Зеҳн

ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ЧУН ВОСИТАИ МУҲИМИ ТАШАККУЛИ СИФАТҲОИ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОН

ЗЕ
зеҳни сунъӣ27 ноябри 2024 · 9 дақиқа хондан

Дар мақола баъзе масъалаҳои ташаккули сифатҳои ахлоқии хонандагон ба воситаи тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баррасӣ гардидааст. Қайд шудааст, ки дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккули малакаҳои рафтори боодобонаи мактаббачагон мусоидат мекунанд ва барои тарбияи одатҳои гигиенӣ, ғамхорӣ нисбат ба атрофиён, ба назар гирифтани мавқеъ ва ақидаи онҳо, тарбияи одати озода ва ташаккули сифатҳои ахлоқии хонандагон имконот фароҳам оварда мешавад. Муаллифон хулоса менамоянд, ки дар ҷараёни машғулияти навъҳои гуногуни варзиш сифатҳои хуби ахлоқӣ тарбия мешаванд ва одатҳои рафтори боирода ташаккул меёбанд, ки дар он нақши омўзгори тарбияи ҷисмонӣ хеле калон аст.

Сифати таълими мактаббачагон ва сатҳи тарбияи ахлоқии онҳо ба ҳамдигар алоқамандии ногусастанӣ доранд. Роҷеъ ба тарбияи ахлоқӣ дар раванди тарбияи ҷисмонии хонандагон сухан ронда, таъкид бояд кард, ки он қисми таркибии машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ аст. Тарбия ба маънои васеъ таъсироти мақсаднок, муқаррар ва муназзам ба ҳиссиёт, ҷаҳоншиносӣ ва рафтори насли наврас мебошад. Қисми ҷудонашавандаи ин раванд – тарбияи ҷисмонӣ мебошад. Чуноне ки таҷрибаи кор ва натиҷаҳои тадқиқот нишон медиҳад (И.Ю.Воробева, В.В. Дрогомеретский, Д.Ю. Карасев, К.Э. Кетоев, Э.Р. Кочиева, О.В. Полшикова, Я.А.Стрелкова, А.А.Третяков, Ф.Г. Хамикоев ва диг.) тарбияи мақсаднок барои бештар муташаккилона гузаронидани машғулияти таълимӣ ва машқҳои варзишӣ мусоидат менамояд. Пур аз ҳаракат ва самарабахш будани машғулияти тарбияи ҷисмонӣ ба муташаккилӣ, интизом, исрору ирода, суботкорӣ ва ҷиҳатҳои дигари характер вобаста аст.

Дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ барои ташаккули малакаҳои рафтори боодобонаи мактаббачагон мусоидат мекунанд. Дар дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфии тарбияи ҷисмонӣ барои тарбияи одатҳои гигиенӣ, ғамхорӣ нисбат ба атрофиён, таҳаммул озода ва ботартиб будан имконот фароҳам оварда мешавад.

Ташкили таҷрибаи ҳаётии мактаббачагон, дар онҳо ташаккул додани муносибати арзишпазир ба тарзи ҳаёти солими (Б.А. Баскаев, М.О. Ревазов, А.М. Хубетсов ва диг.) тариқи таъсироти мақсаднок ва муназзам ба шуури онҳо, ки барои обутоб додани ирода, ташаккул додани одатҳои мусбат ва меъёрҳои дар ҷомеа қабулшудаи рафтори онҳо имкон медиҳад, ба сатҳи тарбияи ахлоқиашон таъсири мусбат мерасонад. Чуноне ки аксари олимон қайд мекунанд (И.Н. Воробева, А.И. Усенко, Н.А. Рибачук), машқҳо қисми муайяни методикаи тарбияи ахлоқиро ташкил медиҳанд. Онҳо воситаи муҳими ташаккули малакаву одатҳои устувор мебошанд. Иҷрои бисёркаратаву бошууронаи қоида ба ҳосил шудани одат – қобилият ба рафтори муайян дар шароити додашуда боис гардида, рафтори дурусти мактаббачаро ташаккул медиҳад. Қайд бояд кард, ки барои ҳосил шудани одат маҳз иҷрои бошууронаи амалҳо зарур аст. Мактаббача бояд хуб дарк намояд, ки чаро ҳамин тавр рафтор бояд кард, на ба тарзи дигар.

Серталабӣ ва назорати иҷрои қоидаҳо аз ҷониби педагог бояд бо ҳамин гуна серталабии омўзгорон ва волидайн созгор бошанд. Агар мо хоҳем, ки ҳар як машғулият бо фарогирии донишу малакаҳои зарурӣ анҷом ёбад, ба ин кор на танҳо дар дарс, балки дар маҳфилҳои иловагӣ ва сексияҳои варзиш новобаста ба он шахсе, ки онро мегузаронад – омўзгори мактаб, педагоги МТБ ё машқдиҳанда - кўшиш бояд кард. Ташаккул додани одатҳои солим танҳо дар сурати муназзам будани қоидаву меъёрҳои қабулшуда бомуваффақият сурат мегирад. Агар педагог ду-се бор ба вайрон кардани тартиби муқаррар гардида иҷозат диҳад, тамоми кори анҷомёфта бар ҳадар меравад. Коркарди одат дафъаи дигар мушкилтар хоҳад шуд.

Ташаккули одатҳои навро дар аксари мавридҳо мавҷудияти одатҳои манфӣ бозмедорад.

Масалан, одати ҳаррўзаи якчанд соат андармон шудан ба бозиҳои компютерӣ ба риояи реҷаи рўз халал мерасонад, инкишофи майлу рағбатро ба машғулияти варзишӣ, фанҳои таълимӣ ва дигар навъҳои фаъолият бозмедорад. Барои халос шудан аз ин одати манфӣ, пеш аз ҳама омилҳои пайдоиши онро бартараф бояд намуд. Чунончи, бозиҳои ҳаррўза бо компютер аксаран натиҷаи умуман набудани реҷаи рўз ё риоя нагардидани, он дуруст ташкил карда натавонистани фароғати худ, баъзан набудани шароит барои машғулияти гимнастика, оббозӣ, баскетбол ва ғ. мебошад. Бинобар ин, агар хоҳем, ки бача вақти фароғати худро оқилонаву дуруст гузаронад, ба ў барои коркарди реҷаи рўз, нақшаи инфиродии машқҳо ёрӣ дода, риояи онро ҳатман назорат намуда, барои инкишофи мутаносиби ҷисмониву маънавии организми бача шароит фароҳам овардан зарур аст.

Машқҳои ҷисмонӣ махсусан ҳамон вақт самарабахш мегарданд, ки мавқеи тарбиятдиҳандагии омўзгор ноаён бошад. Гўё ки мактаббачагонро на педагог, балки шаклҳо, методҳо ва воситаҳои таълиме, ки ў ҳунармандона корбаст менамояд, инчунин авзои зиндагии мактаббачагон ё ҳолати педагогии махсус бунёдшаванда тарбия мекунанд. Кўдак дар оила, дар маҳалли зист, дар синф мактаби бузурги ҳаётро мегузарад. Шароити атроф ба тарбияи насли наврас бевосита таъсир мерасонанд, аммо на ҳама сифатҳои дар ин раванд ташаккулёфтаи шахсият арзиши баробар доранд. Вазифаи омўзгор – дар дарс бунёд кардани чунин шароите, ки ба тарбияи одатҳои ахлоқӣ ва самтгириҳои арзишӣ мусоидат мекунанд. Воситаи беҳтарин дар ин маврид – таълиме, ки дуруст ташкил шудааст. Дар дарсе, ки шавқовар нест, хонандагон ҳамчун субъектҳои раванди таҳсил ҷалб нашудаанд, дар аксари мавридҳо интизом вайрон мегардад.

Ба тарбияи одатҳои мусбат ва сифатҳои хуби ахлоқӣ дар рафтори мактаббачагон то ҳадди имкон пурбор будани онҳо дар дарс мусоидат менамояд. Дар ин ҳолат бевосита иҷро шудани машқҳои ҷисмонӣ, фаъолгардонии тафаккури мактаббачагон дар назар аст. Кўшиш бояд кард, ки ҳангоми машқ дар турник бачагон навбати худро бефоида интизор нашуда, балки амалҳои ҳамсинфонашонро бодиққат мушоҳида кунанд. Ҳар яке аз онҳо бояд омода бошанд, ба чунин саволҳои омўзгор ҷавоб дода тавонанд: ҳангоми иҷрои машқи мушаххас ба кадом хатоӣ роҳ дода шуд? Сабаби онҳо дар чист? Чӣ кор бояд кард, ки машқ бештар дақиқ иҷро шавад? Ягон дақиқаи гаронқадри дарс набояд баробар равад. Сарбории зиёди фикрӣ ва ҷисмонӣ имкон намедиҳад, ки диққати хонандагон ба дигар чиз андармон гардад, интизом вайрон шавад, одати ба машғулият батафсил муносибат карданро ташаккул медиҳад. Барои бомуваффақият истифода кардани имконоте, ки ҷиҳати амалӣ намудани тарбияи ахлоқии мактаббачагон дар ҷараёни машқҳои ҷисмонӣ фароҳам меоянд (М.С.Агеева, Д.И.Дегтярева, Г.А.Чикалова), ба омўзгор зарур аст, ки ташкили кори тарбиявиро дар ҳар дарс ва тамоми курси таълимӣ пешакӣ фикр карда, сипас амалҳои ба нақша гирифтаашро босубот амалӣ гардонад (4). Ба он ноил бояд гардид, ки хислати мактаббачагон ба воситаи ташкили босаводонаи фаъолияти таълимиву тарбиявии онҳо, пурра таъмин кардани ҳар як мактаббача бо кори фоидабахш, шавқовар ва зарур ташаккул ёбад.

Машқҳои ҷисмонӣ усули асосии тарбияи сифатҳои шоистаи ахлоқӣ ва одатҳои рафтори боинтизом, меҳнатдўстӣ, суботкорӣ, ҷасурӣ ва дигар сифатҳои иродавии шахсият мебошад.

Тарбияи сифатҳои иродавӣ махсусан муҳим аст, зеро ин сифатҳо яке аз заминаҳои назарраси ахлоқии инкишофи шахсияти инсон ба шумор мераванд. Чӣ қадаре ки варзишгар аз ҷиҳати ҷисмонӣ инкишофёфта набошад, агар ў аз лиҳози маънавию ахлоқӣ ташаккул наёбад, на дар варзиш ва на дар фаъолияти ҳаррўза ба ҳеҷ чиз ноил намегардад. Ва баръакс, ҷавони дар назари аввал беоянда метавонад ба туфайли хислату иродаи қавиаш ба натиҷаҳои беҳтарин ноил гардад. Мутаассифона, аксари омўзгорони тарбияи ҷисмонӣ ин ҷузъиётро сарфи назар карда, ба он умед мебанданд, ки бачагон муносибати дўстонаро ҳис карда, тартиботро вайрон нахоҳанд кард. Агар дар синф рафтори ношояму беинтизомона бисёр мушоҳида гардад, ин маънои онро дорад, ки педагог пештар дар чунин ҷузъиёт серталабӣ зоҳир намекард: ба дарс тез-тез дер мондан, вайрон гардидани меъёри варзиш, иҷро нашудани супоришҳо ва ғ. Ба мунозираи мактаббачагон бо омўзгор, чандин бор такрор накардани супоришҳо роҳ додан мумкин нест. Серталабии қатъӣ, роҳ надодан ба муноқишаҳо, кўшиши ноил гардидан ба иҷрои ҳар як нишондод, хоҳиши худ, ба миён гузоштани талаботи оқилона бо назардошти бовар ва эҳтироми амиқ ба бачагон – чунинанд унсурҳое, ки комёбии ҳар як омўзгорро кафолат медиҳанд.

Вайрон кардани интизомро саргармиву дилбастагӣ ба кор низ пешгирӣ менамояд. Бо шавқ, зиндадилона ва ғайратмандона бурдани дарс – асоси ҳама гуна методу методология аст.

Сахтгирии аз меъёр зиёд, қиёфаи бадқаҳронаи омўзгор дар мактаббачагон ҳамеша муқобилати ботинӣ, низоъро бармеангезад. Пеш аз ҳама, дар маҷмўъ, ба синф ғамхорӣ зоҳир намуда, сипас ба хонандаи алоҳида ёрӣ расонидан зарур аст, ҳамин тариқ, кори фаъолонаи тамоми синфро таъмин бояд кард.

Муносибати сабукфикрона ба гузоштани баҳоҳо дар аксари мавридҳо эътибори омўзгорро коҳиш медиҳад, вайрон шудани интизомро бармеангезад, боиси муносибати сабукфикронаи хонандагон ба омўзиш мегардад. Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки хонандагон нисбат ба баҳогузории фаъолияти хеш хеле ҳассосанд. Аз рўйи он, ки омўзгор корашонро чӣ гуна баҳо медиҳад, онҳо дар бораи адолат ва якрайъии ў ҳукм мебароранд.

Ҳини машғул шудан бо машқҳои ҷисмонӣ мактаббачагон душвориҳои зоҳириву ботиниро пайваста бартараф мекунанд. Ҳеҷ гоҳ фаромўш набояд кард, ки сатҳи баланди фарҳанги омўзгор, сифатҳои шоистаи маънавии ў ба шуур ва рафтори хонандагон таъсири пурқувват мерасонанд, муҳаррики фаъол интизоми бошууронаи мактаббачагон мебошанд. Кори амалӣ барои бартараф намудани монеаҳо дар дарси тарбияи ҷисмонӣ ва дар машғулияти сексияи варзишӣ воситаи муассири тарбияи на танҳо интизом, балки ирода низ мебошад. Дар ҳар машғулият мактаббачагонро ба ҷасорат суботкорӣ ва таҳаммул одат кунонидан зарур аст.

Вобаста ба маводи дарс омўзгор бо мақсади тарбияи сифатҳои иродавии хислати мактаббачагон ин ё он машқҳои махсусро корбаст менамояд. Чунончи, дар машғулиятҳои гимнастика ҷаҳиши такявӣ, ҷаҳидан аз брус ва турник, машқ дар ҳалқаҳоро гузаронидан мумкин аст.

Барои тарбияи ҳадафмандӣ, исрору суботкорӣ, ҷуръату ҷасорат ва интизоми мактаббачагон дар бозиҳои серҳаракати варзишӣ имконоти зиёде нуҳуфтаанд. Ҳама гуна бозии варзишӣ сатҳи баланди интизоми иштирокчиён, маҳорати тобеъ кардани хоҳишу манфиати худро ба манфиати коллектив тақозо мекунад. Ба бозӣ роҳбарӣ бояд кард. Бозие, ки беназорат ҷараён мегирад, метавонад боиси зуҳуроти худбинӣ ва ғурур гардад.

Ҳамин тариқ, дар ҷараёни машғулияти навъҳои гуногуни варзиш сифатҳои хуби ахлоқӣ тарбия мешаванд, рафтори боирода ташаккул меёбад. Омўзгори ботаҷрибаи тарбияи ҷисмонӣ маъмулан дар байни мактаббачагон соҳиби эътибори махсус ва бовару эҳтиром аст. Ба суханон ва рафтори ў диққати махсус медиҳанд. Ба ҳар як хонанда дар маҷмўъ таъсир расонида, худи педагог бо коллектив ҳамчун шахсияти соҳибэътибор муошират менамояд. Маҳз бо ҳамин сабаб омўзгор таъсироти тарбиявии худро на танҳо бо воситаҳои педагогии таълиму тарбия, балки бо сифатҳои шахсӣ ва рафтори хеш амалӣ мегардонад. Амалия нишон медиҳад, ки мактаббачагон аксаран ба намуди зоҳирии машқдиҳанда, тарзи роҳравӣ, тарзи гуфтор, муносибат ба атрофиён ва хурдсолон беихтиёр тақлид менамоянд. Ба хусус, агар худи омўзгор ба дарс бо либоси муқаррарӣ ояд, водор кардани мактаббачагон ба пўшидани либоси ягонаи варзиш мушкил мегардад. Тасодуфӣ нест, ки омўзгорони беҳтарин маъмулан бо қомати рост, либоси озодаву ботартиб аз дигарон фарқ мекунанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба