КОРТҲОИ ПАРДОХТИИ БОНКӢ
Кортҳои пардохтии бонкӣ шуруъ аз соли 1951 дар ИМА пайдо шуда, ба зуди ҳамчун воситаи пардохтӣ дар тамоми олам паҳн гаштанд, зеро кортҳо аз лиҳози амният ва истифодабарӣ барои мизоҷон воситаи мувофиқ буда, истифодабарии онҳо дорои афзалиётҳои зиёд мебошад. Бароҳатии истифодабарии корт барои соҳибаш аз он иборат аст, ки ҳангоми ба мағоза ва муассисаи хизматрасон омадан бо худ миқдори зиёди пулӣ нақд гирифтагаштан лозим нест, аммо дар ҳар лаҳзаи ба худ мувофиқ метавонад харид намояд.
Дар ИМА коршиносон афзалиятҳои истифодабарии кортҳои пардохтии бонкиро зудтар дарк намуданд ва дар амалигардонии он кушишҳои зиёдеро ба харҷ доданд, ки ин албатта беҳуда набуд. Бо мурури замон афзалиятҳои истифодабарии кортҳои бонкӣ дар дигар давлатҳо паҳн гардид ва акнун бонкҳои дигар мамлакатҳо низ кушиш намуданд, ки истифодабарии кортҳои пластикиро васеъ ба роҳ монанд. Баъди он, ки кортҳои бонкҳои бонуфуз аз доираи миллӣ берун рафта ба байналхалқӣ табдил ёфтанд, шабакаи савдо ҳам мақоми ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Якуми октябри соли 1958 корти аввалини American Express барориш карда шуд. Аллакай баъди як сол ин ширкат 32 ҳазор корхонахо ва зиёда аз 475 ҳазор дорандагони кортҳоро хизмат мерасонд. Аз соли 1966 сар карда, Bank of America ба фурўхтани литсензия барои истифодабарии технологияи кортӣ ба бонкҳои дигар шурӯъ кард.
Дар ҳудуди кишварҳои собиқ шӯравӣ системаҳои байналхалқӣ ҳанӯз соли 1969 пайдо шуда буд. Аммо кортҳои онҳоро бонкҳои хориҷӣ таъмин мекарданд.
Имрӯз кортҳои ширкатҳои Visa ва Master Card дар тамоми олам аз ҷониби миллионҳо нуқтаҳои савдо мавриди истифода қарор гирифтаанд. Кортҳои дебетӣ ба мизоҷ аз лиҳози техникӣ мувофиқ мебошанд. Бо истифодаи чунин кортҳо пардохти ғайринақдӣ, гирифтани пули нақд идоракунии ҳисобро анҷом додан мумкин аст. Агар корт кредитӣ бошад бартарии дигараш аз он иборат аст, ки метавонед тавассути он қарз гиред. Дар ИМА 80℅-и молҳои мавриди ниёзи мардум ба воситаи кортҳои кредитӣ харида мешавад.
Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷиҳати истифодабарии кортҳои пардохтӣ дар аксарияти нуқтаҳои савдо ва хизматрасониҳо инфрасохтори зарурӣ ба монанди пост- терминалҳо, QR-рамзҳо, банкоматҳо, ҳамёнҳои электронӣ таъмин гардидаанд. Дар мамлакати мо истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ сол ба сол, махсусан дар давоми соли 2023 ба таври бесобиқа зиёд гардида истодааст. Тибқи маълумотҳои оморӣ ба санаи 31 декабри соли 2023 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби 24 ташкилоти қарзии молиявии ватанӣ 6,7 млн. адад кортҳои пардохтии бонкӣ ба муомилот бароварда шуда, нишондиҳандаи мазкур нисбат ба ҳамин санаи соли 2022 ба андозаи 32,6% зиёд мебошад. Шумораи кортҳои пластикӣ то моҳи декабри соли 2022 5,1 млн.ададро ташкил медод, ки ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба миқдори 1,6 млн.адад бо ҳисоби бузургии мутлақ афзоиш ёфтааст. Ин ҳолат шаҳодат медиҳад, ки талабот ба хизматрасонии бонкӣ тавассути истифодабарии кортҳои пардохтӣ рӯз ба рӯз тамоюли мусбӣ ба худ касб намудааст ва метавонад дар расонидани хизтамрасониҳои муосири бонкӣ нақши муассир дошта бошад.
Имрӯзҳо дар бозори молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд низомҳои пардохтӣ ба монанди Корти миллӣ, Express Pay-Корти миллӣ, Union Pay-Корти миллӣ, Visa, Mastercard, Express Pay, Union Pay фаъолият менамоянд, ки ҳар кадом дар расонидани амалиётҳои гуногуни бонки нақши босазои худро доранд. Махсусан, нақши ин низомҳои пардохтиро дар расонидани хизматрасонии интиқоли маблағҳо қайд кардан бамаврид аст.
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 2 240 адад банкомат ва 3 492 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд (НППН) насб намудаанд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мувофиқан 29,9 фоиз ва 63,8 фоиз зиёд мебошанд. Илова бар ин, барои қабули пардохтҳои ғайринақдии молу хизматрасонӣ дар нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ 6 939 адад POS - терминал ва 12 560 адад QR–рамз насб карда шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022 теъдоди онҳо мувофиқан 79,2 фоиз зиёд ва 28,0 фоиз кам мебошанд. Сабаби кам шудани теъдоди QR-рамзҳо ин гузариш ба QR-рамзи ягона мебошад. Шумораи терминалҳои худкори худхизматрасон ба санаи ҳисоботӣ ба 10 362 адад баробар гардид.
Ин нишондиҳандаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки муҳимияти ҷорӣ намудани хизматрасониҳои муосири бонкӣ ба ташкили инфрасохтори лозимӣ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар масъалаи рақамикунонии соҳаи бонкдорӣ аз мамлакатаҳои ҳамҷавор қафо намонда истодааст.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифодаи корти пардохтии бонкӣ чунин амалиёт метавонанд гузаронида шаванд:
- пардохти мол ва хизматрасонӣ, инчунин андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳо;
- гирифтани пули нақд аз банкоматҳо ва нуқтаи пешниҳод ва ё қабули маблағҳои пулии нақд;
- ворид намудани пули нақд ба суратҳисоби кортии худ тавассути банкомат ё нуқтаи пешниҳод ва ё қабули пули нақд.
Хулоса, рушди бозори кортҳои пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз омилҳои муҳимтарин дар ҳалли масъалаи рушди низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳаҷми пули нақд дар муомилот мебошад. Барои ҳалли масъалаи зикргардида,
Бонки миллии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои вусъат додани истифодабарии кортҳои пардохтии бонкӣ дар савдои чакана ва қабули онҳо ҳангоми пардохти молу хизматрасониҳо чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола такмилдиҳии инфрасохтори низоми пардохтро давом дода, бо мақсади кам кардани ҳиссаи муомилоти нақдӣ ва татбиқи технологияҳои пардохтии ҳозиразамон дар кишвар маҷмуи тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуда истодааст. Аз ин рӯ, бозори кортҳои пардохтии бонкӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол тамоюли мусбӣ ба худ касб намудааст.
Дар баробари ин васеъ намудан ва такмил додани ҳудуди истифодабарӣ аз кортҳои пластикӣ бояд аз эътибор соқит намонад. Дар ташкилотҳои қарзӣ баланд бардоштани дараҷаи техникӣ ва технологию коммуникатсионӣ барои такмили амалиёти самарабахши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бояд дар мадди назари роҳбарияти бонкҳои тиҷоратӣ бошад.
Сифати фаъолияти ташкилотҳо, бонкҳо, сифати ҳуҷҷатхои пешниҳоди пардохт ба бонкҳо ва дигар ҳуҷҷатгузориҳои бонкӣ, байни субектҳои хоҷагидорӣ, байни бонкҳо ва дигар соҳаҳо баланд бардошта шавад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё