Зеҳн

Баъзе нафарон мепурсанд: «Барои чӣ мо Худоро намебинем?» Ба онҳо чӣ гуна посух бояд дод?

АХ
Ахбор5 декабри 2024 · 16 дақиқа хондан

Дидан бо чашм иҳота карда тавонистан аст. Масалан, дар вуҷуди инсон бактерияҳо вуҷуд доранд. Аз ҳама бештар ин бактерияҳо дар даҳон ҷой гирифтаанд. Онҳо ба қадри имкон ба дандонҳо таъсир расонда, пӯсидани дандонҳоро метезонанд. Ҳол он ки инсон на садои бактерияҳоро мешунавад, на мавҷудияти онҳоро эҳсос мекунад. Бактерияҳо низ инсонро намебинанд, чун иҳота карда наметавонанд. Аслан барои он ки бактерияҳо инсонро дида тавонанд, онҳо бояд аз инсон ҷудову тамоман мустақил бошанд ва мисли телескоп чашмони пурбин дошта бошанд. Маълум мешавад, ки бе қобилияти фарогирии комил дидани чизе номумкин аст. Микроорганизмҳо танҳо он чизеро «мебинанд», ки дар муқобили онҳо қарор дорад.

Мисоли дигарро аз олами васеътар меорем. Фарз кардем, мо дурбини пуриқтидоре дорем, ки ҷисму ашёро дар масофаи чаҳор миллиард соли рӯшноӣ нишон медиҳад. Маълумоте, ки мо тавассути ин дурбин дар бораи фазову коинот мегирем, дар қиёси воқеият боз ҳам қатрае аз дарё аст. Ҳамин тавр мо дар мавриди бахши ба чашм намоёни коинот дар шакли фарзияҳои печ дар печ чанд маълумоте ба даст меорем. Дар асоси фарзияҳои мазкур тахминҳо карда, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки маълумоти тозатаре пайдо кунем. Дар чунин ҳолат мо наметавонем тарзи идораи коинот ва шакли умумии онро фаҳмида, ба моҳияту муҳтавои он сарфаҳм равем. Зеро мо дар олами кӯчак, тавре дар сатҳи бузург ҳам мушоҳида шуд, тариқи телескоп ё шуои рентгенӣ имкони иҳота кардани тамоми мавҷудотро надорем.

Акнун дар хусуси эҳтимолияти бо чашм иҳота кардани Худованд андеша мекунем. Дар Қуръони Карим фармуда шудааст: «Чашмҳо Ӯро (дар дунё) дарнамеёбанд ва Ӯ чашмҳоро дармеёбад...» (Сураи Анъом, 6/103).

Бале, чашми мо қудрати дидани Худоро надорад, зеро он Худоро фаро гирифта наметавонад. Худованд ҳамаи чашмҳоро, аёну ноаёнро мебинад, аммо Ӯро бо чашм дидан номумкин аст. Аз ин рӯ барои равшан шудани масъала мавзӯъро аз ҳамин нуқтаи назар баррасӣ бояд кард.

Аз ҷониби дигар нур пардаи Худованд аст. Чашми мо ҳатто дар иҳотаи нур оҷиз аст. Пас аз Меъроҷ, вақте Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба замин баргашт, саҳобагон аз Ӯ суол карданд: «Ту Худовандро дидӣ?» Тавре дар ин маврид Абӯзар (р) нақл мекунад, бори аввал Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) посух дод: «Ӯ нур аст. Ман чӣ тавр метавонам Ӯро бубинам?» Дар ҷойи дигар фармуд: «Ман нуре дидам». Ҳол он ки нур офаридаи Худо буда, худи Худованд Мунаввир-ун-нур аст. Яъне Худованд нурро падид овард, шакл бахшид ва тасвирашро офарид. Нур Худо нест, балки махлуқи Худо аст. Яъне миёни шумову Худо нуре ҳаст, ки шуморо фаро гирифтааст. Вале ин ҷо боз як нуктаи муҳиме ҳаст. Мо «фаро гирифтааст» мегӯем, аммо танҳо бо сифатҳояш, на дигар. Вақте гап сари масъалаи улуҳият меравад, мавзӯи баррасишаванда печидатару вазнинтар мешавад.

Ба ин тартиб ба хулосае мерасем, ки Худованди Мутаъол бо чашм дида намешавад. Ҳиҷоби Ӯ аз нур иборат аст ва ба ҷуз нур чизе дидан номумкин аст. Масалан, вақте инсон ба «нафси аммора» ғолиб меояд, ранги сурхе мебинад; вақте ба «нафси лаввома» мерасад, ба ӯ ранги кабуд намудор мешавад; то ба «нафси мутмаинна» боло шуда, ранги сабзро мебинад. Баъд аз он инсон ба мартабае мерасад, ки ранги нури он ҷойгоҳро муайян карда наметавонад. Ҳамаи инро аҳлуллоҳ — авлиё ва нафароне, ки ба Худованд наздиканд, мушоҳида кардаанд. Ба ин мартабаҳо танҳо бо роҳи тақводорӣ расидан мумкин аст.

Ман ин мисолро барои шарҳи андешаи худ овардам. Маълум мешавад, ки инсон қодир аст, ки танҳо кӯчактарин сояи нури Худоро бинад. Яъне ба дидани худи Ӯ қодир нест.

Акнун паҳлӯи дигари масъаларо мебинем. Ҳазрати Иброҳим Ҳаққӣ мегӯяд: «Худованд беназир аст, дар олам мислу монанд ва зид(д) надорад. Ӯ муқаддас ва муназзаҳ аст».

Аввалан, Худованд зид(д) надорад. Ин хосияти хеле муҳим аст. Ба чашм он чиро дида мешавад, ки зид(д) дошта бошад. Яъне шумо рӯшноиро ба он хотир мебинед, ки зулмот вуҷуд дорад. Ё масалан, шумо дарозии чанд ҷисмро муқоиса мекунед: якумаш ду метр аст, дигараш се метр. Дар ин маврид муқоиса мекунед, зеро чизе ҳаст, ки бо он қиёс карда мешавад.

Худо мислу монанд ва зид(д) надорад, ки Ӯро дар қиёси онҳо дида шавад, тавре рӯшноӣ аз рӯйи зулмот дида мешавад.

Ҳамчунин масъалаи мазкурро аз рӯйи имконоти физикии инсон баррасӣ мекунем. Аҷиб аст, ки инсон чанд фоизи кавну маконро (олами ҳастӣ) бо чашм дида метавонад? Оё дар ин хусус рақами мушаххасе гуфта метавонед? Тасаввур кунед, ки дар паҳнои олам теъдоди бешумори ашё пеши назари мо ҷилвагар шуда, нидо мекунанд: «Марҳамат, бубинед, ибрат гиред, Офаридгорро сано гӯед!» Ҳол он ки мо аз ҳар миллион ашёи табиат танҳо панҷтои онро дида метавонем ва дар хусуси боқимонда ҳатто маълумоте ҳам надорем. Мо танҳо ҷисмҳоеро мебинем, ки ҳаҷму тобиши муайяне доранд. Пас таваҷҷуҳ кунед: Инсон аз ҳар миллион ҷисм қобилияти дидани танҳо панҷтои онро дошта, бо вуҷуди ин Худоро ба ҳамин доираи танг ғунҷониданӣ мешавад ва суол мегузорад, ки «Чаро ман Худоро намебинам?» Чӣ мафкураи танге!

Ба маърифати Парвардигор касе мерасад, ки пайваста дар андешаи амиқтар мутаваҷҷеҳ шудан ба мантиқи (ҳикмати) китоби ҳастӣ (оёти таквиния) аст. Набии бузург Ҳазрати Мӯсо (а) ва Султони пайғамбарон Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз рӯйи мақоми худ ва дигарон низ вобаста ба мавқеашон Худоро мебинанд. Ин ҷо ҷузъиёти муҳиме ҳаст, ки касро ба андеша водор мекунад. Ҳар касе мехоҳад дар охират аз ҷумлаи мавлоён бошад, ӯро лозим аст, ки дар ҳаёти дунёӣ дар пайи пок сохтани дилу нияти хеш бошад. Гузашта аз ин ба хотири сазовор будан ба дидори Худованд, инсон бояд дар андешаи зиндагӣ аз рӯйи маънии ботин бошад, ҳимматашро олӣ дорад ва ба ҳузури Худо бо аҷри беҳисоб ҳозир шавад. Иброҳим Ҳаққӣ ҳадисеро, ки баъзе олимон ҳадиси заиф донистаанд, ба риштаи назм кашидааст:

Ҳақ(қ) нағунҷад дар самовоту замин, Аз аҷаб ғунҷад ба қалби муъминин.

Чӣ қадр латифу марҳаматкор аст, Оне, ки олам пеши азаматаш аз рег кӯчактар асту Ӯ дар қалби ҳар муъмини асил макон гирифтааст.

Ҳамаи ҳақиқатро танҳо Ӯ медонад.

Баъзе нафарон суол мекунанд: «Худо ҳама махлуқотро офарид, вале Худоро кӣ офарид?» Инро чӣ гуна тавзеҳ бояд дод?

Ин яке аз суолҳоест, ки зиёд пурсида мешавад.

Ман пайдоиши суоли мазкурро аз аломатҳои паёмбарии Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) медонам ва дар назди таҳаққуқи хабарҳои ғайбии ӯ сар фуруд оварда, «Ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ» мегӯям: («Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паёмбари Худо аст!»).

Бале, Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паёмбари барҳақи Худо аст. Ӯ ҳар чиро, ки то рӯзи қиёмат воқеъ мешавад, мисли навори телевизион рӯшан дидааст ва ҳамаи гуфтаҳояш аз ҳақиқат иборатанд. Хабарҳое, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз ғайб дода буд, айнан ба исбот расидаанд. Ин суол низ аз ҷумлаи ҳамон хабарҳост. Ҳазрати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мефармояд, ки (Саҳобагон инро ҳатто тасаввур намекарданд): «Замоне мерасад, ки баъзе одамон аз рӯйи кибру ғурур ва худбинӣ пой болои пой гузошта, гӯё мушкили дигаре надошта бошанд, мепурсанд: «Ину онро Худо офарид, пас худи Худоро кӣ офарид?1» Вақте ки ин суолро худи ман шунидам, гуфтам: «Шаҳодат медиҳам, ки Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паёмбари Худост!» Чӣ гуна ин ҳамаро дидаӣ ва чӣ дуруст хабар додаӣ! Афкори бемазмуни шаккокон ва бефаҳмии ононро, ки сабабҳоро илоҳ медонанд, аз ин беҳтар намешавад баён кард.

Аз рӯйи моҳият ин суолест, ки аз ҷониби мункирон ба миён гузошта шудааст. Дар бисёр маврид ин гуна суолҳо одамони дар эътиқод ноустуворро гумроҳ месозанд. Бале, онҳо чӣ будани беинтиҳоиро намедонанд ва ҳатто тафовут гузошта наметавонанд, ки сабабҳо чун ҳалқаҳои як занҷир ба дунболи ҳам омада, воқеан чӣ арзише доранд. Ба ин хотир онҳо дудила шуда, тахмин мекунанд, ки Худованд низ офаридаи кадоме аз ин сабабҳост ва натиҷаи ягон сабаби муайян аст. Ин тарзи андешаронӣ натиҷаи гумонҳои нодуруст буда, аз сарфаҳм нарафтан ба ҳастии Худованд маншаъ мегирад. Дар асл Худованд Мусаббиб-ул-асбоб (офарандаи сабабҳо) аст, ҳастии ӯ ибтидо надорад.

1 Бухорӣ, Бадъ-ул-халқ, 11, Муслим, Имон, 2/4.

То имрӯз аҳли калом бо овардани далелҳои мухталиф собит кардаанд, ки занҷири сабабҳо беохир буда наметавонанд ва ҳамаи сабабҳо аз тарафи Худованд офарида мешаванд. Ба маврид аст, ки ин ҷо бо чанд мисол муҳтавои афкори ононро шарҳ диҳем. Аҳли калом таъкид мекунанд, ки фарзияи пайвастагии беохири (тасалсул) сабабҳо аз надонистани моҳияти сабаб маншаъ мегирад. Чунин мавқеъгирӣ мавҷудияти Офаридгорро сарфи назар мекунад. Воқеан ашёро дар шакли пайвастагии сабабҳо тасаввур кардан нодуруст аст. Инро имконпазир донистан худфиребӣ маҳсуб мешавад. Фарз кардем, ҳаёт дар рӯйи замин ба мавҷудияти ҳаво ва обу офтоб вобаста аст; ҳастии обу ҳаво ва офтоб дар навбати худ ба мавҷуд будани кислород, водород, углерод ва дигар элементҳо марбут аст; вуҷуди ин элементҳо бошад ба ҳастии элементҳои боз ҳам кӯчактар бастагӣ дорад... Акнун ҳамаи ин вобастагиҳоро беохир гумон кардан ва ҳастии ашёро бо ин роҳ тавзеҳ додан касро ба роҳгумӣ мебарад. Албатта, ҳолатҳое ҳастанд, ки дар муқобили модда ва атом ҷой мегиранд. Ин гуна ҳолатҳои метафизикиро бо роҳҳои физикӣ шарҳ додан номумкин аст. Бахусус, дар ҳоле ки ҳамаи сабабҳо аз рӯйи оҳангу низоми муайяне дар ҷараён бошанд.

Бале, таъйиди он ки «ин аз он пайдо шуд, он аз ин ва инаш аз он...» на фақат масъаларо ҳал намекунад, балки баръакс онро ҳалнашаванда месозад. Зеро чунин даъво мисли баҳси бепояи «тухм аз мурғ пайдо шудааст ё мурғ аз тухм...» охир надорад. То даме ки мо аз сӯйи Қодири Зулҷалол офарида шудани мурғ ё тухмро эътироф накунем, ин баҳси бемаснад поён намеёбад. Дар акси ҳол, вақте мо пайдоиши онҳоро ба Офаридгори бузург, ки ҳастияш ба касе вобаста нест, марбут медонем, масъала фавран рӯшан мешавад. Пас аз ин дигар муҳим нест, ки кадоме аввал офарида шудааст: тухм дар шакли як ҳуҷайра ва ё мурғ бо гузоштани тухм барои идомаи насл.

Агар мо ин шакли муносибатро қабул надошта, даъво пеш орем, ки «ин аз он пайдо шудааст, он аз ин...», ҳар даъвои мо ба ҷойи ҳалли муаммо суоли наверо пайдо месозад. Масалан, борон барои он меборад, ки ҳаво абр аст; абр ба он хотир ҳаст, ки бар асари буғшавии об порчаҳои кӯчак пайдо шудаанд; буғшавӣ ба мавҷудияти об вобаста аст; об ба он хотир вуҷуд дорад, ки ҷузъҳои таркибии он арзи ҳастӣ доранд... Чунин занҷири сабабҳоро боз ҳам идома додан мумкин аст, вале ҳолате мерасад, ки аз миёни чанд сабаб якеро интихоб бояд кард. Он гоҳ инсон худро дар иҳотаи фарзияҳо дарёфта, кӯшиш мекунад, ки бо ин фарзияҳо қонеъ шавад. Ин тарзи муносибат дар шарҳи офариниши тамоми мавҷудот, ки аз рӯйи оҳанги мураттабе сохта шудаанд, талоши бесамаре буда, ҳамзамон кӯшиши маҳдуд сохтани ҳадаф ва уфуқи илм ба ҳисоб меравад. Ҳол он ки ҳар натиҷа сабаби маъқулеро тақозо дорад. Пазируфтани чунин ақида, ки сабабҳои беасосу ғайримантиқӣ метавонанд натиҷаи бошууронае ба бор оваранд, ба он монанд аст, ки амали иҷронашавандаеро имконпазир ҳисобем.

Инро бо мисол шарҳ додан мумкин аст. Тасаввур кунед, ки ман ба курсие нишастаам, ки пойҳои пушташ нест. Ба хотири қафо наафтодани курсӣ онро ба курсии дигаре, ки низ пойҳои пушт надорад, такя кунондаанд, он курсиро бошад ба курсии сеюм ва ҳамин тавр то ниҳоят. Агар шумораи курсиҳоро то рақамҳои бузургтарин расонем ҳам, то даме ки мо курсии чорпояи маъмулие дар охир нагузорем, ягоне аз ин курсиҳо пояи устуворе пайдо намекунад.

Мисоли дигар меорем.

Фарз кардем, ки мо рӯйи коғаз рақами «сифр» (0) навиштем. Агар мо аз тарафи рости ин рақам ягон рақами дигарро илова накарда, теъдоди сифрҳоро зиёд кунем, ин сифрҳо ягон арзише нахоҳанд дошт. Ҳатто агар теъдоди сифрҳоро ба триллион расонем, қимати онҳо боз ҳам сифр хоҳад буд. Вақте ки аз паҳлӯи чап рақами дигаре гузошта шавад, он гоҳ сифр ҳам вобаста ба рақами гузошташуда қимат пайдо мекунад. Ҳамин тавр чизе ки худ мустақилона пайдову пойдор нест, наметавонад аз чизи монанди худ пайдо гардад ё ба он тобеъ бошад. Ба ҳам омадани ашёе, ки ҳамагӣ ба як чиз муҳтоҷ ҳастанд, танҳо эҳтиёҷро зиёд мекунаду бас. Вале агар дахолати сабабҳоро фаразан қабул дорем ҳам, зарур аст, ки тибқи қонуни доимии физика робитаи мантиқии сабаб ва натиҷаро риоят кунем. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд барои ҳама чиз, аз пайдоиши ҳаёт дар рӯйи замин сар карда, то махлуқи боақл будани инсон сабабҳо ёбем, сабабҳое, ки ба мантиқ рост оянд ва чунин натиҷаи дилхоҳро ба бор меоварда бошанд. Ҳол он ки аз ҳолати имрӯзаи кураи Замин, яъне аз суръату масофаи он бо Офтоб ва ҳикмати хамидагиву таркиби Замин сар карда, то атмосфераву газу хокҳо ва боду борон, ҳамаи ин ҳодисоти хушоҳангро ба сабабҳои хушку тасодуфоти холӣ мансуб донистан ақлро хароб мекунад.

Воқеан аҳли калом аз рӯйи қоидаи «давр ва тасалсул» (ҳалқаи сарбастаи қоидаҳо, ки ба хулосаи муайяне намерасанд) сабабҳоро канор гузошта, ҳамаи ҳодисотро ба иродаи Худованди Мусаббиб-ул-асбоб мансуб донистаанд ва Худоро «Воҷиб-ул-вуҷуд», ашёву ҳодисотро «мумкин-ул-вуҷуд» гуфтаанд. Агарчи аҳли калом бо ин далел роҳи тавҳидро нишон додаанд, инро бо роҳи содатар ҳам анҷом додан мумкин аст. Дар воқеъ муҳру сиккаҳои Офаридгори бузург рӯйи ҳар асари офаридааш ҳазорҳо далели ҳастии Ӯро нишон медиҳанд. Имрӯзҳо, ки илм асрори коинотро торафт кашф кардан дорад, ҳар бахши ҷудогона дар илм бо забони хоси худ мавҷудияти Худоро тасдиқ мекунад.

Бо асарҳои зиёди баландарзише, ки дар ин мавзӯъ таълиф гардидааст, иктифо намуда, ба асли масъала бармегардем.

Бале, ҳама чиз баъдан офарида шудааст ва офаранда Худованд аст. Худованд офарида нашудааст, зеро худ Офаридгор аст. Ҳамаи махлуқот муҳтоҷи Ӯянд. Ҳастии Ӯ аз худи Ӯст. Ҳама аз Худо ибтидо мегирад, Ӯ ба касеву чизе муҳтоҷ нест, ҳама чизи тираву торро Ӯ рӯшанӣ мебахшад. Ӯ офаранда ва ҳомии махлуқот аст, Ӯ ҳамаро ҷон мебахшад, ба ҳаракат меорад ва сӯйи ҳадаф мебарад. Фаротар аз Ӯ чизе нест, ки барои Ӯ ҳам сабаб ҷустуҷӯ кунем!..

Инро ҳам бо як-ду мисол шарҳ медиҳем.

Тани ман болои пойҳоям қарор дорад, пойҳоям дар рӯйи замин. Акнун пас аз ҳастии чунин як пояи устувору мантиқӣ ҷустуҷӯйи сабаби дигаре зарурат надорад.

Ва ё мисоли дигар: фарз кардем, ки вагони охирини қатораро вагони аз охир дувум кашида истодааст, вагони аз охир дувумро — севум, севумро — чаҳорум ва ҳамин тавр вагони аввалини қатораро локомотив мекашад. Аммо дар хусуси локомотив мо мегӯем, ки он бо нерӯву иқтидори худаш «мустақилона ҳаракат мекунад». Сабабҳое, ки нафарони ба иштибоҳ афтода дар мавриди ҳастии Худо ба миён гузоштанӣ мешаванд, ба он монанд аст, ки «локомотивро кӣ мекашад?» гӯён суол гузоранд. Вале дар ниҳоят онҳо ба сарбастагӣ рӯ ба рӯ мешаванд ва мо мегӯем: «Ин аст интиҳои занҷири сабабу натиҷаи шумо».

Ҳамчунин як мавриди дигаре ҳаст, ки хиради одамонро тира месозад. Инсон бо тафаккури маҳдуди хеш, ки қобили дарки мафҳуми «азал» нест, моддаро азалӣ дониста, тахмин мекунад, ки мавҷудот дар замонҳои хеле-хеле қадим арзи ҳастӣ кардаанд. Дар ҳоле ки ин аслан ғайриимкон аст.

«Азал» ибтидои замони гузашта нест, онро ба мафҳуми «вақт» марбут донистан хато аст. Триллионҳо сол дар муқоиса бо азал чун як сония вақт ҳам буда наметавонад. Ҳол он ки имрӯз ибтидо доштани моддаро, ки дар пайдарҳамии сабабҳо нақши асосӣ дорад, ҳама эътироф мекунанд. Ҳаракати зарраҳо, асрори физикаи ядроӣ, раванди асрорангези нурафкании радиатсионии офтоб, таъсири қонунҳои термодинамика ба коинот ва ҳазору як далели дигар собит мекунанд, ки мавҷудот нобудшаванда аст. Ибтидо доштани ҳама чизи нобудшаванда бошад, мавзӯи бебаҳс аст, ба исбот ниёз надорад.

Аз ин рӯ мавҷудот дар оғоз бо зуҳури худ аз ҳастии Офаридгор шаҳодат дода, баъдан бо фаноёбияшон тасдиқ мекунанд, ки Худованд ибтидову интиҳо надорад. Зеро чунон ки ашёи фонӣ рӯзе ба нобудӣ мерасад, ҳастии азалӣ ҳам бояд абадӣ бошад. Аз ин хотир, мо бояд дуруст сарфаҳм равем, ки модда ва дигар ҷисмҳои моддӣ рӯзе нобуд мешаванд. Вале оҳиставу тӯлонӣ, ба кундӣ ва ноаён сурат гирифтани раванди нобудшавӣ бисёриҳоро ба гумроҳӣ мебарад. Агарчи раванди мазкур тӯлонӣ аст, ҳатман замоне мерасад, ки олами мутараққӣ ва тавсеаёбанда ба боди фано хоҳад рафт. Гарчанде модда имрӯз низ вуҷуд дорад, баъзе натиҷаҳои мусбати бадастомада нишон медиҳанд, ки он дар ҳоли тағйирёбист. Ин назари худро бо як мисол шарҳ медиҳам.

Фарз кардем, ки як қатора аз нуқтаи А то нуқтаи Б, ки масофаи миёни онҳо 55 км аст, ҳаракат мекунад. Қатора бо суръати 55 км дар соат ҳаракат дорад, аз ин рӯ ин масофаро дар як соат тай мекунад. Бо ин суръати ҳаракат қатора ними масофаро тай карда, суръати ҳаракаташро то 27,5 км дар соат паст мекунад. То истгоҳ 27,5 км боқӣ мондааст ва қатора, ки суръати ҳаракаташро як баробар паст карда буд, дар 30 дақиқаи дигар нимаи ин роҳро тай хоҳад кард. Бо ин суръат ним соати дигар ҳаракат карда, суръаташро боз як баробари дигар паст ва дар ним соати дигар танҳо нисфи ин масофаро тай мекунад. Чун қатора ҳар як ним соат суръати ҳаракаташро як баробар паст мекунад, ба назар чунин мерасад, ки ҳеҷ гоҳ то нуқтаи Б нахоҳад расид. Дар асл қатора ин масофаро дар ниҳояти кор пушти сар мекунад ва ба нуқтаи муайяншуда мерасад. Вале то даме ки бо ин суръат ҳаракат мекунад, мусофир гумон дорад, қатора ҳеҷ гоҳ масофаи муайяншударо тай нахоҳад кард.

Ҳамчунин модда ба сӯйи нестиву фано ҳаракат дорад. Ин бо гузашти миллионҳо сол бошад ҳам, рӯзе ба исбот мерасад. Он гоҳ ба ҷуз Оне, ки ҳастияш аз худи Ӯст, ҳама чиз ба завол расида, танҳо Ӯ боқӣ мемонад.

Ба ин тартиб, бешубҳа, Худо ҳаст ва тамоми ҳастӣ офаридаи Ӯст. Ҳар нафаре, ки Худоро офаридаи касе медонад, тангназарии худро дар мавриди фарқ гузошта натавонистан миёни Холиқу махлуқ ифшо мекунад. Атеистон, ки ин назарияи пуриштибоҳро ба хотири фиреби инсоният пеш гузоштаанд, то чӣ андоза муқобили тафаккур амал кардани худро дарк намекунанд. Имрӯз моддаро азалӣ донистан ва ҳастии Худоро рад кардан рафтори мутаассибона ва ҳам беақлонаву ҳайратовар аст.

То даме ки як гурӯҳ материалистон ба моҳияти ҳодисоту мавҷудот сарфаҳм намераванд ва моҳияти заволёбии моддаву атомро ба риштаи таҳлил намекашанд, андешаи ботил ва суханҳои бардурӯғи онҳо баъзе инсонҳоро ба иштибоҳ хоҳад бурд.

Ҳақиқати кул танҳо ба Худованди донову тавоно маълум аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба