Гули анор хосиятҳои фоиданок
Гули анор дар хислатҳои тиббӣ монанди гулнори форсӣ аст.
Агар хушки онро кӯфта бипошанд, хуни буни дандонро қатъ мекунад, ҷароҳатҳоро ба ҳам меоварад, ҷӯшиши (пухтани) даҳанро шифо мебахшад, даридани пардаҳои шикам (ҷурра, дабба)-ро сиҳат мекунад.
Агар инро дар об ҷӯш дода, он обро дар даҳан гардонанд, дандонҳои ҷунбонакро сахт месозад, хуни аз милки дандон меомадагиро нигоҳ медорад, ҷӯшиши даҳанро шифо мебахшад.
Гули анорро бо барги тари ангур якҷо кӯфта, ба сари меъда аз рӯ гузошта банданд, иллати бисёр қай карданро ба ибро меоварад.
Оби гули анорро бо гулоб даромехта, дар чашм чаконанд, рехта шудани моддаҳои зарарнокро ба чашм манъ мекунад ва варами онро таҳлил медиҳад; агар бо оби сагангур ё оби барги зуф бичаконанд, захми сӯрохи закарро, ки сӯзок меноманд, шифо мебахшад; рутубати онро хушк мекунад ва моддаҳои зарарнокро намегузорад, ки ба закар рехта шаванд.
Агар инро бо оби соф даромехта бичаконанд, харошидагӣ ва хойидагии кафш ва мӯзаро ба ибро меоварад ва милкаки нохунро ҳам дар вақти ибтидо бошад, сиҳат мебахшад; бо сирко даромехта бимоланд, сурхбодро дафъ мекунад.
Пӯсти тари анорро кӯфта, фишурда обашро бигиранд ва онро дар офтоб ғафс гардонанд, инро усораи пӯсти анор меноманд.
Ин дар хусусият баробари гули он аст.
Чун ҳафт адад ғунчаи ношукуфтаи онро даст нарасонида фурӯ баранд, дар муддати як сол ба тани он кас пучак барнамеояд, дарди чашм намерасад.
Чун анорро дар об то муҳарро шуданаш биҷӯшонанду 15 грамми онро бо оби ҳамон анор ҷӯшонидашуда бо 50 грамм орди арзан даромезанд, то атола барин гардад ва дар он равғани зайтун ё равғани гулисурх рехта бихӯранд, исҳоли бадтарини илоҷнопазирро манъ мекунад.
Бемори табгирифта андак хӯрок хӯрда, баъд оби анори ширин ё туршро бимакад, фоида мебахшад ва агар пеш аз ғизо бимакад, беҳтар аст.
Чун аноррро дар шароб то пухтанаш биҷӯшонанд, баъд онро сойида, бар гӯш гузошта банданд, дарди онро дафъ мекунад.
Гарчанде ки таҳқиқоти бештар лозим аст, баъзе аз фоидаҳои эҳтимолии гули анор инҳоянд:
Антиоксидантҳо: Гули анор саршор аз антиоксидантҳо, аз ҷумла антоцианинҳо ва флавоноидҳо мебошад. Ин антиоксидантҳо ба муҳофизати ҳуҷайраҳо аз окислиш ва зарари радикалҳои озод мусоидат мекунанд, ки метавонанд хатари бемориҳои музминро коҳиш диҳанд.
Таъсири зиддиилтиҳобӣ: Баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки гули анор метавонад дорои хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ бошад, ки метавонад барои коҳиш додани илтиҳоб дар бадан муфид бошад. Илтиҳоб як омили муҳим дар бисёр бемориҳои музмин, аз ҷумла бемориҳои дил ва саратон мебошад.
Саломатии дил: Антиоксидантҳо дар гули анор метавонанд барои саломатии дил муфид бошанд, зеро онҳо метавонанд ба паст кардани фишори хун ва беҳтар кардани гардиши хун мусоидат кунанд.
Назорати қанди хун: Баъзе таҳқиқот нишон медиҳанд, ки гули анор метавонад барои назорати сатҳи қанди хун муфид мебошад. Ин метавонад барои одамони гирифтори диабет ё пешдиабет муфид мебошад.
Саломатии пӯст: Антиоксидантҳо дар гули анор метавонанд барои муҳофизати пӯст аз зарари офтоб ва пиршавии бармаҳал муфид бошанд.
Чӣ тавр истифода бурдан:
Гули анорро метавон ба шаклҳои гуногун истифода бурд, аз ҷумла:
Чой: Гули анорро хушк карда, барои тайёр кардани чой истифода бурдан мумкин аст.
Иловаҳои ғизоӣ: Гули анор дар шакли капсула ё таблетка дастрас аст.
Пошидани хӯрок: Гули анорро хушк карда, ба сифати пошидани хӯрок истифода бурдан мумкин аст.
Муҳим: Пеш аз истифодаи гули анор барои табобати ҳама гуна беморӣ, бо духтур маслиҳат кунед, хусусан агар шумо ҳомиладор бошед, синамаконӣ кунед ё ягон доруи дигар истеъмол кунед. Мисли ҳама гуна гиёҳҳои шифобахш, истеъмоли аз ҳад зиёди гули анор метавонад боиси таъсири манфӣ гардад.
Пӯсти меваи анор ба пӯсти инсон фоидаовар аст. Пӯсти рӯятон равғанин, рихинакдор ё шамол кашидаасту намедонед чӣ кор кунед? Дар ин маврид пӯсти анорро дар равғани зайтун нимбирён карда, ба рӯятон дар шакли ниқоб молед. Онро дар дохили яхдон нигоҳ доред ва дар як ҳафта аз ду маротиба зиёд истифода накунед. Бо хокаи аз пӯсти хушккардашудаи меваи анор ҷойи сӯхтаро босамар табобат кардан мумкин аст. Донаҳои анори хуб пухта расида дорои алкалоидҳо, пелтерин, изопелтерин ва метилизопелтерин мебошанд, ки таъсири пурзӯри зидди кирми меъда доранд. Барои гиҷҷаи меъдаро табобат кардан дар 400 грамм оби хунук 40—50 грамм пӯсти майда резашудаи анорро андохта, давоми 6 соат ҷӯшонед. Сипас онро дар оташи пастар то бухоршавии нисфи маҳлул ҷӯшонед. Маҳлули тайёри хунукшударо кам-кам дар давоми як соат нӯшида тамом кунед. Баъд аз як соат доруи исҳоловарро нӯшида, пас аз 4—5 соат ҳуқна (клизма) кунед.
Инчунин, меваи анор дарунравиро қатъ мегардонад, зеро донаҳои анор моддаҳои часпанда дорад. Одамони калонсол донаи анорро майда ва хушк карда, дар як рӯз се донагӣ пас аз таомхӯрӣ аз он истеъмол карданашон лозим меояд. Бо ин мақсад, барои бачаҳо шарбати то нисф бо об омехтаи меваи анорро додан мумкин аст. Он дар ҳолатҳои гуногуни дарунравии инфектсионӣ давобахш мебошад.
Истеъмоли шарбати меваи анор ҳангоми шамолкашии гурда, ҷигар, гӯшу чашмҳо, буғумҳо ва узвҳои дохилӣ хеле шифобахш аст. Барои ин ба болои ду қошуқа хокаи пӯсти анор як истакон об рехта, 30 дақиқа ҷӯшонед ва ҳамарӯза ба миқдори 50 граммӣ, 2—3 маротибагӣ қабл аз таомхӯрӣ истеъмол намоед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё