НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ НАВРАСОН
Дар мақола яке аз масъалаҳои муҳими илми педагогика ва ҷомеаи имруза - масъалаҳои асосии ахлоқи умумиинсонӣ таҳқиқ шуда, мавқеи анъанаҳо, хусусан анъанаҳои оилавӣ дар ташаккули сифатҳои ахлоқии шахсияти хонандагон ва рохҳои татбиқи онҳо ҳаматарафа омўхта шудааст.
Таъкид мешавад, ки заминаи тарбияи ахлоқии кӯдак дар оила гузошта шуда, минбаъд он дар мактаб ва ҷомеа идома меёбад. Роҳ ва усулҳои самараноки ташаккули сифатҳои ахлоқии бачагон натиҷаҳо дар ин замина ба дастовардашуда нишон дода шуда, пешниҳод мегардидааст.
Хулоса мешавад, ки анъанаҳои тарбияи ахлоқӣ бояд аз лиҳози педагогӣ мақсаднок ва дуруст пайваста гузаронида шаванд, ки ин ба такмили ҷараёни тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагон мусоидат менамояд.
Кӯдак дар робитаи мутақобилаи оила, мактаб, ҷамъият тарбия меёбад. Яке аз омилҳои ҳалкунанда дар ташаккули ахлоқи шахс тарбияи оилавӣ мебошад. Зеро "оила ниҳоди ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерўи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад”. Кӯдак қариб ҳамаи сифатҳои ахлоқиро дар оила гирифта онҳоро то охири умр нигоҳ медорад. Кӯдак ба воя расида, оила барпо менамояд ва дар оилаи нав боз фарзандон ба дунё меоянд. Ҳамин тавр тарбияи оилавӣ аз насл ба насл мегузарад. Онро ягон мактаб ва ё донишгоҳ ёд намедиҳад, зеро он аз таҷрибаи наслҳо ҳосил мешавад. Аз ин ба хулоса омадан мумкин, ки дараҷаи ахлоқи ҷамъият ба тарбияи фарзандони боодоб, хоксор, хушрафтор, инсондўст, меҳнатдўст, ватандўст, интизомнок вобаста аст.
Умуман тарбияи ахлоқии ҷавонон дар замони муосир лозим аст? Ба ин савол бо ибораи педагоги шинохта Н.А. Приписнова ҷавоб додан мумкин аст: “Сад афсӯс, ки дар ҷамъияти имрӯза масъалаи тарбияи ахлоқии наврасон аз мадди назар дур афтодаанд. Дар натиҷа дар ҷамъият ҷавонони бадахлоқ торафт зиёд шуда истодааст”. Тарбияи ахлоқӣ инкишофи ахлоқии кўдакро таъмин менамояд. Он раванди аз худ намудани меъёрҳои ахлоқӣ, ташаккулёбии шуур ва рафтори ахлоқӣ аст. Бояд қайд кард, ки дараҷаи инкишофи ахлоқии кўдакон ба синну сол, таъсири методҳои тарбиявӣ, муҳити иҳотакарда вобаста буда, он тамоми умр давом мекунад. Яъне ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии шахсият –инсондўстӣ, хоксорӣ, меҳнатдўстӣ, интизомнокӣ, рафтори маданӣ, худшиносӣ, ватандўст инсонгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра аз давраи томактабӣ оғоз гардида, минбаъд зина ба зина идома меёбад. Мақсад ва вазифаҳои тарбияи ахлоқиии кўдакон дар оила ва муассисисаҳои таълимӣ дар асоси талаботи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолии кўдакон муайян карда мешавад.
Асоси методологияи тарбияи ахлоқиро таълимоти фалсафӣ оид ба ягонагӣ ва бо ҳам алоқамандии инсон ва ҷомеа ташкил менамояд. Тарбияи ахлоқӣ имкон медиҳад, ки кўдак таҷрибаи иҷтимоиро аз худ намояд, яъне арзишҳои маънавии миллӣ ва умумибашариро зери мафҳумҳои некӣ, ҳақиқат, зебоӣ, таҳаммулгароӣ, адолат, инсонпарварӣ, одамгарӣ ва ғайраҳоро дар раванди муоширату муносибат, фаъолияту амалҳои боошуурона ва якҷоя бо калонсалон аз худ намояд, таҷрибаи ахлоқӣ ҳосил карда, минбаъд олами ботинии худро бой гардонад.Бояд қайд кард, ки барои кўдаки синни томактабӣ мафҳуми “ахлоқ” ҳамчун одат, рафтор, муносибат, гуфтор, кор, амали хубе, ки дар раванди фаъолиятҳо зоҳир мегардад, фаҳмида мешавад.Тадқиқоти мо нишон дод, ки барои тарбияи ахлоқии кўдакон бо назардошти синну соли онҳо аз роҳҳои зерин истифода бурдан мувофиқи мақсад аст:
1.Ташкил намудани фаъолияти пурмазмуну шавқовар ва натиҷабахши кўдакон - бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимӣ, фаъолияти фарҳангӣ-фароғатӣ, ки дар маҷмўъ барои аз худ намудани таҷрибаи ахлоқӣ мадад мерасонанд. Набояд фаромўш кард, ки барои кўдаки синни томактабӣ берун аз таҷрибаи амалӣ қоида ва меъёрҳои ахлоқӣ вуҷуд надорад;
2. Шинос намудан ба ҳаёти иҷтимоӣ, ҳодисаю воқеаҳои гирду атроф, фаъолияти меҳнати одамон, тарзи зиндагӣ ва ҳаёти намояндагони халқу миллатҳои гуногуни мамлакат, анъанаҳои миллӣ ва умумибашарӣ;
3.Таъмини муҳити солимии маънавӣ, ки он барои кўдак гуворо, дилкаш, шавқовар ва самимӣ бошад. Маҳз муҳити солими ҳамдигарфаҳмӣ, хайрхоҳӣ, инсонпарварона метавонад дар кўдак ҳиссиёт ва тасаввуроти мусбати ахлоқӣ, одату рафторҳои хубро тарбия намояд. Дар чунин муҳит кўдак худро чун шахси даркорӣ, азизу мўътабари наздикон ҳисобида, кўшиш менамояд ба меҳру муҳаббат бо дилсўзию меҳрубонӣ ҷавоб гардонад. Нисбат ба олами иҳотакарда ҳодисаю воқеаҳо, махсусан, калонсалону ҳамсолон боварӣ ва эътимоду эътиқод пайдо намояд;
4.Истифода бурдан аз адабиёти бадей (афсона, ҳикоя, шеър, чистону зарбулмасалу мақолҳо, тезгўяк, асарҳои гуногуни санъати тасвирӣ, мусиқӣ), ки ҳамаи онҳо бадеият, образнокиро дарбар гирифта, мазмуни онҳо ба ташаккулёбии сифатҳои ахлоқиии кўдакон таъсири мусбат мерасонад; 5. Истифода бурдан аз табиати зебою нотакрори кишвар, ки он сарчашмаи ҳиссиёти волои ахлоқӣ ва одату рафторҳои неки инсонӣ мебошад. Маҳз табиат ҳисси инсонгароӣ, ватандўстӣ, дида тавонистан ва эҳтиёт кардани зебоию боигарҳои кишварро ба вуҷуд меорад.
Бояд қайд кард, ки ташаккулёбии сифатҳои шахсии кўдак масъалаи муҳими психологияи бачагона ва педагогикаи томактабӣ буда, он дар натиҷаи таъсири калонсолон, муҳити иҳотакарда, ташкили фаъолияти амалии кўдакон таъмин мегардад.Бо фикри мутахассисон “оила аввалин истеъдодҳои равонӣ ва зеҳнии кўдакро ба вуҷуд меорад ва нахустин хишти бинои шахсияти тифлро мегузорад”. Асоси тарбия дар оила гузошта мешавад ва махсусан, то 6-солагӣ 75 %-и хусусияти шахсии фард шакл мепазирад. 20% аз 6-солагӣ то 18-солагӣ ва 5 %-и боқимонда то поёни умр сурат мегирад. Мустаҳкамии оила, рафтори иҷтимоӣ ва арзишҳои маънавӣ ба рўҳияи фарзанд таъсисгузор аст ва тамоми умр метавонад нақши ҳалкунандаро дар тақдири ў дошта бошад.Яке аз ҳадафҳои асосии таҳқиқоти мо - дарёфти роҳу воситаҳои ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар ниҳоди бачагон бо истифодаи имкониятҳои анъанаҳои оилавӣ мебошад. Бинобар он, аз ҷониби мо сифатҳои ахлоқии бо ёрии анъанаҳои оилавӣ ва дигар анъанаҳои ташаккулдиҳанда дар ниҳоди бачагон таҳлил карда шуд. Бо ин мақсад ба олимон- педагогон, омўзгорону волидон, намояндагони аҳли ҷамъият ва бачагон пешниҳод карда шуд, ки ба саволҳои зерин ҷавоб диҳанд: кадоме аз сифатҳои ахлоқиро шумо муҳим меҳисобед?
Барои интихоб ба онҳо рўйхати 30 калимаи ифодакунандаи сифатҳои ахлоқиро пешниҳод кардем. Таҳлили ҷавобҳоро гузаронида ҷамъбаст кардем ва 14 сифатҳои ахлоқии нисбатан муҳимро аз нуқтаи назари пурсидашудагон дар ҷадвали 1 ҷудо намудем.Ба назари мо ташаккули тамоми сифатҳои ахлоқӣ дар асоси анъанаҳои оилавӣ ғайриимкон аст ва зарурат дар он ҳам нест. Зеро, якум он ки дар ташаккули ин сифатҳо дигар омилҳо низ таъсир мерасонанд. Дуюм, баъзе сифатҳои ахлоқиро дертар бо ёрии сифатҳое, ки пурсидашудагон асосӣ меҳисобанд, ташаккул додан мумкин аст. Бо такя ба гуфтаҳои болоӣ мо қарор додем, сатҳи имкониятҳои потенсиалии анъанаҳои оилавиро дар ташаккули сифатҳои ахлоқӣ дар бачагон ошкор созем.
Бо ин мақсад мо ба волидони ба таҷриба ҷалбшуда ба саволи зерин муроҷиат кардем: кадоме аз сифатҳои ахлоқии дар боло овардашаванда дар оилаи шумо бо ёрии анъанаҳои оилавӣ ва дигар анъанаҳо ташаккул меёбанд?
Ҷавобҳои додашуда дар таносуби фоиз ҳисоб карда шуд. Таҳлили натиҷаҳо нишон медиҳад, ки бисёре аз волидон оид ба нақшу мақоми анъанаҳои оилавӣ дар тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагон ҷавобҳои мусбӣ доданд. Аммо ҷавобҳо аз 15,6 фоиз то 40,3 фоиз гуногунанд.
Ин далели он аст, ки анъанаҳои оилавӣ имконоти васеи бобати тарбияи сифатҳои ахлоқӣ дар бачагонро дорост. Аммо далелҳои дигар собит месозанд, ки бисёре аз волидон ин имконотро самаранок истифода бурда наметавонанд. Ин ҳолат зарурати таҳияву коркард ва азхудкунии усулу воситаҳоро нисбат ба такмили ҷараёни тарбияи сифатҳои ахлоқӣ дар кўдакон бо ёрии анъанаҳои оилавӣ ба миён овардааст.
Ба ҳар як одами соҳибмаданият донистани забони модарӣ, анъана, расму оинҳои миллӣ, соҳиб будан ба арзишҳои моддиву маънавии халқаш хос аст. Дар қалбҳои мо монанди дарё осори бузурги гузаштагон ҷорӣ мешавад. Маҳрумияти кўдаки инсон аз ин мерос ба бемаънавият, волидони ўву халқҳоро бошад ба таназзул оварда мерасонад, дигар талаботи кўдак ҷойи онро ишғол мекунад. Файласуфи олмонӣ Гегел муътақид аст, ки асоси маънавиёт, ахлоқ, ҷаҳонбинӣ, муносибати шахс ба ҷомеа низ аз овони бачагӣ, наврасӣ муайян мешавад.
Низоми ҷомеа маънои онро дорад, ки ҳар фард дар зиндагӣ, дар рафтор ва ҳам “гуфтори ҳамчун навъи рафтор” хадди худро дорад.
Барои кўдак муносибати калонсолон сабаби фаъолнокии иҷтимоиаш мегардад. Ва баръакс, дар ҳолати муносибати манфии калонсолон нисбаташ худро ноҳинҷор ҳис карда, эҳсосоти худро аз калонсолон ба пинҳон кардан оғоз менамояд. Олими барҷаста таъкид менамояд, ки “шуури муқаррарӣ - маҷмўаи тасаввурот, дарк, фаҳмиш, андеша ва муайян кардани муносибат ба зуҳуроти табиат, ҷамъият ва тафаккур аст, ки дар майнаи инсон аз овони наврасӣ, ҷавонӣ, балоғат, аз таҷрибаи зиндагӣ, рўзғор, дар муносибат бо атрофиён, аҳли ҷомеа ва муҳит шакл мегирад”.
Абуабдуллоҳи Рўдакӣ, Носири Хисрав, Унсуралмаолии Кайковус, Саъдӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, Абӯнасри Форобӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абўрайҳон Берунӣ, Умари Хайём, Ибни Сино ва ғайраҳо дар асарҳои худ қудрати бузурги илм ва анъанаҳои пешқадамро дар ташаккули хислатҳои ахлоқии шахс қайд карданд.
Мувофиқи маълумоти А. Содиқов Ибни Сино дар “Китоб-уш-шифо” ва “ал-Қонун” қайд кардааст, ки барои такомули фарзанд ҳамкории се чиз зарур аст: ”Омўзгор ва мурабии ў хирадманд, солимфикр, дурандеш бошанд ва барои тахзиби ахлоқ ва парваришу тарбияи бача ошно буда, бовиқору сангин, бомуруввату покдомон, назиф бошанд ва роҳи муоширатро бидонад”.
Ба ақидаи Сино, чун кўдак шашсола шуд, ба мактаб бояд дод. Дар мактаб ўро муаллим тарбия кунад. Таълиму тарбия дар пай бошад. Аммо кўдакро фавран ба китоб вобаста кардан хуб нест, чунки ў аз он безор шуда, ғаш мекунад.
Ибни Сино роҳҳои гуногуну самараноки тарбияи кўдакро нишон медиҳад, ки онҳо ба солимии ҷисмиву ақлии кўдакон мусоидат мекунанд. Ў муҳимияти ин усулро дар ҷараёни тарбия чун мисоли шахсӣ қайд мекунад. Умқи андешаҳои ўро дар бораи тарбияи оилавӣ андешаҳои зеринаш тасдиқ мекунад: «Ба оромтабиат будани кўдак диққати махсус додан лозим аст, ки ба он метавон бо роҳи эҳтиёт кардан аз сахт тарсидан, хафа кардан ва бедорхобӣ ноил шуд. Барои ба кўдак додани чизи дилхосташро, ки зарар надорад, ҳама вақт бояд омода буда, чизи бадмедидаашро аз назараш бояд дур кард. Ин бо ду сабаб фоидаовар аст. Якум, ин амал ба рўҳияи кўдак таъсири мусбат мерасонад, аниқтараш аз хурдӣ бо хўю хислати нек ба воя расида, оянда ба ин гуна хўй одат мекунад. Дуюм, ба ҷисми ў манфиат мебахшад. Зеро хўи бад дар натиҷаи вайроншавии миҷоз ҳосил мешавад. Аз ин рў, агар хўи бад ба кўдак одат шавад, вай аз организм моддаҳои ба ташаккулёбии характер мусоидаткунандаро берун месозад.
Масалан, хашм сахт мешиканад, андўҳ сахт заифу лоғар месозад. Мадорро аз тан меронаду хўй ба рутубат табдил меёбад.Дар ҳолати мўътадил будани хўю рўҳ ҷисм низ солим мешавад.
Файласуф Ризоуддин ибни Фахриддин дар китоби худ «Оила» мефармояд: “Тарбияи кўдак на бо хислатҳои манфӣ, дағалӣ, балки бо таҳаммулу истодагарӣ, хубӣ, шафқат ва дақиқӣ ба ҷо оварда шавад. Дар ин ҳолат тарбиятгар ба кўдак на чун бо махлуқоти бешуур муносибат кунад.
Кўдаки ҳанўз неку бадро фарқ намекардаро беназорат гузоштан хатогии азим аст. Вайро бояд байни сахтгириву мулоиматӣ ва адолат тарбия намуд”.
Ташаккулёбии шахсият ҳарчӣ барвақт оғоз ёбад, ҳамон андоза зиёдтар иҷтимоишавӣ (сотсиализиатсия) сурат мегирад. Бинобар ин ҳам дар кори тарбия як дақиқа ҳам таъхир кардан мумкин нест.Ҳикмати мардумӣ мефармояд: “Ниҳолро бояд аз рўзи пайдоишаш нигоҳубин кард”.Бинобар он дар ниҳоди бачагон аз хурдсолӣ ҳамон характерро ташаккул додан лозим аст, ки кадоме ахлоқи ҳамидаи ниёгон талаб дорад.
Барои мисол метавонем натиҷаи мушоҳидаи худро оғоз намоем:Писарак 6-сола аст. Ба ў пешниҳод кардем, ки дар муддати 5 дақиқа конструксияро аз рўи намуна ҷо ба ҷо гузорад. Дар ҷараёни гузаронидани таҷриба ду намуди муносибат гузаронида шуд. Якум, муносибати мусбӣ (муваффақияту норасоиҳои ўро бо ёрии имову ишора, калимаҳои хурсандиву изҳори ташвиш) ифода карда шуд. Дуюм, манфӣ (нишон додани қаҳру изҳори норозиоӣ). Ҳангоми муносибати мусбат кўдак ба таҷрибагузаронҳо бо боварӣ нигарист, осон бо атрофиён дар алоқа шуд. Дар муносибати манфӣ бошад, фаъолнокии иҷтимоии ў бо атрофиён суст шуд. Писарбача дар ин ҳолат худро ноҳинҷор ҳис кард. Вай кўшид эҳсосоти худро аз атрофиён пинҳон дорад.
Маҳсулнокии меҳнати кўдак дар муносибати мусбӣ назар ба муносибати манфӣ 3 карат зиёд буд.
Вақте кўдак ба синни боғчаравӣ мерасад (4-5-сола) эътирофи талаботи ў сифатан тағйир меёбад. Талаботи эътирофи калонсолон ба ташаккули сифатҳои ахлоқӣ, ҳиссиёти коллективизм, муносибати ў бо ҳамсолонаш, ҳиссиёти умумии ў таъсири мусбӣ расонида, фаъолнокиашро ҷоннок месозад. Агар калонсолон талаботи эътирофи кўдакро дастгирӣ намоянд, пас онҳо ба ёрии ҳамдигару мусобиқа байни ҳам мепардозанд. Зиёда аз ин ҳангоми кўдак 4-5 сола шудан мураккабшавии талабот дар эътирофи рушди иҷтимоии вай банди асосии такроршаванда мебошад. Боз барои кўдакони 4-5-сола маҳрум кардан аз дўстонаш ҷазои сахттарин аст. Аз он ки маҳз характери ин гуна муносибатҳо ва мақоми онҳо байни дигарон дар сатҳи муайян рушди ўро муқаррар месозанд, таъсири назаррас мегузоранд.
Дар ҷараёни гузаронидани таҷриба дар доираи масъалаи таҳқиқшаванда аз ҷониби мо сатҳи ташаккули сифатҳои ахлоқии бачагон санҷида шуд. Дар асоси меъёрҳои таҳиякардаи мо нишондиҳандаҳои ин сифатҳои зерин маҳсуб меёбанд:
– фаҳмиши моҳият ва шаклҳои зуҳурёбии сифатҳои ахлоқӣ;
– таҳлил карда тавонистан сифатҳои ахлоқии кўдак;
– дар фаъолият ташаккул додани сифатҳои ахлоқӣ;
– маҳорати баҳо додан ва таҳлил карда тавонистани сифатҳои ахлоқӣ дар одамони атроф.
Бо ин мақсад ба бачагони оилаҳои озмоишӣ вазифаи зерин пешниҳод шуд. Аз се ҷавобе, ки мафҳуми сифатҳои ахлоқиро кушода медиҳанд, дурусташро нависанд ё варианти худро пешниҳод кунанд.
Натиҷаи ташаккули сифатҳои ахлоқии бачагон аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ҷавоби бачагони оилаҳои зери назорат қароргирифта аз 2,7 то 3,3, дар оилаҳои таҷрибавӣ бошад аз 2,9 то 3,7 хол дода шудааст. Масалан, дониши бачаҳо аз мафҳуми аз оилаҳои назоратӣ 2,7 хол, “саховатмандӣ” 2,8 хол, “ватандўст 2,9 хол, “хоксорӣ” ва “хайрхоҳӣ” 3,2 хол, “меҳнатдўстӣ” 3,1 хол, дўстӣ варзидан 3,3 холро ташкил дод. Ҳамин гуна равандро дар фарзандони оилаҳои таҷрибавӣ низ дидан мумкин аст. Ин ҳолат бозгўи сатҳи пасти ташаккули сифатҳои ахлоқии кўдакон аз оилаҳои таҷрибавию назоратӣ буда, таҳияи роҳҳои самараноки сифатҳои ахлоқии бачагонро талаб дорад.
Бо мақсади ошкор сохтани истифодаи мероси мутафаккирон, анъанаҳои миллии халқамон дар тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагонро нишон дода будем. воситаҳои зикршуда дар тарбияи оилавӣ мо бо 408 оила аз ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд сўҳбат кардем. Ба онҳо чунин савол дода шуд: –Оё шумо мероси мутафаккирон, анъанаҳои миллиро дар тарбияи сифатҳои ахлоқии фарзандонатон истифода мебаред? “Ҳа” ё “не” ва “Барои чӣ?”. Натиҷаи истифодаи мероси мутафаккирон ва анъанаҳои миллӣ дар тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагон дар оила дар ҷадвали 3 оварда шудааст.
Тавре аз нишондиҳандаҳои ҷадвал бармеояд, дар тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагон истифодаи мероси мутафаккирону анъанаҳои милливу халқӣ дар оилаҳо гуногунанд. Аз 445 оила 132 оила воситаҳои фавқуззикрро зуд-зуд истифода мебаранд, 128 оила гоҳо, 135 оила умуман истифода намебаранд.
Гуфтаҳои болоиро ҷамъбаст карда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки анъанаҳои мақсадноку аз лиҳози педагогӣ дуруст, мунтазам гузаронида шавад ба такмили ҷараёни тарбияи сифатҳои ахлоқии бачагон мусоидат мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё