Қурбоналӣ то 200 кг вазнро мебардорад
Қурбоналӣ Сафарализодаи 22-сола бештар аз 3 баробар вазни хеш, яъне, то 200 кг вазнро мебардорад.
Соли 2019 бо бардоштани 195 кг Чемпиони Осиё оид ба вазрбардорӣ шуд.
Ҳоло ӯ донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи тиббӣ мебошад. Мутаассифона, COVID-19 монеи иштирокаш дар мусобиқаҳо гардид ва 2 соли охир дар ягон мусобиқаи байналмилалӣ ширкат накардааст. Мавсуф мегӯяд, нақшаҳояш зиёд буданд, аммо вируси ҳамагир нақшаҳои зиёдашро барбод дод.
Қурбоналӣ мехоҳад дандонпизишки хуб шуда, ҳамзамон, дар вазнбардорӣ чемпиони ҷаҳон гардад.
Ӯ аз кӯдакӣ ба варзиш шавқ дошт, вале интихобаш Поуэрлифтин (вазнбардорӣ) набуд.
Қурбоналӣ дар оилаи соҳибкор таваллуд шудааст ва касе аз наздиконаш варзишгар нест.
Давоми ҳафта 3-4 маротиба ба ба толори варзишӣ меояд ва ба тамрини бадан машғул мешавад.
Вазнабардорӣ: — навъе варзиши олимпӣ, ки дар он варзишгар мекӯшад дар ду ҳаракати алоҳида (якзарба ва дузарба) аз ҳарифонаш вазнаи зиёдтареро бардорад.
Ин навъи варзиш дар замонҳои қадим ҳам вуҷуд дошт (борбардорӣ), аммо номи кунунияш — штангабардорӣ соли 1946 маъмул шуд. Мусобиқаи вазнабардорӣ аз соли 1972 аз рӯйи ду машқ: якзарба (бо як ҳаракат бо ду даст ба боло бардоштани вазн) ва дузарба (бо ду ҳаракат: аз рӯйи тахта ба сари сина ва аз сари сина ба боло) сурат мегирад. Ғолибон аз рӯйи натиҷаи ду машқ муайян карда мешаванд. Дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мардҳо аз рӯйи 8 ва занҳо аз рӯйи 7 дараҷаи вазн мусобиқа мекунанд. Мусобиқаҳои расмии В. дар ИМА аз солҳои 60 садаи XIX ва дар Аврупо аз солҳои 70 садаи XIX баргузор карда мешаванд. В. ба барномаи Бозиҳои олимпӣ аз соли 1896 (ғайр аз солҳои 1900, 1908, 1912) дохил карда шудааст. Якумин чемпионати Аврупо оид ба В. соли 1896 дар шаҳри Роттердам ва аввалин Чемпионати ҷаҳон соли 1898 дар шаҳри Вена баргузор гардид. Соли 1912 Иттифоқи умумиҷаҳонии вазнабардорон ташкил ёфт ва қоидаҳои байналмилалии мусобиқаҳои В. тасдиқ карда шуданд. Дар чоряки 1-уми садаи XX тавонотарин вазнабардорони ҷаҳон варзишгарони Фаронса, Олмон, Австрия, Итолиё, ИМА буданд. Дар Русия ба В. аз соли 1885 машғул шуданд. Аввалин чемпионати Русия соли 1897 дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Чемпионатҳои собиқ ИҶШС аз соли 1923 ҳар сол ташкил карда мешуданд. Дар байни вазнабардорони рус бисёр чемпионҳо ва рекордсменҳои ҷаҳон ба камол расидаанд. Тавонотарин одами рӯйи замин солҳои тӯлонӣ вазнабардори рус В. И. Алексеев буд. Ӯ дар Бозиҳои олимпии шаҳри Монреал (1976) 255 кг штангаро якбора бардошта, 77-умин бор рекорд гузошт. 81-умин рекорди ҷаҳонӣ низ ба В. И. Алексеев мансуб аст (1977) дар ИМА ва давлатҳои Аврупо бештар тараққӣ кардааст.
Имрӯз варзиш дар ҷаҳони муосир аз маъмултарин соҳаҳое дониста мешавад, ки ҳар нафари ба он машғул ҳамеша тандуруст, неруманд, чусту чолок ва рӯҳану ҷисман солим мебошад. Варзиш боиси дурӣ ҷустан аз омилҳои номатлуб мегардад. Ин аст, ки бо дарку идроки гуфтаҳои боло имрӯз наврасону ҷавонон ва ҷавондухтарон дар риштаҳои гуногуни варзиш ба машқу тамрин машғул буда, вақти қимати хешро самаранок истифода мебаранд ва дар баробари ин бо истифода аз малакаву истеъдоди хеш дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ иштирок ва бо ишғол намудани мақомҳои ифтихорӣ обрӯи кишвари хешро дар сатҳи байналмилалӣ баланд мебардоранд. Замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва ғамхории Ҳукумати кишвар дар ин ҷода варзишгарони тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардидаанд. Пешвои миллат вобаста ба ин зимни ироаи Паёмашон ба парлумони кишвар ёдовар шуданд, ки «Мо то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидем». Боварии давлату роҳбарияти кишвар ба қишри ояндасози кишвар ҷавонон боиси пешрафт ва инкишофи тамоми соҳаҳои ҷумҳурӣ гардидааст.
Дар ҳамбастагӣ ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки дар давоми даҳ соли оянда дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзиш бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд. Ин иқдоми дурандешонаи Пешвои миллат барои рушду муаррифии минбаъдаи варзиши тоҷик имконият фароҳам меорад. Бо ин роҳ боварӣ аст, ки дар оянда низ бо маҳорату малакаи варзишӣ парчамбардорони кишвар варзиши тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамоянду бо ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ Парчами кишварро миёни дигар давлатҳо баланд мебардоранд ва саҳми худро дар рушди варзиши Ватан мегузоранд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё