Муҳаммад 0симӣ
1-уми сентябр зодрӯзи устод Муҳаммад 0симӣ(01-09-1920 - 29-07-1996) Рӯҳашон шод бод!
...Намедонам ба устод чӣ маъқул шуд: шеър ё тарзи хониши ман, ки маро ба оғӯш гирифта аз пешониам бӯсиданд ва гуфтанд, ки пагоҳ ба наздашон ба меҳмонхонаи шаҳр биравам...
Як рӯз моҳи сентябри соли 1936 директорамон маро ҳамроҳи шарикдарсонам Абдуллоҷон Ҳоҷиев, Абдумӯъмин Мирпочоев, Мирзоҳамдам Очилов ва Қутбиддин Бузуруковро назди худ хонда гуфт: “Ба шаҳри мо устод Айнӣ омаданд ва бо аълохонҳои мактабҳои миёна мулоқот мекунанд, шумо ба мулоқот меравед. Аммо ба як шарт: бахшида ба устод Айнӣ шеър менависед ва агар шеъратон маъқул шавад, ба рафтанатон иҷозат медиҳам". Яке аз мо (агар фаромӯш накарда бошам номаш Қутбиддин буд) шеърбофӣ мекард. Мо моҳномаи девории мактабро таҳия мекардем ва гоҳ - гоҳ шеъри танқидӣ ҳам мегуфтем. Боре ба унвони директор ҳам шеъри тезу тунд навишта будем.
Директорамон, ки Назаров ном дошт, шахси аҷиб буд. Ӯ табиатан, соҳибзавқ, илмдӯст ва одил буд. Боре вақте, ки ман дар Донишгоҳи Самарқанд таҳсил мекардаму дар айёми таътили тобистона ба зодгоҳам омадам, дар бозори Панҷшанбе директори собиқамонро дидам. Ӯ аз ман пурсид, ки дар куҷо таҳсил мекунам. Гуфтам, ки дар Донишгоҳи Самарқанд, дар факултаи физика. Пурсид: “Оё ту медонӣ , осмон чаро кабуд аст?.” Гуфтам: “Медонам”, ва мухтасар маънидод кардам.
Ӯ диққати аҳли бозорро ба худ ҷалб намуда, бо овози баланд, гуфт:
- Ин ҷавон собиқ шогирди ман, дар Донишгоҳи Самарқанд дар факултаи физика таҳсил мекунад. Ӯ ҳозир ба Шумо мефаҳмонад, ки осмон чаро кабуд аст.
Ман ба маънидоди ин ҳодиса пардохтам. Зотан ин аввалин “лексия”-и илмӣ - оммавии ман буд.
Директор ба суханони ман ба завқ гӯш медод. Баъд ба ҳозирон рӯ оварда гуфт:
- Ана, дидед, кас агар хонад, ҳама чизро мефаҳмидагӣ мешавад. Шумоён ҳам фарзандони худро ба хондан фиристед, ҳамин хел донишманд мешаванд.
Ҳамин директор буд, ки мехост ба устод Айнӣ нишон диҳад, ки шогирдони ӯ шеърдӯст ҳастанд ва ҳатто худашон ҳам шеър менависанд.
Директор моро ба клуби мактаб даровард, дарро аз берун қулф карда гуфт:
- Шеъратон, ки тайёр шуд, дарро тақ - тақ кунед.
Мо чанд соат майна об карда чизи шеърмонанде навишта дарро кӯфтем. Директор, ки коргоҳаш дар шафати клуб буд, ба пушти дар омад ва гуфт:
- Шеъратонро хонед.
Мо хондем, вале ба ӯ маъқул нашуд.
- Боз кор кунед, ҳоло шеъратон хом аст.
Се - чор навъи “шеъри” моро маъқул накарда ва ниҳоят нусхаи охиринашро пазируфта, дарро кушода гуфт:
- Акнун хона ба хона равед ва пагоҳ ба мулоқот омода шавед.
Субҳидам барои мулоқот бо устод Айнӣ ба мактаби ба номи Айнӣ рафтем. Бинои мактаб нав буд ва он аз биноҳои зебои онвақтаи шаҳр ба ҳисоб мерафт. Дар даромадгоҳи мактаб устодро бо ҳаяҷон интизор будем.
Устод Айнӣ барои мо, ҷавонони онвақта, шахсе буданд, ки моро бо асарҳояшон ба олами ҳайратангези китоб ворид мекарданд. “Одина” аввалин асари бадеъӣ буд, ки мо гаштаву баргашта мехондем. “Одина” барои бедории тоҷикон хизмати бузурге кардааст. Мирсаид Миршакар ба ҷавонони кӯхистони тоҷик дастрас шудани “Одина” - ро тавсиф карда, онро “Нур дар Кӯҳистон” номида буд.
“Одина” - ро ҳамчун намунаи насри навин кулли форсизабонони ҷаҳон хуш пазируфта буданд.
Дар шахси Айнӣ ва Лоҳутӣ мо пешвоёни маънавиро медидем, ки ифтихори миллат буданд. Ҳар кас дар дил орзу мекард, ки ин устодони машҳури худро лоақал аз дур бубинад.
Устод дар иҳотаи чанд фарди шинохтаи шаҳрамон аз дур намоён шуданд. Мо устодро дарҳол шинохтем. Дар тан камзӯли сафед ва дар сар тоқии чуст доштанд. Ҳамон либосе, ки мо дар расмҳояшон медидем. Мо устодро бо кафкӯбӣ истиқбол кардем. Муҳиддин Аминзода ва Тоҷӣ Усмон, ки ҳамроҳи Айнӣ омада буданд, хоҳиш карданд то устод чанд сухан гӯянд. Устод ба мо рӯ оварда гуфтанд:
- Ман ваъзгӯиро дӯст намедорам. Шумо беҳтараш навиштаҳои маро бихонед.
Ба бинои мактаб ворид шудем. Дар болохонаи саркушоди мактаб дар рӯи мизҳои дароз дастархон ороста буданд. Азбаски мувофиқи маслиҳат шеъри бахшида ба устод навиштаамонро мебоист ман мехондам, ба ман аз паҳлӯи устод ҷой доданд.
Мудири мактаб устодро хайрамақдам гуфта, ба вакилони мактабҳои шаҳр бо навбат сухан медод. Чун навбат ба мо расид, ман ба саҳна баромада шеърамонро хондам.
Намедонам ба устод чӣ маъқул шуд: шеър ё тарзи хониши ман, ки маро ба оғӯш гирифта аз пешониам бӯсиданд ва гуфтанд, ки пагоҳ ба наздашон ба меҳмонхонаи шаҳр биравам. Хурсандию ҳаяҷонеро, ки маро фаро гирифта буд, тасаввур кардан мушкил нест. Пагоҳии рӯзи дигар бо рафиқонам ба меҳмонхонаи шаҳрӣ рафтем. Рафиқонам дар назди дари меҳмонхона монданд, ман ба дарун даромадам. Устод маро интизор будаанд. Маро меҳрубонона пешвоз гирифта ба сари миз шинонданд. Як навъ имтиҳон сар шуд.
- Канӣ бигӯ, кадом китобҳоро хондаӣ?
Ман асарҳои хондаамро номбар кардам: “Одина”, “Дохунда”, “Fуломон”, “Каждум аз меҳроб”, “Теҳрони махуф”... Пас аз таърифу тавсифи қаҳрамонҳои аз асарҳои номбар намудаам, устод пурсиданд:
- Шеърро ҳам дӯст медорӣ?
- Дӯст медорам.
Устод фармуданд шеърҳои дӯстдоштаамро бихонам. Ман аз ашъори Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ ва худи устод порчаҳо хондам.
Устод пурсиданд:
- Оё худат ҳам шеър ё ҳикоя навиштаӣ?
- Не, вале баъзан бо рафиқонам бо ҳазлу шӯхӣ шеърбофӣ мекунем.
- Оё шавқи нависанда шудан дорӣ?
- Оре, дорам, - гуфтам.
Пасон устод хоҳиш карданд мухтасаран тарҷумаи ҳоламро нақл кунам. Вақте, ки дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, пас аз вафоти модарам дар деҳаи шайхони лаби сойи Ҳоҷабоқирғон, дар домани модаркалонам тарбия ёфтанамро нақл кардам, устод фармуданд манзараи табиати он деҳаро муфассал тавсиф намоям.
Баъди нақли ман устод фармуданд:
- Ту бори дигар тасвири дараи Ниҳонро аз “Дохунда” бихон ва баъд манзараи дарае, ки айёми кӯдакиат он ҷо гузаштааст, рӯи қоғаз оварда, ба ман, ба Самарқанд бифирист.
Ҳамин вақт дари ҳуҷраи устод тақ - тақ шуд. Устод ба соати кисагии худ нигоҳ карда гуфтанд:
- Сӯҳбати мо хеле тӯл кашидааст, ман боз як мулоқоти дигар доштам. Аз афташ, тоқати онҳо тоқ шуд, ки ба даркӯбӣ ҷуръат карданд.
Ба меҳмони паси дар иҷозати даромадан дода, устод ба ман хайрухуш карданд.
Аз назди устод парвозкунон ба кӯча баромадам. Рафиқонам ҳанӯз маро интизор буданд. Онҳо маро саволборон карданд. Мазмуни сӯҳбатамонро бо устод мухтасар нақл кардам.
Сӯҳбаткунон ба назди фурӯшгоҳи китобу дафтар расидем. Як рафиқам давон ба фурӯшгоҳ даромада, ду дафтари калон харида баромад. Ба рӯи як дафтар суханони зеринро навишта, ба ман дод: “Фоҷиа дар қишлоқи ман. Роман иборат аз ду қисм. Нависанда – Муҳаммад Осимӣ.”
Ин ном барои “роман”-и нонавишта тасодуфӣ набуд. Ман дар айёми кӯдакӣ дар деҳаамон шоҳиди воқеаҳои мудҳиш шуда будам. Тохтутозҳои ғоратгарон, сӯхтору кушторҳо, гуруснагӣ ва қашшоқӣ, бемориҳои пайдарҳам.
Модарам ва як тағоям, қурбонии ҷаҳолат шуда буданд. Се фоҷиаи мудҳиш, ки дар пеши назари ман рӯй дода буд, ҳаргиз аз хотирам намеравад. Кушта шудани ҷавони барӯманду духтарчаи мактабрав ва худсӯзии духтари ноком. Ин хотираи айёми кӯдакиам буд, ки бо "роман" - и хаёлиамон чунин ном гузоштем.
Ҳайҳот, ки ин орзуи ҷавонии мо нақше дар об будааст. Дере нагузашта давраи гирудорҳои мудҳиштар оғоз ёфт. Шоҳиди фоҷиаҳое гаштам, ки пеши он таассуроти айёми бачагии ман ҳеҷ гашт.
Дар шаҳр дар бораи “душманони халқ” гуна - гуна овозаҳо паҳн мешуданд. Рӯзномаҳо пур аз мақолаҳои “танқидӣ” буданд. Одамоне пайдо мешуданд, ки вазъи замонро дида, аз рӯи ғаразҳои шахсии худ амал карда, шахсони бегуноҳро бо тӯҳматҳои маҳз гирифтори гирдоби бало менамуданд. Дар ҳама ҷо “душманони халқ" - ро мекофтанд: дар маҳфилҳои адабӣ, сӯҳбатҳои дӯстона, меҳмонӣ ва мулоқотҳои маросимӣ.
Дар Хуҷанд як анъанаи хубе буд, ки тибқи он иддае аз ҳамкасбон бо навбат зиёфат ороста, ҳамдигарро ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Ин меҳмонравиро “гапхурӣ” меноманд.
Дар рӯзномаи вилоятӣ мақолае таҳти унвони “Гапхурӣ - ҷамъомадҳои зиддиинқилобӣ” чоп шуду шахсони дар мақола номбаршударо ба ҳабс гирифтанд. Амаки маро низ ҳабс карданд. Ӯ муаллими забон ва адабиёти тоҷик буд. Ин ҳамон Қулихон Осимӣ буд, ки ба яке аз сарварони Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон – Шотемур, аз беэътиноии роҳбарони онвақта ба мактабҳои тоҷикӣ дар шаҳри Хуҷанд, мактуби шикоятӣ навиштааст. Амакам шеър ҳам менавишт.
Намунаи шеърҳояш дар маҷмӯаи ашъори шоирони навқалами Тоҷикистон чоп шуда буд.
Падарам маҳз шеърнависиро сабаби ҳабс шудани бародараш медонист. Бинобар он ӯ ба ман ва аммабачаам Қосим, ки бе падар калон шуда буду истеъдоди фавқулоддаи шоирӣ дошт, маслиҳат дод, ки орзуи шеърнависӣ ва нависандагиро аз сар дур кунем. Ӯ метарсид, ки мусибати ба сари амакам омада, ба сари мо наояд.
Дар чунин шароит нафақат “романнависӣ”, балки орзуи хонданро ҳам дар факултаи забон ва адабиёт аз сар дур кардем.
Муҳаммад Осимӣ - Фурӯғи ситораҳои дур
Баромади устод Садриддин Айнӣ
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё