Зеҳн

Шеърҳо барои дӯструякон

КИ
Китобдор28 ноябри 2024 · 2 дақиқа хондан

ХУБ АСТ ИН ВА Ё БАД?

Аз мактабам биёям,

Нушида қандчоям,

Коре иҷро намоям,

Хуб аст ин ва ё бад?

Ёд накарда тубам,

Ҳавлиро тоза рубам,

Кашки нуворй кубам,

Хуб аст ин ва ё бад?

Аз ақиби модарам

Гиря кунад додарам,

Куча тамошо барам,

Хуб аст ин ва ё бад?

Кори ман не, нагуям,

Бахдшае начуям,

Дару тиреза шуям,

Хуб аст ин ва ё бад?

Алавро даргиронам,

Ба ҷойи очаҷонам,

Хӯрок пухта монам,

Хуб аст ин ва ё бад?

Очам аз бозор ояд,

Додоям аз кор ояд,

Агар таъриф намояд,

Хуб аст ин ва ё бад?

МАРО ТАНБАЛ НАГУЕД?

Маро танбал нагуед,

Танбал Бадал нагуед,

Ки ман акнун қобилам,

Ба ин гап муқобилам.

Баччаи гапдароям,

Аз гап намебароям.

Намегурезам аз кор,

Ба кори хона тайёр.

Ҷорубам ҳамрохи ман,

Ҷорубам гувоҳи ман.

Аз хона бо ҷорубам,

Танбалиро мерубам.

РАФТАМ НАЗДИ БОБОЯМ

Давидаму давидам,

Назди бобом расидам,

Куҳи деҳа пурарча,

Деҳи бобома дидам,

Заминаш парча-парча.

Сураташро кашидам.

Обаш шаффофи шаффоф,

Осмонаш софи соф.

Хонаҳояш зери шах,

Шахҳояш дар зери ях.

Яхҳояш яхҳои пир,

Ҷойи чарой нахчир.

Баъди борон овезон

Мешавад тирукамон,

Як сараш дар шаршара,

Як сараш дар подара.

Давидаму давидам,

Назди бобом расидам,

Деҳи бобома дидам,

Сураташро кашидам.

Боз ин сон деҳи зебо

Бошад оё дар дунё?

МАН АЛИФБО МЕХОНАМ

Ман алифбо мехонам,

Бурро-бурро мехонам.

Алифбои суратдор,

Сураташ ҷудо бисёр:

Сурати теппаву ҷар,

Сурати хонаву дар,

Сурати мошину роҳ

Сурати намоишгоҳ

Қад-қади роҳи калон,

Сурати намоишгоҳ.

Қад-қади роҳи калон,

Бачаҳо шоду хандон

Суйи мактаб мераванд,

Мурғобиҳо медаванд.

МОДАРАМ

- Либосамро кӣ пӯшонд?

- Модарам.

- Чой ба ман кӣ нӯшонд?

- Модарам.

- Кӣ куртаи маро дӯхт?

- Модарам.

- Оши балаззат кӣ пухт?

- Модарам.

- Кӣ майда бофт мӯям?

- Модарам.

-Кӣ муччӣ кард руям?

- Модарам.

- Кӣ гул ба дасти ман дод?

- Модарам.

- Кӣ мактабам фиристод?

- Модарам.

- Маро кӣ гуфт кобил?

- Модарам.

- Кист ба ман чону дил?

- Модарам.

ОЛУЧА ГУЛИ БОДОМ

«Олуча гули бодом

Ман духтараки додом».

Додом дарав мекунад,

Ман нонбараки додом.

«Олуча гули бодом

Ман духтараки додом».

Додом гарам кунад,ман

Дарзабараки додом.

«Олуча гули бодом

Ман духтараки додом».

Додом агар дам гирад,

Ман дар бараки додом.

«Олуча гули бодом

Ман духтараки додом».

То бегахй мегардам

Гирди сараки додом.

ГУЛРӮ

Ду рӯз шуд назди мо

Меояд Гулрӯ.

Ду рӯз шуд, ки моро

Мепояд Гулрӯ.

Ҳар бор аз паҳлуи мо

Мегузарад ӯ,

Ҳайрон-ҳайрон сӯйи мо

Менигарад ӯ.

Ё нағз намехобад,

Гулрӯ дар хона,

Ё барояш мекобад

Гулрӯ дугона.

Дигар ман ӯро танҳо

Намегузорам...

Ҳамроҳи Гулрӯ даҳто

Дугона дорам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба