Тасаввуф чист?
Тасаввуф ҷараёни мўътабари мафкуравии динӣ-ирфонӣ, фалсафӣ буда, таълимоти муназзами назариявист. Оид ба лафзи тасаввуф миёни аҳли тадқиқ гуногунфикрӣ вуҷуд дорад. Баъзеҳо онро аз «сафо»-и арабӣ мегўянд, ки ба маънои поку покиза будааст, зеро сўфиҳо бо покии ахлоқ машҳуранд ва аз ин рў, онҳоро мутасаввиф гуфтаанд. Дигар андешаест, ки гўё аз лафзи суфа-баландӣ гирифта шуда бошад, зеро «аҳли суфа», ки дар замони Расули Акрам (с) будаанд ва дар он рўзгор дар Мадина болои суфаи масҷид шабонарўзӣ риёзату ибодат мекардаанд. Онҳоро аҳли суфа низ номидаанд. Аттор мегўяд:
Мо сўфии суфаи сафоем,
Бе худ зи худему бо Худоем.
Фаҳмиши дигаре низ ҳаст, ки гўё тасаввуф аз лафзи «софистика»-и юнонӣ бошад, зеро он лақаби муаллимону файласуфони Юнони Қадим будааст. Ба ҳамин тариқ, дар таърихи тасаввуф беш аз 10-навъи чунин шарҳу тавзеҳот мавҷуд аст, вале дақиқ он аст, ки тасаввуф аз лафзи арабии суф ба маънои пашмина (хирқа) ва мутасаввиф пашминапўш будааст. Шаҳобуддини Сўҳравардӣ (охири асри ХII) дар «Авориф-ул-маориф» менависад, ки калимаи сўфӣ дар «Қуръон» нест. Дар «Рисолаи Қушайрия» омадааст, ки: «Ин тоифа сўфиянд, ки пайрави тариқа-сўфӣ ва ҷамоати онҳо сўфия ё мутасаввиф ном доранд» ва ғайра.
Оид ба маънои истилоҳии он низ назари хоси намояндагони он мавҷуд аст: Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ мефармояд: «Тасаввуф ду чиз аст: як сў нигаристану яксон зистан». Тасаввуф ба назари ў, сайри манзилҳои нафс аст. Ё худ Бобо Тоҳир мегўяд: «Тасаввуф зиндагӣ бидуни марг ва марг бидуни зиндагист». Яъне зинда шудан ба ҳаёти инсонӣ ва мурдан аз ҳаёти нафсонӣ аст. Умуман, ҳамаи пайравони ин ҷараён бар ин ақидаанд, ки тасаввуф софӣ кардани дил аст аз ҳавои нафс ва ахлоқи бад бо кимиёи ишқ ва аз ин роҳ мушоҳидаи таҷаллии Маъшуқи азалӣ (Ҳаққ) дар ҳама мавҷудоти ҷаҳон:
Чашм бикшо, ки ҷилваи дилдор,
Мутаҷаллист аз дару девор.
(Шайх Аттори Нишопурӣ)
Ва пайвастан ба (расидан ба висоли) Маъшуқ аст:
...То кас нагўяд баъд аз ин Ман дигарам, Ту дигарӣ.
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)
Шарҳи истилоҳии тасаввуф дар чунин шакл саҳеҳтар аст: «Тасаввуф ҷараёни гуногуншакли мафкуравии динӣ-ирфонӣ ва фалсафист, ки ҳадафи он бо роҳи кашфу завқ дарки Ҳақиқати Кулл мебошад».
Манбаъҳои ғоявии тасаввуф «Қуръон»-у ҳадис, суннату фатво буда, он аввалан дар Ироқу Сурия ба вуҷуд омада, бо ғизо гирифтан аз оини Зартушт, оини Монӣ, ақоиди гносӣ, оини ҳиндуӣ ва буддоӣ, таълимоти масеҳӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр ба баландтарин дараҷа расид ва баъдан дар дигар кишварҳои Шарқ густариш ёфтааст. Аксари сўфиёни аввалия зодаи Хуросон будаанд ва ин сарзамин аз қадим дар парвариши тасаввуф таъсири қобили мулоҳиза дошт, бинобар ин Хуросонро «маҳди тасаввуф» мехонанад.
«Дар олами ислом тасаввуф аз зўҳду фақр оғоз шуда, бо ишқи илоҳӣ ва ба завқи ваҳдати вуҷуду шуҳуд ба камолоти хеш расидааст».
Таърихи пайдоишу ташаккул ва таҳаввулоти онро муҳаққиқони соҳа иборат аз ду марҳала донистаанд. Яъне зуҳуру ташаккули он ба асри VIII рост омада, таҳаввули он то асри ХI тасаввуфи амалӣ номида шуда, аз асри ХI ба минбаъд, онро тасаввуфи назарӣ гуфтаанд.
Асоси тасаввуфро се унсур: узлату зўҳд; ишқу сўзи ниҳонӣ ва ваҳдати вуҷуд ташкил дода, маъмулан аз чаҳор маарҳала: шариат, тариқат, маърифат ва ҳақиқат иборат мебошад ва баъзан 180 марҳала низ гуфтаанд. Аттор ҳафт маарҳала мегўяд ва ғ.
Бояд гуфт, ки тасаввуфи зоҳидона аз Ҳасани Басрӣ, равияи ошиқонаи сўфия аз Робияи Адвия ва сарҳалқаи таълимоти ваҳдати вуҷудия Боязиди Бастомист.
Вале як нукта зикр карданӣ аст: агарчӣ маъмулан «тасаввуф» ва «ирфон»-ро мутародифи ҳамдигар истеъмол мекунанд, вале байни ин ду вожа фақияте вуҷуд дорад. «Тасаввуф» ва «сўфӣ» ғолибан нишондиҳандаи мактаби хос ва пайрави фирқаи муайян ва бештар мансуб ба тасаввуфи зоҳидона аст. Маъруфтарин намояндагонаш: Ҳасани Басрӣ, Иброҳими Адҳам, Суфёни Саврӣ, Молики Динор, Аҳмади Хизравия, Иброҳими Хавос, Самнуни Муҳиб, Абўҳамзаи Хуросонӣ, Абўсаҳли Тустарӣ, Усмони Маккӣ, Ҷунайди Бағдодӣ ва ғ.
Аммо «ирфон» ва «ориф» умумитар ва дорои мафҳуме васеътар аст. Аз назари шоирони орифи мо ин вожаҳо маънӣ ва мафҳуме латифтар ва матлубтар аз «сўфӣ» дорад ва бештар дар мавриди пирони рўшандил ва комил ва аҳли маърифат ва роҳравони тариқи ишқ истеъмол мешавад. Пайравони равияи ошиқона ва ваҳдати вуҷудро бештар ориф гўянд: Робиаи Адвия, Боязиди Бастомӣ, Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ, Абдуллоҳи Хафифи Шерозӣ (мулаққаб ба Шайхи Кабир), Абулҳасани Харақонӣ, Абўбакри Шиблӣ, Абулҳусайни Нурӣ, Абулқосими Насрободӣ, Рўзбеҳони Бақлӣ (машҳур ба Шайхи Шаттоҳ) ва ғ. Ва шоирони ориф: Абáсаиди Абулхайр, Абдуллоҳи Ансорӣ, Абулмаҷди Саноӣ, Боботоҳири Урён, Аҳмади Ғаззолӣ, Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ, Аҳмади Ҷомӣ (машҳур ба Жандапил), Маҳмуди Шабустарӣ, Шамсуддин Муҳаммади Лоҳиҷии Асирӣ, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Фахруддини Ироқӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулаббоси Қассоб, Имодуддини Насимӣ, Қосими Анвор, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Абдулқодири Бедил ва ғ. Ва ҳакимони ориф: Ҷобир ибни Ҳайёни Тавҳидӣ, Абўалии Сино, Шиҳобуддини Сўҳравардӣ (Шайхи Ишроқ – Шайхи мақтул), Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Муҳиддин ибни Арабӣ (машҳур ба Шайхи Акбар), Афзалуддини Кошонӣ (маъруф ба Бобо Афзал), Хоҷа Насируддини Тўсӣ, Садруддини Шерозӣ (маъруф ба Мулло Садро), Мулло Мўҳсини Файзи Кошонӣ, Баҳоуддини Омулӣ ва дигарон.
Шайх Саъдии Шерозӣ ҷое мартабаи «ориф»-ро баландтар аз «сўфӣ» дониста ва «сўфӣ»-ро дар радифи «олим» ва «обид» овардааст. Ў мегўяд:
Олиму обиду сўфӣ ҳама тифлони раҳанд,
Мард агар ҳаст ба ҷуз орифи раббонӣ нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё