Зеҳн

Такмили амалиёти асъорӣ

ЗЕ
зеҳни сунъӣ26 ноябри 2024 · 19 дақиқа хондан

Дар мақола масъалаҳои марбут ба такмили амалиёти асъорӣ аз нуқтаи назари дурнамои рушди онҳо баррасӣ карда мешаванд. Соҳаҳое, ки такмилро талаб мекунанд, муайян ва асоснок карда шудаанд. Намудҳои алоҳидаи амалиётҳои асъорӣ, ки дар оянда дар бахши бонкӣ метавонанд васеъ истифода шаванд, муфассал баррасӣ гардидаанд.

Пешниҳодҳои муаллиф дар бораи қонунигардонӣ ва истифодаи криптоасъор, ки солҳои охир дар як қатор кишварҳои мутараққӣ бештар истифода мешаванд, мавриди таваҷҷуҳ қарор ёфтаанд. Диверсификатсияи сандуқи қарзии асъории бонкҳои тиҷоратӣ, ки асосан аз қарзҳои долларӣ иборатанд, бо роҳи ҷорӣ намудани қарзҳои асъорӣ бо рубли русӣ, юани чинӣ ва лираи туркӣ ба коҳиш додани вобастагӣ аз доллари ИМА мусоидат хоҳад кард.

Тадбирҳои мушаххасе, ки ба коҳиш додани амалиётҳои ғайриқонунии асъорӣ нигаронида шудаанд, пешниҳод карда шудаанд.

Масъалаи марбут ба дурнамои рушди амалиёти асъорӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳамеша баҳсбарангез мебошанд, бинобар ин пешниҳоди роҳҳои такмили онҳо ҳамеша далелу бурҳонҳои аниқу дақиқро тақозо мекунад. Бо назардошти муҷаррадии мавзӯи мақола мо кӯшиш ба харҷ додем, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани онҳо воқеан имконпазир бошад.

Якум, мубодилаи асъори миллӣ бо асъори хориҷӣ тавассути кортҳои бонкӣ. Дар баробари пардохт намудан барои хариди молу маҳсулот ва хизматрасонӣ бо дилхоҳ асъор, новобаста аз суратҳисоби корти бонк, мизоҷон ба хизматрасонии мубодилавӣ низ эҳтиёҷ доранд. Мизоҷон аз сабаби он ки барои харидории асъори хориҷӣ дар бонкҳо интизорӣ мекашанд, мехоҳанд, амалиёти мазкурро дар хона анҷом диҳанд ва барои ин амал омодаанд, ки хароҷоти иловагиро пардохт намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки хизматрасонии мазкур на ба ҳамаи мизоҷони бонкҳои тиҷоратӣ дастрас мебошад. Шумораи маҳдуди бонкҳо чунин хизматрасониро бо маблағи маҳдуд пешниҳод менамоянд. Сабабҳои асосие, ки на ҳамаи бонкҳо имкони пешниҳод намудани хизматрасонии мазкурро доранд инҳоянд:

- имкониятҳои маҳдуди мубодилаи асъори хориҷӣ;

- БМТ анҷом додани хариду фурӯши доллари ИМА-ро бо қурби бозорӣ манъ намудааст.

Ба ақидаи мо, агар хизматрасонии мазкур аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ пурра ҷорӣ карда шавад, ҳолатҳои зерин ба назар мерасанд:

- рушди пардохтҳои ғайринақдӣ;

- баланд бардоштани назорати амалиёти асъорӣ, зеро кортҳои бонкӣ дар ҳолати мавҷуд будани суратҳисоби бонкӣ кушода шуда, ҳангоми кушодани суратҳисоби бонкӣ тамоми қоидаҳои муайянкунии мизоҷ анҷом дода мешавад;

- афзун гаштани даромади бонк (агар БМТ маҳдудияти қурби доллари

ИМА-ро аз байн барад); кам шудани навбат дар бонкҳо барои харидорӣ намудани асъори хориҷӣ.

Дуюм, яке аз имкониятҳои зиёд намудани даромади бонкҳои тиҷоратӣ чекҳои сафарӣ ба шумор меравад. Чекҳои сафарӣ воситаи пардохти муқаррарӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, харидорӣ ва барои ба сифати пардохти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ қабул намудани он бояд шартномаи дахлдори эмитент бо контрагенти дахлдор мавҷуд бошад.

Бартариятҳои асосии чекҳои сафарӣ инҳо мебошанд:

- қулай будани ҳисоббаробаркуниҳо. Ба воситаи чекҳои мазкур пардохти меҳмонхонаву тарабхонаҳо, хизматрасониҳои дигар ва хариди маҳсулот дар мағозаҳо имконпазир мебошад;

- бехатар ва эътимоднок нигоҳ доштани маблағҳо;

- бозпас кардани маблағ ҳангоми гум кардани чек, бемаҳдуд истифодабарии чекҳои сафарӣ;

- имконияти ба хориҷа бурдани чеки сафарӣ бе маҳдудияти маблағ;

- бехатар нигоҳ доштани маблағ бо асъори хориҷӣ.

Новобаста аз ин бартариятҳо истифодаи бевоситаи чекҳои мазкур дар қаламрави ҷумҳурӣ расман иҷозат дода шуда, аммо ҳаҷми гардиши онҳо тақрибан вуҷуд надоранд. Яке аз сабабҳои асосии ин ҳолат, дар ҷумҳурӣ мавҷуд набудани инфрасохтори зарурӣ барои қабули чунин чекҳо мебошад.

Сеюм, криптоасъор намуди пули рақамӣ буда, ба пули миллӣ асос намеёбад ва барориши он аз ҷониби маркази ягона назорат карда намешавад. Дар айни замон, беш аз 700 намуди криптоасъори рақамӣ вуҷуд дорад, ки гардиши сармоявии бозории онҳо тақрибан 13 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Яке аз криптоасъори маъруф дар айни замон биткойн ба шумор меравад. Дар айни ҳол, дар гардиш беш аз 16 миллион биткойн мавҷуд буда, пешбинӣ карда шудааст, ки дар соли 2100 шумораи он то ба 21 миллион мерасад.

Талаботи зиёд ба биткойн ҳамчун воҳиди пардохтӣ дар ҳолатҳои зерин ба вуҷуд меояд:

- мавҷуд будани самаранокии иқтисодӣ ҳангоми анҷомдиҳии пардохтҳо (пардохтҳои фаврӣ бо арзиши транзаксияҳо ифода мегарданд) нисбат ба воситаҳои пардохтии анъанавӣ;

- пўшида будан ҳангоми ҳисоббаробаркунӣ, ки криптоасъор дар ҳолати истифодаи амалиёти ғайриқонунӣ маъруф мегардад;

- шумораи зиёди нуқтаҳои савдо, ки омодаанд биткойнро ба сифати пардохт қабул намоянд (интернет-мағозаҳо, тарабхонаҳо ва ғайра);

- мавҷуд будани нуқтаҳои мубодилавие, ки дар онҳо хариду фурӯши биткойн бо асъори муқаррарӣ имконпазир бошад.

Новобаста аз афзоиши гардиш ва ҳаҷми криптоасъор, аз ҷумла биткойн, истифодаи криптоасъор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. БМТ қайд менамояд, ки ба криптоасъор ҳамлаҳои кибернетикӣ хос буда, инчунин, он ҳангоми амалиёти маблағгузории терроризм ва қонунигардонии маблағҳо истифода карда мешавад. Бо назардошти он ки амалиёт миёни дорандагони биткойн бе иштироки муассисаҳои молиявӣ сурат мегирад, гузаронидани амалиёти ҷиноятӣ, аз қабили амалӣ намудани маводи мухаддир ва дигар маводҳои ғайриқонунӣ бо иштироки маблағҳои виртуалӣ имконпазир мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон криптоасъор воситаи мубодила ва пасандоз, инчунин, воҳиди ҳисоббаробаркунӣ ҳисобида намешавад.

Ҳамзамон, як қатор давлатҳо истифодаи криптоасъорро дар низоми пулию молиявии худ дастгирӣ менамоянд. Ҳарчанд, давлатҳое, ки дар айни замон истифодаи онро дар иқтисодиёти худ расман иҷозат додаанд, қаблан истифодаи криптоасъорро манъ карда буданд.

Пас аз нашр намудани мақолаи Бонки марказии Аврупо дар моҳи октябри соли 2012 зери унвони “Virtual currency schemes” [9], ки дар он хавфҳо ва имкониятҳои истифодаи криптоасъор ва пули электронӣ пурра тавсиф карда шуда буд, ҳолати мазкур пурра тағйир ёфт. Дар моҳи августи соли 2013 Вазорати молияи Олмон истифодаи биткойнро ҳамчун воҳиди ҳисоббаробаркунӣ расман иҷозат дод. Дар моҳи сентябри соли 2013 Вазорати молияи Канада кушодани шабакаҳои банкоматиро оид ба мубодилаи биткойн дар шаҳрҳои калонтарини он ҷорӣ намуд. Дар моҳи декабри соли 2013 биткойн аз ҷониби Бонки Англия дастгирӣ ёфт. Дар моҳи феврали соли 2016 бонки Англия қарор кард, ки криптоасъори худии RSCoin-ро таъсис диҳад. Дар соли 2015 мақомоти назорати молиявии ИМА онро дар қаламрави кишвар қонунӣ намуда, ҳукумати штати Калифорния истифодаи онро баробари доллари ИМА иҷозат дод. Бонкҳои марказии Шветсия ва Дания моҳи январи соли 2017 нақшаи дахлдор пешниҳод намуданд, ки дар асоси он барориши пулҳои коғазӣ қатъ карда шуда, иқтисодиёти миллӣ пурра ба пулҳои электронӣ гузаронида мешавад. Нақшаи мазкур марҳила ба марҳила иҷро шуда истода, натиҷаҳои он аллакай ба назар мерасанд. Масалан, имрӯзҳо дар шумораи зиёди каҳвахонаҳои Шветсия эълон дар бораи қабул накардани пули нақд ҳангоми пардохт расман ҷорӣ шудааст.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод менамоем, ки имкониятҳои истифодаи криптоасъор дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омӯхта шавад. Истифодаи онҳо бо хавфҳои дахлдор алоқаманд мебошанд, аммо аз тарафи дигар, хавфҳо ҳангоми истифодаи пули анъанавӣ низ мавҷуданд.

Чорум, барҳам додани меъёри захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ. Айни замон, меъёри захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ ба андозаи 9% ва бо асъори миллӣ ба андозаи 3% муқаррар карда шудааст.

Меъёри захираҳои ҳатмӣ яке аз фишангҳои асосиии БМТ ба шумор рафта, ба воситаи фишанги мазкур сиёсати монетарӣ дар самти танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ анҷом дода мешавад. Дар ҳолате, ки БМТ ба дигар ташкилотҳои молиявӣ қарзҳои дарозмуддат пешниҳод наменамояд, нигоҳдории сатҳи пардохтпазирии низоми бонкӣ мантиқан нодуруст буда, ба ақидаи мо, дар чунин ҳолат бояд меъёри захираҳои ҳатмӣ бо сомонӣ ифода карда шавад. Тасдиқи дигар ин аст, ки мафҳуми ҳаҷми пул дар муомилот ҳаҷми умумии пули миллӣ дар иқтисодиёт ва сарчашмаҳои ташаккулёбии онро ифода менамояд.

Таҳлили таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон, ки дар онҳо низоми бонкӣ рушд ёфтааст, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки меъёри захираҳои ҳатмӣ аз рӯи амонатҳои ҷалбшудаи асъорӣ мавҷуд нест.

Ба ақидаи мо, баръакс, бояд шароити мусоид барои шаҳрвандони хориҷӣ фароҳам оварда шавад. Масалан, меъёри фоизии имтиёзнок, сабукӣ барои андозбандӣ, инчунин, қоидаҳои содаи хориҷкунии маблағ ҷорӣ карда шавад. Ҳамаи ин омилҳо бояд ба зиёдшавии амонатҳо, инчунин, ба афзун шудани ҷолибияти сармоягузории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, бонкҳои тиҷоратӣ мусоидат намоянд.

Ғайр аз он, дар ҳолате, ки талаботи мизоҷон ба қарзҳои сомонӣ зиёд аст, ба бонкҳои тиҷоратӣ лозим аст, ки маблағҳои пулии мазкурро ҷамъоварӣ намуда, онро барои қонеъ намудани талаботи мазкур равона намоянд. Вобаста ба ин, меъёри фоизӣ ҳам ба қарзгир ва ҳам барои бонкҳо бояд самаранок бошанд. Дар ин ҳолат, ҷалби пасандозу амонатҳо зарурӣ мешаванд. Аммо дар ҳолати беқурб шудани пули миллӣ, инчунин, сатҳи баланди таваррум, ҷалби ҳаҷми калони амонату пасандозҳо бо пули миллӣ, махсусан, барои давраи дарозмуддат ғайриимкон мегардад. Бо назардошти ин, аҳолӣ амонат ва пасандҳояшонро бо асъори хориҷӣ нигоҳ медорад. Дар ин ҳолат, дар низоми бонкӣ ҳолати ногувор ба амал меояд, зеро иқтисодиёти миллӣ талаботи зиёд ба пули миллӣ дорад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ бошад, сарчашмаҳои маблағҳои қарзӣ асъори хориҷӣ мебошад. Дар ин ҳолат, роҳи ҳалли мушкилоти мазкур хеҷкунонӣ мебошад, аммо ин унсур арзиши маблағҳои қарзҳои пешниҳодшударо гарон менамояд. Меъёрҳои захираи ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ вазъияти мазкурро боз вазнинтар намуда, ба гароншавии арзиши маблағҳои пулӣ таъсир мерасонад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло бекор кардани меъёри захираҳои ҳатмӣ бо асъори хориҷӣ имкон медиҳад, ки арзиши маблағҳои ҷалбшуда коҳиш дода шавад (бо назардошти хеҷкунонӣ).

Муҳим он аст, ки афзоиши амонатҳо бо асъори хориҷӣ (бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти миллӣ) ба бонкҳо имкон медиҳад, ки мизоҷони худро бо пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат таъмин намуда, ин намуди қарзҳо ба он мизоҷоне, ки маблағҳои мазкурро ба воситаҳои асосӣ сафарбар менамоянд ва ба онҳо қарзҳои дарозмуддат ва ё миёнамуддат лозим мебошад, зарур аст. Мутаассифона, дар айни замон, аксарияти бонкҳои тиҷоратӣ имконияти пешниҳоди қарзҳои дарозмуддатро бо пули миллӣ надоранд.

Панҷум, хавфи асосӣ ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ ин фарқияти қурбӣ мебошад. Бонкҳо бояд фаъолияти худро дар самти пешгўӣ намудани қурб тақвият дода, ҳангоми тағйирёбии вазъияти бозор, фавран чора андешанд. Маҳз ба ҳамин хотир, дар давоми рӯзи корӣ қурби асъор тағйир меёбад. Дар бонкҳои тиҷоратӣ ҳолатҳои зерин низ ҷой доранд:

- хариди рубл = 0,1500 сомонӣ;

- фурӯши рубл = 0,1520 сомонӣ.

Дар нимаи дуюми ҳамон рӯзи корӣ вазъият метавонад ба таври зерин тағйир ёбад:

- хариди рубл = 0,1550 сомонӣ;

- фурӯши рубл = 0,1570 сомонӣ.

Вобаста ба вазъияти дар боло нишондодашуда бонк то нисфирӯзӣ рубли русиро нисбат ба қурби нимаи дуюми рӯз арзонтар фурӯхт. Ба ақидаи мо, роҳи ҳалли чунин масъала нигоҳ доштани мавқеи дарози асъорӣ мебошад.

Шашум, васеъ намудани рӯйхати хизматрасониҳои низомҳои пардохтии байналмилалӣ. Мутаассифона, дар айни замон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои тиҷоратӣ шумораи маҳдуди кортҳои пардохтиро хизматрасонӣ менамоянд. Аслан, кортҳои пардохтии VISA хизматрасонӣ карда мешаванд.

Солҳои охир истифодаи кортҳои UnionPay аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ зиёд шуда истодаанд, зеро низоми мазкур фаъолона дар ин бозор ворид мегардад. Дигар низомҳои пардохтии байналмилалӣ, аз қабили MasterCard, American Express, Maestro ва дигарон дар сатҳи нокифоя қарор доранд. Дорандагони кортҳои мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи чунин кортҳо мушкилӣ мекашанд. Ин маънои онро дорад, ки бонкҳои тиҷоратӣ ҳаҷми калони асъори хориҷӣ ва дар ин замина ҳаққи хизматрасонии чунин кортҳоро аз даст медиҳанд. Ин ҳолат мустақиман ба тиҷорат (меҳмонхонаҳо, тарабхонаҳо, мағозаҳо ва ғайра) таъсири худро мерасонад.

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо омили мазкур ба соҳаи туризм низ таъсири манфии худро мерасонад. Ҳол он ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби бештари сайёҳон корҳои назаррас анҷом дода мешавад. Аз ҷумла:

1. Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имконоти сайёҳии кишвар ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кард.

2. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019 – 2021.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва бо мақсади рушди иқтисодиёти миллӣ, инчунин, ҷалби бештари сайёҳон зарур мешуморем, ки истифодаи ҳамаи кортҳои маъруфи байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шаванд.

Ҳамзамон, лозим медонем, ки аз ҷониби бонкҳои тиҷоратӣ истифодаи ҳамаи кортҳои бонкии низомҳои пардохтии байналмилалии асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Барои амалӣ намудани ҳолати мазкур ба бонкҳо зарур аст, ки ҳамкориро бо низомҳои пардохтии номбаршуда ба роҳ монда, талаботи инфрасохтории хешро ба талаботи низомҳои мазкур ва бонкҳои шарик мутобиқ намоянд.

Ҳафтум, яке аз роҳҳои дигари диверсификатсияи сандуқи асъории қарзӣ ин пешниҳоди қарзҳо бо дигар асъорҳои хориҷӣ ба шумор меравад. Дар айни замон, қарздиҳӣ бо асъорҳои юан, рубл ва евро аз ҷониби мизоҷон хуб пазируфта шудаанд.

Маҳз ҳамин асъорҳо метавонанд дар бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон доллари ИМА-ро иваз намоянд.

1. Рубли русӣ – Федератсияи Русия яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2019 беш аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз ФР ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 беш аз 2,7 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Боварӣ дорем, ки ба гирандагони мунтазами интиқоли маблағ гирифтан ва пардохти қарз бо рубли русӣ муфид мебошад;

2. Юани Чин – Чин яке аз ҳамсоядавлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарики тиҷоратӣ мебошад. Барои соҳибкороне, ки бевосита бо шарикони хитоӣ кору фаъолият менамоянд, гирифтани қарзи тиҷоратӣ бо юан хубтар мебошад;

3. Барои соҳибкороне, ки бо давлатҳои Аврупо фаъолияти тиҷоратӣ доранд, талаботи онҳо барои гирифтани қарз бо евро зиёд мебошад.

Бо назардошти пешниҳодҳои боло ба бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки сандуқи асъории худро бо асъори шарикони асосии тиҷоратии хеш диверсификатсия намоянд.

Ин ҳолат ба ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат менамояд:

- таҷаммӯи хавфи асъорӣ. Таҷаммӯи сандуқи асъорӣ танҳо бо доллари ИМА дар худ хавфи таҷаммӯӣ дорад. Вобастагӣ аз як асъор таъсиррасонии бонкро баланд менамояд, ки ин омили манфӣ мебошад;

- ба мизоҷон мубодилаи қарзи асъорӣ зарур намешавад. Мисол, мизоҷ мехоҳад қарзро бо евро гирад, аммо чунин маҳсулот дар бонк вуҷуд надорад ва бонк ба мизоҷ пешниҳод менамояд, ки қарз бо доллари ИМА гирад. Аммо, ба мизоҷ зарур аст, ки ба шарикони хориҷии худ дар Аврупо евро гузаронад. Дар ин ҳолат, мизоҷ маҷбур мешавад, ки доллари ИМА-ро аз бонк гирифта, онро бо евро мубодила намуда, сипас, ба шарикони хориҷии худ равон намояд. Аммо ҳангоми мубодила мизоҷ аз ҳисоби фарқияти қурбӣ зарар мебинад. Пас аз ин, дар ҳоле, ки контрагенти мизоҷ ба мизоҷ маблағҳоро бо евро бозпас менамояд, мизоҷ бояд пардохти қарзро бо доллари ИМА анҷом диҳад. Мизоҷ дар ин ҳол низ бояд еврои худро ба доллар иваз намуда, пардохти қарзро амалӣ намояд, ки ин ҳам аз ҷониби мизоҷ пардохт намудани ҳаққи хизмати иловагиро талаб менамояд.

Ҳаштум, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо шарикони хориҷӣ дар самти истифодаи намудҳои ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ. Дар самти истифодаи ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ имкониятҳои хеле зиёд мавҷуд аст, аммо истифодаи онҳо дар бонкҳои тиҷоратӣ маҳдуд мебошад. Бонкҳои тиҷоратӣ бартариятҳои калони амалиёти ҳуҷҷатиро ба мизоҷон пешниҳод наменамоянд. Бонкҳои тиҷоратӣ то ҳол унсурҳои мазкурро бо қарздиҳии анъанавӣ иваз намуда истодаанд. Аз руйхати калони амалиёти ҳуҷҷатӣ, бонкҳои тиҷоратӣ аслан ба мизоҷон кафолатҳои бонкӣ, маблағгузории савдо, аз ҷумла, аккредитивҳои таъминшуда (ҳуҷҷатӣ)-ро пешниҳод менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо кафолатҳои бонкӣ ба мизоҷоне, ки фаъолияти худро дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мемонанд, пешниҳод шуда, бо назардошти хавфи калони давлатӣ, сатҳи пасти капитализатсия ва мавҷуд набудани рейтинги хориҷӣ, кафолатҳои берунии бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон на дар ҳама вақт ва на дар ҳама бонкҳои хориҷӣ қабул карда мешаванд. Ҳамзамон, аккредитивҳо, аз ҷумла, аккредитивҳои ҳуҷҷатӣ аз ҷониби мизоҷон кам истифода бурда мешаванд, ҳол он ки маҳсулоти мазкур, аз як тараф, хавфи тиҷоратро коҳиш дода, аз тарафи дигар, он ба мизоҷон андаке гарон мебошад. Арзиши баланди аккредитиви таъминшуда бо ҳаҷми маҳдуди пешниҳодшуда аз ҷониби бонкҳои хориҷӣ ба ноустувории низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста мебошад. Дар навбати худ, коҳиш ёфтани пешниҳодот бори дигар баррасӣ намудани лимитҳои хатти қарзӣ ба гароншавии арзиши маҳсулоти мазкур мусоидат менамояд. Ин ҳолат, аз як тараф, ба пастшавии ҳаҷми аккредитивҳо оварда расонида, аз тарафи дигар, ба мизоҷон маҳдудиятҳои гуногунро эҷод менамояд, ки дар натиҷа маҳсулот ба қисми зиёди мизоҷон дастнорас мешавад.

Яке аз роҳҳои дигари ҳалли ин масъала истифодаи инкассои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки аз ҳисоби арзиши хизматрасонӣ низ дастрас аст.

Нуҳум, бонкҳои тиҷоратӣ хароҷоти вобаста ба нақдгардонии асъори хориҷиро ба инобат мегиранд. Дар айни, замон БМТ барои пешниҳод намудани маблағи нақдинаи асъори хориҷӣ 0,45% ҳаққи хизматро муқаррар кардааст. Дар баробари ин, бонкҳои тиҷоратӣ барои нақдгардонии асъорӣ хориҷӣ имкон доранд, ки амалиёти мазкурро дар бонкҳои муросилотии хориҷии худ анҷом диҳанд. Дар айни замон, амалиёти мазкур танҳо бо бонкҳои Русия имконпазир буда, меъёри фоизии он аз сифати пул вобастагӣ дорад.

Ҳоло бонкҳо ду намуди асъори хориҷӣ пешниҳод менамоянд: brand new (асъори нақди хориҷии нав) ва fit (асъори нақди хориҷии истифодашуда). Фарқияти арзиши онҳо дар бозори бонкӣ барои 1 доллари ИМА 4 ва 5 копейка мебошад. Арзиши асъорҳои экзотикӣ хеле гарон мебошад. Риёли Арабистони Саудӣ ва лираи туркӣ то ба 10% аз маблағи нақдинаи пешниҳодшуда арзиш дошта, юани Чин бошад, нисбат ба дигар асъорҳо 25 маротиба зиёд мебошад [1].

Ҳамин тариқ, арзиш (бо назардошти ҳамаи хароҷот)-и асъори хориҷии нақдинаи brand new тақрибан ба 0,13% ва fit ба 0,11% баробар мебошад.

Барои коҳиш додани хароҷот дар самти мазкур пешниҳод менамоем:

1. Принсипи 90/10 истифода карда шавад. Яъне, 90% асъори хориҷии нақдинаи brand new ва 10% асъори хориҷии нақдинаи fit гирифта шавад. Барои чӣ мо бояд пурра ба истифодаи асъори хориҷии нақдинаи fit нагузарем? Дар ин самт бонкҳои тиҷоратӣ талаботи мизоҷонро ба инобат гирифта, наметавонад пурра ба асъори хориҷии нақдинаи fit гузаранд, зеро талаботи мизоҷон ба асъори хориҷии нақдинаи brand new зиёд буда, асъори хориҷии нақдинаи fit бошад, дар гардиши кам истифода мешавад. Аз ин лиҳоз, ба мизоҷон аз ҳар ду намуди асъори хориҷии нақдина пешниҳод карда шуда, ҳолати мазкур ҳам ба мизоҷон ва ҳам ба бонкҳои тиҷоратӣ муфид ва қулай мебошад;

2. Зиёд кардани ҳаҷми интиқоли маблағҳо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар. Айни замон, бонкҳои тиҷоратӣ кўшиш менамоянд, ки нақши худро дар бозори интиқоли маблағ (дар самти пешниҳоди интиқоли маблағ) ҳарчи зиёд намоянд, аммо ба онҳо зарур аст, ки самти интиқоли маблағро аз Ҷумҳурии

Тоҷикистон ба хориҷа низ рушд диҳанд. Афзоиш ёфтани ҳаҷми интиқоли маблағ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба бонкҳои тиҷоратӣ имкон медиҳад, ки асъори хориҷии нақдинаро истифода бурда, сарчашмаи дигари пайдоиши асъори хориҷиро дарёфт накунад, аз ҷумла, нақдикунонии асъори хориҷӣ аз бонкҳои муросилотӣ, ки ин ҳолат хароҷоти амалиёти асъории бонкҳоро дар ин самт коҳиш медиҳад.

Даҳум, агар бонкҳои тиҷоратӣ хоҳанд, ки сандуқи қарзии асъории хешро диверсификатсияи кунанд, пас, ба онҳо зарур аст, ки сарчашмаи маблағҳои пулии мазкурро диверсификатсия кунанд. Яъне, барои қарздиҳӣ бо рубли русӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки сарчашмаи рубли русӣ дошта бошанд (барои пешниҳоди он ба қарз). Яке аз сарчашмаҳои асосии маблағи қарзӣ, пасандозу амонати аҳолӣ ба шумор меравад. Агар амонати муҳлатнок бо доллари ИМА дар бонкҳои тиҷоратӣ маъмул бошад (қариб ҳамаи бонкҳои тиҷоратӣ амонати муҳлатнокро бо доллари ИМА қабул менамоянд), пас, ҳолати мазкур бо асъори дигари хориҷӣ ба куллӣ фарқ дорад. Амонати муҳлатнок бо рубли русӣ ва евро хеле кам буда, бо юани Чин умуман вуҷуд надорад.

Зарур мешуморем, ки бонкҳои тиҷоратӣ бояд фаъолияти хешро дар самти диверсификатсияи амонатҳои асъории муҳлатнок ҷоннок намоянд. Афзоиши базаи амонатӣ бо асъори гуногун ба бонкҳо имкониятҳои зеринро фароҳам меорад:

- диверсификатсияи хавфҳои асъорӣ;

- афзун кардани сандуқи қарзии асъорӣ;

- зиёд шудани имконият барои амалиёти мубодилавӣ;

- зиёд кардани даромад.

Таҳлили дурнамои рушди амалиёти асъорӣ дар бонкҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ин самт имкониятҳои васеъ барои рушд мавҷуд буда, ҳатто баъзе аз самтҳои дигар то ҳол амалӣ карда нашудаанд. Зарурати такмил додани амалиёти асъорӣ дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, аз вазъияти тағйирёбандаи доимии бозор, арза ва тақозо, инчунин, аз омилҳои дигари дохиливу берунӣ вобастагӣ дорад. Рушди фаъолияти бонкӣ дар ин самт бо суръат ва дурустии қарорҳои қабулшуда ва дигар омилҳо зич алоқаманд мебошад.

Ёздаҳум, дар банди аввал дар бораи фурӯшандагони асъори хориҷӣ қайд карда, иттилоъ дода будем, ки дар айни замон дар ҷумҳурӣ касби нав пайдо шудааст, ки намояндагони он асъори хориҷиро аз бонкҳои тиҷоратӣ харидорӣ намуда, онҳоро дар бозори “сиёҳ” мефурӯшанд. Масъалаи мазкур айни замон мубрам мебошад, зеро фурӯшандагон иштирокдорони фаъоли бозори “сиёҳ” буда, ба иқтисодиёти миллӣ зарари калон мерасонанд. Ба ақидаи мо, бояд корро дар самти муайянкунии харидорони асъори хориҷӣ тавассути ташкили базаи ягонаи харидорони асъори хориҷӣ дар тамоми ташкилотҳои қарзӣ пурзӯр намоем. Ин ҳолат ба муайян ва назорат кардани шахсоне, ки ба амалиёти ғайриқонунии хариду фурӯши асъори хориҷӣ машғул мебошанд, имкон фароҳам меоварад. Аз тарафи дигар, кормандони бехатарии бонкҳои тиҷоратӣ бояд тартиботи дохилиро ҳангоми хариду фурӯши асъори хориҷӣ таъмин намуда, ҳолати аз ҷониби иштирокдорони бозори “сиёҳ” харидани асъори хориҷиро бартараф намоянд.

Ба ақидаи мо, агар аз ҷониби мақомоти давлатӣ, БМТ ва худи бонкҳои тиҷоратӣ дар ин самт корҳо ҷоннок карда нашаванд, масъалаи бозори “сиёҳ”, ки ба гузаронидани сиёсати асъории БМТ таъсири манфӣ мерасонад, боз ҳам вазнинтар мешавад.

Дувоздаҳум, барои баланд бардоштани самаранокии анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ бонкҳои тиҷоратиро зарур аст, ки қисми таҳлилиро пурзӯр намуда, ҳамин тавр, фавран амалиёти асъории даромаднок ва зарароварро муайян намоянд. Барои ин, пеш аз ҳама, бояд низоми баҳисобгирӣ ва муҳосибот ба таври автоматӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, ба бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки “Activity – based costing” (ABC)-ро гузаронанд.

Технологияи арзёбии функсионалии ҳисобкунии ABC аз доираи ҳисобкунӣ ва технологияи баҳисобгирӣ мебарояд. Вай иттиллоот ва нишондиҳандаҳои гуногуни молияви (хароҷот, даромад, дороиҳо, уҳдадориҳо)-ро, ки ба фаъолияти ҷорӣ вобаста мебошанд, фаро мегирад.

Дар муқоиса бо равиши анъанавӣ, ки яке аз сабабҳои хароҷот истеҳсолот мебошад, дар низоми нав робитаи ғайримустақим байни нишондиҳандаҳои молиявӣ ва объектҳои баҳисобгирӣ тавассути амалиёт асос ёфтааст. Фаъолият ҳамчун асоси раванди технологӣ, фурӯш ё идоракунии раванд ҷалб намудани ҳамаи намудҳои захираҳоро талаб мекунад. Ин дар навбати худ имкон медиҳад, ки алоқамандии амалиёт бо дороиҳои барои татбиқи онҳо зарурӣ, хароҷот ҳангоми иҷрои онҳо ва уҳдадориҳои ҷалби дороиҳо пинҳон карда шаванд.

Ҳамин тавр, таҳлили мазкур имкон медиҳад, ки арзиши аслии ҳар як амалиёт ва хизматрасонӣ муайян карда шуда, минтақаи хавфнок пайдо ва чораҳои дахлдор қабул карда шаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба