Истифодаи дурусти интернет
Саводнокии расонавӣ барои кӯдакон.
Имрӯз кӯдакон баробари калонсолон корбари фаъоли интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд ва шарт аст саводи расонаӣ дошта бошанд. То ба доми қаллобон наафтанд, ба хабарҳои бардурӯғ бовар накунанд, фирефтаи бозиҳои интернетӣ нашаванд ва истифодаи дурусти интернетро омӯзанд.
Аз ин рӯ мо тасмим гирифтем барои кӯдакон маслиҳатҳои муфидро дар суратҳо дар мисоли Алӯлак пешниҳод кунем. Умедворем, ки волидон ин расмҳои зебо бо маслиҳатҳои муфидро ба фарзандони худ нишон медиҳанд:
Алулак бачаи хуб аст! Мисли Алӯлак бош!
Ин Алӯлак
Алӯлак дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабтином шудааст. Аммо ӯ вақти бисёрашро дар ин шабакаҳо намегузаронад, балки бештар дарсомӯзӣ мекунад!
Алӯлак бачаи хуб аст! Мисли Алӯлак бош!
Алулак корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Аммо ба одамон бадгуфторӣ намекунад, ҳақорат наменависад ва суратҳои оилавиашонро ба интернет намегузорад.
Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алӯлак бош
Алӯлак хабарҳоро аз интернет ва телевизон мехонаду мебинад.
Аммо ӯ ҳамеша фикр мекунад: оё рост мегӯянд ё
дурӯғ? Алӯлак хабарҳои шубҳаоварро аз сомонаҳои дигар месанҷад ё аз волидонаш пурсида дақиқ мекунад.
Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алӯлак бош!
Алӯлак аз интернет фаъолона истифода мекунад.
Аммо ӯ ба сомонаҳое, ки аксҳои бараҳнаи одамон, ваҳшоният ва ахлоқи бадро нишон медиҳанд, ворид намешавад.
Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алӯлак бош!
Алӯлак ҳеҷ гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет намегӯяд волидонаш чикора ҳастанд, куҷо кор мекунанд ва чӣ қадар даромад доранд.
Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алулак бош!
Алӯлак медонад пулу ҷавоҳироти волидонаш дар куҷои хона меистанд.
Аммо инро ба касе намегӯяд, ҳатто ба дӯстони интернетияш.
Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алӯлак бош!
Ба Алӯлак дар интернет баъзан шахсони ношинос менависанд.
Алӯлак ба онҳо ҳеҷ гоҳ ҷавоб намедиҳад, ӯ танҳо бо дӯстони шиносаш аз зиндагии воқей сӯҳбат мекунад. Алӯлак бачаи хуб аст!
Мисли Алӯлак бош!
Ҳамаи мо ба фарзандони худ танҳо беҳтарин ва бехатариро таманно мекунем. Ҳамин тавр, ба онҳо иҷозати истифодаи Интернетро бо боварӣ медиҳем. Вале ҳеҷ гоҳ намехоҳем, ки фарзандони мо дар он ҷо осеб, зарар ё фиреб хӯранд. Интернет метавонад макони хубе барои омӯзиш, бозӣ ва гуфтугӯ бо дӯстон бошад, аммо он ҷо низ вайронкорон ва таҳдидҳои дигари хатарнок мавҷуданд. Дар интернет ҳама чиз ба монанди зиндагӣ аст: фоида ва зиён, некиву бадӣ. Аммо на ҳама кӯдакон инро медонанд.
Постҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ дар мавриди бозиҳои компютерӣ, ки корбарон, ба вижа кӯдакон ва навҷавононро ба худкушӣ тарғиб мекунад, моҳҳо пеш аз он ки шиносойи шаванд дар фазои онлойнӣ мавҷуд мебошанд.
Таҳқиқкунандагон пас аз панҷ соли таҳқиқ 2013 то 2017 дар мавриди яке аз ин бозиҳои хатарнок ба номи "чолиши наҳанги оби" гуфтанд, ки огоҳӣ дар мавриди ин бозие, ки шуморе аз корбарони он худкушӣ кардаанд, моҳҳо пеш дар интернет вуҷуд дошт.
Бар асоси ёфтаҳои таҳқиқи ҷадид, замоне, ки нахустин гузориши хабарӣ дар Амрико дар мавриди бозии наҳанги обӣ нашр шуд, аз бисёрии ин бозии хатарнок дар постҳои шабакаҳои иҷтимоъӣ ба забонҳои мухталиф байн чаҳор то нуҳ моҳ мегузашт.
Акнун ки бозии дигари кампютерӣ ба номи "озмуни Муму" дар фазои маҷозӣ ба вижа YouTube сару садои фаровон эҷод кардааст, таҳқиқкунандагон, модарон ва падаронро тарғиб мекунанд аз он чи дар зиндагии диҷитолӣ ё ба ибораи дигар саргармии фарзандоншон дар фазои онлоинӣ мегузарад, огоҳии комил дошта бошанд.
Доктар Стифан Самар аз маркази пешгирӣ ва контроли амрози Амрико ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст, ки падарон ва модарон бояд бо фарзандоншон дар мавриди он чи онон дар фазои онлойнӣ мебинанд, баҳси озодона дошта бошанд. Ба гуфтаи доктар Самар, робитаи қавӣ миёни волидайн ва фарзандон метавонад аз паёмадҳои ногувори саргармӣ бо бозиҳои хатарноки компютерӣ ба шумули худкушӣ ҷилавгирӣ кунад.
Дар пажӯҳиши ҷадид, донишмандон наздик ба 96 ҳазор пости шабакаҳои иҷтимоъӣ ва мақолаҳои хабариро дар мавриди "озмуни наҳанги оби" ҷамъоварӣ карданд, ки 28 дарсади ин постҳо ё мақолаҳо дар 127 кишвари ҷаҳон, ин бозии хатарнокро тарвиҷ карда ё аз он ҳимоят мекарданд.
Бозиҳои ёд шуда ба шаклҳои мухталиф кӯдакон ва навҷавононро ибтидо ба анҷоми як силсила корҳои содда тарғиб карда ва рафта рафта ба онон суфориш мекунад то ба худ осеб расонда ва ҳатто худро бикушанд, ки ирсол тасовир тарснок ё таҳдид бахше аз он мебошад.
Дар чунин вазъияте, мутахассисон бештар бар падарон ва модарон таъкид мекунанд то афзун бар назорати дақиқ аз мӯҳтавое, ки фарзандоншон дар шабакаҳои иҷтимоъӣ ва дар кулл фазои онлойнӣ бо он сару кор доранд, рафтор ва амалкардҳои хатарноки азизоншонро зер назар дошта бошанд.
Докторон суфориш мекунанд, ки волидайн бояд бо фарзандоншон сӯҳбат кунанд, ки дар сурат рӯ ба рӯ шудан бо бозиҳои хатарнок, ки ононро ба худкушӣ ташвиқ мекунанд, чи иқдоме кунанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё