Зеҳн

ҶАНБАҲОИ НАЗАРИЯВИЮ МЕТОДИИ НИЗОМИ ПАРДОХТИ МИЛЛӢ

АХ
Ахбор26 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Ҷанбаҳои назариявию методии низоми пардохт ва низоми пардохти миллӣ баррасӣ шудааст. Дар доираи таҳқиқ таърифҳои пешниҳод намудаи олимони зиёдро оид ба низоми пардохт баррасӣ шуда, дар асоси онҳо таърифи муаллифӣ пешниҳод гардидааст, ки дар он хусусиятҳои хоси низоми миллии пардохт ва самараи он ба рушди иҷтимоӣ- иқтисодии кишвар ба мадди назар гирифта шудааст. Самараи мултипликатсионии низоми пардохти мукаммал таҳқиқ шуда, самараи умумӣ барои агентҳои иқтисодӣ шарҳ дода шудааст. Дар заминаи натиҷаҳои ба даст овардашуда ҷиҳати такмили асосҳои институтсионалию меъёрии танзиму рушди низоми пардохти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод шудаанд.

Пойдоршавӣ ва ташаккули низоми пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҷдиди низоми иқтисодиёти миллӣ вобаста буда, тайи 30 соли соҳибистиқлолии кишвар хусусиятҳои хос пайдо кардааст. Зеро дар давраи муосири тараққиёт дар мамлакат механизмҳои пардохти мушкил ва низоми пардохти дорои операторҳои мухталифи аз ҳам вобаста буда истифода шудаанд, ки рақобат ва ҳамкориро байни ташкилоти зиёди иштирокдор тақозо менамояд. Бояд иброз намуд, ки дар солҳои аввали истиқлолият кулли натиҷаҳои ноилшуда дар самти низоми пардохт дар кишвар ба нақши калидии бонки марказӣ вобаста буд. Минбаъд тайи 15 соли охир рушди низоми пардохтро ба таври табиӣ арзёбӣ намудан мумкин аст, ки зери таъсири таҷрибаи ҷаҳонӣ ба такмили фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва низоми бонкии кишвар мусоидат мекунад.

Филҳол баробари таъмини гардиши пул дар иқтисодиёт ва иҷрои самарабахши кулли вазифаҳои пул ҳамчун категорияи иқтисодӣ бояд амнияти ҳисоббаробарсозиҳо дар кишвар таъмин гарда, низоми пардохт содаю камхарҷ ва дастраси аҳолию дигар субъектони хоҷагидор боша. Истифодаи технологияҳои муосири инфрасохтори молиявӣ ва низоми пардохт дар ин самт аҳамияти муҳим дорад. Инчунин бояд пардохтҳо саривақт амалӣ гарданд ва ташкилоте, ки тариқи онҳо амалиётҳои пардохтӣ анҷом дода мешаванд, расман фаъолият дошта бошанд. Баробари ин фаъолияти низоми пардохти миллӣ, ки эмитент ё худ операторҳои он резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, вусъат дода шуда, таҷрибаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳамгироии операторҳои низоми пардохт бо назардошти самараи умумӣ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ тадриҷан амалӣ карда шавад. Гуфтаҳои боло собит менамоянд, ки дар шароити муосир моҳият ва аҳамияти низоми пардохт, ки унсури ғайримутамаркизи низоми молиявӣ-қарзӣ тавсиф дода мешавад, ба куллӣ тағйир меёбад ва минбаъд такмили механизми идоракунӣ ва хосатан танзими ин низом тақозо карда мешавад.

Низоми пардохт қисми муҳимми инфрасохтори молиявии миллӣ маҳсуб меёбад. Зеро мавҷудияти инфрасохтори молиявӣ маҳз барои таъмини гардиши самарабахши пул дар иқтисодиёти миллӣ ва иҷрои кулли вазифаҳои пул нигаронида мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки истифодаи низоми пардохт дар раванди пардохт ва ё қабули маблағ ба аҳолию субъектони соҳаи тиҷорат, инчунин мақомоти давлатӣ дастрас ва бехатару самаранок бошад. Зеро асоси суботу устувории низоми иқтисодӣ ва молиявиро пардохтҳо таъмин менамоянд. Тараққиёти пайвастаи технологияҳои иттилоотӣ ва ворид намудани онҳо дар фаъолияти сохторҳои бахши молиявии иқтисодиёт шароити низоми молиявии миллиро тағйир медиҳад. Тариқи низоми пардохт вусъат додани раванди гардиши пул дар соҳаҳои иқтисодиёт, ҳатто дар шароити муосир ҳавасмандии молиявиро ба миён меорад, ки бо гардиши пулҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёт алоқаманд аст.

Дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши тадриҷии шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба муомилоти ғайринақдӣ ба мушоҳида мерасад. Ин мулоҳизаро он нукта исбот мекунад, ки мутобиқи додаҳои омори расмӣ ҳамасола ҳиссаи ҳисоббаробарсозиҳои ғайринақдӣ дар раванди иҷрои ӯҳдадориҳо ва пардохти маблағи хизматрасониҳо дар кишвар афзоиш меёбад. Тавусеаи чунин шакли ҳисоббаробаркунӣ ба ҳадафи саноатикунонии босуръати иқтисодиёти кишвар низ мувофиқ аст. Зеро дар ин раванд технологияҳои иттилоотӣ инкишов ёфта, боиси бунёди роҳҳои иловагии ҳамкорӣ байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолгарон мешавад, ки он раванди такрористеҳсолро ҳавасманд мегардонад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар шароити муосири муносибатҳои иқтисодӣ инкишофи пайвастаи технологияҳои иттилотӣ-комуникатсионӣ дар соҳаи низоми пардохт ва такмили босурати технологияи коркард ва ҳифзу пешниҳоди иттилоот ба амал меояд. Рушди минбаъдаи технологияҳои молиявӣ ва рақамӣ ба низоми пулию молиявӣ ва ҳатто низоми бонкӣ низ таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар асоси гуфтаҳои боло метавон қайд намуд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ ба масъалаи стандартизатсия, назорат ва арзёбии фаъолияти низоми пардохт диқати хоса зоҳир мегардад ва нақши калидиро дар ин самт институтҳои молиявии ҷаҳонию минтақавӣ ва бонкҳои марказии давлатҳо мебозанд. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 рушди инфрасохтори молиявӣ яке аз самтҳои муҳимми такмилталаб дар бахши молиявии кишвар маҳсуб меёбад, ки дар таркиби он низоми пардохти миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Вобаста ба ин масъала дар стратегияи номбурда самти зерини ислоҳоти бахши молиявӣ муайян шудааст: фароҳам овардани замина барои паст кардани нархи хизматрасониҳои молиявӣ ва коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ аз ҳисоби ҷорӣ намудани равандҳои инноватсионии фаъолияти соҳибкорӣ, гузариш ба сохторҳои ташкилии тағйирпазир, модернизатсияи заминаи техникии муассисаҳои молиявӣ, истифодаи васеи усулҳои муосири идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ (фосилавӣ, аз ҷумла бонкдорӣ тавассути интернету воситаҳои мобилии алоқа ва низомҳои пардохт), истифодаи васеи воситаҳои электронии пардохт, баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ, амният, сифати хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт, рушди заминаи техникию инфрасохтори низоми пардохт. Бо назардошти гуфтаҳои боло дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи фаъолияти низоми пардохт ва операторҳои он, инчунин ҷанбаҳои назариявию методии тарақиёти низоми пардохти миллӣ тадқиқи амиқро тақозо менамояд.

II.Ҷанбаҳои назариявӣ-методии таҳқиқ. Барои дарки мавқеи низоми пардохт дар шароити нави муносибатҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ташкили пардохт баррасии муносибатҳои илмӣ оид ба мафҳуми низоми пардохт тақозо мегардад. Бояд қайд намуд, ки доир ба мафҳуми категорияи мазкур муҳаққиқон ва иститутҳои таҳқиқотию молиявӣ ба таври кофӣ таҳқиқот анҷом додаанд, вале низоми пардохтро дар доираи соҳаҳои мухталифи молиявӣ (сиёсати монетарӣ ва бозорҳои молиявӣ) баррасӣ намудан имконпазир мебошад. Пеш аз ҳама, бояд таърифи «низоми пардохт» дар доираи қонунгузориҳои давлатӣ ва таҳқиқоти олимони ватанию хориҷӣ, инчунин санадҳои меъёрии сатҳи ҷаҳонию минтақавӣ баррасӣ гардида, таърифи мутобиқ ба мундариҷаи ин категорияи иқтисодӣ пешниҳод карда шавад.

Тадқиқоти олимони ватанӣ, аз ҷумла Раҳимов З.А., Лалбеков И., Қаюмов Н.Қ., Раҳимов Р.К., Умаров Ҳ.У., Раҳимов Ш.М., Саидмуродов Л.Ҳ., Султонов З.С., Ризоқулов Т.Р., Давлатов И.Х. ва дигарон ба рушди низоми бонкӣ ва инфрасохтори бахши молиявӣ дар давраи гузариш бахшида шудаанд. Қайд кардан зарур аст, ки дар асарҳои илмии олимони мазкур ҷанбаҳои мухталифи татбиқи сиёсати монетаристӣ, ташаккули низоми бонкӣ ва низоми пардохт дар мамлакат, инчунин ҳисоббаробарсозиҳои ғайринақдӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Вале моҳияти иқтисодии низоми пардохт, инчунин низоми пардохти миллӣ, ки комилан мундариҷа ва хусусиятҳои ин категорияро фарогир бошад, таҳқиқоти иловагиро тақозо менамояд.

Масъалаи дарки моҳияти низоми пардохт чун категорияи иқтисодӣ дар шароити табиати инноватсионӣ пайдо кардани инфрасохтори молиявӣ беш аз пеш вижагиҳои махсус касб менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки роҷеъ ба таърифи иқтисодии низоми пардохт байни олимон иттифоқи ороъ ба назар намерасад. Дар шароити муосир тавзеҳи моҳияти низоми пардохт аз назари технологӣ, умумииқтисодӣ, ҳуқуқӣ-ташкилӣ, институтсионалӣ, сохторӣ-функсионалӣ, олатӣ, такрористеҳсолӣ пешниҳод шудааст. Бо вуҷуди аз ҷониби ҳамаи олимон эътироф шудани зарурати низоми пардохт ба рушди муосири иқтисодиёт ва молиято ҳол ҷанбаи консептуалии умда дар таҳқиқи ин зуҳуроти иқтисодӣ мавҷуд намебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» (аз 07.08.2020 № 1723) асосҳои ҳуқуқию ташкилии фаъолияти низоми пардохт ва тартиби пешниҳод намудани хизматрасониҳои пардохтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, ба рушди низоми пардохт дар кишвар мусоидат мекунад. Дар ин санади меъёрӣ низоми пардохт маҷмӯи ташкилотҳое муайян шудааст, ки аз оператори низоми пардохтӣ, оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ, инчунин камаш се иштирокдор - ташкилоти қарзии молиявӣ иборат буда, бо мақсади интиқоли маблағ мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал менамоянд. Дар ин таъриф собит мешавад, ки низоми пардохт аз субъектони якҷоя амалкунандаи соҳаҳои пулию қарзии аз ҳам вобаста ташаккул меёбад ва субъекти асосӣ - оператори низоми пардохт мебошад, ки ин низомро идора ва қоидаҳои умумии онро дар чорчӯбаи қонун танзим мекунад. Инчунин таъкид шудааст, ки оператори хизматрасониҳои инфрасохтори пардохтӣ барои иҷрои вазифаҳои иттилоотӣ ва вазифаҳои дигари технологӣ дар низоми пардохт ҳангоми интиқоли маблағ ширкат варзида, бояд низоми пардохт камаш се ташкилоти қарзӣро, ки хизматрасониҳои пардохтиро ба истифодабарандагон дастрас менамоянд дар бар гирад.

Аз муҳтавои таърифи қонунгузории кишвар доир ба «низоми пардохт» маълум мегардад, ки дар он субъектони иштироккунанда дар амалияи низоми пардохт ва талаботи умумӣ оид ба ташаккули ин низом таъкид шуда, таърифи мазкур аслан моҳияти ташкилӣ- ҳуқуқии ин категорияро ифода менамояд. Вале ин таъриф наметавонад моҳияти иқтисодии низоми пардохтро амиқ ифода намояд. Аз ин лиҳоз зарурати дар доираи таҳқиқи илмии васеъ баррасӣ кардани моҳияти низоми пардохт ба миён меояд.

Коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ Ҷ.Е. Стиглитс ва А. Бхатахариа қайд менамоянд, ки дар шароити ҷаҳонишавии иқтисодиёт низоми пардохт дар сари вақт бо иттилооти зарурӣ ва маҷроҳҳои пулӣ таъмин намудани иштирокдорони бозроҳои ҷаҳонии асъор ва молия аҳамияти калон дорад. Дар таърифи мазкур аҳамияти хоси низоми пардохт дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт муайян мегардад. Бояд қайд намуд, ки низоми пардохт ҳангоми ҳисоббаробарсозиҳо натанҳо дар раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт, балки дар амалиётҳои агентҳои иқтисодӣ дар доираи иқтисодиёти миллӣ низ аҳамияти калон дорад.

Брюс Ҷ. Саммерс яке аз олимони сатҳи ҷаҳонӣ, ки дар самти низоми пардохт таҳқиқоти бунёдиро анҷом додааст низоми пардохтро унсури ҳатмии низоми пулию қарзӣ мешуморад, ки аз қоидаҳои пешакӣ муайяншуда, тартиб ва механизми интиқоли воситаҳои пулӣ ва муассисаҳои муайяни иштироккунанда иборат мебошад. Ӯ таъкид менамояд, ки назорат ҷиҳати ҳамкории дохилии низоми пардохт предмети кории ҳам иштирокдорони бозор ва ҳам симоҳои расмӣ, хосатан намояндагони бонки марказӣ маҳсуб меёбад. Таҷрибаи гузаронидани таҷдиди бозорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки мавҷудияти низоми пардохти қонеъкунандаи талаботи симоҳои хусусӣ ва ширкатҳо дар интиқоли бехатару самараноки воситаҳои пулӣ унсури муҳимми инфрасохтор баҳисоб рафта, яке аз шартҳои бомуваффақ ба роҳи иқтисодиёти бозорӣ гузаштан мебошад. Аз ҷумла низоми пардохти мукаммал барои рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ нақши марказиро иҷро мекунад. Дар таърифи Брюс Ҷ. Саммерс механизими амалкард, зарурати ташаккул ва такмили ин низом, инчунин аҳамияти низоми пардохт дар фаъолияти бонкӣ таъкид мешавад. Вале бояд тазаккур дод, ки низоми пардохт ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳамкориҳои байналхалқӣ низ мусоидат менамояд.

Пол Ван ден Берг низоми пардохтро ҳамчун як навъи ӯҳдадориҳои маҷмӯии қабулнамудаи субъектони хоҷагидорӣ баррасӣ менамояд, ки дар лаҳзаи ба даст овардани захираҳои моддӣ ё молиявӣ ва дигар арзишҳо амалӣ мешаванд. Ӯ таъкид мекунад, ки низоми пардохт миёнаравиро дар интиқоли пардохти воситаҳои пулӣ аз як тарафи шартнома ба тарафи дигари он ҳангоми амалигардонии ҳисоббаробарсозиҳо чи барои уҳдадориҳои шахсӣ ва чи ба сифати миёнарав пешниҳод намудани хизматрасонии пардохтӣ таъмин менамояд.

Дар байни олимҳои рус то ташаккулёбии қонунгузории давлатӣ таърифи низоми пардохт дар таҳқиқоти С.А. Полищук баррасӣ ва пешниҳод гардидааст, ки бо таърифи пешниҳодкардаи Пол Ван ден Берг аз рӯи аҳамияти ин категория ҷанбаи ягона дорад. Ӯ низоми пардохтро чун ягонагии шартҳои бунёдшуда ва таърихан ба вуҷуд омадаи шакли ташкилии давлатӣ-ҳуқуқии усулҳои пардохт ва васоити маҷмӯи ҳисобу пардохт муайян кардааст, ки интиқоли воситаҳои пулӣ, батанзимдарорӣ ва ҳисоби ӯҳдадориҳои қарзии иштирокдорони пардохти мубодиларо таъмин менамояд. Дар таърифи мазкур моҳияти ташкилию ҳуқуқии низоми пардохт ва вазифаҳои асосии он муайян карда шудаанд. Вале фаромӯш набояд кард, ки низоми пардохти мукаммал метавонад ба раванди такрористеҳсол ва хосатан мубодилаю азнавтақсими воситаҳои пулӣ дар иқтисодиёт такон бахшад ва ҳатто амали ин равандҳоро қулай ва мусоид кунад.

Яке аз таърифҳои низоми пардохт дар таҳқиқоти олими русӣ О.И. Лаврушин пешниҳод шудааст. Ӯ низоми пардохтро ҳамчун маҷмӯи унсурҳои қонунан танзимкунанда баррасӣ менамояд, ки иҷрои ӯҳдадориҳои қарзии дар раванди фаъолияти иқтисодӣ ба вуҷуд ояндаро таъмин мекунад. Дар ин таърифи О.И. Лаврушин фаҳмиши нисбатан фишурдаи низоми пардохт пешниҳод шудааст. Олим низоми пардохтро чун олати пардохти ӯҳдадориҳо баррасӣ кардааст.

Р.Ю. Лисенко низоми пардохтро зинаи пайвасткунандаи байни истеҳсолкунандагон ва истеъмолкунандагони молу хизмат, инчунин соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ меҳисобад, ки тавассути он ташаккулёбӣ, тақсим ва азнавтақсими маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва буҷети давлатии мамлакат ба вуҷуд меояд». Дар таърифи мазкур низоми пардохт зинаи пайвасткунанда муайян шудааст, вале аз ҷониби муаллиф амиқ баррасӣ карда нашудааст, ки сухан дар бораи зинаи кадом категорияи иқтисодӣ меравад. Ба назари мо, агар дар таърифи мазкур низоми пардохт чун зинаи муҳимми инфрасохтори молиявӣ муайян карда мешуд мувофиқати он ба мундариҷаи категорияи мазкур ба даст меомад ва моҳияти низом фаҳмотар мегардид.

Муносибати институтсионалӣ ба таърифи низоми пардохт дар таҳқиқи Н.В. Байдукова баррасӣ шудааст. Ин олими рус низоми пардохтро ҳамчун ташкилаи институтсионалӣ муайян менамояд, ки дар таркиби он маҷмӯи урфу одат, меъёр ва қоидаҳои муносибати шартномавӣ, технологӣ, воситаҳои техникӣ, усул ва ташкили ҳисоббаробарсозиҳо мавҷуд буда, тариқи он кулли иштирокдорон метавонанд амалиётҳои молиявӣ ва ҳисоббаробарсозиҳоро байни ҳамдигар амалӣ кунанд.

А.Г. Гузнов ва як гурӯҳ олимони дигари рус моҳияти низоми пардохтро сатҳӣ баррасӣ кардаанд ва чунин муайян мекунанд, ки низоми пардохт дар фаҳмиши васеъ низомеро ифода менамояд, ки дар доираи он пардохтҳо (интиқоли воситаҳои пулӣ) байни контрагентҳои мухталиф амалӣ карда мешаванд.

Дар монографияи Н.А. Савинская ва як гурӯҳ олимони дигари рус мафҳуми нисбатан ҷузъии низоми пардохт, ки хусусиятҳои муосири ин категорияро фарогир мебошад, коркард шудааст. Мундариҷаи он аз муносибати олатии ин олимон дар муайян кардани моҳияти категорияи мазкур дарак медиҳад. Тибқи баррасии онҳо низоми пардохти кортӣ ин низоми институтсионалӣ ва технологӣ мебошад, ки ба қоидаҳои муайян ва муносибатҳои шартномавии иштирокдорон асос ёфта, барои иҷрои амалиёт ва интиқоли воситаҳои пулӣ дар асоси кортҳои бонкӣ, инчунин бо мақсади пур кардани суратҳисоби кортҳои бонкӣ ва нақдина намудани воситаҳои пулӣ (ба сифати вазифаи асосӣ) истифода мегардад.

Бонки марказии Аврупо низоми пардохтро аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ баррасӣ карда онро созиши расмӣ меҳисобад. Мутобиқи таърифи бонки мазкур: дар созиш бояд зиёда аз се ҷониб иштирок дошта бошанд, вале ба онҳо хизматрасонии инфрасохтор, аз қабили бонкҳои ҳисоббаробарсоз, контрагентҳои марказӣ, палатаҳои клирингӣ ва дигар иштирокдорони зарурии ғайримустақим ширкаткунанда мансуб намешаванд. Шарти асосӣ барои онҳо фаъолият намудан дар доираи қоида ва стандартҳои интиқоли воситаҳои пулӣ мебошад.

Ҷанбаи ҳуқуқии низоми пардохт дар таҳқиқи Е.Г. Хоменко низ баррасӣ мешавад. Ӯ низоми пардохтро операторҳои идоракунандаи низоми пардохт мешуморад, ки иттиҳоди шахсони ҳуқуқии дар асоси муносибатҳои муайяни шартномавӣ ва қоидаҳои низоми пардохт ҳамкорӣ кунандаро дар бар мегирад ва бо мақсади интиқоли воситаҳои пулӣ истифода карда мешавад.

Дар яке аз сарчашмаҳои аз ҷониби Бонки марказии Федератсияи Русия ба нашр расида, ки бештар ба таҷрибаи Иттиҳоди Аврупо такия мекунад, низоми пардохт ҳамчун низоми интиқоли воситаҳои пулии мутобиқ ба тартиби расмию стандартӣ ва қоидаҳои умумии коркард гардида, клиринг ва ё ҳисоббаробаркунии амалиётҳои пардохтӣ муайян шудааст.

В.М. Усоскин ва В.Ю. Белоусова тағйироти ба вуҷуд омадаро дар моҳияти иқтисодии низоми пардохт ва нақши онро чун институти иқтисодӣ ба назар гирифта, низоми пардохти миллиро ҳамчун маҷмӯи унсурҳои алоқаманд муайян карданд, ки кулли операторҳои низоми пардохти дар мамлакат фаъолиятдоштаро дар бар мегиранд ва ҳар яки онҳо ҳиссаи худро дар таъмини фаъолияти самараноки бахши молиявӣ ва дар маҷмӯъ иқтисодиёт мегузорад. Ба назари мо таърифи мазкур мундариҷаи иқтисодии низоми пардохти миллиро фарогир буда, дар он аҳамияти иқтисодии ин категория дар сатҳи муайян кушода дода шудааст.

Ҳамин тавр, дар доираи таҳлили мафҳуми низоми пардохт ва низоми пардохти миллӣ бо назардошти хусусиятиҳои иқтисодиёти миллӣ таърифи категорияҳои мазкурро пешниҳод кардан мумкин аст.

Ба назари мо низоми пардохти миллӣ яке аз ҷузъҳои таркибии муҳимми инфрасохтори молиявии мамлакат буда, бо мақсади саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо дар раванди фаъолияти субъектони иқтисодӣ, инчунин аҳолӣ тариқи механизми муайян ва технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ истифода мешавад. Дар доираи он аз идоракунандагону истифодабарандагони низоми мазкур риояи ҳатмии талаботи қонунгузориҳои амалкунанда талаб гардида, он ба фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, инчунин татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетии самарабахш мусоидат менамояд, раванди такрористеҳсолро ба воридшавии воситаҳои пулӣ ҳавасманд мегардонад, арзиши иловаро дар иқтисодиёти миллӣ вусъат мебахшад ва дар маҷмӯъ боиси рушди иҷтимоию иқтисодии давлат мешавад.

Дар таърифи мазкур чунин хусусиятҳои хоси низоми миллии пардохт ба назар гирифта шудааст:

- низоми пардохти миллӣ ҷузъи муҳимми инфрасохтори молиявии мамлакат муайян шуда, дар таркиби он зеринфрасохтори иқтисодии зарурӣ ташаккул ва такмил меёбад;

- саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳоро дар раванди фаъолияти субъектони иқтисодӣ, инчунин аҳолӣ ҳамчун мақсади асосии дар амал истифода кардани низоми пардохти миллӣ баррасӣ кардан мумкин аст;

- низоми пардохти миллӣ механизми муайяни амалигардонӣ дорад ва рушди он аз технологияҳои иттилоотию инноватсионӣ вобаста аст;

- дар раванди истифодаи низоми пардохти миллӣ аз ҷониби идоракунандагону истифодабарандагон бояд муқарароти қонунгузориҳои амалкунандаи давлатӣ ва талаботи институтҳои байналхалқии молиявӣ риоя гарданд;

- аз низоми пардохти миллӣ фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетии самарабахш вобаста буда, низоми мазкур раванди такрористеҳсолро ба воридшавии воситаҳои пулӣ ҳавасманд мегардонад, инчунин арзиши иловаро дар иқтисодиёти миллӣ вусъат бахшида, дар маҷмӯъ, боиси рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар мегардад.

Низоми пардохт бошад назар ба низоми прдохти миллӣ мафҳуми васеътар дорад ва маҷмӯи ташкилотҳои муайянро дарбар мегирад, ки бо мақсади саривақту бехатар гузаронидани пардохтҳо ва ҳисоббаробаркуниҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мутобиқи қоидаҳои низоми пардохт якҷоя амал намуда, ба тақсиму бозтақсими даромадҳо дар иқтисодиёт ва гардиши савдои хориҷӣ мусоидат мекунад ва яке аз омили муҳимми таъсиррасон ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ мебошад.

Самараи умумии низоми пардохти мукаммал ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар дар расми 1 оварда шудааст.

Дар доираи таҳқиқи мазкур муайян гардид, ки низоми пардохти миллӣ яке аз унсурҳои муҳимми инфрасохтори молиявӣ дар мамлакат мебошад.

Бо вуҷуди, дар асарҳои иқтисоддонони кишвар низоми пардохт ба таври бояду шояд баррасӣ намешавад. Аз ин лиҳоз ҷанбаҳои назариявию методӣ ва амалии низоми пардохти миллӣ таҳқиқи амиқро тақозо менамоянд.

Масъалаи мавриди баррасиро ҷамъбаст намуда метавон гуфт, ки дар қонунгузории давлатӣ, стратегияҳо ва барномаҳои танзимкунандаю таъминкунандаи рушди низоми пардохт ба назар гирифтани таърифи низоми пардохти миллӣ, ки он дар доираи таҳқиқоти мо муайян карда шуд, ба мақсад мувофиқ аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба