«Зеҳни сунъӣ» - тозатарин падидаи технологӣ
Бешак, ҳар як фарди замонавӣ мехоҳад дастрасии бештар ба иттилоот дошта бошад, ба ҳаллу фасли муаммо ва ё «Тести Тюринг» наздик шавад. Феълан маҳз ҳамин масъала мавриди таваҷҷуҳи донишмандони самти «Зеҳни сунъӣ» ва ё «Ақли маснуӣ» қарор гирифтааст.
Мавриди зикр аст, ки «Зеҳни сунъӣ» таърихи бостонӣ низ дорад, албатта, дар қиссаҳову ривоятҳо. Дар умқи таърих риёзидонҳову файласуфон перомуни истидлолу (далеле бурҳон ва ҳуҷҷат пеш овардан) мантиқ баҳсу мунозираҳое доштанд. Дар афсонаҳои Юнони бостон одамшаклҳо бовар доштанд, ки бояд як тамаддуни бузургеро рӯйи кор оваранд. Дар ин афсонаҳо муҷассамаҳои шабеҳи инсон ба ҳаракат даромада буданд ва ҳатто Ҷобир бинни Ҳайён (Абӯ Мӯсо Ҷобир бинни Ҳайён ас Сӯфӣ – кимиёгари барҷастаи Эрон дар бахши кимиё, табибу дорусоз ва риёзидону мунаҷҷим. Зодаи шаҳри Тӯс, дар хонаводаи дорусоз-Ҳайён ал Яздии хуросонӣ ба дунё омадааст. Дар Урупои қурунивустоӣ бо исми лотинии Гебер маъруф аст. Соли 813 дар Ал - Куфаи Ироқ фавтидааст.) ва чанде дигарро созандагони мавҷудоти маснуӣ талаққӣ менамуданд. Айни замон ин тахайюлот ба ҳақиқат табдил ёфтааст. Дигар, ҳамасрони мо ба компютеру интернет-технология натанҳо одат кардаанд, балки унс ҳам гирифтаанд. Акнун ҳама дар атрофи падидаи нави технологӣ «Зеҳни сунъӣ» ҳарф мезананд, зеро маҳз ҳамин падидаи техникӣ метавонад мушкилоти мубраму мураккаби низоми глобалиро аз таъмини сулҳи пойдори ҷаҳонӣ, то тасхири низоми Роҳи Каҳкашон ҳаллу фасл намояд.
Лекин таърихи «Зеҳни сунъӣ» ҳамчу як самти илм аз нимаи дуюми садаи бистум ибтидо мегирад. То ин дам барои бурузи ин падида замина фароҳам омад. Аз ҷумла, дар олами фалсафа перомуни шинохти табиати инсонӣ ва дониши ҷаҳонӣ баҳсҳо сурат гирифта, нейрофизиологҳову (мутахассисони асаб) равоншиносон назарияи нисбии фаъолияти майна ва тафаккури инсонро рӯйи кор оварданд.
Илова бар ин, назарияи риёзии муҳосибот-назарияи алгоритмҳо арзи вуҷуд намуд, аввалин компютерҳо ихтироъ гардиданд. Акнун суръати ҳисобкунӣ тавассути мошинҳои ҷадид нисбат ба имкониятҳои инсон бештар буд. Аз ин лиҳоз, масъалаи ихтирои воситаҳои техникии ҳисоббарор матраҳ гардид. Бори нахуст ба ин масъала соли 1950 олими бритониёитабори Амрико Алан Тюринг даст зад. Мавсуф мақолае навишт таҳти унвони «Оё мошин метавонад фикр кунад?». Муаллифи мақола дар навиштаи хеш собит намуд, ки мошин аз лиҳози зеҳниву ақлӣ метавонад бо инсон баробар бошад. Баъдан ин падида бо номи «Тести Тюринг» шуҳрат ёфт.
Баргардем сари истилоҳи «Зеҳни сунъӣ». Ин истилоҳ тарҷумаи Artificial intelligence, AI-и англисист ва илмест ё технологияест дар мавриди ихтироъ ва эҷоди мошинҳои ақливу зеҳнӣ ва барномаҳои зеҳни маснуӣ. «Зеҳни сунъӣ» зимни истифода аз компютер барои дарки ақлу зеҳни инсонӣ хизмат мекунад. Аслан, дар ин мақола истилоҳи «ҳуш» тарҷума шудааст аз «интеллект»-и русӣ ва аз лиҳози решашиносӣ мансуб аст ба «intellectus»-и лотинӣ. Тафсири ин вожа чунин аст: эҳсос, дарк, фаҳмиш ва далел. Аз ҷониби дигар ифодакунандаи қудрати инсонӣ дар робита ба эҳсос, идрок, хотира, тафаккур ва тахайюл аст.
Ин падидаро ба унвони шохае аз илми компютерӣ низ нисбат додаанд, ки бо худкорӣ ва қобилияти ақлониву ҳушмандӣ алоқаманд аст.
“Зеҳни сунъӣ” анвои мухталиф дорад:
1.Зеҳни сунъии рамзист (Symbolic), ки бо рамзҳои интизоӣ (абстрактӣ) кор мекунад ва ҳамчун зеҳни сунъии классикӣ маъруф аст;
2.Зеҳни сунъии асабист (Neural AI), ки солҳои 80-уми қарни гузашта рӯйи кор омада, дар ин низом ба ҷои рамзҳо нейронҳои сунъӣ истифода мешаванд;
3. Шабакаҳои асабӣ (Neural Networks), ки ба хатҳо шабоҳат дошта, ба ҳамдигар пайванд ҳастанд. Қабати аз ҳама болоӣ қабати дарёфткунӣ маҳсуб меёбад.
Истифодаи сабку услуб ва абзорҳо дар “Зеҳни сунъӣ”
Истифодаи сабку услуб ва абзорҳо дар “Зеҳни сунъӣ” мухталиф аст, чунончи:
1. Ёдгирии мошинии системавӣ (Machine Learning), ки таҷрибаро ба дониш табдил медиҳад. Зимни иҷрои ин низоми кор тавоноие ҳосил мешавад, ки шаблонҳо ва қоидаҳои дар ҳоли афзоишбударо равшан месозад. Зимни ёдгирии мошинӣ аз ду навъи зеҳни сунъӣ рамзӣ ва зеҳни сунъии асабӣ истифода мешавад.
2. Навъи дигари ёдгирии мошинӣ мавҷуд аст, ки рӯз аз рӯз аҳамияти бештар касб мекунад ва онро ёдгирии амиқ (Deep Learning) меноманд.
Аксари коркардҳои зеҳни сунъӣ дар заминаи ёдгирии амиқ сайқал меёбанд ва системаҳои печидатару қавитарро бо лоиҳаҳои нав рӯйи кор меоранд, ки бо шаклу усулҳои мухталиф (ёдгирии таҳти назорат, ёдгирии бидуни назорат ва ёдгирии тақнинӣ, яъне бо истифода аз санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ) татбиқ мегарданд.
Истифодабарӣ аз “Зеҳни сунъӣ”
Феълан, аз анвои мухталифи «Зеҳни сунъӣ» истифода мебаранд, вале дар марҳалаи аввал шаклҳои истифодабарӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ошкор намешаванд. Бинобар ин, феҳрасти мукаммали онҳоро тартиб додан ғайриимкон аст. Механизмҳои “Зеҳни сунъӣ” барои ташхис, шиносоӣ ва гурӯҳбандии ашё ва афрод дар аксҳову видеонаворҳо хеле заруранд. Барои дастёб шудан ба ин ҳадаф аз шаклҳои сода ва дар айни замон ниҳоят мушкили ташхис- қолабҳо (шаблонҳо) истифода менамоянд. Агар иттилооти тасвир рамзгузорӣ нашуда бошад ва воситаи техникӣ битавонад онро бихонад, аксҳо ва видеонаворҳоро метавон бо ин равиш дар дастаҳои мухталифе қарор дод, ки имкони ҷустуҷӯ ва ёфтани онҳоро фароҳам меорад. Чунин ташхисҳоро дар мавриди иттилооти савтӣ анҷом додан мумкин аст.
Чат-Бот барномаест мусо-ҳибавӣ, ки ниёзмандиҳои истифодабарандагонро муайян карда, сипас дар қаноатмандшавии онҳо мусоидат менамояд. Иртибот ва алоқаи худкор (автоматӣ) бо истифодабаранда тавассути матн ва ё садои роботи ҳушманд амалӣ мегардад. Чат-Ботҳо дар бахши хадамоти муштариён рӯз аз рӯз бештар мегарданд.
Таҷзия ва таҳлили назариёт. Ин барнома илова ба пешбинии натиҷаҳои интихобот дар ҷаҳони сиёсат, дар бозорёбӣ (маркетинг) ва самтҳои дигар низ бо номи “Таҷзия ва таҳлили эҳсосот” (Opinion Mining) истифода мешавад. Дар ин самт барномаи “Таҳлили назариёт” (Sentiment Analysis) ҳам ба кор бурда мешавад.
Алгоритмҳои ҷустуҷӯ.
Алгоритмҳои барномаи мазкур ба монанди алгоритмҳое, ки дар “Goole” истифода мешаванд, ниҳоят маҳрамона буда, равишҳои муҳосиба, дараҷабандӣ, инъикоси натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар ҳамон шакле сурат мегиранд, ки зимни ёдгирии мошинӣ истифода мегарданд.
Калимапардозӣ ва баррасии матн аз назари сарфу наҳви забонӣ ва иштибоҳоти имлоӣ тибқи корбурдҳои классикии зеҳни сунъии рамзӣ анҷом дода мешавад. Дар ин маврид равишҳои забон мисли як шабакаи печидае ва дорои қонунҳову дастурамалҳо таъриф мешаванд, ки қитъаоти матнро дар як ҷумла таҷзия ва таҳлил мекунанд ва баъзан иштибоҳотро низ муайян ва ислоҳ менамоянд.
Хулоса, “Зеҳни сунъӣ” чизе нест, ки дар заминаи холӣ ба вуҷуд омада бошад. Ин падида дар ҳавзаи илми электроника падид омада, ба пешрафтҳои бузурге рӯ ба рӯ аст. Ҳоло дар Аморати Муттаҳидаи Араб Вазорати зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд. Умар Уламо Ашрофи 27 - сола 25 октябри соли 2017 нахустин вазири Зеҳни сунъӣ дар ин давлат таъйин шудааст. Дар Федератсияи Россия барномаи махсус – Стратегияи рушди Зеҳни сунъӣ то соли 2030 қабул гардидааст.
Айни замон Ҷумҳурии Исломии Эрон вобаста ба коргирӣ аз “Зеҳни сунъӣ” дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷойи 15-ум қарор дорад.
Феълан “Зеҳни сунъӣ” дар самтҳои мухталифи иқтисоди Федератсияи Россия истифода мегардад. Дар назар аст, ки дар ин давлат ояндаи наздик ташхиси тиббии шаҳрвандон тавассути “Зеҳни сунъӣ”, дар асоси маводи биологӣ анҷом дода шавад. Амалисозии ин навоварӣ дар соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати амалӣ шудани барномаи мазкур “Зеҳни сунъӣ” намунаи бофтаҳо, хун, пешоби маризони мубтало ба бемориҳои ҷиддии гуногун, аз ҷумла, синдромҳои онкологии ирсиро мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Маълумоти бадастомада бо иттилооти аз муассисаҳои мухталиф дастрасгардида муқоиса шуда, сипас ба бемор табобати мушаххас пешниҳод мегардад.
Инчунин, дар Федератсияи Россия дар робита ба рушди “Зеҳни сунъӣ” эътилофе таъсис дода шудааст, ки ба он “Амонатбонк”-и ин давлат, Яндекс, Mail.ru Group, МТС, “Российский фонд прямых инвестиций” ва “Газпром” шомил мебошанд. Ин эътилоф бо мақсади коркарди технология, бунёди пояи қонунгузорӣ дар замина, ҷалби сармоягузорӣ, анҷом додани пажӯҳишот ва истифодаи сареи “Зеҳни сунъӣ” созмон ёфтааст.
Вазорати дифои ин кишвар роҷеъ ба истифодаи “Зеҳни сунъӣ” ва барномаи BIG DATE дар низоми иттилоотии идоракунии амалиёти муҳорибавӣ эълон доштааст.
Дар назар аст, ки ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи техникаи зиреҳдор дар саҳнаи ҳарб тавассути “Зеҳни сунъӣ” анҷом дода шавад.
Ҷиҳати амалисозии ин ҳадаф низоми автоматии идоракунӣ мавриди истифода қарор мегирад. Акнун ин ҳама тавассути алгоритми махсус амалӣ мегардад. Бо истифодаи ин барнома фармондеҳ метавонад дар муддати чанд сония қарори ниҳоӣ қабул намояд.
Аз ҷониби дигар, “Зеҳни сунъӣ” ба рушди таҳсилоти ОНЛАЙН мусоидат менамояд. Дар Амрико ва Урупо ба истифодаи ин намуди таҳсил дар ибтидои солҳои 2000–ум рӯ оварда буданд. Соли 2017 дар феҳрасти махсуси нармафзори ин намуди таҳсилот бештар аз 9000 курс (дар 800) донишгоҳ ғунҷонида шуда буд.
Ҳоло дар ИМА ҳар сеюмин донишҷӯ аққалан ба як курси ОНЛАЙН номнавис шудааст. Тибқи иттилои ЯНДЕКС теъдоди иштирок дар таҳсилоти ОНЛАЙН то 60% меафзояд.
Дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил корҳои анҷом додашуда дар замина чандон назаррас нест. Танҳо Федератсияи Россия дар даҳгонаи давлатҳои дорои ин намуди технология шомил буда, дар мақоми 9-ум қарор дорад. Ҷумҳурии Қазоқистон бошад, вобаста ба рейтинги «Зеҳни сунъӣ» ҷои 22-юмро соҳибӣ кардааст. Лекин давлатҳои дигар бо рушди коммерсияи электронӣ ба низоми Зеҳни сунъӣ наздик шуда истодаанд.
Вокуниши Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Зеҳни сунъӣ. Ин ҷумҳурии ба мо ҳаммарз соли 2018 Стратегияи рушди инноватсиониро барои солҳои 2019-2021 қабул намудааст, ки шарти муҳиммест барои рушди пӯёи (динамикии) воридсозии технологияи инноватсионӣ дар бахши иқтисод ва иҷтимоиёти ин кишвар. Олимони Ӯзбекистон чунин ақида доранд, ки “Зеҳни сунъӣ”-ро дар ояндаи наздик дар соҳаи тандурустӣ, кишоварзиву маориф ва мубориза алайҳи офатҳои табиӣ истифода бурдан мумкин аст. Лекин истифодаи “Зеҳни сунъӣ” кори саҳл нест, маблағгузории ҳангуфтеро талаб мекунад, дар ҳоле ки ширкатҳои ватанӣ барои истифодаи “Зеҳни сунъӣ” қодир нестанд. Барои тарҳрезӣ ва амалӣ намудани чунин иқдомот маблағгузории давлатӣ лозим меояд.”
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо рушди технологияи электронӣ ба низоми Зеҳни сунъӣ наздик шуда истодааст. Қабули Консепсияи эҷоди ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 далели гуфтаҳои болост.
Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон портали ҳукумати электронии рӯйи кор омада, дар он иттилооти вобаста ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маълумотҳои дигари хизматрасонӣ ғунҷонида шудаанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки ҷиҳати рушди низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо амалӣ шудаанд, аз ҷумла: насби камераҳои назоратӣ дар роҳҳо, дар биноҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои мухталиф, эълон доштани шаҳрҳо ва роҳҳои бехатар, истифодаи логистикаи замонавӣ дар соҳаи маориф ва тиб қадамест ба сӯи “Зеҳни сунъӣ”.
\\\*
Ҳоло дигар ба қудрати фавқулоддаи “Зеҳни сунъӣ” шакку шубҳае нест. Шаҳрҳои бехатару роҳатбахшу фараҳафзо, табобати дастрасу басифат, низоми нақлиётии мутмаин, кайҳонкушоиву омӯзиши уқёнусҳо ва гузашта аз ин, қудрати дифоии ҳар як кишвар ба “Зеҳни сунъӣ” вобаста хоҳад буд. Ин падидаи техникиро метавон ба ҳайси як манбаи қудрати азим арзёбӣ намуд. Ҳар давлате, ки чунин қудратро дошта бошад, дар рақобат тавонманд хоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд, сабқати технологие, ки дар арсаи ҷаҳонӣ рӯи кор омадааст, дар таърихи тамаддуни башар аз ҳама сахт ва ғайри қобил хоҳад буд.
Суҳроб Ҳасанов,
мутахассиси пешбари шуъбаи
илми коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар
шаҳри Панҷакент
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё