Зеҳн

Фикри осоиши халқ ва дар ғами мардум бошад

КИ
Китобдор3 декабри 2024 · 5 дақиқа хондан

Пири муршид ва доно Шайх Шиҳобуддин дар сафари дарё ба ман ду насиҳат кард: яке ин ки худбин ва дигар ин ки нисбат ба дигарон бадбин мабош. Ман шунида будам, ки ин шайх ҳангоми тиловати Қуръони маҷид агар ба оятҳои «аҳли ҷаҳаннам» мерасид, зор-зор гиря мекард. Ӯ шабе аз шабҳо аз тарси дӯзах нахобид ва ҳангоми субҳ ба гӯшам расид, ки мегуфт: «Чӣ мешуд, агар ҷаҳаннам аз вуҷуди камина пур мешуд, ки барои дигарон ҷое боқӣ намемонд ва осиён аз азоби он озод мешуданд».

Яке аз муридонаш ӯро ба озодмардӣ ситоиш кард ва гуфт:

-Ту касе ҳастӣ, ки дар роҳи Ҳақ ва дин ранҷҳои бисёр кашидаӣ.

Шайх чунин посухаш дод:

-Чаро маро ситоиш мекунӣ? Беҳтар ин ки хомӯш бошӣ ва сокит шавӣ. Ман ҳар умеде, ки дорам, ба фазлу карами Худованд аст. Ман ба амали худам такя надорам, чун такя кардан ба амали худ хатост.

Ӯ аз хиҷолат сарашро ба гиребонаш хам карда буд ва мегуфт:

-Ман чӣ кор кардам, ки битавонам ба он корам дил бибандам...

Эй хонандаи азиз, тариқат ҳамин аст, ки аҳли яқин ҳама неку накукор буданд ва фақат хатои худашонро медиданд. Ҳамеша худашонро коҳилу танбал мепиндоштанд. Оре, саодату хушбахтӣ дар ин дунё моли касест, ки дар фикри осоиши халқ ва дар ғами мардум бошад.

Нӯшервони Одил аз вазири худ мепурсад:

—Тавонгар кист?

Бузургмеҳр ҷавоб медиҳад:

— Шахсе, ки бо ҳама некӣ кардан мехоҳад.

Нӯшервон боз мепурсад:

—Бадтарин кас кист?

— Бадтарин кас онест, ки бадхоҳӣ одамон асту ба онон бадӣ мекунад, — мегӯяд Бузургмеҳр.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки инсони нек бояд дар ҳамаи давру замон аз худ амали неке ба ёдгор гузорад, то пас аз марг ӯро ба некӣ ёд кунанд.

Нек будан амали нек аст. На ҳамаи одамон дар зиндагӣ кори хайре мекунанду ҳамчун шахси некусиришт шинохта мешаванд. Шахси неку хайрандеш ҳамеша бообрӯ, соҳибхирад, некном ва маркази диққати ҳамагон аст.

Дил агар гирён шавад, он гиряаш беҳуда нест,

Бар ғами мардум насӯзад, он дили афсурда нест.

Бо ғаму шодии мардум зистан қарзи ман аст,

Дар ғами мардум нагирям, номи ман Мавҷуда нест.

Пирамард бемор буд.

Бо хоҳиши ӯ писараш байни деҳа ниҳоли нок шинонд.

— Чаро рӯи ҳавлӣ нею байни деҳа ниҳол сабз мекунед? — пурсиданд ҳамсояҳо.

— Ба хотири некӣ, серию пурӣ, — гуфт пирамард. — Аз ҳосили дарахти рӯи ҳавлӣ танҳо фарзандон баҳра мебаранд, аз ҳосили дарахти байни деҳа — ҳама. Ҳама ки сер шуд, мо ҳам сер мешавем.

Гузаштагон барои мо бунёд карданд, мо бояд барои ояндагон бунёд кунем, гардиши айём чунин аст.

Пирамард баъди чанд муддат фавтид. Ниҳоли назарногири хурдакаки нок ба дарахти азим табдил ёфт. Ҳамчунон шоху навда ёзонда қад кашид, ки ҳаваси бинанда меомад. Аз ҳосили он мардум баҳра бурда, дар ҳаққи соҳиби он дуои нек мекарданд.

Муше дар каҳдоне хона сохта, зиндагӣ мекард. Рӯзе море ба хонаи ӯ дохил шуд ва инро муш ногаҳон дида монд. Муш гурехта ба буз, гов ва асп: Кӯмак кунед, море ба хонаи ман ворид шудааст, гуфта муроҷит кард. Бузу гов ва асп гуфтанд: Ба мо чӣ? Мор ба хонаи ту даромада бошад ба мо дахл надорад гуфта ҷавоб доданд. Аз ин ҳол муш бо сари хамида ҳайрон шуда чӣ гуфтанро надонист ва гашта рафт.

Чанде нагузашт, ки соҳибхона ба каҳдон омад ва мор аз пояш газид. Ҳамсараш табибро даъват кард ва ӯ заҳри морро баровард ва ба мард парҳез фармуд. Барои ҳамин маҷбур шуданд, ки бузро кушта аз он шӯрбо омода намоянд. Мардуми деҳа ба аёдати мард омадан гирифтанд. Боз маҷбур шуданд, ки говро сар буранд, то ба аёдаткунандагон таом бипазанд ва масъалаҳои ҳоҷагидориро ҳал намоянд. Мард сиҳат шуда аз ҷой хест ва фармуд, ки аспро бикушанду садақа намоянд.

Дар ин замон муш аз сӯрохии хонааш нигоҳ мекард ва аз мушкилие, ки ба дигарон дахл надошт, фикр мекард….

Замоне подшоҳе ҳавзи калоне сохт. Мардумро ҷамъ карда эълон кард:

— Мехоҳам, ки ин ҳавз аз шир пур шавад. Ҳар як инсон як коса шир биёрад ва шабона ба ҳавз резад. Пагоҳӣ омада дар назди ҳавз ҷамъ мешавем. Бигзор ҳавзи машҳури дунё шавад!

Ҳама ба хона рафтанд. Инчунин каҳрамони достони мо ҳам. Ин мард нисфи шаб як пиёла шир бардошта аз хона баромад. Вақте ки онҳо 1—2 қадам пеш рафтанд, ба сараш чунин фикр омад:

— Ҳоло нисфи шаб аст. Касе тамошо намекунад. Баъдан, ҳама шир резанду агар як коса об резам, чизе маълум намешавад, ҳама бехабар мемонад. 1 коса шир бо ман фоида мемонад.

Ба хона баргашт, ширро гузошт, об гирифт, ба ҳавз рафт ва онро рехт.

Субҳ подшоҳ, амалдорон ва тамоми мардум розӣ шуданд, ки ҳавзи пур аз ширро тамошо кунанд. Вақте ки омада менигаранд, ҳавз пур аз об мешавад...

Ҳама мисли қаҳрамони мо ҳастанд, ки "Агар об резам, ба дигарон маълум намешавад!". "Дигарон шир резанд, оби ман рехта маълум намешавад",... чунин фикр карда, ба ҳавз об рехтаанд.

Оё медонед, он қаҳрамон кист? Ҳамаи мо!

Дигаргунии шумо ва мо тамоми ҷамъиятро дигар мекунад.

Зеро агар як коса шир рехта шавад ҳам, дар он ҳавз чизи сафед шино мекард.

Инсон бори гарони худро ба дӯши мардуму давлат напартояд, балки масъулиятро ба дӯш гирифта, бо ҳадафи нафъи тамоми башарият зиндагӣ карданро оғоз кунад!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба