Зеҳн

Шири буз чаро аз шири гов беҳтар аст.

АХ
Ахбор29 ноябри 2024 · 7 дақиқа хондан

Вақтҳои охир шири буз аз сабаби массаи хосиятҳояш зуд маъруфият пайдо мекунад. Он барои ба эътидол овардани кори меъдаю рӯда, баланд бардоштани сатҳи гемоглобин, инчунин пешгирии паст шудани биниш муфид аст. Ғайр аз ин шири буз хосияти бактеритсид дорад. Ин имкон медиҳад, ки он на танҳо нисбат ба шири гов дарозтар нигоҳ дошта шавад, балки ба организм таъсири безараргардонанда ҳам дорад.

Дар муқоиса бо шири гов шири буз шаш маротиба зиёдтар витамини В12 дорад, ки барои гемопоэз ва ҷараёни дурусти равандҳои мубодилаи моддаҳо масъул аст.

Шир аз калий бой буда, минерали муҳим барои саломатии системаи дилу раг ва асаб мебошад. Кислотаи сиалӣ барои истеҳсоли иммуноглобулин ва таҳкими муҳофизати табиии организм аз вирусҳо ва бактерияҳои патогенӣ зарур аст.

Умуман шири буз нисбат ба шири модагов босифат ва солимтар аст. Он камтар лактоза дорад ва дар баъзе мавридҳо, ҳатто барои онҳое, ки аз аллергия ё таҳаммулнопазирӣ азият мекашанд, мувофиқ аст. Аммо, бояд дар хотир дошт, ки ҳама чиз инфиродӣ аст ва агар шумо бо аксуламали лактоза мушкилот дошта бошед, шири бузро танҳо пас аз машварат бо мутахассис метавонед ба парҳез дохил кунед. Илова бар ин, сафедаҳои шири буз аз ҷиҳати сифат нисбат ба сафедаҳои шири гов хеле бартарӣ доранд: онҳо бо мазмуни бештари пиакрин ва тиамин — моддаҳое, ки барои фаъолияти организми инсон заруранд, фарқ мекунанд.

Муддати як ҳафта мешавад, ки писарчаи 8-солаам пай дар пай месулфад. Аз дорухона барояш чанд намуд доруи сулфа овардам, аммо ҳеҷ фоида накарда истодааст. Як ҳамсояамон ба ман маслиҳат дод, ки ба писарам шири бузи кабуд диҳам, гӯё шири буз ба сулфа даво будааст. Ростӣ, боварам намеояд, ки сулфаи бо дорую даво шифо наёфта бо шири буз нағз шавад. Дар ҳақиқат шири буд ба сулфа даво шуда метавонад ё беҳтараш сӯзандорӯ гирем? Матлуба аз шаҳри Турсунзода Барои посух гирифтан ба ин саволи хонандаамон мо ба тибиби пулманолог Маҳмудҷон Ғафоров муроҷиат намудем: - Ин шабу рӯзҳо шумораи гирифторони сулфа хеле зиёд шудааст.

Сабаби инро шумо ҳамчун табиб дар чӣ мебинед? - Одатан сулфа бо сабаби шамолкашии узвҳои болоию поёнии нафас зимни бемориҳои сироятӣт аз қабали зуком, бронхит, пневмония, сил, астма, тромбоэмболияи артериалии шуш ва саратони шуш сар мезанад. Бемориҳои лорингит, фарингит ва ренит низ боиси сулфа кардани инсон гашта метавонанд. Баъзан бемориҳои дил ва рагҳои хунгардӣ он, норасоии кори дил, аллергия ва касалиҳои асаб ҳам касро ба сулфа гирифтор месозанд. - Аслан сулфа дар бадали як ҳафта ё даҳ рӯз шифо меёбад, вале баъзан як-ду моҳ тӯл мекашад. Сабабаш дар чист? - Аз рӯйи давомнокиаш сулфаро ба 3 намуд ҷудо мекунанд: сулфаи шадид, ки маъмулан дар 1-2 ҳафта мегузарад, сулфаи тӯлонӣ, ки то ду моҳ тӯл кашида метавонад ва сулфаи кӯҳнашуда (хронический).

Дар сурати бо қабули доруҳои сулфа ҳам паст нашудани шиддати сулфаи бемор ва беш аз ду ҳафта тӯл кашидани беморӣ ҳатман ба тибиби пулмонолог муроҷиат карда, аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст, чунки сулфаи давомдор метавонад нишонаи бемориҳои ҷиддӣ бошад. - Сулфаи бар асари зӯком пайдо шударо аз бронхит ва пневмония чи тавр фарқ кардан мумкин аст? - Барои ин ба хислати беморӣ аҳамият додан лозим аст. Сулфа аз шамолшакӣ ва зӯком пайдо шуда бошад, табби бемор баланд шуда, димоғаш маҳкам мешавад.

Гулӯ мехорад, оби бинию оби чашмони мариз мешоранд ва сулфаи хушк мезанад. Бемори ба бронхит ва ё пневмония гирифтор шударо оби чашму оби биниаш намешорад, аммо таббаш хеле баланд шуда, дар қафаси сина эҳсоси дарди кунд пайдо шуда метавонад. - Барои табобати сулфа аз дорӯхона доруи сулфа харида хӯрдан кифоя аст ё ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард? - Ман ҳамчун табиб бе иҷозати духтур дору харида хӯрданро маслиҳат намедиҳам, чунки дорӯҳои худсарона қабул кардаи мариз бе ҷойи фоида баръакс зарар расонида метавонанд. Барои табобати дуруст аввал сарчашмаи бемориро аниқ кардан лозим аст, бинобар ин, ман ҳамчун табиб маслиҳат медиҳам, ки ба духтури терапевт ё пулманолог муроҷиат карда аз ташхис гузаранд. Табиб аз рӯйи натиҷаи ташхис ва аломату нишонаҳои беморӣ доруҳои пасткунандаи шиддати сулфа ва балғамбарор мефармоянд. Баъзеҳо одат кардаанд, ки аз чанд доруи фармудаи табиб танҳо 2-3 тоашро мегиранд. Ин кор хато аст.

Барои натиҷаи хуб додани табобат доруҳои фармудаи табибро ба пуррагӣ гирифтан лозим аст. - Бронхит ва пневмонияро дар шароити хона табобат карда мешавад? - Ин ба шиддати беморӣ вобастагӣ дорад. Ҳолати умумии бемор мӯътадил ва бемориаш чандон хавфнок набошад, метавонанд ба реҷаи бистарӣ риоя карда, дар хона сӯзандорӯ ва доруҳои дигари фармудаи табибонро бигиранд, вале аҳволи бемор бадтар шавад, дар беморхона бистарӣ кардан лозим меояд. Як чизро таъкид карданиям, ки агар мариз ба бронхит гирифтор бошад, доруҳои пасткунандаи шиддати сулфаро истифода бурдан лозим нест, чунки ин намуди дорувор сулфаро кам карда, монеъи баромадани балғам аз шуш ва роҳҳои нафас мегардад. Дар ин ҳолат давоҳоеро истифода бурдан лозим аст, ки балғамро тунук карда, аз шуш мебароранд. Вақте ки вуҷуди бемор аз балғам пок шуд, сулфа худ аз худ гум мешавад. - Дар оғоз шумо гуфта гузаштед, ки сулфа аз бемориҳои асаб ҳам пайдо шуда метавонад.

Дар ҳамин бора каме маълумот медодед? - Оре, сулфа метавонад аз асаб ҳам пайдо шавад. Табиб, агар пайхас кунад, ки сабаби сулфидани мариз сироятёбӣ аз зукому ОРВ ва ё шамолкашии роҳҳои нафас нест, беморро ба назди асабшинос равон мекунад. Баъзе маризон дар чунин ҳолатҳо ба ғазаб меояд, ки ман месулфам, вале маро назди духтури асаб равон карда истодаанд, ин магар масхаракунӣ нест?! Ба чунин маризон гуфтаниям, ки кори бонизоми организми инсон ба тамоми узвҳояш вобастагӣ дорад ва итллатҳои асаб ҳам ба пайдо шудани сулфа сабаб гашта метавонанд, барои ҳамин ҳатман аз назорати асабшинос гузаранд ва давоҳои тавсия кардани табибро бигиранд. - Сулфаро бо гиёҳҳо ва давоҳои халқӣ ҳам табобат карда мешавад? - Дар ҳақиқат гиёҳҳои табиӣ дар табобати сулфа таъсири хеле хуб мерасонанд.

Шахсоне, ки аз сулфаи хушк азият мекашанд, агар аз кокутӣ, пудинаи кӯҳӣ ва раҳдавак барои худ давои алафӣ тайёр карда нӯшанд, ҳолашон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Тарзи тайёр кардани давоҳои алафӣ хеле осон аст. Ҳамагӣ як-ду қошуқ гиёҳ, масалан раҳдавак ё кокутиро дар чойник андохта, аз болояш ду истакон оби ҷӯшидагӣ мерезед ва болояшро пӯшонда, тахминан як соат нигоҳ медоред, баъдан гиёҳобро аз дока полонда тахминан 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок ним истаконӣ дар як рӯз 3-4 бор менӯшед. - Мегӯянд, ки шири буз ба сулфа даво аст. Рост аст? - Оре, шири буз барои касоне, ки аз сулфаи хушк азият мекашанд, бисёр манфиатбахш аст.

Ширро гармогарм дар як рӯз чанд маротиба нӯшидан лозим аст. Витаминҳо ва дигар маводҳои муфиди дар таркиби шири буз мавҷуд буда ҷисмро пурқувват гардонида, гулӯро мулоим мекунанд ва ба тунук шудану аз роҳҳои нафас хориҷ гаштани балғам ёрӣ мерасонанд. Маризон метавонанд барои бештар гаштани таъсири шири буз ба он як қошуқча содаи хӯрка, каме асал ё равғани маскаи хонагӣ-равғани зард илова карда, баъдан нӯши ҷон созанд. Нӯшидани шири бо асал омехта махсусан шабона манфиатахш аст, чунки асабро ором карда, шиддати сулфаро паст мекунад ва бемор то саҳар бароҳат хобида метавонад.

Зуд-зуд оруғ мезада бошед, маълум мешавад, ки дар роҳи меъдаю рӯда нуқсоне мавҷуд аст. Мумкин дар таркиби шираи меъдааатон туршӣ кам шуда бошад. Шахсоне, ки аз оруғзании зиёд нороҳат ҳастанд, бояд аз муоинаи мутахассисон гузашта аз пайи табобат шаванд. Амалҳои санҷидашудае мавҷуданд, ки оруғро рафъ месозанд. Давоми се моҳ ҳар субҳ, пешин ва бегоҳ, баъди хӯрок як пиёла шири буз нӯшед, ҷонатон аз оруғзанӣ халос мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба