Зеҳн

Садриддин Айнӣ - Мактаби кўҳна - 2

АХ
Ахбор3 октябри 2024 · 17 дақиқа хондан

Ман ба мактаб давом мекардам, ҷўшу ғавғои мактаб ҳам давом мекард. Ман дар миёнаи чанд ҳафта дар даруни ҳамон қадар шўру ғавғо бошад ҳам, номҳои ҳарфҳои алифбои арабро азбар кардам. Ба ман гоҳо халифа ва гоҳо худи мактабдор сабақ медод. Баъд аз ин дарси зеру забар сар шуд. Дарси зеру забар аз дарси номҳои ҳарфҳо дилчасптар буд, дар ин дарс ба ман сар карда «алиф забар-а, зер-и, пеш-у»-ро ёд доданд. Ман ҳам мад кашида:

«Алиф забар-а, зер-и, пеш-у» гўён такрор мекардам. Гуфтани ин суханҳо ба гўшам мавзун ва форам мерасиданд. Ин дарсро ҳам то охири алифбои араб азбар кардам.

Пас аз он навбати дарси ду забар, ду зер, ду пеш расид, дар ин дарс ба ман «алиф ду забар-анду, ду зер-инду, ду пеш — ун» гуфта ёд доданд. Ин дарс ҳам бад набуд. Калимаҳои ин дарс боз ҳам мавзунтар ва боз ҳам оҳангдортар буданд.

Агар дар дарси як забар, як зер, гуфтани «алиф за-бар-а, зер-и, пеш-у, бе забар-ба, зер-бе, пеш-бу», сарахбори ягон ҳавои мусиқӣ ҳисоб ёбад, дар дарси ду за-бар, ду зер гуфтани «алиф ду забар-анду, ду зер-инду, ду пеш-ун; бе ду забар—банду, ду зер бинду, ду пеш-бун» тарона ва рези он ҳаво ба шумор мерафт.

Ин дарсро ҳам то охири алифбои араб азбар кардам.

Дар ҳар кадоми ин дарсҳо тахтачаи таълимии ман дигар мешуд. Лекин онҳоро мактабдор навишта намедод:

—Падарат одами айбҷӯй аст. Навиштаи маро хуш намекунад, гўй худаш навишта диҳад,— гуфта ба падарам ҳавола мекард. Падарам навишта медод.

Дар охири сол ман ба дарси абҷад даромадам, аммо ин дарсро ҳеҷ хуш накардам. Дар ин дарс ба ман:

—Алиф бо бе забар — аб, ҷим бо дол забар — ҷад — абҷад гўй,— гуфта ёд медоданд.

Аз як тараф гуфтани ин калимаҳо душвор бошад, аз тарафи дигар садояш ҳам беоҳанг ва дилгир буд...

Рўзе падарам, ба ман гуфт:

Акнун, ки ту абҷадхон шудӣ, ман ба ту ҳисоби абҷадро ҳам ёд медиҳам ва тахтачаи абҷад навишташударо ба пеши ман гузошт. Аз он тахтача ҳарфҳоро ягон-ягон ба ман нишон дода:

Ин чист? Ин чист? — гуфта мепурсид. Ман ба ҳеҷ кадоми пурсишҳои падарам ҷавоб дода натавонистам.

Зеро чӣ будани он чизҳоро намедонистам ва касе то ҳол ба ман онҳоро нишон ҳам надода буд.

Охир, ҳамин рўзҳо ту дар мактаб чӣ хонда истодаӣ? — гуфта падарам ба ман шўрид. Ман:

Алиф бо бе забар—аб, ҷим бо дол забар—ҷад—абҷад...— гўён дарсҳоеро, ки аз абҷад гирифта будам,аз ёд хонда додам.

Ҳа... ту тўтӣ! — гуфт падарам,— ту ҳар чизро мегўӣ, аммо чӣ гуфтанатро намедонӣ.

Он вақт дар дилам гузашт, ки бояд тўтӣ чи чизи бисёр баде бошад. Лекин сонитарҳо фаҳмидам, ки тўтӣ як мурғи бисёр зебои зирак будааст. Ҳар чизро ба вай талқин кунанд, ёд мегирифтааст ва такрор карда мегуфтааст. Аммо азбаски вай одам нест, маъниашро намедонистааст. Бинобар ин, касонро ки маънии чизеро надониста онро ёд кардаанд, ба тўтӣ монанд мекардаанд.

Пас аз он падарам даруни ҷилдамро кофта, тахтачаҳои кўҳнаро, ки дар он дарсҳои алифбо ва зеру забар навишта шуда буданд, ёфта баровард ва аз ҳар кадоми онҳо нақшҳои сиёҳро ба ман нишон дода боз: — Ин чист? Ин чист? — гуфта мепурсид.

Ман боз ҷавоб дода наметавонистам. Аммо вақте ки падарам ҳар тахтачаро ба ман нишон дода:

—Инро хон!—мегуфт, ман аз сар то поён ҳар чизеро, ки дар он навишта шудааст ва ё навишта нашудааст, аз ёд хонда медодам. Падарам такрор кард:

Ту тўтӣ ҳастӣ! — ва илова намуд:

Айб ба ту не, ба домуллот ба халифат аст. Онҳо ба ту ҳар чизро тўтивор ёд кунондаанд, аммо ҳеҷ чизро ёд надодаанд...

Вай қадре сокит шуд ва боз илова кард:

Ӯ кўрсаводи кўр аст, ман аз кўр чашми бино мехоҳам. Ман аҳмақам,— ва ба ман нигоҳ карда гуфт:

Имрўз ту мактаб нарав.

Ман бисёр хурсанд шудам, зеро абҷадхонӣ ба дилам бисёр зада буд.

Падарам хатиби деҳа, мутаваллӣ, муаззин ва як-ду мўйсафеди деҳаро ба меҳмонӣ хабар карда будааст. Баъд аз шом инҳо омаданд. Дастурхон баровардем, ширбиринҷ баровардем.

Ҳаминро ҳам ман бояд дар ин ҷо гуфта гузарам, ки дар хонаи мо бегоҳҳои бозор ва ҳам рўзҳое ки меҳмон ояд, бештарин ширбиринҷ мепухтанд. Падарам ба модарам мегуфт:

—Барои палав равған бисёр меравад, ҳам гўшт  сарф мешавад. Аммо ширбиринҷ арзон меафтад, ба ин танҳо биринҷ мехарем, шир ва қадре равғани зард бошад, аз гови худамон мерўяд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳар вақт, ки маро ба хонаи биринҷфурўш барои биринҷ мефиристод:

—Ширбиринҷ мепазем нагўй, вагарна биринҷи паст медиҳад,— мегуфт.

Як бор ман пурсидам:

—Палав мепазем гўям-чӣ?

— Не,— гуфт падарам! — ин дурўғ мешавад, ба дуруғгӯӣ одат накун. Ҳеҷ ошро ном набар.

Ҳикояи худро давом медиҳам.

Баъд аз он ки меҳмонон табақи ширбиринҷро лесиданд, ба чойнўшӣ даромаданд, падарам ба хатиб нигоҳ карда гуфт:

Ғараз аз ташвиш дода ба ин ҷо овардани азизон ин аст, ки дар бораи мактабдор як машварат мекардетон.

Ба мактабдор чӣ шудааст? — гуфт хатиб бо оҳанги нохушнудона.

Ҳеҷ чӣ нашудааст, аммо бесавод аст,— гуфт падарам ва илова кард:

Ҳатто алифбонависиро ҳам намедонад, ки ман алифбои писари худамро худ навишта додам.

Мутаваллӣ тарафи хатибро гирифта гуфт:

—Ба бачагони деҳаи мо ҳамон чизи худаш медонистагиро ҳам ёд диҳад кифоя аст, ҳеҷ кас дар ин деҳа писари худашро мударрис карданӣ нест.

Падарам гуфт:

—Ин мактабдор ҳамон чизи худаш медонистагиро ҳам ёд дода наметавонад. Як зимистон писари ман хонд, ҳоло абҷад мехонад, лекин аз рўи хат «алиф» то«б»-ро фарқ намекунад. Ба болои ин мактабдор аз бачаҳо ҳеҷ хабардорӣ намекунад, ҳама қиморбоз ва бедонабоз шуда рафтаанд.

Ман, ки аз ин сухани падарам донистам, ў бедонабозии бачагонро фаҳмидааст, сахт тарсидам. Агар ин ҳолро халифа шунавад «ў ба падарам бозии моро гуфтааст» гўён маро хармурд мекунонад гуфта дар андеша афтодам.

—Худи шумо ки,— гуфт хатиб — хушсаводтар ва ёд доданро хубтар медонистаед, писари худатонро худатон хононед, ба мактаб фиристода нони панҷшанбегӣ ва ҳалвоӣ додан чӣ ҳоҷат аст? Бечора мактабдорро ҳам ба ҳолаш гузоред, ки аз як даҳан нонаш маҳрум нашавад.

Падарам гуфт:

—Ман як порча замин дорам, барои нафақаи аҳлу аёл маҷбурам, ки дар он ҷо киштукор кунам. Даромамади он ба рўзгорам намерасад, дар вақти холигии дастам маҷбурам, ки чархи осиётарошӣ кунам. Ба болои инҳо зимистонҳо барои пўшоки бачагон дўконбофӣ ҳам мекунам. Агар ман писарамро худам хононам рўзғорамро кӣ мегузаронад?

—Падарам пешонаи худро қадре турш карда хомӯш истод ва якбора хандакунон ба хатиб нигоҳ карда гуфт:

Ғарази ман аз зиёфати шумоён ин буд, ки мак-табдорро бекор кунонам ва ба ҷои ў як мактабдори хубтар ёбем, модоме ки онро қабул накардед, акнун як коре кунед, ки ширбиринҷи ман муфт наравад.

Падари ман як одати аҷиб дошт, мардуми он замона он гуна одатро айб медонистанд. Ӯ чизи дар дилаш бударо руйрост мегуфт ва аз ҳеҷ кас ибо намекард. Дар ин ҷо ҳам мақсади зиёфати худро рўйрост гуфта дод. Фақат барои сахт нарасонидан ба дили меҳмонон суханашро қадре ба ханда омехта гап зад:

Чӣ кор кунам, ки ширбиринҷи шумо ба ман ҳазм шавад? — гуфт хатиб.

Роҳ диҳед, ки писари ман дар қатори духтарон дар хонаи шумо ба пеши бибихалифаатон хонад.

Писарбачаро чӣ тавр дар байни духтарбачагон роҳ медиҳем? — гуфт хатиб.

Ин гуна тақвоҳои аз шариат берунро монед, — гуфт падарам,— писари ман акнун ҳафтсола шудааст, шариат бошад то 12-солагӣ дар миёнаи духтарбачагон гаштани писарбачагонро раво медонад.

Хатиб розӣ шуд:

—Хуб майлаш, фиристонед, хондан гирад. Лекин гоҳ-гоҳ ширбиринҷ зиёфат кунед,— гўён ў ҳам сухани худро бо ханда тамом кард...

Зиёфат бо ҳамин ба поён расид. Ман хурсанд шудам, ки аз бими ба дасти халифа хармурд шудан халосӣ ёфта будам.

Фардои он рўз маро модарам ба мактаби бибихалифа бурд, барои ҳалвоӣ ба болои лаълии мавиз ва кулча як рўмол ва каллапўшро ҳам, ки ба нияти тўи ман дўхта буд, зам намуд.

Бибихалифа зани хатиби деҳаи мо буд, худи хатиб аз вилояти Дарвоз буда, занаш аз Саримазори Ғиҷдувон буд.

Бибихалифа як зани сафедрўи миёнасоли фарбеҳ ва шикамкалон буд. Фарбеҳиаш ба дараҷае буд, ки дар вақти чорзону нишастанаш зонуҳои ў монанди чархи осиё менамуд, ки гўё падарам ба пешаш гирифта тарошида истода бошад.

Дар вақте ки мо ба пешаш даромадем, ў дар пешго-ҳи хона ба рўи панҷ-шаш қабат кўрпача чорзону менишаст. Ба гирдогирди хона духтарбачагон бар рўи намад менишастанд. Ба пеши онҳо ба ҷои синҷи мактаби писарбачаҳо, болиштҳоро дуқат карда монда буданд, ки онҳо китобҳошонро ба рўи он болиштҳо монда мехонданд.

Бибихалифа модарамро хуш қабул карда «барои хотири ширбиринҷи падарам ба қабули ман маҷбур шуданашро» хандида изҳор намуд ва илова кард:

Ҳар вақт, ки писаратон ба «Таббат» дарояд ба ман ҳам як табақ ширбиринҷ меоред.

Худо ба он рўз расонад, ба шумо як табақ палав меорам,— гуфт модарам дар ҷавоби ў.

Бибихалифа дастурхонро кушода, нон шикаст ва ба духтарбачагон ҳам аз ҳалвоии ман нон бахшиш кард. Аммо ин монанди мактабдори мард нонро пора карда ба пеши онҳо ҳаво надод. Балки ба дасти халифаи худ, ки он ҳам як духтари калонсолтар буд, дод ва ў ҳам аз як сар ба ҳар духтар як бурдагӣ аз он нон дод. Аммо қисми калонтарашро худаш хўрд.

Ба дастурхон фотеҳа хонда шуд. Бибихалифа ба ман бисмиллоҳ, аузу биллоҳ гўёнда сабақ сар кунонид. Бо ҳамин расми дарссаркунии дубораи ман ба анҷом расид. Модарам рафту ман дар мактаби духтаракона мондам.

Бибихалифа ба ман аз миёнаҷои абҷад, ки то он ҷо ман дар мактаби пеши масҷид хонда будам, сабақ дод. Тарзи сабақдеҳии ин қадре дигаргунатар буд. Ў бо нўги як чўбчае, ки дар даст дошт, ҳар ҳарфро нишон дода, номи онро мегўёнид. Аммо ин ҳам ба шинохтан ва ё нашинохтани ман он ҳарфро кор надошт.

Бибихалифа ҳамеша ба сабақдиҳӣ машғулӣ мекард, шогирдонашро бо навбат ягон-ягон ҷеғ зада сабақ медод, бо ҳамин як қатор сабақ додан як рўз мегузашт.

Вақти дарси бибихалифа пас аз хўрдани чой то соати 12 рўз буд. Шогирдони ў пас аз хўрдани чояшон ба мактаб меомаданд. Вақте ки соат 12 шуд, бибихалифа онҳоро нонхўрак мекунонид. Аммо бачагон барои нонхўрак ба хонаашон намерафтанд ва нонеро, ки ҳамроҳи худашон аз хонаашон меоварданд дар он ҷо нишаста мехўрданд. Ҳар кас аз нони худ нимашро ба бибихалифа медод.

Ман рўзи аввал нон набурда будам, бибихалифа як бурда нонеро, ки як духтарбача ба вай дода буд, ба ман дода:

Туро имрўз ман зиёфат кунам, фардо нонатро бисёртар мебиёрӣ ва ба ман ҳам бисёртар медиҳӣ,

Номи яке аз сураҳои қуръон аст.

— гуфт.

Пас аз нонхўрак бачагон хонаҳо ва рӯи ҳавлии бибихалифаро покиза рўфта медоданд. Баъзе рўзҳо бибихалифа ба бачагон ҷомашўӣ мекунонид. Ҳатто маро ҳам ба ҷомашўӣ иштирок мекунонид.

— Ҷомашўиро ёд гирифта мон, агар калон шавӣ, ба-рои хондан ба Бухоро ба мадраса равӣ, ба ту даркор мешавад,— мегуфт.

Бибихалифа ҳам ба паси худ як чўби дарозро ба девор рост монда буд. Лекин ман ҳеҷ гоҳ надидаам, ки ў бо он чўб касеро зада бошад. Ҳар касро, ки сабақ медод, агар чизи вай ёддодаистодаро дуруст гуфта натавонад, ба остини васеу дарози куртааш, ки вай ё аз суф ва ё аз чит буд, ба рўи ў мезад. Аммо ин остинзании ў аз як боди суст зиёдтар таъсир надошт.

Шогирдони ў ҳам, ки ғайр аз ман ҳамагӣ духтарбача буданд, бозиҳои бад намекарданд ва якдигарро намезаданд. Агар дар вақти ҳавлирўбӣ, ё ҷомашўӣ фурсат ёбанд, зоча (лўхтак) — бозӣ мекарданд, дар сафолпорчаҳо аз хок ош пухта барои зочаҳошон тўй медоданд.

Онҳо барои ман ҳам як зочаи писарбача сохта до-данд. Дар тўяшон зочаи маро барои зочаҳои худашон домод мекарданд. Азбаски ғайр аз зочаи ман дигар зочаи писар набуд, ба вай баъзан даҳ-дувоздаҳ духтарзоча мерасид. Ростӣ ин бозӣ ба ман хеле хуш меомад.

Аммо гоҳо мешуд, ки духтарбачагон зочаҳои худа-шонро, ки ҳамаи он бечорагон ба як шавҳар расида буданд, ба ҳам ҷанг меандохтанд ва зочаи маро маҷбур мекарданд, ки баъзан онҳоро раҳо кунад. Ҳанўз аз хотир набаровардаам, ки дар ин мавридҳо қадре дилам сиёҳ мешуд ва ба дили худ аҳд мекардам, ки агар калон шавам, ман ду зан нахоҳам гирифт. Бо вуҷуди ин, барои ин ки ҳамон қадар зочадухтарон ба зочаи ман мўҳтоҷ буданд, ба дили худ фахр мекардам.

Сонитар боз як писарбачаи дигар ба мактаб омада бошад ҳам, ў ба давлати домодӣ мушарраф нашуд. Азбаски ў қадре бачаи дурушттар буд, духтарбачагон барои ў зоча сохта надоданд (ман ҳикояти ин писарбачаро як вақти дигар хоҳам навишт, ки ў саргузаштҳои бисёр аҷиб дорад).

Ман дар мактаби бибихалифа давом мекардам, «Ҳафтяк»-ро тамом кардам, чанд сураҳои кўтоҳи онро аз ёд кардам, «Қуръон»-ро ба поён расондам, «Чор китоб»-ро ҳам хондам, қадре аз Хоҷа Ҳофиз ҳам хондам. Аммо ҳоло ҳам ба ғайр аз чизҳое, ки дар пеши бибихалифа хонда будам, дигар чизеро аз рўи хат хонда наметавонистам, масалан як ғазали Ҳофизро, ки дар мактаб хонда будам, дар ҳар куҷо ва бо дастхати ҳар касе ки бошад, онро хонда метавонистам. Аммо ғазали дигарашро, ки вайро дар мактаб нахонда будам, аз китоби худам ҳам хонда наметавонистам, яъне савод надоштам. Хатнависиро бошад, ҳеҷ наметавонистам. Бо вуҷуди ин падарам маро аз мактаби бибихалифа гирифта ба пеши хатиб ба дарс монд. Худаш ҳам аввал ба ман илм ёд медод. Ман он вақт даҳсола будам.

Аммо абҷадро хуб омўхта будам ва сураҳои «Қуръон»-ро, ки он ҳам ба расми абҷад навишта мешавад, оҳиста-оҳиста хонда метавонистам. Акнун фикр мекунам, ки сабаби он ин будааст:

Падарам маро ба мактаби бибихалифа фиристода бошад ҳам, аз орзуи ёд додани ҳисоби абҷад ба ман бознаистод. Дар ин хусус ў ҳар шаб баъд аз шом то хуфтан, яъне тахминан як соат бо ман машғулӣ мекард.

Аввал овози абҷад: «а», «бе», «ҷе», «де»-ро ба ман шиносонид. Пас аз он бо якдигар ҳамроҳ карда чӣ тавр хондани онҳоро ҳам ёд дод. Пас аз он «алиф-як, бе-ду, ҷим-се. дол-чор» гўён ҳисоби он ҳарфҳоро ёд дод...

Ба ҳамин тариқа падарам абҷадро ба ман то охираш бо ҳисобаш ёд дода баромад. Дар муддати тахминан як моҳ ман ҳарфҳои абҷадро шинохта мехондагӣ шудам ва ҳисобашро ҳам, ки аввал як-як зиёд шуда то даҳ, пас аз он даҳ-даҳ зиёд шуда то ба сад ва баъд аз он сад-сад шуда то ҳазор мерафт, омўхтам.

Баъд аз он ки ман инҳоро омўхтам, падарам гуфт:

— Акнун ба ту боз як чизи ғалатиро ёд медиҳам. Ин 9 рақам ва як сифр (нул) аст, ки онро ҳакимҳои Ҳин-дустон ёфтаанд. Бо он 9 рақам ва як сифр ҳисоби та-моми  дунёро ёд гирифтан мумкин аст.

«Ҳафтяк» — китобест, ки аз сураҳои кўтоҳтари «Қуръон» барои бачагони хурдсол алоҳида ҷилд кардаанд.

Ман дар шавқ ва ҳавас омадам, ки ин чи гуна як кори соҳирона бошад. Бо даҳ чиз ҳисоби ҳамаи дунёро гирифтан ҳақиқатан як чизи омўхтанӣ аст. Ман ҳам, ки даҳ ангушт дорам, бо инҳо рўзҳои ҳафтаро чанд бор ғалат карда базўр мешумурам...

Ман аз падарам сахт хоҳиш кардам, ки ҳар чӣ зудтар он даҳ чизи ҷодугаронаро ба ман ёд диҳед.

Падарам ба кор даромад.

Аввал рақамҳои 9-гонаро ягон-ягон навишта ба ман нишон дод. Дар ҳар рўз як рақамро нишон медод ва баъд аз он сифр (нул)-ро ба ман нишон дода онро ҳам шиносонид. Баъд бо як сифр 10 шудани якро ёд дод ва бо ҳамин тариқа то охири 9 рақам давом кард.

Ин дарс ба ман он қадар зўрӣ накард, зеро ман дар ҳисоби абҷад чи гуна як-як, даҳ-даҳ ва сад-сад зиёд шуданро омўхта будам.

Баъд аз он ки ман инҳоро омўхтам, падарам ба ман гуфт:

Ту чизҳоеро ёд гирифтӣ, ки дар деҳаи мо инҳоро ҳеҷ кас намедонад. Ҳисоби абҷадро бошад, ҳатто мак-табдори деҳа ҳам, ки домуллои пештараи ту аст, намедонад.

Ман ҳам бо омўхтанам ин гуна илмҳои камёбро, дар дили худ хеле фахр мекардам. Дар ин миён як ҳо-диса рўй дод, ки ҳисоби абҷад ҳақиқатан ҳам сабаби фахри ман гардид.

Он ҳодиса ин гуна буд:

Дар Саримазори мо сайри соли навӣ —Наврўзӣ бар-по шуд. Ба он сайр аз ҳамсоядеҳаҳои мо ҳам хеле ода-мон омаданд. Дар сайр гўштигирӣ сар шуд, одамони ҷамъшуда ба ду тақсим ҷудо шуда, ба якдигар тараф гашта, маърака гирифта нишастанд.

Падарам дар даруни маърака дар пеши тарафи ху-ди моён менишаст ва маро ҳам дар пеши худаш нишонда буд. Аз ду тараф паҳлавонон баромада бо ҳам гўштӣ мегирифтанд, пурзўрон камзўронро меафтонданд. Дар аввали кор деҳаи мо ғолиб буд, аз инҳо ҳеҷ кас намеғалтид.

Як вақт аз тарафи муқобил як муллобача, ки дар Бухоро таҳсили илм мекардааст, бо ҷавоне, ки аз тарафи мо баромада як каси онҳоро ғалтонда буд, талабгор шуда баромад.

Ҷавони мо ҳам бе ҳеҷ гуна қилуқол бо он мулло гўштӣ гирифт. Аммо баъд аз фурсате бо ҳам дарафтодан ҷавони мо афтод.

Як ҷавони дигар аз тарафи мо ба он мулло талаб-гор шуда баромад. Магар ин ҷавон ба назари он муллобача зўртар намуд, ки:

Ман бо ин гўштӣ намегирам,— гуфт. Аммо нагуфт, ки «ў аз ман пурзўр аст», балки гуфт:

Ў чапан аст, ман мулло; дастбагиребон шудани чапан бо мулло сабаби таҳқири уламо мешавад.

Падарам бо шунидани ин суханони вай якбора шўрид ва маро ба бағали худ бардошта аз ҷояш ҷаста хест, ва ба миёнҷои маърака рафта он муллобачаро ба пеши худ ҷеғ зад. Муллобача ҳам рў ба рў истода:

Чӣ мегўед? —гуфт ба падарам.

Шумо муллоед ё паҳлавон? — падарам аз он муллобача пурсид.

Ман муллои паҳлавонам! — ҷавоб дод ў.

Агар мулло бошед,— гуфт падарам,— ба ҷасадаш нигоҳ накарда бо ин писари ман, ки ҳаштсола аст,мунозира кунед. Мардум бинанд, ки ҳақиқатан шумо муллоед ё не? Агар паҳлавон бошед бо он ҷавоне, ки ҳамсол ва ҳамҷасади шумо аст гўштӣ гиред, то мардум бинанд, ки кадоми шумо зўр ҳастед?

Падарам илова кард:

—Биёед, аввал муллоии шуморо озмоем,— ва ба ман нигоҳ карда гуфт:

Пурс, писарам, аз ҳисоби абҷад чизеро аз ин кас!

Ман ҳам бе ҳеҷ андеша:

«Те» чанд аст? — гуфта аз он кас пурсидам.

Ў дам истод, ҷавоб додан натавонист. Падарам ба ман гуфт:

Худат гўй ки «те» чанд аст.

Чорсад аст! — гуфтам ман.

Пас аз он падарам якчанд ҳарфҳои дигарро ягон-ягон «ин_ чанд аст, он чанд аст» — гўён аз он мулло пурсид. Ӯ ба ҳеҷ кадом ҷавоб дода наметавонист. Ҳар ҳарферо, ки ў ҷавоб дода наметавонист, падарам аз ман мепурсид ва ман ҷавоб медодам.

Тарафи мо он муллобачаро «ўйд-ўйд» гўён масхара доштанд. Ў аз хиҷолат суп-сурх шуда буд.

Падарам ба ў гуфт:

Акнун муллоии шумо тамом шуда монд, монанди як чапан бо он ҷавон гўштӣ гирифтан гиред. Ӯ ҳам розӣ шуд, ки бо он ҷавон гўштӣ гирад.

Ҳар ду гўштӣ гирифтанд. Аммо даст ба гиребон шу-дани онҳо ҳамон буду ғалтидани мулло ҳамон.

Шўрест, ки аз маърака бархост! Гўштигирӣ ҳам бо ҳамин тамом шуд.

Ҷавонони тарафи моён ба падарам мегуфтанд:

— Ҳақиқатан он муллоро писари шумо ғалтонд. Аз-баски ў дар мунозира мулзам шуд ва хиҷолат кашид, натавонист, ки қуввати худро тамом ҷамъ карда кор фармояд.

Аз ин сухани онҳо фахри ман боз зиёдтар мешуд ва ба дили худ мегуфтам, ки ман бояд ҳар илмро омўзам, лекин дар ҳақиқат ман ҳанўз савод надоштам...

Бо ҳамин ман ҳикояти мактаби ибтидоии худро тамом кардам, аммо чи гуна дарс хонданам, савод бароварданам ва ба адабиёт шуғл карданамро дар як вақти дигар хоҳам ҳикоят кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба