Зеҳн

Якуми апрел рӯзи ханда

ЗЕ
Зеҳн3 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Ҳамасола якуми апрел чун Рӯзи ханда таҷлил мегардад. Дар ин рӯз инсонҳо мекӯшанд бо ҳамдигар суханони ҳазломез гӯянд, бо лутф ҳарф зананд. Муҳаққиқон ба хулосае омадаанд, ки ин падида, аслан, аз Рими қадим маншаъ гирифтааст. Баъдтар дар Фаронса (соли 1564) Шоҳ Карли 9 фармон баровард, соли навро, ки якуми апрел мегузаронданд, ба якуми январ кӯчонанд. Ин чиз мувофиқи толеънома ба соли наҳанг (моҳӣ) рост омад. Минбаъд фаронсавиҳо якдигарро аз якуми январи соли 1565 бо соли нав ва ҳам бо рӯзи ханда табрик менамуданд.

Дар рӯзи якуми апрел одамон дар либоси якдигар моҳичаҳоро овехта мемонданд. Минбаъд он дар матбуоти Аврупо ва Британияи Кабир инъикос ёфт. Умуман, таърихи якуми апрел якранг нест ва дар давлатҳои гуногун ба таври мухталиф ва рӯзҳои гуногун ҳамчун рӯзи ҳазлу шӯхӣ ва хушгӯӣ таҷлил мегардад. Дар ин рӯз одамон барои шӯхиҳо, маъмулан, хафа намешаванд, балки ҳазлҳои якдигарро бо хушнудӣ мепазиранд.

Ба ҳар сурат, касе аниқ намедонад, ки охири охирон чаро маҳз якуми апрел рӯзи ханда эълон шудааст. Масъалаи ба Россия кӯчондани ин рӯз ҳам ба касе равшан нест, аммо ин падида ба таври ишораҳо дар эҷодиёти адибони шинохтаи асри 17, ҳатто дар эҷодиёти Александр Сергеевич Пушкин низ ҷой дорад. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки мардум ба шӯхии якдигар сарфаҳм мераванд ва ба қадри зиндагии хуш мерасанд.

Воқеан ҳам, инсон ҳамеша ба сухани хуш ва лутфи латиф эҳтиёҷ дорад. Лаҳзаҳои хурсандӣ ӯро, андаке ҳам бошад, аз мушкилоти рӯзгор халос мекунад. Адиб ва табиби тоҷик Муллозуҳур Тоҳирӣ фармудааст:

Лафзи хуш гуфтан хуш аст, гар шахс одат мекунад,

Ҷисму ҷони кас зи ҳарфи дӯст роҳат мекунад.

Дар ҳузури дӯстон гӯянд суханҳои латиф,

Ханда ҳам доруст, инсонро табобат мекунад.

Онҳое, ки мехоҳанд ҳамеша табъашон болида бошад, бигузор аз «дору» - и арзон ва дар айни замон беминнат - ХАНДА истифода баранд. Зеро зиндагӣ ва рӯзгори кунунии мо бо шӯхиву ханда беҳтар хоҳад гузашт. Ба таъкиди Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб:

Зиндагӣ бо шодиву шӯхӣ хуш аст,

Шодиву шӯхӣ кунед, эй зиндаҳо!

Ҳамраҳи хушкору хушгуфторҳо,

Хонаободӣ кунед, эй зиндаҳо!

ДАР ДӮЗАХ

Ӯ аз зӯри дард беҳуш шуд ва чун ба худ омад, гуморид, ки мурдааст ва андешид: шояд ба ҷаннат афтода бошам?

Аммо чун яке чашмаш ба занаш афтод, ки дар паҳлуяш қарор дошт, ғамгин шуд: не, ман дар дӯзахам.

ТАВСИЯ

- Духтур, дар хобам ҳамеша гурге ба ман ҳамла меорад. Чӣ маслиҳат медиҳед, то ором бихобам?

- Сагеро дар паҳлуятон баста бихобед.

ГОВ МЕОРАМ!

Донишҷӯ дар имтиҳон ба одитарин суол посух дода натавонист. Ин омӯзгорро сахт ба ғазаб овард ва ӯ донишҷӯро таҳқир кард: - Гӯсола!

Аз ин нидо донишҷӯ ба фаҳми худ маънӣ бардошта, бо хурсандӣ иброз дошт:

- Гӯсола ҳам гап шуд, устодҷон! Ман ба шумо гов меорам, фақат як “3” монед, кифоя.

ДУ “БОНК”

Аввал ман хазинадори хона будам. Хеле сарфакорона истифода мекардам маблағи гирдомадаро. «Амонатбонк», - мегуфт занам бо киноя маблағашро ба ман супорида.

Баъд навбати хазинадорӣ ба занам расид. Ӯ пулҳоро калон - калон, бераҳмона сарф мекард.

“Хиёнатбонк”, - эътироз кардам ниҳоят ман ба ӯ ва аз маблағгузорӣ даст кашидам.

ҲАМДАРДӢ

Кормандони идораи роҳсозӣ ба ҳамкори худ Озоди Мунир бинобар сабаби ба муҳлати тӯлонӣ барои меҳмонӣ ба хонааш омадани модарарӯсаш изҳори ҳамдардии амиқ ва таслият мекунанд.

НАРХ

Устоди донишгоҳ аз донишҷӯе, ки дар имтиҳон даҳон кушода натавонист, 100 сомонӣ талаб кард ва таъкид намуд: - Ҳоло ҳам нархи мо арзон, пештар “даҳони пӯшида сад тилло” будааст.

ХОҲИШ

Занам маро ба хиёнат айбдор кард. Ман бо раддия ба ӯ изҳори садоқат кардам: - Аввалин ишқам ту будӣ,

Охиринаш ҳам ту бошӣ.

Ва илова кардам: - Илтиҷо мекунам, занак, ба мобайнаш кордор нашав!

ДУ “ВОҲ”

Занам ду ҳалқаи заррин ба хона овард ва гуфт:

- Инҳо аз они дугонаам. Мефурӯхтааст. Мехаред барои ман?

Ба якумаш ишора кардам:

- Ин чанд пул будааст?

- Ҳазор сомонӣ, - оромакак ҷавоб дод занам.

- Воҳ! - беихтиёр нидо дардодам ман.

Нархи ҳалқаи дуюмро пурсидам.

- «Ду воҳ», - посух дод занам.

ТАДБИР

Девонае як пой мӯзаи хешро азми фурӯхтан дошт. Пурсиданд: - Чаро чунин кунӣ?

Гуфт: - Мехоҳам бо пули аз фурӯши як пойи мӯза ба даст овардаам пойи дуюмашро, ки даридааст, таъмир кунам.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба