушкил ба ҷонибдориаш барнахостанд…
Дуд ё меғи гўшае пароканда мешавад.
Астиаг сарнагуну маҳзун, бар дасту по ишкел, нишастааст.
Гарпаг меояд.
ГАРПАГ
Хавфат беҷо набудааст, Астиаг, оқибат Куруш ҷоятро гирифт…
АСТИАГ
Оре, Гарпаг, тақдир тадбир надорад. Куруш аз азал шоҳ буд, ҳатто дар хонадони чўпон шоҳ буд, байни ҳамсолони сарватманду қудратмандаш шоҳ буд…
ГАРПАГ
Пас, чаро маро ҷазо додиву ўро нобуд накардӣ?
АСТИАГ
Қурбони дурўғи онҳое шудам, ки бори аввал рост гуфта буданд… Муаббирон талқинам карданд, ки Куруш аллакай боре – байни ҳамсолонаш – шоҳ шудааст ва дигарбора шоҳ нахоҳад шуд…
ГАРПАГ
Ғофил мондӣ, ки бар сари ҳар зўр зўре ҳаст, Астиаг!
АСТИАГ
Сазо медиҳӣ?
ГАРПАГ
Сазои ман чист пеши ҷазое, ки Худоят додааст?!
АСТИАГ
Пирўз Куруш аст, ту чаро шодӣ мекунӣ?
ГАРПАГ
Курушро ман ба ин раҳнамоӣ кардам, Астиаг!
АСТИАГ
Аблаҳ!
ГАРПАГ
Чаро – аблаҳ? Магар аблаҳ чун ту оқилеро ғулом карда метавонад?
АСТИАГ
Аввалан, агар аблаҳ намебудӣ, тоҷро бар сари худат мениҳодӣ… Сониян, аз роҳи ситеза бар ман мулкро зердасту мардумро ғуломи бегонагон намекардӣ; ақаллан ягон ҳамқавми хешро сари тахт меовардиву шоҳаншоҳии 128-солаамонро барҳам намезадӣ.
ГАРПАГ
Бегонаи одил аз худии золим беҳтар аст…
АСТИАГ
Чӣ адолат ёфтӣ дар порсҳо, ки чунинашон дил додӣ?
ГАРПАГ
Ба хоне, ки боре нонашро хўрдаанд, туф намекунанд онҳо… Натанҳо фарзанд намекушанд, балки ҳарчи фарзанди бештар доштанро гиромӣ медоранд ва ҳар сол шоҳашон ба хонадонҳои серфарзанд ҳадяҳо мефиристад… Баробари аспсавориву камонкашӣ ба бачаҳояшон мардонагиву ҳақгўӣ меомўзанд… Шармандагие бештар аз дурўғгўиву қарздорӣ барояшон нест… Таассуб надоранд ва ҳама чизи хубро мепазиранд: аксаран либоси зебои модӣ мепўшанду дар набард афзори мисрӣ мегиранд; чун кориҳо сипари дастадор ихтироъ карданд, - то он вақт ҳамаи лашкарҳо сипарро бо тасма ба гардан ва китфи рост мегирифтанд, - аввал порсҳо ин расмро пазируфтанд… Ва боз – ягон порс, ҳатто шоҳашон, ҳақ надорад хидматгузори содиқашро барои ҷурми ночизу беарзише ба куштан бидиҳад… Чӣ гуна ба ин фазилату адолат дил надиҳам, Астиаг?! Дуд ё меғ симоҳои ононро нопадид месозад.
КУРУЗ
Оре, Куруш, ҳақ буд Гарпаг. Ба порсҳо дил надодан номумкин аст…
КУРУШ
Ту ҳам, Куруз, садоқататро ба порсҳо борҳо исбот кардаӣ.
Бахусус, қабл аз набард бо массагетҳо. Ёд дорӣ?
КУРУЗ
Аз он рўзе, ки Зевс гирифтори туам кард, пешаш савганд хўрдам, ки ба қадри тавон дастгират бошам, Куруш. «Ё мард бош, ё дар хидмати мард» - ман дигар пайгири ин ҳикмати порсиам. Ҳарду ба пешсаҳна меоянд. Дигар гўшаҳои саҳнаро дуд ё меғ фаро мегирад.
КУРУШ
Малика Томирис хостгориамро рад кард, Куруз.
КУРУЗ
…
КУРУШ
Навиштааст, ки хостгори ў не, хостгори кишвараш ҳастам…
КУРУЗ
Магар нодуруст навишта?
КУРУШ
Дуруст навишта, вале нодуруст кардааст…
КУРУЗ
…
КУРУШ
Маҷбурам, ба зўрӣ бигирамаш… Бифармо, ки бар рўди
Аракс пулҳои шиновар бисозанд ва бар онҳо – манораҳои дидбониву тирандозӣ.
Муқобили ҳам ҳаракат карда, саҳнаро чарх мезананд ва боз дар пешсаҳна рўбарўи ҳам қарор мегиранд.
КУРУШ
Малика нома кардааст…
КУРУЗ
Чӣ менависад?
КУРУШ
(мехонад)
«Шоҳ Куруш! Мебинам, ки пулҳои шиновар месозиву тиру камонҳо омода мекунӣ. Магар чунин ба хостгорӣ меоянд?.. Ҳоло ки вақт аст, аз қасдат баргарду султони мулки худ бош ва фармонравоии ин мулкро ба мо бигзор. Агар ин маслиҳатро напазирӣ, пешниҳоди дигар дорам: ман лашкарамро аз рўд ба масофаи серўза роҳ дур мебарам, ту ба ин соҳил биё; ё ту лашкаратро серўза роҳ дур бибар, ки ман ба он соҳил биравам, то набард бикунем…»
КУРУЗ
Чӣ қарор кардӣ, Куруш?
КУРУШ
Маликаро ба меҳмонӣ бипазирем, беҳтар аст…
КУРУЗ
Аз барои Зевс, ин корро накун, Куруш!
КУРУШ
Чаро? Магар иззати зан воҷиб нест?
КУРУЗ
Дидаам, ки порсҳо занро басо арҷ мегузоранд, вале ин мавриди дигар аст… Агар худу лашкаратро ҷовидона аз шикаст эмин бидонӣ, ихтиёр дорӣ, вагарна бояд аз тақдири талхи ман ибрат бигириву ба ҳарфам гўш бидиҳӣ.
КУРУШ
Хуб, бигў ҳарфатро.
КУРУЗ
Агар маликаро ба қаламрават роҳ бидиҳӣ, дар сурати шикаст тамоми мулкат аз даст меравад. Ё гумон дорӣ, ки адўи пирўз бо як набарди саркўбиат қонеъ мешаваду ба умқи кишварат надаромада, ба хоки хеш бармегардад?
КУРУШ
Бовар дорам, ки пирўзӣ насиби мост. Хоки ватан қудрат мебахшаду дастгирамон мешавад…
КУРУЗ
Дар он сурат ҳам комёбиат начандон хоҳад буд: душманро аз сарзамини хеш берун мекуниву бас ва боз маълум нест, ки дар он соҳил чӣ интизорат аст…
КУРУШ
Хуб, ба фикри ту чӣ бояд кард?
КУРУЗ
Тавре ки худ пешниҳод кардааст, бояд ба он соҳил гузашта, ба қадри ақибнишиниаш ба умқи он сарзамин ҳаракат бикунӣ… Вале массагетҳо, аз рўи шунидам, мардуми ғаюранд ва бо набарди ҳалол саркўбашон кардан имконнопазир аст, ҳилае мебояд…
Мусиқии мудҳиш.
Ба ду ҷониб рафта, саҳнаро чарх мезананд ва ба тахтҳои хеш мешинанд.
КУРУШ
Ҳилаат кор дод, Куруз: мо асоси лашкарро ақиб бурдему гурўҳеро сари хони бузурги базм нишондем. Массагетҳо, бо як ҳуҷум он гурўҳро нобуд карда, худ сари хони шоҳонаи мо нишастанд ва то аз по афтодан хўрданду нўшиданд. Он гоҳ мо ҳамла оварда, торуморашон кардем ва қисмеро ҳам бо сарлашкарашон – писари малика Спаргапис, асир гирифтем. Ба як гўшаи саҳна, ки дуд ё меғаш пўшидааст, меояд. Дуд ё меғ пароканда мешавад ва Курушро бо Спаргаписи асир мебинем.
КУРУШ
(механдад)
Хуб, Спаргаписи далер, разм беҳтар будааст ё базм?
СПАРГАПИС
Базме, ки маст бишавию дигар ҳаргиз ба худ наоӣ… Хоҳиш дорам, Куруш, ханҷаратро ба синаам бизан…
КУРУШ
Туро мефаҳмам, Спаргапис. Дар ин ҳол ҳар сарлашкари боном марги хешро орзў мекунад. Вале ту ҳоло даркорӣ, натанҳо ба модарат, ба ман ҳам даркорӣ, сари ту ба як кишвар меарзад…
САДОИ ТОМИРИС
Эй Куруш! Мабол, ки на дар набарди мардона ва на бо зўри силоҳ, балки бо ҳилаву найранг пирўз шудаӣ… Инак, мард бош ва писари маро раҳо бинмову ба кишвари хеш баргард, вагарна саратро дар машки хун ғарқ мекунам, то ки аз хун сер бишавӣ!
КУРУШ
Ин чӣ таҳдид аст, малика? Оё намедонӣ, ки сеяки лашкарат нобуд шудаву чаҳоряки кишварат зери дасти мост?
САДОИ ТОМИРИС
Савганд ба Офтоб, ки ҳама ҷаҳон зери дасту тамоми инсоният лашкарат бошад ҳам, агар писарамро раҳо нанмоиву ба кишварат барнагардӣ, саратро дар машки хун ғарқ мекунам!
КУРУШ
(кордашро аз ғилоф бароварда, банди дасту пои Спаргаписро мебурад ва кордро ба гўшае мениҳад)
Як талабатро иҷро кардам, дувумаш иҷронопазир аст, малика…
Спаргапис, чолокона кордро гирифта, ба синаи хеш мезанад.
КУРУШ
(гирди саҳна гашта)
Писаратро ман накуштаам, малика, писаратро ман накуштаам!..
Рафта бар курсӣ менишинад.
Куруз дар паҳлўи ўст.
Он вопасин набарди ман буд, Куруз… Рўзи дигар Томирис ҳуҷум кард ва чун маликаи бовафо… ваъдаашро комилан ба ҷо овард…
КУРУЗ
Ту сарбоз будӣ, сарбози кишвари хеш. Ва чун сарбоз дар майдони набард ҳалок шудӣ. Ин хушбахтии ту, ба қавли худат, охирин барори кори туст, Куруш…
КУРУШ
Медонӣ, Куруз, нобарории аввалинам кадом буд?
КУРУЗ
…
КУРУШ
Мурда ба дунё омадани тифлаки чўпон Митрадат ва ба шарофати ў зинда мондани ман…
КУРУЗ
Нобарории вопасини ман зоҳиран набард бо ту буд, Куруш.
Вале кам касон медонистанд, ки кўҳҳои симу зарам чӣ нобарориҳо, чӣ нокомиҳо, чӣ бадбахтиҳои маро ниҳон медоштанд! Ҳатто фарзандон, ки асли хушбахтии ҳар инсонанд, барои ман ифодаи нобарорӣ буданд: якеро фолбинҳо ба марги зуд маҳкум намуданд ва, ҳарчанд эҳтиёташ кардам, қисмат бетараҳҳум монд; дигарӣ лол буд ва фолбинон гуфтанд, ки танҳо дар яке аз бадтарин рўзҳои умри ман забон мебарорад. Ва ҳамон рўзе, ки дар набарди ту аз по афтодаму як сарбозат бо шамшер бар сарам тохт, писараки як умр лолам аз ваҳшат дод зад, ки «Падарамро накушед! Шоҳ аст ў!»
Бори аввал тавонист, ки падарашро шоҳ бигўяд, вале падараш аллакай шоҳ набуд, ғулом буд…
КУРУШ
Вале фарёди саҳл набуд он – маҳз аз ҳамон фарёд Куруз буданатро фаҳмиданду зинда назди манат оварданд…
КУРУЗ
Оре. Ту барои гулхани азиме ҳезум фароҳам овардиву маро рўи он шинондӣ. Ва чун оташ аланга зад… Аз зери курсии Куруз оташ аланга мезанад ва шуълаҳои он саропои ўро фаро мегиранд. Афсўс, ки месўзам! Дод аз беандешагӣ! Фарёд, ки ҳама ганҷамро дар баҳои як сухани Солони ҳаким надодам!
КУРУШ
Чӣ сухан будааст он?! Эй мардум, хомўш кунед оташро, фаҳмидан мехоҳам ман: чи сухан будааст он, ки ба ҳама ганҷи Куруз меарзидааст?!
САДОҲО
Хомўш намешавад оташ!
Хомўш намешавад оташ!
Хомўш намешавад оташ!
Ғалоғулаи одамон, садои алангаи гулхан.
КУРУЗ
Худоё, наҷотам бидеҳ! Ба хотири ашкҳое, ки шабони муноҷот, фориғ аз тахту тоҷ, давлату сарват, симу зар, дур аз чашми мардуми аз доғу дардам бехабар мерехтам, наҷотам бидеҳ!
Наҷотам бидеҳ, ки ба шоҳон аз ночизии тахту тоҷ бигўям, аз нопойдории давлату сарват бигўям, аз бебақоии бахти одамӣ бигўям! Наҷотам бидеҳ, Худоё, наҷотам бидеҳ!
Атроф торик мешавад.
Садои раъду равшании барқ ва резиши селборон.
Батадриҷ хомўшӣ ҳукмрон ва саҳна равшан мешавад.
Солон, ҳакимон, дигар иштирокчиёни намоиш пайдо шуда, гирди саҳна давр мезананд.
КУРУШ
Бигў, Солон, хушбахт кист?
СОЛОН
Он ки дар умраш ақаллан як нафарро хушрўз кардаву боиси бадбахтии касе нашуда бошад.
КУРУЗ
Мо чӣ, Солон, мо?
СОЛОН
…
КУРУШ
Оташе ҳаст, ки тамоми умр инсонро месўзад ва пас аз марг – бештар. Оё обе ҳаст, ки он оташро хомўш бисозад?
СОЛОН
Борони ашкҳои мардум, танҳо борони ашкҳои самимии мардум метавонад хомўш бисозад он оташро. Вале на бар ҳама меборад он борон…
Оташ тахтҳои Курушу Курузро фаро мегирад ва торафт баландтар аланга мезанад. Дигар иштирокчиёни намоиш гирди онҳо мегарданд. Солону ҳакимон, дастҳо сўи само, гўё қатраҳои боронро пазироӣ мекунанд. Саҳнаро дуд ва ё меғ фаро мегирад. Зери навои пасти ҳазин садои чак-чаки борон ба гўш мерасад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё