Зеҳн

ПАНДИ РӮЗГОР

ЗЕ
Зеҳн27 ноябри 2024 · 3 дақиқа хондан

Аз Афлотун ду савол пурсиданд:

— Кадом рафтори одамият шуморо ба ҳайрат меорад?

Афлотун гуфт:

Одамият аз кӯдакӣ ҳамеша орзуи ҳарчӣ зудтар ба камол расиданро мекунад, вале пас аз бузург гаштан, кӯдакияшро ёд мекунад. Ҳамчунин, барои ба даст овардани сармоя саломатияшро аз даст медиҳад, вале боз барои барқарор кардани саломатӣ сармоя сарф мекунад. Ояндаашро фикр карда, имрӯзашро фаромӯш мекунад, вале дар охири умр мебинад, ки на имрӯз ва на ояндаашонро зиндагӣ кардааст. Ҳамон гунае ба сар мебарад, ки гӯё намиранда бошад, вале он гунае мемирад, ки гӯё ҳеҷ вақт дар ин олам назистааст.

Бори дигар ба Афлотун чунин савол доданд:

— Барои хушбахт зистан чӣ тавсия медиҳед?

— Ҳеҷ касро барои дӯст доштани худ маҷбур масозед! Агар сазовор бошед, бигзор худашон дӯстатон доранд! Вазифаи шумо ин аст, ки шахси лоиқи дӯст доштан бошед. Муҳим он нест, ки соҳиби чизи зиёд бошед, муҳим он аст, ки бо чизи андак эҳтиёҷро бартараф кунед...

Рӯзе назари яке аз донишманди риёзидонро дар бораи инсоният пурсиданд.

Ҷавоб дод:

Агар инсон хоҳ зан ё хоҳ мард дорои (ахлоқ) бошанд, метавон онро ба адади 1 баробар донист. Агар дорои (зебоӣ) ҳам бошанд пас баъди адади 1 метавон як сифрро илова кард, ки мешавад 10.

Агар (пул) ҳам дошта бошанд, дуто сифр, баъди адади як мегузорем, ки мешавад=100

Агар дорои (аслу насаб) ҳам бошанд, пас се то сифр баъди адад як мегузорем, ки мешавад=1000

Вале агар замоне адади як рафт (ахлоқ) чизе ба ҷуз сифр боқӣ намемонад ва сифр ҳам ба танҳоӣ ҳеҷ нест, пас ахлоқ арзиши баланд дошта, асоси ҳастии инсониятро нишон медиҳад.

Ин дунё марги инсони қобил аст ва охират марги инсони бад.

Парвози паррандаҳо ба инсон лаззат мебахшад. Ҳаёти паррандаҳо зебост, яке лона месозад, дигаре луқмае барои чӯҷаҳояш меҷӯяд саввумӣ ба нағмасароӣ машғул аст. Паррандаҳо ҳамеша ба зикри Худованд ҳастанд. Аз ин рӯ, меҳрубонӣ ва хӯрок додан ба онҳо кори хайр аст.

Вақт ба мисли аспи бодпо мегузарад ва ҳеҷ гоҳ ба қафо боз намегардад. Вақт ба мо наменигарад, вале мо ба он такя мекунем. Умри инсонро вақт мехӯраду худ комил мемонад.

Дар ин дунё амал ҳасту пурсиш нест, дар охират пурсиш ҳасту амал нест.

Ин дунё ба ҳеҷ кас боқӣ намемонад. Ин мо ҳастем, ки дунёро тарк намуда, ба хонаи абадии худ меравем.

Роҳгузаре кӯдакеро болои санг гирён дид. Наздик омаду пурсид:

- Писарҷон, чаро гиря мекунӣ?

Кӯдак ҷавоб надод.

- Магар бозичаатро гум кардӣ?- боз пурсид мард. Писарак бо ишораи сар инкор кард.

- Пас, чизи қиматтаре гум кардаӣ...

Кӯдак бо чашмони маъсумаш ба мард назар карду гуфт:

- Бале!

Мард гуфт:

- Бигӯ, бидонам, чист он, ки гумаш кардаӣ, то дубора бароят баргардонам?

Писарак гуфт:

- Яқинан, мутмаинӣ, ки чизи гумкардаамро ёфта, бармегардонӣ?

Гуфт:

- Оре, чун хеле сарвати зиёд дорам!

Писарак дар ҳолате, ки ашки чашмонаш аз нав шашқатор шуданд, хеле бо алам нидо кард:

- Эҳ амак, қиматтарин шахсамро, модарамро гум кардаам. Агар сарвати зиёд дорӣ, бидеҳу ӯро ба ман баргардон! Мард, ки гумони шунидани чунин суханро надошт, аз ноилоҷӣ гирист ва ҳангоме ки ашк гулӯгираш карда буд, сари писаракро болои синааш гирифту гуфт:

- Писарҷонам, ман 40 сол пеш ин сарватро аз даст додаам ва то имрӯз ҳарчанд меҷӯям, дигар намеёбам. Ҳикмат: пеш аз он ки молеро аз даст медиҳем, кӯшиш намоем, то ба қадри он аз сидқ бирасем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба