Таълиму тарбияи фарзанд
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нишон дод, ки мавҷудияти чунин як санад дар ҷомеаи мо ба манфиати кор аст. Қонуни мазкур волидайн, шахсони онҳоро ивазкунанда ва аҳли ҷомеаро муваззаф намудааст, ки дар камолоти насли наврас масъулияти бештар дошта бошанд. Мутаассифона, бо вуҷуди дастовардҳо дар ин самт, ҳамоно қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва риоя нашудани муқаррароти қонун ба назар мерасад. Барои мисол агар дар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, аллакай, 734 ҷиноят содир шудааст.
Солҳои охир содир кардани ҷиноятҳои авбошии ашаддӣ, яъне бо истифода аз корд ва олоти дигар бештар ба мушоҳида расида, задухӯрдҳои гурӯҳӣ байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва наврасону ҷавонон боиси ташвиши аҳли ҷомеа гардидаанд. Ба андешаи масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ яке аз сабабҳои чунин вазъ беназоратӣ, беаҳамиятӣ ва фориғболии падару модарон низ мебошад. Назорати нокифояи муассисаҳои таълимӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намондани машғулиятҳои тарбиявӣ дар мактабҳо омили дигар ба ҳисоб меравад.
Бо назардошти муҳимияти таълиму тарбия ва одобу ахлоқи наврасону ҷавонон Сарвари давлат тамоми мақомоти дахлдор, аз ҷумла комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Прокуратураи генералӣ, вазорату кумитаҳои дахлдор, раисони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон ва зиёиёну фаъолонро вазифадор кардаанд, ки дар самти пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон мунтазам ва фаъолона кор кунанд ва тамоми чораҳои пешгирикунандаро роҳандозӣ намоянд.
Сабаби дигари коста шудани ахлоқ ва ба миён омадани кирдорҳои номатлуб дар байни наврасон, дастрасӣ ба ҳар гуна маълумоту филмҳо ва шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ тавассути интернет дониста мешавад. Ин раванд дар мафкураи насли наврас таъсири манфӣ расонда, дар бисёр маврид маҳз ҳамин омил ноболиғонро ба вартаи ҷиноят мекашад. Дар ин самт бояд падару модарон ва устодону муаллимон, ки бештар бо таълиму тарбия кор мегиранд, аввалан худ намунаи ибрат бошанд, сониян то ҷаҳонбинии амиқу дуруст пайдо кардани кӯдак онро аз назорат дур насозанд.
Мо дар якҷоягӣ вазифадорем, ки наврасонро ба роҳи дуруст ҳидоят намоем ва дар замирашон завқи хондану омӯхтани соҳаҳои барои онҳо писандро бедор созем. Набояд фаромӯш кунем, ки ахлоқи хуб кафолати ҷомеаи солим аст ва аз рафтору гуфтору кирдори насли имрӯз фардои давлату миллат вобаста аст.
Мавзуи ахлоқ барои ҳар як инсон муҳим боқӣ мемонад. Шояд мавҷудияти баҳси насли ҷавону калонсол атрофи чигунагии ахлоқи фарди воқеан комил аз ҳамин бошад. Насли калонсол доимо гиламанд аст ва чунин мегӯянд: “Мо дар ҷавонӣ ин хел набудем”, “Дар мо ин одат набуд”, “Ҷавонони имрӯза ба мо монанд нестанд”. Ин раванди табиӣ ба тағйироти ҷомеа вобаста буда, дар қиёс ба давраҳои зиндагии наслҳо ногузир дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд.
Гап сари рушди иқтисодиву иҷтимоӣ не, балки афкори мардум, пеш аз ҳама ахлоқ меравад. Ба гуфтаи шоир “Муҳит тақозо мекунад, ки инсон бо маҷрои зиндагии айём равад”. Аз ин сабаб, ба мо насли калонсол чунин менамояд, ки ворисони мо диди дигар доранд, муносибаташон ба атрофиён фарқ мекунад.
Дар ҳақиқат, бо пешравии сатҳи зиндагӣ, ҷаҳонбинии нави муосир ҷавонон барои худ нақшаҳои замонавии кору фаъолият ва пешбурди зиндагиро интихоб мекунанд. Аз таъсири ҷаҳонишавӣ, тамаддунҳои дигар онҳо низ ҳамқадами замон будан мехоҳанд. Тарзи либоспӯшӣ, интихоби машғулияти дӯстдошта, доираи муҳошират ҳам дигар шудааст. Аммо ахлоқ чӣ? Инсон ва арзишҳои ахлоқии ӯ аз оила сар карда, то кӯдакистон, мактаб, донишгоҳ, корхона ташаккул меёбад. Беҳтарин одоби инсонӣ эҳтироми якдигарӣ дӯстию рафоқат, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ, раҳму шафқат дар замири ҳар яки мо чун ҷавҳари тағйирнопазир ба мерос мемонанд. Онро гум накардан, бо рафтору гуфтору пиндори неки худ барои мустаҳкаму пойдор мондани одоби ниёгон масъулият доштани ҷавонон моро ба ташвиш меорад.
Вақте ки аз коҳиш ёфтани ахлоқи иддае аз ҷавонон сухан меравад, ҳамин масъаларо дар назар дорем. Дар байни наврасону ҷавонони имрӯзаи Тоҷикистон духтару писарони болаёқату боистеъдод, донишманду закӣ, ҳунарманду хушахлоқ зиёданд. Ғолибони озмунҳои илмиву эҷодӣ, техникиву зеҳнӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ифтихори миллату кишваранд. Равоншиносон бар он ақидаанд, ки рушди технологияи иттилоотӣ ба ғайр аз манфиат таъсири манфӣ ҳам дорад. Одамон, асосан кӯдакону ҷавонон, аз муоширати зиндаи аъзои оила, дӯстон соатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мукотибаю суҳбатҳои маҷозӣ машғуланд. Ин робитаҳои наздики онҳоро бо атрофиён суст намуда, ба бетарафӣ, беэътиноӣ оварда мерасонад.
Дар ҳикмати халқие омадааст: “Барои омӯхтани чизи хубе се сол сарф шавад, барои кори баде соате басанда аст”. Боиси таассуф аст, ки дар интернет бо суръати тези амвоҷи иттилооти заруру манфиатдор, маълумоти зараровар низ роҳ меёбад. Дидани хушунату зӯроварӣ, фаҳшу беодобӣ ба ахлоқи ҷавонон бетаъсир намемонад. Азбаски дар наврасию ҷавонӣ ҳолати эҳсосӣаффект ғолиб меояд, онҳо кӯшиш менамоянд, ки ба ҳамсолонашон пайравӣ намоянд. Тағйири одоби онҳо, ки моро ба ҳайрат меорад, маҳз таъсири шабакаҳои иҷтимоист.
Наврасону ҷавонони имрӯза, ки дар шароити хуб зиндагӣ доранд, аз ғамхориҳои волидони худ сӯистифода мекунанд. Дар пайравӣ ба ҳамсолони худ харида додани телефонҳои гаронарзиш, либосҳои замонавӣ, ҳатто мошинро талаб мекунанд. Ҳолати равонию рӯҳии ин ҷавонон бо худкомагию исботи “Ман аз ҳеҷ кас кам нестам” ин исрорро ба вуҷуд меоварад. Барои ноил шудан ба мақсади хеш онҳо ҳатто ба дуздию ҷиноят, қаллобӣ даст мезананд.
Аз бетаҷрибагию ҷавонии худ онҳо дарк намекунанд, ки дар ҷомеа одамон дар сатҳҳои гуногун зиндагӣ мекунанд ва барои ин танҳо меҳнати ҳалол кардан лозим меояд. Қадр кардани заҳмати волидон, дастгирии онҳо дар корҳои хонаву саҳро бояд дар замири ҳар як фарзанд устувор ҷой дошта бошад.
Падидаҳои ногувори шартмонии фарзандон бе назардошти имконияти падару модар, ҳатто сӯиқасд ба ҷони худ, худсӯзию худкушӣ як навъ воситаи тарс додани наздикон шудааст. Волидон ҳангоми суҳбат мегӯянд, ки ба хоҳиши фарзандонашон гӯш надодан оқибатҳои нохуш оварда истодааст. Имрӯз ҷавонон камсабру бетоқат шудаанд, намефаҳманд, ки ҳар коре вақти худро дорад. Дар масъалаи маслиҳату машварат ҷойи гап ҳам намондааст. Ҳол он ки калонсолон, ки таҷрибаи зиндагӣ доранду метавонанд барои пешгирии иштибоҳҳои фарзандон кумаке расонанд, дар фикри пешравию муваффақ будани онҳо ҳастанд. Сарҷамъиву рафоқати ҳамдигарии оилавӣ ноаён аз байн меравад.
Дар ҳар як давра ҷомеа бо одатҳое рӯ ба рӯ мешавад, ки дар байни наврасону ҷавонон авҷ гирифта, боиси изтиробу норизогии калонсол мешавад. Сигоркашию носкашӣ, нашъамандӣ, майнӯшӣ, маишатпарастӣ имрӯз ҳам ҷой доранд. Аммо одатҳои нави “замонавӣ” чун истифодаи маводи кимиёвии нашъадор, тамошои филмҳои хушунату фисқу фуҷур, дар дискоклубҳо машғули бозиҳои бурднок шуда қарздор гардидан масхараву таҳқири якдигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар мушоҳида мешавад. Масъалаи шарму ҳаё, истиҳола дар назди атрофиён барои либосҳои нимурёну номуносиб, рангубори барзиёд дар духтарон, ҳақорату таҳқири беадабона дар писарон номақбул менамояд.
Дар суҳбате бо ронандаи шоиртабъе тафсири сиришти инсонро дар калимаи “одам” шунида будам: Алиф-адаб, дол-дониш ва мим-меҳнат. Дар инсон ахлоқу одоб мақоми аввал дорад, чунки заковату фаъолият дар доираи ахлоқи нек сурат гирад, шахсияти ӯро хуб баҳо медиҳанд.
Ахлоқ маҳсули тарбия дар оила, мактабу корхона, таъсири муҳити дӯстону кӯча аст.
Агар ба ташаккули ахлоқи наврасону ҷавонон ҳама масъулият эҳсос кунем, натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Мо набояд фаромӯш кунем, ки тарғиби ахлоқи нек ба фарзандонамон берун аз оила омилҳои дигар низ дорад. Таъсири ҳамсолон гоҳо пурқувваттар аст.
Дар интихоби дӯстони фарзандонамон, муҳити таҳсилу кор бояд эҳтиёткор бошем. Одам табиатан олами мураккаби андешаву рафтор дорад. Ин оламро бо хислатҳои наҷиби инсонӣ нигоҳ доштан заҳмати зиёд металабад. Ба ғайр аз панду насиҳат ибрати шахсии мо муассиртар мешавад. Аз ахлоқи насли имрӯза ояндаи ҷомеа, муаррифии миллат вобастагӣ дорад.
Ахлоқи инсон доимо масъалаи нозуку ҳассос боқӣ мемонад. Одамон ба муносибату муошират ниёз доранд, ҳамеша ба шахсони боадабу ахлоқи ҳамидадошта моил мешаванд. Ин маънои зиндагии инсон, одамиятро мефаҳмонад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё