Зеҳн

Абдураҳмони Мушфиқӣ

ВА
Валиев Султон28 ноябри 2024 · 15 дақиқа хондан

Гуҳаршинос шудӣ, Мушфиқӣ, зи табьи биланд,

Туро равост ба силки суханварон бастан

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Абдураҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро соли 1525 таваллуд ёфтааст. Ватани аслии Мушфиқӣ Марв буда, падару бобояш баъдтар ба Бухоро омада, муқимӣ мешаванд. Аз ин рў, Абдураҳмон дар бисёр мавридҳо аз Марв будани худро ба хотир овардааст.

Падари шоир аз мардуми миёнаҳоли шаҳр буда, барои тарбияи фарзанд кўшиши зиёде кардааст. Вале, мутаассифона, ў хеле барвакт вафот мекунад. Муддате нагузашта модари Абдураҳмон ҳам аз олам чашм мепўшад ва Абдураҳмони хурдсол бепарастор мемонад:

Бо падар хурсанд будам, бевафой кард умр.

Меҳр бар модар ниҳодам, ёфт модар ҳам вафот.

Ў маҷбур мешавад, ки ба хизмати як марди ҳунарманди бухороӣ дарояд. Азбаски Абдураҳмон бачаи зирак, гапгир ва дидадаро буд, ба хўҷаин маъқул мешавад ва дар ҳаққи Абдураҳмон некиҳои зиёде мекунад. Пеш аз ҳама, барои таҳсилу касби камолоти Абдураҳмон шароити хуб фароҳам меоварад. Абдураҳмон пас аз хатми мактаби ибтидоӣ таҳсили худро дар мадраса бомуваффақият давом медиҳад. Ў дар мадраса яке аз шогирдони пешқадам ба ҳисоб мерафт. Устодонаш аз донишу кўшиши ў хурсанд буданд. Махсусан, илмҳои ҳисоб, нуҷум, ҳикмат, ҳайат ва каломро хеле хуб медонист. Дар баҳсу мунозираҳои илмӣ, ки гоҳ-гоҳ дар мадраса дар байни толибилмон барпо мегардид, дастболо мешуд.

Илова бар ин, Абдураҳмони Мушфиқӣ аз хурдӣ ба шеър гуфтан шавқу рағбати зиёд дошт. Бештари вақти худро ба омўхтани санъати шеъргўӣ ва аз бар кардани ашъори адибони бузурги гузашта ва ҳамзамони худ сарф мекард. Натиҷаи ҳамин гуна саъю кўшиши ў буд, ки дар як муддати кўтоҳ дар байни аҳли қалами шаҳри Бухоро шўҳрат пайдо мекунад. Ў дар базму маҷлисҳои адабӣ фаъолона иштирок карда, аз абёти иншокардаи худ мехонад. Вале дар Бухоро, дар дарбор шоирони маддоҳ аҳволи Мушфиқиро танг карданд ва зиндагиаш бад мешавад. Бинобар ин, соли 1564 ба Самар-қанд меравад. Дар ин ҷо адиб дар дарбори Султон Саид вазифаи китобдорро ба ўҳда мегирад. Мушфиқӣ қариб 10 соли ҳаёти худро дар Самарқанд мегузаронад. Дар бораи ҳаёти ин давраи адиб муаллифи тазкираи «Музак-кирулаҳбоб» Хоҷа Ҳасани Нисорӣ чунин мегуяд: «Мавлоно Мушфиқӣ аз шоирони машҳур аст ва дар гуфтани шеър саликааш некўст. Қасоиди хуб ва ашъори марғуб дорад. Дар гуфтани шеърҳои ҳаҷвӣ табъаш ба дараҷаест, ки маълум нест, ки касе мисли ў буда бошад. Дар ин айём кавкаби саъди толеаш муваффақияти калон пайдо карда, дар ҷамоати фозилон ва мансаби китобдорӣ мушарраф шуда, душманонро мағлуб ва сарнагун гардонидааст».

Вазифаи китобдорӣ маоши ночизе дошт. Барои харҷи рўзгори шоир кифоят намекард. Аз ин рў, ҳаёти ин давраи адиб чандон хуб набуд. Ҳатто Мушфиқӣ хона ҳам надоштааст:

Дар Самарқанд имтиҳон кардам, ки ёбам хонае,

Беҳтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.

Шоир дар як шеъраш ҳаёти вазнини худро баён карда, онро ҳамчун як шикоятнома ба Султон мефиристонад:

Хони олиқадри кайвонманзалат Султон Саид,

Пеши даргоҳи ту гардуни муалло1 ҳеҷ нест...

Шуд се соли рост, к-аз ҷинси ҷаву гандум маро,

Дона ҷуз дар мазраи2 Парвину Ҷавзо3 ҳеҷ нест...

Қуръа4 афкандам .барои фол, мўрон саф заданд,

Нуқтаҳоро дона пиндоранду аммо ҳеҷ нест.

1 Муалло - олӣ, баланд, боло.

2 Мазраь - ҷои зироат, киштзор.

3 Парвин, ҷавзо - галаситора, дар ин ҷо ба маънои моҳҳои форсӣ Савр ва Ҷавзо, ки айёми дарав аст,омадааст.

4 Қуръа - фол аз рўи донаҳо.

Мушфиқӣ гоҳо аз ин нодорамӣ, қашшоқии хеш ба тааҷҷуб меояд, ҳайрон мешавад ва бо як оҳанги ҳазлу шўхӣ ҳаёти вазнини худро ба шоҳ маълум мекунад:

Шунидаам, ки Самарқанд ҷаннати дунёст,

Чӣ одамам, ки дар ў гандуме намеёбам?!

Шоҳ баъзан ба адиб инъоми ночизе медод. Вале ҳамин инъоми ночизро ҳам муқаррабон, амалдорони Султон ба адиб намедоданд.

Масалан, аз қитъаи поён маълум мешавад, ки меҳтар чакмани инъомкардаро ба шоир надодааст:

Подшоҳо! Чакмани инъомро меҳтар надод,

Дар либоси назм бо ў гуфтугў хоҳад шудан.

Чун ба таври оштӣ чизе аз ў ҳосил нашуд,

Ҷанги чакман дар миёни мову ў хоҳад шудан.

Бечорагию нодорами шоирро барвақттар пир кард. Дар муйҳояш сапедӣ, дар рўяш ожанг пайдо кард. Мушфиқӣ дар як ғазалаш ҳаёти ғамангези онрўзаашро бо дарду алам ба таври зайл баён кардааст:

Хуни дил мегиряму ашки ҷигаргун мехўрам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехўрам.

Ваҳ, ки дар аҳди ҷавонӣ пир гаштам, Мушфикӣ,

Чун нагардам пир аз ин ғамҳо, ки акнун мехўрам?

Мушфиқӣ нобаробарии байни одамонро ба воситаи ҳаёти шахсии худ тасвир мекунад. Дар ин ҷо аз санъатҳои тазод ва муқобала ба хубӣ истифода бурдааст:

Ҳарифон ҳама бода дар ҷому сархуш,

Маро об дар дидаву хок бар сар.

На гардун ҳаводору ахтар мусоид,

На давлат мададгору иқбол ёвар.

Сари ман ба санги маломат шикаста,

Тани ман ба хоки мазаллат1 баробар.

1 Мазаллат - хорӣ, залилӣ

Пас аз марги Султон Саид аҳволи Мушфиқӣ аз пешина ҳам бадтар мешавад. Бинобар ин барои аз ин қашшоқӣ раҳо ёфтан ба сафари Ҳиндустон тайёрӣ мебинад. Дар Мовароуннаҳр овоза шуда буд, ки гўё шоҳи Ҳиндустон Акбаршоҳ марди хирадманд, шеърдўсту шоирпарвар аст. Аз ин рў, бештари аҳли қалам ба он тараф мусофират менамуданд. Мушфиқӣ ҳам соли 1577 ба Ҳиндустон меравад. Ўро Акбаршоҳ қабул мекунад. Вале пас аз як сол, яъне соли 1578 боз ба ватан бар мегардад.

Мушфиқӣ дар як ғазалаш ишорат карда мегўяд, ки ёру диёр азиз аст, аз онҳо ҷудо шудан бисёр ҳам мушкил, аммо ҳаёт маҷбур намуд, зарурат пеш омад, ки ба кишварҳои бегона мусофират кунам, орзу доштам зиндагиям хуб шавад, вале ба мурод нарасидам:

Сафар кардам, фироқи дилрабое пеши ман омад,

Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.

Ғаму дарди ҷудоӣ кам шавад аз қатъи манзилҳо,

Ба ҳар манзил ғаму дарди ҷудое пеши ман омад.

Ба ғурбат мурдан осон менамуду зиндагӣ мушкил,

Чӣ кори мушкили осоннамое пеши ман омад.

Мушфиқӣ дар Ҳиндустон мебинад, ки ҳамаи мадҳу ситоише, ки дар бораи Акбаршоҳ карда буданд, ғалат, хаёли хом будааст, аҳли калам иззату эътиборе надорад, аз омаданаш пушаймон мешавад ва роҳи Бухороро пеш мегирад:

Кардам сафари Ҳинду пушаймон шудам он ҷо,

Гардид бадал рўзи сиёҳам ба шаби тор.

Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят,

Хуни ҷигарам мехўрад ин Ҳинди ҷигархор!

Шоир пас аз сафари Ҳинд ба дарбори Абдуллохон роҳ меёбад. Ў дар як муддати кўтоҳ дар байни аҳли дарбор обрў ва мақом пайдо мекунад. Ҳатто ба мартабаи маликушшуароӣ мерасад. Аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳаёти шоир осуда ва пурнишот мегардад. Вале, мутаассифона, дар ин айём синни Мушфиқӣ аз шаст гузашта, пир шуда буд. Шоир дар як қитъааш ба ҳамин маънӣ ишорат карда мегўяд:

Имтиҳон кардаанд пиру ҷавон

Ҳеҷ кори фалак ба сомон нест.

Ком бахшад даме, ки ком намонд,

Нон ба вақте диҳад, ки дандон нест!

Мушфиқӣ ниҳоят дар шаҳри Бухоро соли 1588 ҷаҳонро падруд гуфт. Ҷасади ўро дар мазори Шайх Ҷалол дафн карданд ва дар санги болои қабраш як байти ғазали ўро сабт намуданд:

Ба хоки Мушфиқӣ он дам. ки дўстон гузаранд, Расад ба хотири эшон, ки хоксоре буд.

Мероси адабии шоир

Абдураҳмони Мушфиқӣ ба наслҳои оянда мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Шоир дар аксарияти жанрҳои адабии назми адабиёти классикии тоҷик асар эҷод кардааст. Асарҳои Мушфиқӣ ба шакли маҷмўа гирд оварда шуда, куллиёти ўро ташкил медиҳанд. Ба куллиёти шоир асарҳои зерин дохил гардидаанд:

Девони мутоибот (ҳаҷвиёт). 2. Ду девони ғазалиёт. 3. Девони қасоид. 4. Се маснавӣ: а) «Соқинома», б) «Гулзори Ирам», в) «Ҷаҳоннамо».

Дар эҷодиёти Мушфиқӣ ғазал мавқеи асосиро ишғол мекунад. Аз ду девони ғазал, ки зиёда аз чаҳор ҳазор байтро ташкил медиҳад, равшан мегардад, ки Мушфиқӣ ба сурудани ин жанри шеърӣ бештар аҳамият додааст.

Ғазалҳои шоир чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз ҷиҳати мазмун ба ғазалҳои адибони гузашта комилан наздиканд. Асосан ғазалиёти шоир аз 6-7 байт иборат буда, мавзўъҳои мухталифро дар бар мегиранд. Мавзўи ишқ, яъне созу сўзи ошиқ, бераҳмию истиғнои маъшуқ, озору ранҷи ағёр ва ғайра дар ғазалиёти Мушфиқӣ ҷои асосиро ишғол менамояд.

Абдураҳмони Мушфиқӣ дар сурудани ғазал асосан ба Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ пайравӣ кардааст:

Назми ту, Мушфиқӣ, ба камоли Ҳасан расид.

Ту гуфтаӣ. ки пайрави пири хуҷандиям1.

1 Пири хуҷандӣ - Камоли Хуҷандиро шоир дар назар дорад.

Ғазалиёти Мушфиқӣ сода ва равон буда, шоир ибораю таъбирҳои халқиро устодона истифода бурдааст. Устод Айнӣ ба эҷодиёти Мушфиқӣ баҳои арзанда дода, баъзе ғазалҳои ўро ҳамчун намунаи олии шеър дар адабиёти классикии тоҷик қайд кардааст. Масалан, дар бораи ғазале, ки бо чунин матлаъ оғоз ёфтааст:

Дар ғамаш дилро фигору хаста мегўем мо,

Аҳли дардем, ин сухан дониста мегўем мо.

Устод Айнӣ мегўяд: «Ғазале, ки сар то ба пояш мисли ин ғазал хуб, латиф, равон афтад, кам аст».

Мушфиқӣ рубоиро низ хеле хуб сароидааст. Рубоиёти ў дар девонҳои ғазалиёташ ҷамъ оварда шудаанд. Дар рубоиёти шоир фикрҳои панду ахлоқӣ, танқиди замон, ишқу муҳаббати инсонӣ, тасвири табиат ва ғайра ифода ёфтаанд.

Чунончи, дар рубоии зерин Мушфиқӣ фаро расидани фасли зимистон, боридани барфи аввал, хазон гаштани баргҳои дарахтон, ба замин афтодани гулу бунафшаро хеле шоирона ба қалам додааст:

Авроқи баҳор рафт барбод ҳама,

Овора шуд аз хазони бедод ҳама.

Гул буду бунафша буду сунбул дар боғ,

Аз нохушии барф барафтод ҳама.

Дар эҷодиёти Мушфиқӣ пас аз ғазал жанри қасида меистад. Девони қасоиди шоир аз 3000 байт иборат аст. Қасидаҳои Мушфиқӣ аз ҷиҳати шакл ба қасидаҳои адибони гузашта монанд буда, аз рўи мазмуну мундариҷа ба қасидаҳои мадҳии шоирони дарбор наздикӣ доранд. Аксарияти қасидаҳои Мушфиқӣ мадҳӣ буда, ба таърифу тавсифи хонҳои шайбонӣ, махсусан, Султон Саид ва Абдуллохон бахшида шудаанд. Бояд гуфт, ки муаллифи асари таърихӣ «Абдуллонома»-Ҳофизи Таниш, чанде аз ин қабил қасидаҳои Мушфиқиро ба асараш дохил кардааст. Аз ин рў, теъдоди қасидаҳои шоир барои омўхтани таърихи асри XVI халқҳои Осиёи Миёна аз аҳамият холӣ нестанд. Инчунин насиб, тағаззули қасидаҳои Мушфиқӣ, ки дар онҳо бештар табиату зебоиҳои он васф карда мешаванд, қимату арзиш доранд.

Мушфиқӣ, баъзан дар насиби қасидаҳо ҳолатҳои рўҳӣ ва ҳаёти иҷтимоии рўзгорро низ инъикос карда, пас ба асли максад - таърифу ситоиши мамдўҳ бармегардад. Чунончи, дар насиби қасидаи «Шикоят аз зулм» Мушфиқӣ, пеш аз ҳама, дар бораи аҳволи баду, зиндагии қашшоқонаи мардум ҳарф мезанад:

То кай нидои ҳодиса даври замон диҳад?

Кас нест дар ҷаҳон, ки қарори ҷаҳон диҳад!

Сар то ба пой донаи ашк аст хўшавор,

Дар гўшае, ки оҷизи бетўша ҷон диҳад.

Баъд аз ин шоир сабаби ин гуна бадбахтии мардум, вайронии мулкро шарҳ дода, нишон медиҳад, ки дар ҳамаи ин корҳо дороён айбдоранд. Ҳокимон, амалдорон мисли Осаф девҳое ҳастанд, ки ба ҷуз бадӣ ва бадандешӣ ба халк дигар коре надоранд:

Осаф, ки дев бошаду девон ба ҳукми ў,

Назми умури мулки Сулаймон чӣ сон диҳад?

Ниҳоят, баъди ин Мушфиқӣ ба мадҳи Абдуллохон гузашта, ўро таърифу ситоиши зиёд мекунад. Ҳамин зайл насиб дар қасидаҳои шоир ниҳоят кам аст.

Мутоиботи шоир хеле зиёд буда, дар жанрҳои қитъа, маснавӣ, ғазал, қасида ва ғайра гуфта шудаанд.

Мундариҷаи идеявии ғазалиёт ва мутоиботи шоир

Мушфиқӣ дар бисёр ғазалҳояш садои эътирози худ-ро аз замона, аз золимон баланд карда, дар баробари ин хайрхоҳӣ, некандешии худро нисбат ба омма нишон дода мегўяд, ки рўзе ин даври зулмпарвар хароб мегардад ва халқи ҷафодида аз кулфату ғам раҳо меёбад:

Замона, Мушфиқӣ, меҳнатсарой аст.

Бувад рўзе, к-аз ин меҳнат бароем.

Ё ки:

То кай фалак ниҳад ғами олам ба ҷони ман,

Хоҳам зи гиря олами ўро хароб кард.

Мушфиқӣ дар ғазалҳояш ҳаёти вазнини худро бо сўзу гудоз тасвир кардааст. Дар ҳақиқат, аҳволи зиндагии Мушфиқӣ, чунон ки аз тарҷумаи ҳолаш маълум аст, хеле сахт буд, нони серию ҷои мерафтагӣ надошт:

Дармони дил куҷост, ки баҳри даво равам,

Бечораам, илоҷ надорам куҷо равам?

Ё ки:

Рўзу шаб саргашта медорад маро даври фалак,

Кас намедонад, ки дар толеъ чӣ кавкаб доштам.

Шоир дар образи қаҳрамони лирикӣ ҳаёти ноосуда ва ғамангези аҳли қаламро ҷамъбаст кардааст. Ба ин гуна ашхос бахт ёвар намешавад, умрашон поён меёбаду ба муродашон намерасанд, - мегўяд ў:

Рўи муроде ҳаргиз надидам,

Аз номуродӣ умрам сар омад.

Ё ки:

Гулбуни фирўза харгиз бар муроди ман нарафт.

Умрҳо рафту надидам бахти фирўзе чунин.

Шоир ҳамаи инро аз нобаробарии байни гурўҳҳои ҷамъиятӣ, зулму тааддӣ, беадолатии синфи ҳукмрон медонад. Ў дар як ғазалаш вазъияти рўзгорро қайд карда, «мусулмонӣ намонд» мегўяд. Зимни ин ибора ў вайронии одобу ахлоқ, беадолатии шоҳону ҳокимони рўзгорашро дар назар дорад:

Дурди май даврон ба мо з-ин маҷлиси фонӣ намонд,

Давр охир гашту инсофу мусулмонӣ намонд.

Гиряи чашми ману борони ғам таскин наёфт,

То бинои хонаи ман рў ба вайронӣ намонд.

Мушфиқӣ бо вуҷуди ҳамаи қашшоқию бечорагӣ ба пастфитратӣ роҳ надодааст. Ў инсонро дар чунин ҳолатҳои душвор ба қаноат ва сабру таҳаммул даъват кардааст, зеро ин ҳама мегузарад:

Зи мақоми бенавоӣ гила нест Мушфиқиро,

Гузарост ин гадоӣ зи ҳазор даври шоҳӣ.

Шоир одамонеро, ки аз пайи сарвату бойгарӣ, симу зар гашта, виҷдону шарафи худро поймол месозанд, мазаммат кардааст:

Ба ашку оташи дил сохтем аз олами фонӣ.

Хаёли сим кам дорему савдои заре камтар.

Бояд эътироф кард, ки фош кардани нуқсонҳои ҷамъияти феодалӣ, танқиди рўирости подшоҳону ҳокимон дар эҷодиёти Мушфиқӣ назар ба адибони гузашта, мисли Восифӣ, Ҳилолӣ, Биноӣ хеле заиф аст. Ў дар баёни ин масъалаҳо то андозае худдорӣ кардааст. Шоир дарду алами зиёд дорад, вале замона ба даҳонаш мўҳри хомўшӣ задааст:

Чун номаам ҳазор сухан дар таҳи дил аст.

Мўҳре ниҳода бар лабу хомўш кардаам.

Шоир танҳо шахсони алоҳидаро ҳаҷву танқид кардааст. Аз ин ҷост, ки дар девони мутоиботи ў ҳаҷвҳои сахти сиёсиву иҷтимоӣ кам аст. Масалан. Мушфиқӣ намояндагони табақаи болои ҷамъиятӣ Арбобзода, Лаҳ-мии Баззоз, Хоҷаи Молдор, Сидқӣ, Мулло Маҳмуд ва Масъуди Сармоядорро ҳаҷву масхара кардааст. Мушфиқӣ дар намунаи зер хислатҳои мумсикӣ, гурусначашмӣ, зарпарастии Масъуди Сармоядорро ҳаҳҷв намуда, ҳатто марги ўро орзу дорад:

Дар кори ту, Масъуд, аҷал дер кунад,

Вақт аст. ки зўр овараду зер кунад.

Аз симу зари чаҳон нашуд чашми ту сер.

Чашмони туро хоки лаҳад сер кунад.

Мушфиқӣ дар ҳаҷви Мулло Махмуди Гелонй зиёда аз 88 байт гуфта-аст. Шоир фосиқй, ахмақй, бедонишии муллои мазкурро танкид карда, ўро ба образҳои манфии адабиёт монанд мекунанд. Чунончи, муллоро ба ғунда ташбеҳ додааст:

Мулло, ки ба сар ниҳода полонеро,

Пур карда зи заҳри ғунда анбонеро.

Кораш ҳама озори мусулмонон аст.

Ғунда нагазад ҳеҷ мусулмонеро.

Шоир дар рубоиёти дигар бадкирдориҳои Маҳмудро сарзаниш карда гуфтааст:

Маҳмуд, дили ту руй дар шар дорад.

Феъли бади ту балои дигар дорад.

Бардоштаанд мардумон дасти дуо,

Аз рўи замин худо туро бардорад!

Абдураҳмони Мушфиқӣ дар шеъри «Тақсими мерос» нобаробарии байни одамони ҷамъият ва махсусан байни занону мардонро нишон дода. нозукона ва бо камоли маҳорат ин амали ноодилонаро ҳаҷв менамояд.

Ҳангоме ки бобои қаҳрамони лирикӣ вафот мекунад, ў мероси боборо бо ҳамширааш тақсим намуда, ҳама чизро худаш соҳиб мешавад. Дар ин шеър адиб аз санъати тазод ва муқобила ба хубӣ истифода бурдааст:

Ҳамшира, харҷи мотами бобо аз они ту,

Сабр аз ману тараддуду ғавғо аз они ту.

Анбори пурзи ғаллаи бобо азони ман,

Он коҳҳои монда ба саҳро аз они ту.

Танбўри пур зи хотами бобо аз они ман

В-ои нағмаҳои тарнатаранно аз онгт ту.

В-он ҷои хоби мондаи бобо аз они ман,

Тасбеҳи пора-пораи бобо аз они ту.

Дастор, ҷома, фўтаи бобо аз они ман,

Бетоқатию нолаи шабҳо аз они ту.

Кафгиру дегу дегчаи бобо аз они ман,

Дастгиру дегхонаи бобо аз они ту.

Ҳамёни пур зи тангаи бобо аз они ман,

Занги фулуси мондаи бобо аз они ту.

Ҷумла гилему қолини бобо аз они ман

В-он нақшҳои мондаи бўрё аз они ту.

Аз рўи ҳавл, то ба лаби бом аз они ман,

Аз пушти бом то ба сурайё аз они ту.

Мушфиқӣ -қаҳрамони латифаҳои халқӣ

Халқи тоҷик ба Мушфиқӣ ва эҷодиёти ў меҳру муҳаббати зиёд дорад. Чунон ки аз тарҷумаи ҳоли шоир маълум аст, Мушфиқӣ шахси ҳозирҷавоб, қофиягў ва хуштабъ будааст. Аз девони мутоиботи шоир равшан мегардад, ки ў душманонашро беибо, нотарсона ва гоҳ-гоҳ бадоҳатан ҳаҷву масхара намуда, ҳамеша дастболо мешавад. Илова бар ин, Мушфиқӣ дар ҳаҷвиёти худ калимаю ибораҳои маъмул, образу сюжетҳои халқиро бештар истифо-да мебарад. Ҳатто баъзе ғазалу рубоиёте низ дорад, ки тамоман ба асарҳои халқӣ наздиканд. Масалан, ба рубоии зерин диққат диҳед:

Ҳар гаҳ чамани кўи туро ёд кунам,

Сад оҳу фиғон аз дили ношод кунам.

Дур аз гули рўи ту чунонам, ки дигар,

Булбул шаваму ҳазор фарёд кунам.

Намунаи боло дар байни халқ ниҳоят паҳн шуда, асари халқӣ гардидааст. Равонию содагӣ, салосати сухан ва оҳангнокии рубоии боло рубоиёти халқиро ба ёд меоварад.

Бино бар сабабҳои боло, ки мардуми меҳнаткаш ба ў ихлоси зиёд доштанд, Мушфиқиро кақрамони латифаҳои худ интихоб кардаанд. Дар латифаҳои халқӣ Мушфиқӣ ҳамчун қаҳрамони мусбат амал мекунад. Ў подшоҳ, амирон, вазирон ва дигар одамони табақаи болои ҷамъиятиро ҳаҷву масхара мекунад ва мағлуб месозад. Масалан, дар латифаи «Худои 17999 олам». «Пешгоҳнишин шудагӣ» беадолатӣ, зулму истисмори амири Бухоро, тарзу усули нодурусти давлатдории ўро ҳаҷву мазаммат кардааст:

«Рўзе амири Бухоро ба Мулло Мушфиқӣ гуфт: - Агар ман як рўз тахти худамро ба ихтиёри ту супорам, дар ҳаққи ман чӣ гуна дуо мекунӣ?

Мушфиқӣ ҷавоб дод: -Дуо мекунам, ки худои 17999 олам ба Шумо амирии охиратро бахшад (яъне бимиред).

-То ҳол, - гуфт амир, - мардум дар вақти дуо «Худои 18 ҳазори олам» мегуфтанд, ту чаро як оламро кам кардӣ?

- Зеро як олам мамлакати Шумо буд, ки аз «шаро-фати» ҳукмронии Шумо тамоман несту нобуд шуд ва «дар натиҷа 17999 олам боқӣ монд».

Ба ҳамин тариқ, пас аз марги шоир дар байни халқ латифаю мутоибҳои зиёде пайдо шудаанд, ки онҳоро мардум ба шахсияти Мушфиқӣ нисбат додаанд. Вале дар ҳақиқат бештари онҳо ба ҳаёти адиб ҳеҷ алоқае надоранд. Дар оянда доманаи ин ташаббус васеъ мегардад ва доир ба ҳаёту амалиёти Мушфиқӣ латифаю мутоибаҳои сершумор дар байни мардум иншо мегардад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба