Аттори Нишопурӣ-Тазкиратулавлиё
Пешгуфтор
«Тазкиратулавлиё» ёдномаи муҳиббони Худо ва қиссаи ошиқони кибриёст. Ин асар, ки насре гарм ва пуршўру ҳол ва сода ва бетакаллуф дорад, достони зиндагӣ ва шарҳи аҷоиби аҳвол ва латоифи гуфтори наваду шаш тан аз машоихи бузурги тариқати сўфиён аст, ки дар миёни онҳо «наҳангони дарёхор» (орифони бузург) чун Боязиди Бастомӣ, Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ, Шайх Абулҳасани Харақонӣ ва Абўбакри Шиблӣ ва Иброҳими Адҳам ва Робиаи Адвия бисёранд. Аттор дар сабаби нигориши китоб, дар муқаддима чунин овардааст (ба мухтасар):
«Чун аз Қуръон ва ҳадис даргузаштӣ, ҳеч сухан болои сухани машоихи тариқат нест, ки сухани эшон натиҷаи кору ҳол аст, на самараи ҳифзу қол аст ва аз ҷўшидан аст на аз кўшидан аст. Ва ҷамоате аз дўстонро раҒбате тамом медидам ба сухани ин қавм ва маро низ майле азим буд ба мутолиаи ҳоли эшон... Ва сухан бисёр буд, агар ҳамаро ҷамъ мекардам дароз мешуд, илтиқоте (барчидан) кардам аз барои хеш ва аз барои дўстон ва агар ту низ аз ин будаӣ барои ту»
Нақл аст, ки Қутб бинни Алии Ҷаҳрамӣ яке аз бузургони сўфияи қарни ХVI пайравони худро вазифадор карда буд, ки «Тазкиратулавлиё»-ро ба ҳамроҳи «Маснавӣ»-и Мавлоно Румӣ ва «Эҳёи улумуддин» ва «Кимиёи саодат»-и Имом Муҳаммади Ғаззолӣ пайваста мутолиа кунанд.
Ҳикоятҳо
Абўҳанифа (Имоми Аъзам – яке аз чаҳор имоми аҳли суннат) рўзе мегузашт, кўдакеро дид, ки дар гил бимонда. Гуфт: - Гўш дор, то наяфтӣ.
Гуфт: - Афтодани ман саҳл аст, агар биафтам танҳо бошам. Аммо ту гўш дор, ки агар пойи ту билағзад, ҳамаи мусалмонон, ки аз паси ту оянд, билағзанд.
Зуннун (Зуннуни Мисрӣ – аз сўфиёни машҳури садаи VIII) гуфт: «Маро дўсте буд фақир, вафот кард. Ўро ба хоб дидам. Гуфтам: Худо бо ту чӣ кард? Гуфт: Биомурзид ва гуфт, ки туро биомурзидам, бад-он сабаб, ки бо ҳама эҳтиёҷ, ки туро буд, аз сифлагон чизе наситадӣ.»
Ду бародар буданд ва модаре. Ҳар шаб як бародар ба хидмати модар машғул шудӣ ва як бародар ба хидмати Худованд... Он кӣ ба хидмати Худованд будӣ дар хоб дид, овозе баромад, ки: бародари туро биомурзидем ва туро ба ў бахшидем.
Гуфт: - Охир ман ба хидмати Худой машғул будам ва ў ба хидмати модар, маро дар кори ў мекунед?
Гуфтанд: - Зеро ки он чи ту мекунӣ, мо аз он бениёзем, лекин модарат аз он хидмат бениёз нест.
Шайхи Харақон (Абулҳасани Харақонӣ – аз орифони бузург, ки дар садаҳои 10 зиндагӣ кардааст) гуфт: - Агар аз Туркистон то Шом касеро хоре дар ангушт шавад, аз они ман аст; Ва агар қадаме дар санг ояд, зиён марост; Ва агар андўҳе дар диле аст, он дил аз они ман аст.
Боязид (Боязиди Бастомӣ – орифи бузурги садаи IХ, яке аз поягузорони фалсафаи тасаввуф – «ваҳдати вуҷуд») гуфт: - «Наздиктарини мардум ба Ҳаққ касе аст, ки бори халқ беш кашад ва хўи хуш дорад.»
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё