Зеҳн

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ

КИ
Китобдор28 ноябри 2024 · 45 дақиқа хондан

Нависандаи бозарофат, мушоҳидакор Зайниддин Маҳмуди Восифӣ бисёр нуқсонҳои дар режими хонӣ муайяншударо ба шакли нозуки ҳаҷвомез фош мекунад.

Академик Б. Ғафуров

Тарҷумаи ҳол

«Мирзобайрам ва Шоҳқосим бо чашми гирён ва лаби нолон аз ман ҷудо шуда рафтанд. Ман дар он мазор, дар ғарибию бекасӣ ва дар ҳолате, ки таб тамоми даруну берунамро месўхт, танҳо мондам ва дар он ҳол байтҳоеро, ки дар ёд доштам, бар забон оварда нолаи ғарибона мекардам...

Намедонам, маро хоб рабудааст ё таб бурда, ки аз худ рафтаам. Як вақт шунидам, ки касе бар сари қабре бо овози ҳазин ин байтҳоро бо навҳаи ҷонсўз мехонд:

Кош он рўз, ки дар пои ту зад хори аҷал

Дасти гетӣ бизадӣ санги ҳалокам бар сар.

То дар ин рўз ҷаҳон бе ту надидӣ чашмам,

Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

Навҳагар рубоии зеринро бо оҳанге боз ҳам ҷонсўзтар месуруд

Рафтӣ, ки дилам зи бори ғам ранҷа кунӣ!

Ё хотирам аз хори ситам ранҷа кунӣ!

Ман бе ту намезиям, чу оӣ рўзе —

Зинҳор ба хоки ман қадам ранҷа кунӣ.

Гўянда навҳагарии худро бо ин гуна байҳто давом медод. Ин нолаҳои ҳазинона маро дар хоби мадҳушӣ фиристод. Як вақт ҳушёр шудам, ки зани хубрўе дар ғояти ҳусну ҷамол бар сарам нишаста, ба рўймоле ашк аз рўи ман пок мекунад.

Чун ў маро чашмкушода дид, пурсид:

- О, ҷони модар! Аз куҷоӣ ва инчунин афтодаву хору зор чароӣ

- Эй, модари меҳрубон! Аз Хуросонам ва ғарибу бемору нотавонам.

Гуфт:

- Эй фарзанди дилбанд! Ғам махўр, ки ман модари туам, туро ғамхорӣ ва бемордорӣ мекунам. Инак, аз барои ту касе фиристода, туро бахонаи худ мебарам.

Он зан рафту баъд аз замоне ғуломе шутуре овард ва маро бар он савор карда, ба хонаи он зани меҳрубон бурд. Аммо бемории ман шиддат ёфт ва оташи таб танўри пайкарамро тамоман битофт, ба ҳадде, ки касеро намешинохтам. То чил рўз дар ҳолати беҳушӣ ва бетоқатӣ будам. Баъд аз он арақоби сарде бар оташи табам рехт ва беморӣ аз баданам чун дуд аз оташ гурехт.

Меҳрубониҳои он занро бо ҳеҷ қалам тасвир ва таҳрир кардан ва бо ҳеч забоне таҳрир намудан мумкин нест. Як модари мушфиқу меҳрубон ба фар-занди навзоди худ чӣ гуна бо дилсўзӣ нигоҳубин кунад, ў ба ман, ки аз он бемории ҷонфарсо халос шуда, гўё ба олами ҳаёт ба тозагӣ қадам ниҳода будам, ба ҳамон дараҷа, балки зиёдатар аз он дилсўзӣ ва меҳрубонӣ мекард».

Ин як лаҳзаи ғамангези ҳаёти нависандаи бозарофат Зайниддин Маҳмуди Восифӣ буд. Соли 1512, ҳангоме ки Шоҳ Исмоили Сафавӣ ба Хуросон лашкар кашида, Ҳиротро мегирад, бисёр олимон, шоирон ва нависандагон тарки ватан намуда, роҳи Мовароуннаҳру Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳоро пеш мегиранд. Восифӣ ҳам ҳамроҳи дўстони наздикаш якумрӣ зодгоҳашро тарк менамояд.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ соли 1485 дар шаҳри Ҳирот ба дунё омадааст. Хешу табори Восифӣ низ аз табақаи миёнаҳоли шаҳр буда, бо меҳнати ҳалоли худ зиндагиашонро пеш мебурданд. Масалан, Мавлоно Амонӣ, ки табъи шоирӣ дошт ва яке аз хешовандони наздики Восифӣ ба ҳисоб мерафт, ба касби нахўдбирёнкунӣ машғул буд.

Восифӣ дар байни ҳамин гуна ашхос ба камол расид. Таҳсили ибтидоиро дар Ҳирот гирифт. Падари Восифӣ Абдуҷалил марди донишманду илмдўст буд ва орзу дошт, ки фарзандаш босавод шавад. Дар оянда Восифӣ таҳсилашро дар назди донишмандони маъруфи замон давом дод. Масалан, дар назди Мавлоно Исомуддин Иброҳим илмҳои мантиқ, маонӣ ва баёнро меомўзад. Вай қобилияту истеъдоди аҷибе дошт. Дар синни 12-13-солаги илми назмшиносӣ ва муамморо ба хубӣ аз худ карда буд, ки ҳатто ҳусну қубҳи шеърҳои шоирони бузургро мефаҳмид.

Дар андак муддат Восифӣ дар Ҳирот шўҳрат ёфта, овозаи донишу камолоти ӯ ба гўши намояндагони мактаби адабии Ҷомӣ мерасад. Онҳо Восифиро даъват карда, дар назди уламо ва удабои замон имтиҳон мекунанд. Восифӣ аз имтиҳон бо муваффақият мегузарад.

Ба ҳамин тариқ, Восифӣ дар Ҳирот то соли 1512 ба касби камолот машғул шуда, шоҳиди задухўрдҳои сулолахои Темуриён бо Шайбониён ва барҳам хўрдани сулолаи Темуриён мегардад. Дере нагузашта Шоҳ Исмоил ба муқобили Шайбониён лашкар кашида, Ҳиротро ишғол мекунад. Онҳо касонеро, ки суннимазҳаб буданд, таҳқир мекарданд ва бисёриҳоро мекуштанд. Ҳатто қабри Абдураҳмони Ҷомиро оташ зада буданд. Бинобар ин аксарияти одамони суннимазҳаб Хуросонро тарк мекунанд. Восифӣ ҳам бо як машаққати зиёд, ҳамон зайле ки дар боло гуфтем, гурехта, ба Самарқанд меояд. Он вақт 27-сола буд.

Восифӣ 10 соли аввали ҳаёти худро асосан дар шаҳрҳои Самарқанд ва Бухоро гузаронд. Ў ба дарбори Убайдуллохон роҳ ёфта, чанд муддат ба корҳои эҷодӣ машғул шуд. Убайдуллохон, ки табъи шоирӣ низ дошт ва бо тахаллуси Убайдӣ шеър мегуфт, барои шўҳрату дабдабаи дарбори худ шоирони зиёдеро ҷамъ намуда буд. Пас аз чанд муддат ҳокими Тошканд Севунҷхоҷахон барои таълиму тарбияи фарзандонаш Восифиро ба Тош-канд даъват кард. Ҳаёти ин давраи Восифиро устод Айнй ба тариқи зайл тасвир кардааст: «Восифӣ дар ин сайру сафарҳои худ гоҳ дар мадрасаҳо дар қатори муллоён ва талабагон истиқомат кард, гоҳо дар маҷлиси олимон ва шоирон умри худро бо мунозира ва мушоира сарф намуд, гоҳ бо омма ошноӣ карда, зиндагонии онҳоро омўхт, гоҳо дар майхонаҳо ва хароботхонаҳо дар миёнаи авбошон ва майнўшон афтода, ҳамкоса шуд, гоҳо дар дарборҳои хонҳои маҳаллӣ монанди надим (хамсўҳбат) умр гузаронида... чанд гоҳ ба фарзандони Севунҷхоҷахон, ки дар Тошканд ҳукумат дошт, муаллимӣ кард».

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар Тошканд танҳо як сол ба писарони Севунҷхоҷахон Келдимуҳаммад ва Наврўзаҳмад таълим доду халос. Вай боз ба Самарқанд баргашт. Сабаби аз дарбор рафтани ў, пеш аз ҳама, дар он будааст, ки аҳли дарбор, шоирони маддоҳ ва дигар шахсони олирутбаи дарбор нависандаро таъқиб намуда, ҳар гуна корҳои ношоистаро дар ҳакқи ў раво дидаанд. Тўҳмату бўҳтон, мунофиқию бадкирдории аҳли дарбор қалби адибро маҷрўҳ кард, бинобар ин ў маҷбур шуд, ки мусофират намояд.

Восифӣ дар Самарқанд дар масҷиди Атторон ба касби муаллимӣ машғул гардид. Ҳаёти ин давраи нависанда то як андозае ором ва осуда буд. Ў дар маҷлису ҷамъомадҳои аҳли илму адаби Самарқанд фаъолона иштирок мекард. Маҳз дар ҳамин айём, яъне дар солҳои 1517-1518 ба навиштани ёддоштҳои худ сар кард ва 10 боби аввали асари худро дар ҳамин ҷо ба анҷом расонид.

Баъди як сол шогирди Восифӣ Келдимуҳаммад ҳокими Шоҳрухия таъин гардид. Вай аҳли илму адабро аз ҳар гўшаю канори мамлакат ба дарбор даъват намуд. Дар ин маврид муаллими худ-Восифиро низ аз ёд набаровард. Восифӣ ба дарбор рафтанро бо ҳар гуна баҳонаҳо рад намуд, вале Келдимуҳаммад ўро маҷбуран ба дарбор овард. Восифӣ дар дарбор хизмати надимиро иҷро мекунад. Азбаски Восифӣ марди донишманду фозилу сўҳбаторо буд, дар дарбор эътибори зиёд пайдо кард. Восифӣ ба воситаи овардани ҳикоятҳои пандомез, нақлу ривоятҳои аҷиб табъи хонро хуш намуда, ўро ба адлу дод даъват менамояд.

Зиёда аз 15 соли ҳаёти нависанда ба ин аҳвол гузашт. Дар ин муддат Восифӣ ба навиштан ва тартиб додани асари бузурги худ «Бадоеулвақоеъ» пайваста машғул гардид.

Соли 1524 Севунҷхоҷахон вафот мекунад ва Келдимуҳаммад аз Шоҳрухия ба Тошканд омада, ба тахти подшоҳӣ менишинад. Восифӣ ҳам ҳамроҳи Келдимуҳаммад ба Тошканд омада, боз ба ҳамон кори пештарааш машғул мегардад. Акнун Келдимуҳаммад хеле заиф ва касалманд шуда буд, ба корҳои давлатӣ камтар машғул мешуд, бисёртар вақти худро ба айшу нўш сарф мекард. Восифӣ аз ин истифода бурда, бештар ба корҳои эҷодӣ машғул мегардад.

Ниҳоят, пас аз вафоти Келдимуҳаммад ба ҷои ў писари 6-моҳааш Ҳасансултон хон таъин мегардад, вале дар ҳақиқат бошад, идораи давлатро бародари Келдимуҳаммад Наврўзаҳмад ба ўҳда дошт.

Вақте ки Ҳасансултон 6-сола шуд, Восифӣ ҳанўз дар дарбор буд. Восифиро муаллими ў таъин мекунанд. Чанд муддат Восифӣ ба ў таълим медиҳад. Ғайр аз ин ёддоштҳои худро ба охир расонида, ба Ҳасансултон мебахшад. Вале дере нагузашта Ҳасансултон вафот мекунад. Он вақт Восифӣ ба 55 даромада буд. Ҳаёти минбаъдаи нависанда дар Тошканд мегузарад ва дар пиронсолагӣ, чунон ки муаллифи тазкираӣ «Музаккирулаҳбоб» Хоча Ҳасани Нисорӣ мегўяд, Восифӣ тахминан дар соли 1556 дар шаҳри Тошканд вафот мекунад.

«Бадоеулвақоеъ».

Мазмун ва сохти композитсионии асар

Эҷодиёти Зайниддин Маҳмуди Восифӣ гуногун ва серсоҳа аст. Вай ҳам дар назм ва ҳам дар наср қувваозмоӣ кардааст. Адиб қариб дар аксарияти жанрҳои адабиёти классикӣ табъозмоӣ намудааст. Вале Восифӣ дар таърихи адабиёт ҳамчун нависанда маълуму машҳур аст. Аз ў то замони мо «Бадоеулвақоеъ» ном асараш мерос мондааст. Ин асар куллиёт ё маҷмўи осори баргузидаи ўст. «Бадоеулвақоеъ» дар давоми қариб 20 сол навишта шудааст. Ҳаҷми асар 90 ҷузъи чопиро ташкил медиҳад. Асар аз 46 боб иборат буда, ба ҳар боб мувофиқи мазмуни он ном гузошта шудааст. Бештари бобҳо бо ифодаҳои «Гуфтор дар бораи...» шурўъ мегарданд. Масалан, боби 33-юм чунин ном дорад: «Гуфтор дар зикри фазоилу камолоти Мавлоно Субҳӣ...». Ё ин ки як қисм бобҳо бо номи «Достон» (боби 35 «Достони хамсаи мутаҳайира») оғоз ёфтаанд. Ҳаҷми баъзе бобҳо хеле калон буда, дар он қиссаю ривоят, ҳикоят, ки ба повестҳои имрўза хеле монандӣ доранд, оварда шудаанд. Вале ин бобҳо ба ҳамдигар узван ва мазмунан алоқаманд нестанд. Ҳар кадоме дар алоҳидагӣ мустақил буда, ба худ мазмуну идеяи хос доранд. Танҳо чанд боби аввал то андозае ба ҳам алоқаманданд. Дар ин бобҳо нависанда дар барои ҳуҷуми Сафавиён ва аз Хуросон ба Мовароуннаҳр гурехтан, дар бораи ҳаёти минбаъдаи худ дар Самарқанд, Бухоро, Саброн, Шоҳрухия, Тошканд ба тафсил нақл менамояд. Аз боби 11 сар карда ин алоқамандӣ канда мешавад. Восифӣ дар ин маврид ба 32 қадам монда буд ва дар дарбори Келдимуҳаммад хизмат мекард. Акнун Восифӣ дар бобҳои минбаъда базму маҷлисҳои шоҳонаро накл карда, бо хоҳиши Келдимуҳаммад аз ҳаёти мардони бузурги гузашта: Абулқосим Фирдавсӣ, Абўали ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Абдулвосеи Ҷабалӣ, Мавлоно Котибӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Улуғбек ва дигарон ривоят ва ҳикоятҳои дилангез нақл мекунад. Бештари бобҳои асар ба ҳодисаҳои сиёсиву иҷтимоии замони Восифӣ бахшида шудаанд, ки дар ин воқеаю ҳодисаҳои таърихӣ муаллиф низ иштирок кардааст. Аз ин ҷост, ки «Бадоеулвақоеъ» ҳамчун асари ёддоштӣ эътироф шудааст.

Фикрҳои сиёсиву иҷтимоии Восифӣ.

Восифӣ қариб тамоми ҳаёти худро дар байни табақаи болоӣ гузаронидааст. Аз ин ҷост, ки вай характеру авзои онҳоро хуб медонад ва дар «Бадоеулвақоеъ» аз ҳаёти онҳо ҳикояту саргузаштҳои аҷиберо нақл мекунад. Дар ин нақлу ҳикоятҳо адолатҳоҳӣ, дурандешӣ, хирадмандии баъзе шоҳон ва золимӣ, гумроҳию нодонӣ ва пастфитратии подшоҳону ҳокимон ва дигар соҳибмансабони рўзгор гоҳ бо номҳои аслиашон ва гоҳ зимни персонажҳои манфии ҳикоятҳо ба зери тозиёнаи танқид гирифта шудаанд. Дар ин бора устод Айнӣ хеле хуб гуфтааст: «Восифӣ як нависандаи бериё ва бо таъбири оммавии тоҷикӣ «фуртакигўй» аст. Ў дар навиштани аҳволи худ, аҳволи ҳамзамонон, дўстон, ошноён ва ҳамсўҳбатони худ ҳеч чизро зери парда нигоҳ намедорад».

Восифӣ ҳаргиз дар гуфтани сухани ҳақ ибо намекард. Ў шоҳони рўзгор Келдимуҳаммад, Ҳусайн Бойқаро, Абўсаид Мирзо ва вазирону ҳокимонро бо номҳои хақиқиашон мазаммат мекард, нодонию гумроҳии онҳоро фош менамуд. Масалан, Восифӣ дар ин бора ҳикояти «Кимёгар»-ро меорад. «Овоза дар шаҳри Ҳирот афтод, ки дар вилояти Нишопур шахсе пайдо шуд, ки илми иксир ва кимиёро некў медонад. Ва қудрати вай дар ин фан то ба ҳаддест, ки дар як шабонарўз сад ман мис ва сад ман қалъагиро тиллою нуқраи холис месозад». Подшоҳ кимиёгарро ба Ҳирот даъват мекунад. Ҳамаи аркони давлат ба пешвози ў мебароянд. Худи Ҳусайн Бойқаро таассуф мехўрад, ки «Эй дареғ, пойҳоям итоат намекунанд, ки дар рикоби он ҳазрат (кимёгар) пиёда равам», 40 рўз кимёгарро иззату эҳтиром мекунанд. Дар рўзи 41 сирру асрори кимёгар фош мешавад ва ўро сангсор мекунанд.

Восифӣ ба воситаи ҳикояти мазкур пулпарастӣ, нодонию гумроҳии шоҳони замонро дар симои Ҳусайн Бойқаро нишон медиҳад. Худи муаллиф дар охир ба хулосаи зерин меояд: «Касеро ақлу тамиз ин бошад, ки ин навъ муҳилотро1 қабул кунад, чӣ гуна қобили аморат ва салтанат хоҳад буд?».

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ сабаби ҳамаи ин қашшоқии мардум, ноободии кишвар, вайронии ахлоқи одамони рўзгорро дар суст будани пояи давлат ва ноўҳдабароии шоҳон медид. Нависанда гуфтан мехоҳад, ки бе шоҳи бомаърифат, адолатпарвар ва сиёсатмадор муваффақият ба даст намеояд. Барои исботи фикри худ Восифӣ аз ҳаёти Келдимуҳаммад ҳикояти воқеиеро нақл мекунад:

Муҳилот - сафсата, ҳила, макру фиреб.

«Дар таърихи 935 (1526 мелоди) буд, ки дар айлоқи Тулкайбош аълоҳазрат... Музаффарсултон Муҳаммад Баҳодурхон хаймаву боргоҳ ба фалаки лоҷувардӣ расонида буданд, ки шахсе ба расми додхоҳӣ ба зону даромад ва гуфт:

-Шоҳо, нишон ва фармони ҳумоюни олиро ба фалон кас бурдам,писанд накард ва гардан наниҳод.

Султон дар хашм шуд ва гуфт:

- Мардак, ман худ равам ва ўро биёрам!

- Ман, ки ин суханро шунидам, тасаввур кардам, ки касе даст дар даруни ман даровард ва дилу ҷигари маро канд. Гиря бар ман ғалаба кард ва тоқат наёвардам. Бархостам ва ба хаймаи худ рафтам ва ба ҳой-ҳой гиристан оғоз кардам.

- Яке аз одамони Султон аз дари хаймаи ман даргузашт. Овози гиряи маро шунида ба арз расонид. Султон фармуд, ки:

- Магар аз ҷое хабари нохуше омада бошад?

- Зуд рав ва муллоро талаб намой!

Он шахс омад ва гуфт:

- Шуморо Султон талаб менамояд.

Фақир ба мулозимат ҳозир шудам. Он ҳазрат фармуд.

Шуморо чӣ шуда ва чаро мегирйед?Гуфтам:

- Ба ҳоли худу ба ҳоли Шумо мегирям.

Бар ҳоли Шумо аз он мегирям, ки Шуморо мисли подшоҳони замони мозӣ хаёл мекардам. Мисли Султон Санҷари мозӣ, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва Султон Исмоили Сомонӣ. Шумо, ки ҳамчунон подшоҳе бошед, ки нукари Шумо ҳукми Шуморо гўш накунад ва гардан наниҳад, аз Шумо касе чӣ тамаъ кунад?

Ман аз Маҳмуди Ғазнавӣ ҳикояте шунида будам. Аз Шумо тамаъ он доштам. Дареғи умедҳои норавоям, фиғон аз дардҳои бедавоям!».

Нависанда аз шароит истифода бурда, онро ба шахсияти Султон Маҳмуд вобаста кардааст. Албатта, Восифӣ медонист, ки Султон Санҷар ва Султон Маҳмуд то андозае нисбатан шоҳони одилу халқпарвар буданд.

Нависанда бо ин роҳ хост, ки шоҳони замона, аз он ҷумла ҳамон хони Тошканд-Келдимуҳаммад, ки ҳатто дар назди як нукараш суханаш эътибор надошт, панд гирад, давлатдорӣ ва раиятпарварӣ омўзад.

Бояд гуфт, ки Восифӣ дар ин ҷо далерона ба муқобили шоҳони замонааш мебарояд. Дар ҳаққи онҳо суханони нешдори тамасхуромез мегўяд. Восифӣ фарзандони Ҳусайн Бойқаро - Бадеуззамон ва Музаффарро низ ба зери тозиёнаи танқид гирифта, ноўҳдабароӣ, бехирадӣ, фориғболӣ ва бадахлоқии онҳоро кушоду равшан нишон медиҳад. Ҳатто мардуми Ҳирот дар бораи ин ду шоҳзодаи меросӣ шеъре офарида буданд, ки дар он Бадеуззамон ва Музаффар, ки пас аз вафоти падар ба тахт нишаста буданд, ба ду шоҳи тахтаи шоҳмот монанд карда шудаанд:

Лек ба ҳар ду нисбати шоҳи бувад чунон,

Ба як-ду чўбпора зи шатранҷ номи шоҳ.

Вай шоҳони гузаштаро бо онҳо муқобил гузошта, нотавониашонро ошкор менамояд. Нависанда рўирост бо хон сухан гуфта, хотиррасон мекунад, ки агар мамлакатдорӣ ҳамин асту кор ҳамин, «Аз Шумо касе чӣ тамаъ кунад». Бинобар ин, афсўс хўрда мегўяд: «Дареғи умедҳои норавоям, фиғон аз дардҳои бедавоям!». Восифӣ пас аз ин барои исботи фикр ҳикояти «Тири тиллоии Санҷар»-ро ба онҳо нақл мекунад. Гўё Санҷар ҳар рўз ба атрофи шаҳр тир меандохтааст. Тирҳои вай тиллоӣ будаанд. Ҳар кӣ тири тиллоиро ёбад, ё дар назди хонааш афтад, соҳиби он мешудааст.

Рўзе Санҷар тир меондозад, ки аз тираш кўдаки марди бечорае ҳалок мегардад. Занак кўдакро ба назди Санҷар оварда, хун талаб мекунад. Санҷар дар як табақ зар ва дар як табақи дигар ханҷар ниҳода мегўяд:

«Эй модар, инак зар, инак Санҷар ва инак ханҷар!

Ҳар кадоме ки хоҳӣ, ихтиёр намой».

Аммо соҳибони писар зарро қабул намекунанд ва фақат қасоси фарзандашонро гирифтанӣ мешаванд. Даъвогарҳо писари подшоҳро гирифта ба беруни қаср мебаранд ва пас аз лаҳзае ба назди шоҳ баргашта мегўянд: «Мо ин ҳама муболиға, ки намудем, ғарази мо ин буд, ки подшоҳи худро дар адл имтиҳон намоем».

Восифӣ ҳам аз анҷоми ҳикоят хурсанд мешавад ва орзу менамояд, ки чунин шоҳони одилу халқпарвар дар рўзгор бошанд:

«Фархунда шаҳру диёреву хуҷаста мулку кишваре, ки дар вай инчунин қозӣ ва шаҳриёре бошад».

Восифӣ нақл мекунад, ки дар давраи ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро қозиеро барои пора гирифтан ва ноодилона ҳукм бароварданаш аз кор дур карданд. Вале баъд аз чанд муддат бегуноҳии ў дар назди шоҳ собит гардид. Подшоҳ мехоҳад, ки боз ўро ба кораш маъмур созад. Вале қозӣ «Ба ҳазрати подшоҳ арз доред, ки таклифи эшон вақте воҷиб ва лозим аст, ки ба ғайри ман лоиқ ба амр касе набошад. Дар мулки ҳазрат касоне, ки мутасаддии ин амр тавонад шуд, аз ҳадду каср берун аст».

Чунон ки аз ин суханони козӣ маълум мешавад, ў дар ҳукмбарорӣ, сохибихтиёр набудааст. Бевосита, чунон ки аз «Бадоеулвақоеъ» равшан мегардад, қозӣ ҳамон ҷиноятро бо амри наздикони худи шоҳ содир намудааст. Бинобар ҳамин козӣ мегўяд, ки ман ҳамон вақт ба хизмат меравам, ки дар ҳукмбарорӣ соҳибихтиёр бошам. Ҷавоби подшоҳ хеле аҷиб аст: «Ба ҷаноби қозӣ арз доред, ки эшонро дар ҳар диёре, ки бошад, гурез нест. Пас Дар ҳар вилояте, ки тарҳи иқомат андохтанд, бар ҳокими ин вилоят ин амр лозим хоҳад омад. Агар ҳамин ҷо ин амрро қабул фармоянд, чӣ шавад».

Ҳамин тавр, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ пас аз нақли ҳодисаҳои ҳакиқии ҳаёти онрўза ба хулосаи аҷибе меояд. Ў боварии комил дорад, ки ҳамин зайл фитнаю найрангбозӣ, зулму золимӣ, ба шахсони бегуноҳ ва поквиҷдон туҳмату бӯҳтон намудан будааст ва ҳамин хел мондан мегирад: «Оре, то чаҳон будааст, расм чунин будааст».

Аммо бо вуҷуди ҳамаи ин Восифӣ орзу кардааст, ки подшоҳ бояд одил бошад ва зулму золимӣ, фиребу найрангбозиро барҳам дода, ба халқи мазлум осудагӣ ва ҳаёти хуррам бахшад.

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҷавониашро дар айёми ҳукмронии Ҳусайн Бойқаро ва фарзандони ў гузаронидааст. Аз ин ҷост, ки ў кору рафтори намояндагони ин хонадонро хеле хуб медонад ва дар бораи ҳар кадомашон қиссаю ривоят, ҳикоёту мутоиботи аҷиб меорад. Восифӣ ба бештари подшоҳони ин хонадон бо назари манфӣ нигариста, беандешагӣ ва зулму золимии онҳоро дар «Бадоеулвақоеъ» ҷасурона тасвир намудааст. Аммо дар бораи Мирзо Улуғбек тамоман ба тарзи дигар сухан меронад. Ўро ҳамчун шоҳи одил, босаховат, некўкор, халқпарвар ва ботадбир ба қалам додааст. Восифӣ қайд мекунад, ки шаҳри Самарқанд дар замони ҳукмронии Мирзо Улуғбек васеъ гардида, дар он қасрҳои боҳашамат, мадрасаю масҷидҳои мўҳташам бино ёфтанд.

Фактҳои таърихӣ ҳам исбот мекунанд, ки Мирзо Улуғбек дар ободу зебо намудани Самарқанд ва ривоҷ додани илму адаб саъю кўшише кардааст. Вай нисбат ба аҳли илму адаб таваҷҷўҳи зиёде дошта, ҳамеша онҳоро дар зери ҳимоят гирифта, ёрии моддӣ мерасондааст. Махсусан, дар инкишофи илмҳои дақиқ ва пайдо шудани як қатор олимони намоён, монанди Қозизодаи Румӣ, Алии Қушчӣ, Мавлоно Хавофӣ ва дигарон саҳми арзанда гузоштааст. Аз ҳамин рў, бисёр муаррихон ва нависандагони баъдина Мирзо Улуғбекро дар байни шоҳзодагони темурӣ шоҳи одил, шахси бомаърифат ба қалам додаанд.

Ў тарафдори халқи мазлум буда, барои беҳбудии ҳаёти онҳо чора меҷустааст. Гўё Мирзо Улуғбек дар давраи подшоҳиаш намегузоштааст, ки ягон марди фақири бечора аз зулму тааддии ҳокими бедодгаре азобу ранҷ кашад. Барои ҳамин, Восифӣ дар асараш дар бораи вай бо як муҳаббати беандоза сухан меронад. Восифӣ шоҳи одилро дар образи Мирзо Улуғбек нишон дода, ба ҳамин роҳ шоҳони замонаашро ба адлу дод даъват намудааст1.

1.А. Н. Болдырев. Зайниддина Васифй. Сталинобод, 1957, саҳ. 182.

Нависанда ба ин восита нишон додааст, ки агар сардори давлат подшоҳ ва ё ҳокими инсондўст, адолатпарвар, ростқавлу некўкор бошад, дигар тобеони вай, аз ҷумла қозию муфтӣ аз амали шоҳ ибрат мегиранд. Чунин аст ғоя ва мақсади асосии нависанда.

Тарғиби илму ҳунар, панду андарзҳои ҳакимона

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки худ марди донишманду ҳунарманд буд, барои пешрафти камолоти инсон илму ҳунарро зарур мешуморид. Аз ин ҷост, ки дар «Бадоеулвақоеъ» аҳли илму ҳунар ситоиш карда мешавад. Нақлу ривоятҳое, ки дар бораи шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ, мутафаккири барҷаста Абўалӣ Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон овардааст, пурра фикри болоро тасдиқ менамоянд. Нависанда дар ин нақлу ривоятҳо кору зиндагии ин мардони бузургро моҳирона ба қалам додааст. Восифй дар бораи онҳо бо камоли эҳтиром, бо муҳаббату самимияти беандоза сухан меронад. Нависанда ба эҷодиёти Фирдавсӣ ва Сино баҳои ҳаққонӣ ва арзанда медиад ва меҳнату заҳмати онҳоро дар ин роҳ қадр менамояд.

Қахрамони асосии бисёр ҳикоятҳо, ки дар «Бадоеулвақоеъ» оварда шудаанд, маҳз аз ашхоси табақаҳои поёни ҷомеаанд. Масалан, ҳикояти «Ёқут ва Ҳиндуҳоҷа»-ро мегирем. Мазмуни мухтасари он чунин аст: - Ёқут ва Ҳиндуҳоҷа ду бародарон буданд, ки халифа Мўътасим эшонро харида буд. Ёқутро ба тир андохтан ва Ҳиндуҳоҷаро ба хат навиштан супурда буданд. Аммо Ёқут майл ба хат навиштан дошт ва Ҳиндуҳоҷа тир андохтанро нағз медид.

Бинобар ин, устодонашон ҳарчанд кўшиш менамоянд, меҳнаташон зоеъ рафта, на Ёқут касби тир андохтанро ёд мегираду на Ҳиндуҳоҷа касби навиштанро. Баъд аз ин халифа ҳар кадомеро барои омўхтани касби дўстдоштаашон раҳнамун месозад. Онҳо дар як муддати кўтоҳ тамоми хусусиятҳои касби тирандоз ва хаттотиро аз худ менамоянд. Ва дар рўзгор чунон машҳур ва маъруф мешаванд, ки ҳама аз кору ҳунари онҳо ба ҳайрат меоянд. Намоиши ҳунарнамоиҳои ин ҳар ду бародар асоси ҳикоятро ташкил намуда, онро доманадор кардааст.

Бояд гуфт, ки ғояи асоси ҳикоятро тарғиби илму ҳунаромўзӣ ташкил медиҳад. Маҳз бо меҳнату машаққати зиёд Ёқут ва Ҳиндуҳоҷа ҳунар омўхта, соҳиби номи баланд шуданд.

Қаҳрамони асосии ҳикоят намояндагони табақаи поёни ҷамъиятӣ буда, маҳз бо меҳнати ҳалол, бо азобу машаққати беандоза ҳунар омўхтаанд ва яке аз шахсони пешқадам, ҳунарманд ва нафърасони халқ гардидаанд, ки ҳатто халифа мўҳтоҷи ҳунари онҳо мебошад.

Восифӣ ҳикояти мазкурро дар маҷлиси Султон нақл мекунад. Он рўз дар он маҷлис намояндаи ду аҳли ҳунар - Мавлоно Ҷалолиддин Юсуфи Наққош, Мавлоно Обиди Хаттот низ иштирок доштанд. Онҳо ба аҳли маҷлис намунае аз эҷодиёти худро пешкаш намуда буданд. Дар сурати кашидаи Юсуфи Наққош сайёде акс ёфта буд, ки палангеро бо найза мезанад. Расм хеле зебо ва табиӣ кашида шуда буд ва аҳли маҷлис ба кори ў таҳсину офарин мегўянд. Восифӣ ҳам ба ваҷд омада менависад:

Ба рўзгори ту суратгарони ҳафт иқлим

Қалам шикастаю дар сурати ту ҳайронанд!

Мавлоно Обиди Хаттот қитъаоти як гурўҳ шоиронро бо хати ниҳоят зебо ба қалам оварда, онро ба аҳли маҷлис мебахшад. Азбаски дар замони пеш чопхона набуд, асарҳо дастй навишта мешуданд, ба касби хаттотӣ аҳамияти калон дода мешуд. Ба қадри хаттотон ва меҳнати пурмашаққати онҳо мерасиданд. Инак, дар назди подшоҳ намояндаи ду навъ санъат наққошӣ ва хаттотӣ, ки онҳо низ монанди Ёқут ва Ҳиндуҳоҷа аз аҳли ҳунаранд, истодаанд. Восифӣ дар ин ҷо ҳам аз маврид истифода бурда, барои ба қадри ҳунармандон расидани подшоҳ ҳикояти «Ҳиндуҳоҷа ва Ёқут»-ро нақл мекунад. Ба ин восита нависанда агар, аз як тараф, ҳомию мададгор будани худро нисбат ба мардуми оддии ҳалолкору дилсоф нишон дода бошад, аз тарафи дигар, роҳҳои мушкилеро, ки санъаткорони ҳакиқӣ тай мекарданд, хотирнишон сохтааст. Восифӣ воқеан дуруст таъкид менамояд, ки барои ба мақсад расидан аз ҳама хубтараш бо ҳиммат шудан ва аз сидқи дил меҳнат кардан зарур аст:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар он сурат ҳаёту зиндагии ў шоду хуррам гузашта, аз касе маломат намешунавад.

Восифӣ инсони ҳунарманду, меҳнаткашро инсони комил ҳисоб мекунад. Он касоне, ки бо фиребу найранг аз ҳисоби мардуми меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд, лоиқи номи бошарафи инсони ҳақиқӣ нестанд, - мегўяд нависанда ва ба онҳо нафрат дорад.

Нависанда дар «Бадоеулвақоеъ» ба муқобили зоҳирпарастӣ мебарояд, ки ин масъала дар замони Восифӣ ниҳоят муҳим буда, дар сабзиши инсони поку некўсиришт монеаи калоне ҳисоб мешуд. Одамоне буданд, ки фақат ба ороиши худ машғул шуда, аз донишу ҳунар бебаҳра буданд. Масалан, Восифӣ дар як ҷои асараш танороии Қозӣ Низомиддинро ба тариқи зайл овардааст: . «Ва он аммомаро печ дар печ он чунон бузург сохтӣ, ки чархи барин. Нафосати ҷомаҳояш ба масобае буд, ки ҳар гоҳ худро бадон либосҳои фохир биёростӣ, маҳкамаи дорулқазои фалак пиндоштӣ».

Ин касалӣ табақаи болоии ҷамъияти Ҳироти онрўзаро фаро гирифта буд. Дар он рўзгор ба шахс аз рўи либос, аз рўи намуди зоҳирӣ баҳо медоданд. Шахсе, ки либосҳои фохир медошт, марди донишманд ҳисоб мешуд. Ҳатто бештари онҳо кўшиш мекарданд, ки бо ин роҳ ба мартабае расанд.

Дар «Бадоеулвақоеъ» Қозӣ Ҷодак, Амир Арғун, Ҳофизи Меросӣ ва боз бисёр персонажҳои дигар вомехўранд, ки саллаҳои калон-калон баста, ҷомаҳои фохир мепўшидаанд, ришҳои дароз мемондаанд, вале аз ақлу дониш орӣ будаанд. Бачунин шахсон Восифӣ нафрат дошт ва онҳоро дар асараш мазаммат кардааст.

Восифӣ нишон доданӣ шудааст, ки зоҳирбинӣ, танороӣ ба пешрафти ҷамъият халал мерасонад. Ба ақидаи нависанда ба инсон аз рўи донишу қобилият, аз рўи ҳунар бояд баҳо дод. Ба корҳои давлатӣ шахсонро на аз рўи саллаю ҷома, балки аз рўи дониш ва ҳунарашон таъин кардан лозим аст.

Дар баробари ин нависанда зимни бисёр ҳодисаҳои рўзгор ашхоси хубсириштро мадҳу ситоиш кардааст. Нависанда орзу доштааст, ки одамон ҳамеша росткору ростқавлу покахлоқ ба ҳамдигар мададгору дўст бошанд:

Аз ростист ҷои алиф дар миёни ҷон

Вов аз каҷӣ ҳамеша бувад дар миёни хун.

Дар байни соҳибмансабони дарбори Убайдуллохон низоъ, зиддият, душманӣ ва кинаю адоват ба дараҷаи олӣ мерасад. Мири Араб аз Саброн ба Бухоро омада, бо роҳҳои гуногун дар байни онҳо сулҳ ва дўстӣ барқарор мекунад. Вай дар поёни сўҳбати худ ба онҳо шоҳбайти машҳури Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро овардааст:

Дарахти дўстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.

Зеро, ба ақидаи нависанда, ҷангу ҷидол дар байни ҳамин зайл ашхос боиси вайронии мамлакат ва хонахароб шудани халқи бечора мегардад. Аз ин рў, тифоқ гардидани онҳо барои ободии кишвар кўмак хоҳад расонид.

Восифӣ дар бисёр ҷои «Бадоеулвақоеъ» дўстию бародариро тараннум менамояд. Нависанда, ашхосеро, ки барои молу чиз шуда бо касе дўстӣ мекунанд ва дар мавридҳои тангдастӣ аз дўсти худ канорҷўӣ менамоянд, мазаммати сахт кардааст. Восифӣ барои исботи фикри боло аз ҳаёти худ саргузаштеро нақл менамояд, ки аз таъқиби Сафавиён бо чанд дўсташ гурезон шуда, ба хонаи ёрони ҷониашон барои пинҳон шудан рафтанӣ мешаванд: «Дувоздаҳ кас ба хотир расид. Мутаваҷҷеҳи эшон шудем. Баъзе рў пинҳон карданд ва баъзе узр гуфтанд». Пас фикрашро бо суханони Саъдии бузург:

Дӯст машмор он ки дар неъмат занад

Лофи ёрию бародархондагӣ.

Дўст он бошад, ки гирад дасти дўст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Восифӣ марди ҷаҳонгаштаю бисёрдида, марди сўҳбаторо ва шахси фозил аст. Вай дар ҳар як анҷумани шоирону фозилон гули сари сабад будааст. Нависанда тарзи сухан гуфтан ва одоби онро хеле хуб медонистааст. Восифӣ он касонеро, ки одоби сухан гуфтанро риоя намекунанд, сахт тан-қид кардааст.

Восифӣ мегўяд, ки ҳар як баду неке, ки ба сари инсон меояд, пеш аз ҳама ба забони ў вобаста аст. Бинобар ин, агар ту он суханро надонӣ, беҳтар аст, ки чизе нагўӣ: «Чун туро нест воқифӣ, чӣ беҳ хомўшист».

Дигар, ҳар як суханвар бояд кўшиш кунад, ки суханаш бамаънй бо-шаду мухтасар:

Лоф аз сухан чу дурр тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

Ғайр аз ин, Восифӣ дар бисёр ҷои «Бадоеулвақоеъ» хотирнишон мекунад, ки бо ашхоси нодон сухан кардан нашояд. Зеро чунон ки халқ мегўяд: «Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар - ҷавҳарӣ». Баръакс, бояд кўшиш кард, ки бо шахсони аз худ донотар ҳамнишин бошӣ.

Ҳамнишини ту аз ту беҳ бояд

То туро ақлу дониш бияфзояд.

Фикрҳои панду ахлоқии Восифӣ қимату арзиши зиёд дошта, инсонро ба ростию накўкорӣ, илму қунаромўзӣ ва дигар хислатҳои нек ҳидоят мекунанд.

Аҳамияти «Бадоеулвақоеъ» ҳамчун сарчашмаи илмиву адабӣ

Восифӣ дар тўли ҳаёти худ ба бисёр мамлакатҳо ва шаҳрҳо сафар карда, бо аҳли илму адаби доираҳои адабии Ҳирот, Бухоро, Самаранд, Шоҳрухия ва Тошканд вохўрда, сўҳбатҳои адабӣ ороста буд. Аз ин рў нависанда дар асараш дар бораи шоирону олимони машҳури замон ва ҳаёти илмиву адабӣ ба тафсил маълумот медиҳад. Маълумотҳои Восифӣ эътимодбахш буда,барои муайян намудани ҳаёту фаъолияти як зумра нависандагон: Ҷомӣ,Навоӣ, Биноӣ, Дарвеши Деҳакӣ ва вазъияти илмиву адабии асрҳои XV-XVI аҳамияти муҳими илмӣ доранд.

Масалан, дар «Бадоеулвақоеъ» оварда шудааст, ки Камолиддин Биноӣ ба Табрез сафар намуда, бо аҳли илму адаби он кишвар вохўрда, сўҳбатҳо мегузаронад. Махсусан, маълумоти ў дар бораи Дарвеши Деҳакӣ аҳамияти калони илмиву адабӣ дорад. Дарвеши Деҳакӣ соҳибистеъдод буда, ашъори олӣ мегуфтааст, вале аз хату савод бенасиб будааст. Ў ба касби бофандагӣ машғул шуда, рўзгорашро аз ҳамин даромад таъмин мекардааст. Султон Яъқуб ҳарчанд саъю кўшиш кардааст, аммо Дарвеш ба дарбори ў нарафта, дар деҳаи Деҳак то охири умр зиндагӣ намудааст.

Аз ў девоне боқӣ мондааст. Ҳамзамонони Дарвеши Деҳакӣ, аз ҷумла : Биноӣ, Восифӣ ба эҷодиёти ў баҳои баланд додаанд.

Восифӣ дар баробари нақли тарҷумаи ҳол аз эҷодиёти онҳо намунаҳо меорад ва дар бораи осори онҳо фикру мулоҳизаҳои шахсии худро низ баён мекунад. Чунончи, Восифӣ дар бораи Мавлоно Субҳии Убаҳӣ, ки яке аз дўстони наздики нависанда буд, ба тарзи зайл маълумот додааст: «Дар рикоби Султон ҷамъе аз фозилон ва шоирон ҳамроҳ буданд. Чунон ки одат шуда буд, дар роҳ ҳам барои Султон байтҳои рангин ва ҳикоятҳои ширин зикр меёфт. Дар он миён фозиле ин байтро бархонд:

Буд дар даъвии обрўят маҳи нав тезу тунд,

Дид чун хуршеди рўят, кард худро гирду ғунд.

Ҷамъе аз саворон, ки дар ҳар тарафи роҳ пароканда мерафтанд, ба назди он фозил гирд омада, он байтро боз хонданд.

Султон гуфт:

- Ин байт аз они кӣ бошад, ки ҳамаи моро гирду ғунд кард: Фақир (яъне Восифӣ) арз кардам, ки ин байт аз они Мавлоно Субҳии Ўбаҳӣ аст ва ин матлаъ ҳам аз ўст:

Нисбати чашмат ба наргис кардаам, шармандаам

Аз хиҷолат ҳамчун наргис сар ба пеш афкандаам

Ва Мавлоно Убаҳӣ ба ин ғазал савте дар мақоми Чоргоҳ баста, ки оҳангбандони Хуросон таслим кардаанд. Султон гуфт:

- .. .Шуморо бо Мавлоно Субҳӣ алоқаи дўстӣ ва хусусият тамом буда-

аст. Агар аз ҳикоятҳои ў чизе гуфта шавад, муносиб менамояд».

Пас аз ин Восифӣ дар бораи ҳаёту зиндагӣ ва эҷодиёти Мавлоно Субҳии Убаҳӣ нақлҳои бисёр меорад.

Восифӣ на танҳо дар бораи ҳамзамонони худ, балки доир ба ҳаёту фаъолияти аксарияти адибони бузурги гузашта маълумоти пурқимат додааст. Нависанда он маълумотҳоро аз асарҳои илмию таърихӣ омўхта, дар асоси мутолиаи осори онҳо ба хулоса омадааст. Чунончи пеш аз он ки дар бораи Фирдавсӣ нақл кунад, чунин меорад:

«Баъд аз он хон (Келдимуҳаммад) ба фақир гуфт:

- Он чизе, ки ҳазрати Ҷомӣ дар «Баҳористон» ва дигар муаллифон дар китобҳои худ дар бораи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ў навиштаанд, бисёр кўтоҳ аст. Аммо ин хусусро ба тафсил ҳикоят кунед, бисёр матлуб ва марғуб аст».

Фақир мувофиқи хоҳиш он чизҳоро, ки дар бораи Фирдавсӣ дар китобҳо дида будам, нақл намудам».

Нақли Восифӣ хеле муфассал аст. Нависанда ба ин ривоят баъзе эпизодҳои нав дохил кардааст. Масалан, Султон Маҳмуд пас аз он ки ҳаҷви Фирдавсиро мехонад, ба хашму ғазаб омада, вазири худ Ҳасани Маймандиро ба қатл мерасонад. Аммо дар асл вазир ҷазо намебинад. Шояд ин иловаи худи Восифӣ бошад, зеро Восифӣ ба Фирдавсию «Шоҳнома»-и ў меҳру муҳаббати бепоён дошта будааст. Бинобар ин, ў нахостааст, ки чунин як шахси бадкирдор шоири бузургро тўҳмат карда, фитна ангезаду беҷазо монад. Аз ин ҷост, ки ўро ба марг маҳкум менамояд.

Восифӣ ривоятро бо илтимоси Келдимуҳаммад дар яке аз маҷлисҳои ў нақл мекунад, ки дар он ҷо ахди дарбор иштирок доштанд. Табиист, ки дар байни онҳо баъзе ашхоси соҳибмансаб буданд, ки дар хоинӣ, фиребу найрангбозӣ ҳаргиз аз Ҳасани Маймандӣ камӣ надоштанд. Ба ҷазои ҳаққонӣ расондани вазири бадкирдор барои аҳли дарбори Келдимуҳаммад як ҳодисаи пандомўзе буд.

Як хусусияти муҳими «Бадоеулвақоеъ» боз дар он аст, ки муаллифи он на фақат бо овардани асарҳои халқй махдуд мешаваду халос, балки бевосита ҳаёти воқеии гўяндагонро бо сўзу гудоз ва бо як таваҷҷўҳи беандоза нақл менамояд. Нависанда қариб ҳамаи онҳоро некахлоқу некўсиришт мешуморад.

Восифӣ пеш аз он ки асари халқиро ба хонандагон ҳикоят кунад, аввал гўяндаи онро шинос менамояд. Вай дар бораи гўяндагону масхарабозони халқӣ, аз қабили Носири Рангрез, Мулло Девонаи Шамърез, Бобоҷамоли Бузбоз, ки дар ҳунарнамоӣ ва масхарабозӣ мардуми Хуросонро шефта карда буданд, маълумоти хеле муфассал медихад. Аз ин маълумотҳои нависанда ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳанўз дар ҳамон асрҳо ин намуди санъат, ки бо таъбири имрӯза сирк ном дорад, дар байни мардуми тоҷик равнақу ривоҷе доштааст. Монанди Бобоҷамолу Ҳасаншаҳриёр дар байни халқи тоҷик масхарабозоне буданд, ки онҳо намоишномаҳо ташкил намуда, мардумро бо ҳикояту латифаҳои ширин ва дигар ҳунарнамоиҳои дилписандашон механдонданд. Бо ин роҳ каме бошад ҳам, ғаму ғуссаи халқи мазлуми ситамкашро сабуктар мегардонданд.

Восифӣ дар мавридҳои даркорӣ асарашро бо шоҳбайтҳои шоирони бузурги гузашта зебу зинат додааст. Ин шоҳбайтҳои бузургон имрўзҳо дар байни халқ хеле серистеъмоланд ва аз тарафи мардум дар ҳар ҷо ва дар ҳар маврид барои исботи фикр истифода бурда мешаванд. Вале муҳимаш ин аст, ки намунаҳои дар «Бадоеулвақоеъ» овардашуда собит менамоянд, ки ин суханони пурқимат ҳанўз дар асрҳои XV ва XVI дар байни халқ маълуму машҳур гардида будаанд.

Мавқеи асарҳои халкӣ дар «Бадоеулвақоеъ»

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ба эҷодиёти даҳонакии халқ таваҷҷўҳи беандоза дошта, аз он ғизоимаънавӣ мегирифт. Бинобар ин дар «Бадоеулвақоеъ» қариб ҳамаи жанрҳои фолклорӣ: афсона, латифа, ривоят, чистон,чистонмасъалаҳо, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва ғайра истифода шудаанд. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, чунон ки профессор А. Н. Болдирев таъкид мекунад, халқияти эҷодиёти Восифӣ ба хубӣ тасдиқ меёбад.

Восифӣ аз эҷодиёти халқ бо ду роҳ истифода бурдааст: Якум жанрҳои фолклориро айнан, бевосита мавриди кор қарор дода, дуюм асарҳои халқиро мазмунан овардааст. Дар ин ҷо дар асоси образ, ғоя ва сюжетҳои халқӣ нависанда асари оригиналӣ офаридааст. Аммо бояд гуфт, ки Восифӣ, дар «Бадоеулвақоеъ» бештар бо роҳи якум аз эҷодиёти даҳонакии халқ истифода бурдааст.

Нависанда дар бисёр лаҳзаҳо барои характеру хислат ва ҷаҳони боти-нию маънавии ҳамзамонҳояшро пурраю барҷаста кушода додан бо як маҳорати калон зарбулмасал ва мақолҳои халқиро айнан ба кор бурдааст. Баъзан Восифӣ зарбулмасалҳои халқиро аз забони персонажҳои асараш меорад, ки ин тарз барои пурра гардидани образ кўмак мерасонад. Масалан, Восифӣ мегўяд, ки дар дилам азми омўхтани санъати муаммо пайдо шуд. Боре дар бозори Ҳирот Ҳофиз Ҳусайнро, ки бо лақаби Ҳофизи Ғамза машҳур буд, дидам. Дар дасти ў «Рисолаи муаммо»-и Мавлоно Сайфии Бухороӣ буд. «Аз Ҳофизи Ғамза илтимос намуда шуд, ки он рисоларо ҷиҳати китобат ба расми орият карам фармоянд. Ҳофиз ханда карда фармуданд, ки:

Ғормушу гулоб, яъне чӣ?

Гўши карру рубоб, яъне чӣ?

Танҳо ҳамин як зарбулмасал, ки аз номи Ҳофизи Ғамза оварда шудааст, симои ҳақиқии ўро дар пеши чашми хонанда кушода медиҳад. Дар пеши назари мо марди мағруру худписанд ва ҷоҳиле намудор мегардад. Ў худро донишманди бузург шуморида, дигаронро тамоман нодон ҳисоб мекунад. Зоҳиран, зарбулмасали мазкур бо ҳамин намудаш имрўзҳо дар байни халқ кам истеъмол мешавад. Масалан:

«Хар чӣ донад маззаи қанду набот,

Тўрбаи ҷав бошаду кунҷи работ».

Ё ки: «Ба вай қанд ҳам яку қурут ҳам як» дар байни халқ ба таври васеъ истифода мешаванд. Гуфтан ҷоиз аст, ки зарбулмасали

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз

Кабўтар бо кабўтар, боз бо боз.

ҳам дар байни халқ ва ҳам дар асарҳои шоирону нависандагони классику муосир ба таври васеъ маъмул аст. Ин зарбулмасал вобаста ба матн маъниҳои гуногунро ифода менамояд. Вале маънии асосиаш ин аст, ки бояд ҳар як шахс бо ҳамсол, ҳаммаслак, хулоса бо касе, ки аз ҳар ҷиҳат ба ў наздику қарин аст, муомила ва муносибат кунад ва ё қувва озмояд.

Восифӣ барои кушода додани масъала ва возеҳу таъсирбахш намудани воқеа аз зарбулмасали халқӣ «Ташна дар хоб об мебинад» моҳирона истифода бурдааст. Масалан: «Баъд аз он ба дашноми мо ибтидо кардаанд, ки мо ба шумии ин ду саги суннӣ аз сўҳбати он тўй маҳрум шудем. Ва мир имшаб намеояд ва имшаб ин сагони сунниро нигоҳ бояд дошт.

Ғиёсиддин Муҳаммад оҳиста ба ман гуфт:

- Эй бародар, ғам махўр, ки ман имшаб худро ва туро халос мекунам ва ин ду кофири лаинро мекушам.

Ман гуфтам:

- Эй бародар, масал машҳур аст, ки «Ташна дар хоб об мебинад».

Халосӣ чӣ гуна мумкин бошад, ки дастҳои мо баста бошанд ва ин ду ифрит дар беруни дар нишаста»...

Восифӣ зарбулмасал ва мақолҳои халқиро бо каме тағйирот истифода бурдааст. Ё ин ки байтҳое оварда мешаванд, ки онҳо дар асоси зарбулмасалҳои халқӣ эҷод шудаанд:

1. Дар «Бадоеулвақоеъ»:

Гар айби хоки поки Сиистон кунад касе,

Дарё палид менашавад аз даҳони саг.

Дар халқ:

«Бо дуои кўрмуш борон намеборад» ва ё «Оби дарё бо лесидани саг ҳаром намешавад».

2. Дар «Бадоеулвақоеъ»:

Рост рав, ки ба манзил нарасад каҷрафтор.

Мор то рост нагардад, наравад дар сўрох.

Дар халқ:

«Мор каҷ рафта-рафта, ба хонааш рост медарояд».

3. Дар «Бадоеулвақоеъ:

Сўи Қаъба чӣ равам, саҷаи Буддо чӣ кунам?

Ёр ин ҷост, мани дилшуда он ҷо чӣ кунам?

Дар халқ:

«Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем,

Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем».

Восифӣ аҳамият ва қимати чистон-масъалаҳоро ҳанӯз дар асрҳои XV-XVI дуруст дарк кардааст. Намунаҳои дар «Бадоеулвақоеъ» овардашуда пурра собит менамоянд, ки чистон-масъалаҳо таърихи қадим доштаанд. Восифӣ барои халқи худ хизмати пурарзише карда, як қисмати онҳоро ба асараш дохил намудааст.

Ба ҳамин тариқ, Восифӣ дар «Бадоеулвақоеъ» на танҳо аз чистонҳои халқӣ, балки аз чистонҳои тартибдодаи шоирони гузашта: Камол Исмоили Исфаҳонӣ, Ибни Ямин, Шарафиддин Алии Яздӣ ва дигарон низ истифода бурдааст. Масалан, Восифӣ 13 чистони Шарафиддин Алии Яздиро ба асараш дохил намудааст. Аз ин ҷиҳат ҳам қимату арзиш ва аҳамияти «Бадоеулвақоеъ» хеле бузург мебошад.

Равшан аст, ки дар таърихи адабиёти ҳазорсолаамон пеш аз Восифӣ ва баъд аз ў шоирони бузург гузаштаанд, ки онҳо низ аз ин сарвати маънавии халқамон мувофиқи талаботи давру замон, завқу хоҳиш, ҷаҳонбинӣ ва афкори худ истифода бурдаанд. Вале, қайд кардан зарур аст, ки тарзи корбурди эҷодиёти халқ дар Восифӣ нисбат ба нависандагони гузаштаамон хусусиятҳои ба худ хосе дорад. Масалан, дар «Бадоеулвақоеъ» латифа, афсона ва ривоятҳо тарзи конкретиро мегиранд. Қаҳрамони асосии онҳо бештар ҳамзамонони Восифӣ, ки ў ҳар рўз бо онҳо ҳамсўҳбат мешудааст, мебошанд. Албатта, ин хусусият, агар аз як тараф, ба сабаби характери ёддоштӣ доштани асари муаллиф бошад, аз тарафи дигар, ин роҳ услуби махсуси нависанда аст, ки ба ин восита ғояю афкори пешқадами худро хубтару барҷастатар ифода карда тавонистааст.

Ғайр аз ин, ҳамаи асарҳои халқие, ки дар «Бадоеулвақоеъ» истифода шудаанд, ғояю идеяи махсус доранд, характеру ҳусусияти фардеро кушода медиҳанд, дар баробари ин ҳамаи онҳо барои кушодани чаҳони ботинию маънавии нависанда, муҷассам намудани характер ва типӣ баромадани образи Восифӣ басо хизмат кардаанд. Ба ҳамин тариқ, образи муаллиф -Зайниддин Маҳмуди Восифӣ монанди як хати сурх аз байни кулли онҳо мегузарад. Дар анҷоми «Бадоеулвақоеъ» образу характери Восифӣ бо тамоми нозукию мураккабиҳояш дар пеши чашм ҷилвагар мешавад.

Услуб ва забони «Бадоеулвақоеъ»

Бояд гуфт, ки услуб ва забони «Бадоеулвақоеъ» якранг нест. Ҳангоми мутолиа ҳам услуби содаи омма фаҳм ва ҳам услуби мураккаби душворфаҳм ба назар мерасад. Ҳангоми таърифу тавсифи подшоҳон, аҳли дарбор, маҷлисҳои онҳо забон ва тарзи баёни Восифӣ ниҳоят мураккаб мешавад. Дар ин ҷо ҷумлаҳои печ дар печ, ибораҳои арабӣ, калимаҳои душворфаҳм бештар мавқеъ пайдо мекунанд. Вале, хушбахтона, қисми асосии эҷодиёти Восифиро насри сода ташкил медиҳад. Вақте ки сухан аз ҳаёти мардуми меҳнатӣ меравад, услуби баёни Восифӣ низ дигар мешавад. Махсусан, хангоми нақли асарҳои халкӣ забони «Бадоеулвакоеъ» ниҳоят сода ва ба забони гуфтугўй хеле наздик мегардад. Дар ин ҳолат акнун ба ҷои ибораҳои мураккаб таъбиру ибораҳои сода, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ асарро зебу зинат медиҳанд. Маҳз бо ҳамин хусусиятҳои худ, чунон ки А. Н. Болдирев қайд кардааст: «Восифӣ проблемаи офариниш-эҷоди услуби нави адабиро амалан ҳаллу фасл кард»1.

Дар «Бадоеулвақоеъ» ифодаҳоеро пайдо карда метавонем, ки имрўзҳо дар забони зиндаи халқ истифода мешаванд, вале дар забони адабии ҳозира камистеъмоланд. Масалан, калимаю ибораҳои «қариби хуфтан», «аҳлу аёл», «ҳаволаи фарқи сар», «як сари мўй» дар лаҳҷаҳои ҷанубӣ хеле серистеъмол мебошанд. Илова ба ин, дар асар бисёр ҷумлаҳоеро дидан мумкин аст, ки онҳо аз ҷиҳати таркибу сохтор ва оҳангу равиши худ ба ҷумлаҳои халқӣ шабоҳати комил доранд. Инак, ба ин ҷумлаҳо диққат диҳед:

«Куҷоӣ! Роҳро сар кун. Ў дар пешу Султон аз қафои ў мерафт. То ба хонаи ў расид. Шамъ дар лаган месўхт. Султон фармуд, ки дарой ва шамъро бикуш! Он шахс шамъро бикушт. Баъд аз он Султон даромад...»

Ба ҳамин тариқ, Восифӣ ҳангоми истифодаи асарҳои халқӣ на фақат ба сюжет ё мазмуни онҳо диққат медодаасту халос, балки саъю кўшиш менамудааст, ки ба услуб, тарзи баёни асарҳои халқӣ аҳамияти калон диҳад. Зеро танҳо бо ҳамин восита қимату арзиш ва халқияти асарҳои нависанда дар пешичашми хонанда муҷассам мегардад. Маҳз ҳамин воситаҳои тасвир барои баёни фикрҳои олӣ ба нависанда кўмаки калон мерасонанд. Аз тарафи дигар, ҳар як хонанда, пас аз мутолиаи чунин асарҳо завқи эстетикӣ мебарад.

Восифӣ дар тасвири табиат, зебоиҳои он маҳорати комил дорад. Бештари ин тасвирҳо бо забони содаю санъатн мусаҷҷаъ ба қалам дода шудаанд. Восифӣ табиатро бо мақсади муайяне тасвир мекунад. Зеро тасвирот барои кушодан ва хубтар дарк намудани ҳодисаю воқеаҳо ва персонажҳои асар ёрии калон мерасонанд. Бо ибораи дигар, ин тасвирҳо бо мазмуну мундариҷаи «Бадоеулвақоеъ» сахт алоқаманданд. Масалан, Восифӣ соли 1514 Дар моҳи ҳут, ба Бухоро сафар мекунад.

1 А. Н. Болдирев. Зайнаддин Васифи. Сталинабад, 19-5 7, саҳ. 301.

Сафари нависанда ихтиёрӣ буда, ӯ муштоқи тамошои шаҳри бостонии Бухорост. Аз ин рў, дар бораи он бо як ҳиссиёти баланд сухан меронад.

«Хулоса, мо бо хурсандӣ раҳсипор гардида, ба шаҳри Бухоро наздик расидем. Чун ба он шаҳри хуррамбаҳор як фарсах роҳ монд, манораи он, ки бо камоли азамат аз ҳама биноҳо ба қадри чандин найза баланд шуда рост истода буд, моро бо виқору тамкини одамиёна пешвоз гирифт. Зебу оростагӣ ва зинату перостагии он шаҳр ба дараҷае буд, ки биҳишти анбарсиришт аз шарми ў дар пардаи ҳаё ҷамоли худро пинҳон карда, рўй ба касе наменамуд. Дарвозаи баландовозааш ба забони ҳол ба гўши сайёҳон нидо медод:

Ин аст ҷаннати адн, биёед ба вай ҷовидона дароед!»

Мазмун ва мундариҷаи идеявии ашъори Восифӣ

Зайниддин Маҳмуди Восфӣ,чунон кидар боло ишорат рафт,натанҳо нависандаи бомаҳорат, балки олим, муаррих, забоншиносу адабиётшиноси мумтоз низ будааст. Дар «Бадоеулвақоеъ» намунаи осори ӯ доир ба ин илмҳо оварда шудаанд. Муаллифи тазкираи «Музаккирулаҳбоб» Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, ки соли 1566 онро ба анҷом расонидааст, дар бораи ҳаёту фаъолияти Восифӣ маълумот дода истода, ба назми ў баҳои баланд медиҳад. Ҷавобияҳои ўро ба қасидаю ғазалҳои шоирони гузашта ва муосир аъло ҳисоб мекунад.

Восифӣ дар ҳамаи жанрҳои адабии адабиёти классикӣ: қасида, ғазал, рубоӣ, қитъа, байт, фард ва ғайра асар эҷод кардааст.

Як ҷиҳати муҳими назми Восифӣ дар он аст, ки ў кай, дар кадом маврид ва ба чӣ мақсад эҷод шудани онҳоро дар ёддоштҳояш ба тафсил нақл мекунад. Масалан, аз нақли Восифӣ равшан мегардад, ки соли 1514 дар Бухоро 100 ғазал эҷод кардааст, ки онҳо дар «Бадоеулвақоеъ» пурра оварда шудаанд. Ин хусусият ба эҷодиёти адибони гузашта чандон хос нест. Як мисоли дигар, Восифӣ сабаби ба вуҷуд омадани қасидаи қаҳтӣ ва сардиро чунин ҳикоя мекунад: - Соли 1512 дар Самарқанд зимистон сахт омад:

Рўз аз хунукӣ кашида дарҳам,

Худрову намуда кўтаҳу кам.

Аз сардии об мурғи обӣ

Оварда паноҳ бар кабобӣ.

Қаҳтӣ ва гаронӣ ниҳоят авҷ гирифт. Зиндагии мардум ниҳоят вазнин ва аҳволи Восифӣ бад шуд. Илова бар ин 10 толибилми қашшоқ ва гурусна ба назди Восифӣ омада имдод металабанд. Дар ин бора муаллиф чунин мегўяд: «Аммо кори толибилмон ба ҷое кашид ва аҳволи онҳо ба дараҷае расид, ки ду тан аз онҳо пўстинҳои худро фурўхта хўрданд ва аз сахтии сармо ҷон ба ҷонофарин супурда мурданд.

Мавлоно Алии Балхӣ, ки яке аз ёрони ҷонӣ буд, шабе ба ҳуҷраи фақир омада гуфт:

- Ин толибилмон ҳама ҳалок мешаванд, дар бораи онҳо чӣ андеша бояд кард?

- Гуфтам: - Ман низ ҳайронам ва чорае намедонам.

- Дар таърифи соли қаҳт, - гуфт ў, - ба мадҳи Абўсаидсултон1 қасидае бояд гуфт, то ки аз вай сила (мукофот) гўён чизе рўяд ва ба он восита сафинаи умри ин фақиронро аз ин бари бепоёни сармо ба соҳили фароғат гузаронем...

Гуфтам: - султон Абўсаид туркест, ки асло форсӣ намедонад, чунон ки мо туркӣ намедонем. Мавлоно Алӣ гуфт:

- Ман рафиқе дорам, ки имом ва ноиби султон аст. Ў қасидаро ба султон таъриф кунад, кифоя аст.

Пас аз ин Восифӣ дар як шаб қасидаи «Қаҳтӣ ва сардӣ»-ро иншо мекунад. Рўзи дигар қасидаро дар назди Абўсаид мехонад ва ў 10 гўсфанд, 20 ман орд, ба маблағи 600 танга ва чаҳор дарахт барои ҳезум инъом медиҳад.

Восифӣ он чизҳоро ба мадраса оварда, талабагони гуруснаро аз марг наҷот медиҳад, ки албатта, ин як кори хайр, некии инсони бузург нисбат ба дармондагон ва бечорагон аст.

Қасидаи мазкур аз рўи мазмуну мундариҷаи идеявӣ на мадҳӣ, балки ҳасбиҳолӣ аст. Дар он гуруснагӣ, ҳаёти вазнини омма ва худи муаллиф ба хубӣ инъикос ёфтааст:

Эй дил, хаёли хом мабар дар пайи таом!

Зеро ки имтило2 шудаам з-ин хаёли хом.

Зикри фалак ба хайр, ки аз хони ў маро,

Шамсаи меҳр - чошт бувад, қурси моҳ-шом3.

Тасбеҳ дона кардаму саҷҷода дом, лек,

Анқо шудаст нону нашуд сайди кас ба дом.

Як дона гандум ар ба замин афканад касе,

Мардум кунанд мўрсифат бар вай издиҳом.

Хокистаре, ки дар таҳи он пухта шуд кумоч4,

Созанд тўтиёш халоиқ ба эҳтиром.

Аммо Восифӣ таъкид менамояд, ки гурўҳи табақаи болои ҷамъият зиндагии пурнишот ва ҳаёти хуррам доранд. Лекин ба бечорагон дасти мадад дароз намекунанд. Аз ин ҷост, ки онҳоро лаин, хасис ва бераҳму шафқат гуфта, аз онҳо чизе тамаъ карданро маслиҳат намедиҳад:

Дунон намедиҳанд ба кас ним луқма нон

Ё раб, чунон мабод зи дунон ба ғайри ном.

Эй Восифӣ, ба гуруснагӣ сабр

Зинҳор нон тамаъ макун аз суфраи лиём5

Восифӣ дар қасида, қитъа, рубоӣ ва ғазалҳояш инсонро ба некномию некандешӣ даъват намуда, хислатҳои ҳамидаи онҳоро ситоиш мекунад.

1 Султон Абўсаид - ҳокими Самарқанд, соли 1533 вафот кардааст.

2 Имтило - пур шудани меъда, пурхўрӣ.

3 Мисраъ чунин маъно дорад: Аз нодорамӣ барои одамон қурси офтоб хўроки чошт-

гоҳӣ ва моҳ хўроки бегоҳирўзӣ аст.

4 Кумоч - як навъ нонест, ки кўчманчиён дар зери хокистар мепазанд.

5 Лиём - нокасон, бахилон, мунофиқ

Дар баробари ин одамони бахил, ҳасуд, тамаъкор ва золимро сахт мазаммат кардааст.

Восифӣ одамони ҳасудро афроди пасттарини рўзгор мешуморид. Ин бесабаб нест. Ҳангоми мутолиаи «Бадоеулвақоеъ» мебинем, ки Восифӣ аз таҳқиру озори ҳасудон оби чашмаш чун селоб ҷорӣ мешавад ва гоҳ аз таъқиби одамони шоҳ шаҳр ба шаҳр сарсону саргардон гашта, ёди Ватан, хешу табор, ёру дўст мекунад. Дар байти зерин муаллиф бо як дарду алам мегўяд:

Вафову мардумӣ дар Мовароуннаҳр кам бошад,

Агар хоҳӣ, бихез, эй Восифӣ, рў дар Хуросон кун!

Восифӣ дар охир ба хулосае меояд, ки агар то ин гуна афроди пастфитрат намуранд, аз онхо халос шудан дар ин рўзгор муҳол аст. Муаллиф ин фикрашро дар қитъаи зерини бузургон ҷамъбаст кардааст:

Тавонам он ки наёзорам андаруни касе,

Ҳасудро чӣ кунам, гар зи хеш ранҷ дар аст.

Бимир, то бираҳӣ, эй ҳасуд, к-ин ранҷест,

Ки аз машақкати он ҷуз ба марг натвон раст.

Восифӣ дар сурудани ғазал қобилияти аҷиб доштааст. Ғазалҳои ў дар равонӣ, ширинӣ ва санъати сухан баланд буда, намунаҳои барҷастаи асарҳои лирикии асри XVI адабиёти тоҷик ба ҳисоб мераванд.

Инак, барои исботи ин ақида чанд байт аз ғазали «Хайр бод»-и шоир:

Меравам аз кўи ту бо ҷони пурғам, хайр бод!

Бо дили пуроташу бо чашми пурнам, хайр бод.

Аҳли оламро зи ман гар буд дар хотир ғубор,

Ман зи олам меравам, бар аҳли олам, хайр бод.

Он парӣ дар вақти рафтан аз сари меҳру вафо

Восифии хастаро мегуфт ҳар дам: «Хайр бод»!

Восифӣ ба ғазалиёти шоирони бузурги гузашта Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Котибии Нишопурӣ, Абдурахмони Ҷомӣ, Мавлоно Унсӣ, Камолиддини Биноӣ ва дигарон назира гуфта, аз ўҳдаи ҷавоб гуфтан ба хубӣ баромадааст. Барои исботи ин фикр ба намунаи зер дикқат кунед:

ХУСРАВИ ДЕҲЛАВ;:

Чаман чун бўи ту дорад, ба бўят дар чаман мирам,

Ба ёди қадди ту дар сояи сарву суман мирам.

ВОСИФ;:

Чу ман аз бевафоиҳои он паймоншикан мирам,

Барафтад аз ҷаҳон расми вафо рўзе, ки ман мирам.

КАМОЛИДДИНИ БИНО;:

Бисўхт оташи найи дили балокаши ман,

Магар найе нафасе медамад бар оташи ман?

ВОСИФ;:

Ба рақс гарм чу гардид сарви маҳваши ман,

Зи боди домани ў даргирифт оташи ман.

Устод Айнӣ ба назми Восифӣ баҳои баланд дода чунин мегӯяд: «Восифӣ қасиданависи забардастест, ки бисёр қасидаҳои устодонро бомуваффақият ҷавоб гуфтааст, инчунин дар ғазал кам лирикаи баланд дорад, ў чистонҳоро ҳам, ки дар он замонҳо шўҳрат дошт, хеле устодона мегўяд... Восифӣ дар донистани қоидаҳои вазну қофияи шеър забардасттарини замони худаш аст».

Дар ҳакиқат, Восифӣ дар назм дасти тавоно дошт. Дар асарҳои назмии шоир низ ду хусусият, ду услубро мушоҳида кардан мумкин аст. Азбаски хаёти Восифӣ дар дарбори шоҳону ҳокимони вақт ҷараён ёфтааст, то андозае дар эҷодиёти худ ақида, майлу хоҳиши намояндагони ин табақаро инъикос кардааст. Дар баъзе қасидаҳояш шоҳону ҳокимонро сито-иш карда, онҳоро ба адолатпарварӣ ҳидоят мекунад. Қасидаҳои мадҳии шоир аз ҷиҳати забон ва услуби баён ҳам мураккаб буда, дар онҳо калимаю ибораҳои арабӣ, санъатҳои душвори шеърӣ бештар истифода шудаанд. Вале ин гуна асарҳо дар эҷодиёти шоир мавқеи баланд надоранд. Қисмати асосии осори Восифиро, чунон ки дар боло дидем, мавзўъҳои зарурии замони нависанда ташкил медиҳанд. Ў дар «Бадоеулвакоеъ» ғояҳои олӣ, фикрҳои гуманистӣ, адолатпарвариро инъикос кардааст. Восифӣ чи дар асарҳои насрӣ ва чӣ назмӣ ба забони содаи халқӣ такя намуда, онро боз ҳам инкишоф додааст. Аз ин ҷиҳат ҳам «Бадоеулвақоеъ» барои муайян намудани таърихи забони точикӣ дорои қимату арзиши зиёд аст.

НАЗАРИЯИ АДАБИЁТ

Жанри ёддошт. Восифӣ дар «Бадоеулвақоеъ» сафарҳои тўлонии худро ба шаҳрҳои Машҳад, Нишопур, Самарқанд, Бухоро, Шоҳрухия, Тошканд ва ғайра ба тафсил нақл кардааст. Аз сар гузаронидани ҳодисаю воқеаҳои нохуш, сўҳбату вохўриҳои нависанда бо ашхоси гуногун, иштироки ў дар базму маҷлисҳои шоҳону ҳокимон, фаъолона иштирок намудани вай дар ҳодисаҳои сиёсию иҷтимоии давр мазмуну мундариҷаи «Бадоеулвақоеъ»-ро ташкил додаанд. Дар адабиётшиносӣ ин гуна асарро асари ёддоштӣ, ё жанри ёддошт мегўянд. Дар асари ёддоштӣ қаҳрамони асосӣ худи муаллиф мебошад. Ў дар ин гуна асарҳо ба тарзи гуногун пайдо шуда, дар ҳалли кулминатсияи асар роли ҳалкунанда мебозад. Дар «Бадоеъулвақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ ҳамчун образи типӣ амал карда, дорои характеру хусусияти ба худ хос мебошад.

Вале бояд эътироф кард, ки ёддошт ҳам аз рўи хусусиятҳои алоҳидаи худ ба чанд қисмат тақсим мешавад.

Баъзе ёддоштҳое ҳастанд, ки дар онҳо ҳамчун рўзнома тарҷумаи ҳоли муаллиф ба тарзи бадеӣ ва ба тариқи хронологӣ оварда мешавад.

Аммо асарҳои ёддоштие низ мавҷуданд, ки аз ҳикоятҳои пароканда ё қиссаҳои алоҳида иборат буда, дар онҳо муаллиф аз ҳаёти хеш қисса мекунад ва ё ин ки чанд саргузашти дўстон ва ҳамсўҳбатонашро ба риштаи таҳрир мекашад. «Бадоеулвақоеъ» маҳз ба ҳамин услуб иншо ёфтааст. Ғайр аз ин, Восифӣ дар бисёр мавридҳо аз санъати ҳикоя андар ҳикоя истифода бурдааст. Ин усули нигориш ба асар рангу таровати тоза бахшида, ҷиҳатҳои бадеии онро хеле пурқувват кардааст. Масалан, Восифӣ аҳмакӣ, гумроҳию нодонии Ҳофизи Меросиро нақл карда, вобаста ба мазмуни нақли боло боз «Нону ҷурғотро хуш мехўрем» ном ҳикояи халқиро мисол меорад. Ба ин восита, образу характери Ҳофизи Меросӣ равшану барҷаста гардидааст.

Баъзе асарҳои ёддоштӣ дар жанрҳои бузург-роман ва повест сурат гирифтаанд, ки ин бештар ба адабиёти имрўза хос аст. Масалан, «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ(4 ҷилд),«Субҳи ҷавонии мо»-и С. Улуғзода, повести «Дар он дунё»-и Ф. Муҳаммадиев мисоли равшан шуда метавонанд.

Жанри ёддошт дар адабиёти тоҷику форс таърихи қадима дорад. «Сафарнома»-и шоир ва мутафаккири асри XI Носири Хусрави Қабодиёнӣ чи аз ҷиҳати услуб ва чи аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ба талаботи жанри ёддошт пурра ҷавоб дода метавонад.

Пас аз «Бадоеулвақоеъ» дар адабиёти мо боз чандин асарҳои ёддоштӣ таълиф ёфтаанд. Муҳимтарини онҳо асари Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ «Савонеҳулмасолик ва фаросеҳулмамолик» («Воқеаҳои роҳ ва масофаҳои байни мамлакатҳо») ва «Тўҳафи аҳли Бухоро»-и Мирзо Сироҷ мебошанд, ки ҳар ду асар дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX иншо гардидаанд.

Аҳамияти муҳимтарини асарҳои ёддоштӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки дар онҳо ҳодисаҳои зиндагӣ ба тарзи объективӣ тасвир меёбанд. Ба тарзи объективӣ тасвир шудани ҳодисаю воқеаҳо барои амиқтар муайян намудани ҳаёти омма, урфу одати вай, мақсаду мароми халқи меҳнаткаш роли бағоят муҳим мебозад. Ин тарзи тасвир бештар ба асарҳои ёддоштӣ хос аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба