Зеҳн

Қаллобон дар шабака

ВА
Валиев Султон26 ноябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Аз қаллобон эҳтиёт бошед!

Диққати шуморо ба он ҷалб менамоем, ки кӯшишҳои қаллобӣ аз ҷониби шахсони сеюм бештар шудааст. Як қатор тавсияҳо оид ба муҳофизат аз фаъолияти қаллобӣ:

Аз кушодани истинодҳо ё замимаҳои шубҳанок дар почтаи электронӣ ё паёмҳо худдорӣ намоед.

Аз дархостҳои ғайричашмдошт барои пул ё маълумоти шахсӣ ҳушёр бошед.

Ба таблиғоти дорои мундариҷаи шабеҳ бовар накунед: тақсими пул аз одамони машҳур, кори баландмузд дар як ширкати бузург, бурди лотерея, ки дар он шумо иштирок накардаед ва ғайра.

Пеш аз супоридани маълумот ба онҳо ҳаққонияти шахсият ва профили корбарро тафтиш кунед.

Паролҳо, рамзҳои PIN ё дигар маълумоти махфиро тавассути телефон ё интернет фош накунед.

Паролҳои қавӣ, ки тахмин кардан душвор аст, истифода баред ва онҳоро мунтазам иваз кунед

Ба зангҳои рақамҳои номаълум ҷавоб надиҳед, хусусан агар занг аз хориҷа бошад

Барои муҳофизат аз нармафзори зараровар нармафзори дастгоҳҳои худро навсозӣ кунед.

Ҳангоми дидани зангҳо ва паёмҳои воридотӣ ҳушёр бошед - қаллобон метавонанд худро намояндаи бонкҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ғайра муаррифӣ кунанд.

Ба худ ва наздикони худ асосҳои бехатарии онлайнро омӯзед, то эҳтимоли қурбонии қаллобон гардед.

Тавассути платформаҳои махсус барои тасдиқи ҳақиқӣ, эътимоднокӣ, набудани шикоятҳо ва маълумоти дигар сайтҳои ширкатро барои қонунияти онҳо тафтиш кунед

Бо пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои гуногуни тиҷоратӣ, интишори таблиғ барои ҷустуҷӯ ё фурӯши маҳсулоти мушаххас ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар баробари ин, имрӯз дар интернет қаллобони зиёде пайдо шудаанд, ки аксари онҳо худро соҳибкор ва ё харидор муаррифӣ намуда, мардумро фиреб медиҳанд. Ин гуна ҳолат дар Тоҷикистон низ ба назар мерасад.

Барои он ки бохтаи фиребҳои ин гуна қаллобон нагардед, мо ба шумо 5 маслиҳатро пешниҳод месозем.

1. Бо фурӯшандагон ҳамеша танҳо тавассути сомонаи расмии ширкат ва ё коргоҳ муошират кунед

Агар аз шумо хоҳиш карда шавад, ки дар WhatsApp, Telegram ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат кунед, ин ба он шаҳодат медиҳад, ки шумо бо қаллобон сари кор доред. Албатта, навиштани паёмак бисёр фаврӣ бошад ва ё лозим ояд, ки шумо акс ё навор фиристед, дар ин сурат метавонед аз ин шабакаҳо истифода баред. Бо вуҷуди ин, барои гуфтушунидҳои минбаъда оид ба хариду фурӯш, мо тавсия медиҳем, ки аз сомонаи расмии он истифода баред.

2. Ҳеҷ гоҳ ба истинодҳо (ссылка) ворид нашавед

Агар онҳо ба шумо истинод (ссылка) фиристанд, ин бар қаллобии онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар аксар ҳолат чунин истинодҳо қалбакӣ мебошанд. Суроғаи истинод метавонад монанди нусхаи аслии сомона бошад, аммо шумо бояд бидонед, ки он қалбакӣ аст. Шумо бояд дар хотир бигиред, ки ворид шудани шумо ба истинод барои қаллобон як роҳи ба даст овардани маълумотҳои шахсии шумост.

3. Ба ҳеҷ ваҷҳ рақами телефонеро, ки корти бонкии шумо ба он пайваст аст, надиҳед

Аксар вақт қаллобон рақами телефонеро мепурсанд, ки корти бонкии шумо ба он пайваст аст. Онҳо як далел доранд — «шумо нозукиҳои муҳосиботи тиҷоратиро намедонед, ба мо рамз (код) лозим аст, ки ҳоло ба рақами шумо меояд.» Ба чунин суханон ҳаргиз бовар накунед, зеро ин як роҳи фиреб аст. Бо вуҷуди ин агар шумо рамзро ба фурӯшандаи номаълум фиристода бошед, пас огаҳ бошед, ки тамоми пасандозҳои шумо дар корти бонкӣ аз ҷониби қаллобон рабуда мешавад.

4. Ҳамеша ба баррасиҳои сомонаҳо диққат диҳед

Ҳолатҳое мешавад, молу маҳсулоте, ки мо мехоҳем онро тариқи интернет бихарем, дар кишвари мо истеҳсол намешаванд ва онро бояд аз хориҷи кишвар фармоиш диҳед. Ҳоло хариду фурӯш тариқи интернет ба як чизи маъмулӣ табдил ёфтааст. Дар ин сурат савдогарон аз мо хоҳиш мекунанд, ки на ҳама маблағ, балки чанд фоизи онро пешпардохт намоем, то онҳо боварӣ ҳосил намоянд, ки шумо воқеан маҳсулоти онҳоро мехаред. Бо вуҷуди ин, шумо бояд ҳамеша ба баррасиҳо диққат диҳед.

5. Ҳангоми омадани паёмаки “дастгирии техникӣ” (техническая поддержка) низ эҳтиёт бошед

Баъзан чунин мешавад, ки мо паёмҳоро аз дастгирии техникии «плеймаркетс» тавассути почта мегирем. Агар дар ин паём аз шумо хоҳиш карда шавад, ки онҳоро пайравӣ кунед, эҳтиёт шавед, зеро он ҳам шояд мактуби қаллобон бошад.

Дар ҳеҷ сурат ба истинодҳои берун аз вебсайт ё барномаи расмии платформаи савдо гирифташуда ворид нашавед. Ҳатто агар шумо боварӣ дошта бошед, ки мактуб воқеан аз дастгирии техникӣ дар вебсайти расмӣ аст — ҳамеша аз пардохт барои харид ё паёмҳо худдорӣ кунед.

Эҳтиёт бошед!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба