Зеҳн

Сайф Раҳимзоди Афардӣ - Гунҷишки сафед»

КИ
Китобдор6 декабри 2024 · 18 дақиқа хондан

Қаҳрамони ин китоб ба воя расиду нависанда шуд, чунки бачаи орзупарвару кунҷков буд. Бисёр чизҳоро донистан мехост, зиёд мепурсид. Нависандаи китоб як лаҳзаи зиндагии ҳамин писаракро дар ин ҳикоя ба қалам додааст. Ҳар кас агар нависанда ё шоир будан хоҳад, мисли қаҳрамони ин китоб бошад. Чӣ гуфтед?

Ман аввал бо сояам ошноӣ доштам. Ҳар ду ҳамроҳ мегаштем: аз саҳар сар мешуд ин. Баробари падарам аз хоб мехестам ва то рафтанаш аз думболи ӯ медавидам. Баъде ки ӯ аз дарвоза берун мерафт, ман дар кофтукови сояам мезадам. Ба хона медаромадам, сарпӯши сандуқро бардошта, ба даруни он нигоҳ мекардам, ба айвон мебаромадам, рӯ-рӯйи ҳавлӣ мегаштам.

— Оча! Сояам ку? Ёфта биёр!

— Худат кофта биёв, бачам, — ба гӯшам мерасад овози модарам. Намедонам, ки ӯ дар куҷост, дар молхона аст ё дар ошхона, гов медӯшад ё хамир мекунад. Ҳеҷ гап не, ҳозир...

— Оча, гиря мекунам!

Барои чӣ, бачам?

— Сояам нест!

— Ягон ҷо хоб будагист. Ҳоло ҳама сояҳо хобанд. Бубин, сояи ман ҳам нест.

— Сояҳо дар куҷо хоб мекунанд?

— Дар ҳамин наздикиҳо.

— Пас сояи маро бедор мекунӣ?!

— Дастам хамиролуд аст, андаке биист, хамира бихелам.

Аҳа, ӯ дар ошхона аст.... Назди ӯ меравам. Аз лаби докааш мекашам. Инҷиқӣ мекунам.

Бо банди дасти хамиролудаш докаро маҳкам медорад.

— Ё аз офтоб пурсем?! — мегӯяд модарам. Ҳайрон мемонам. Модари ман бо офтоб гап мезанад! Офтоб нестку. Дас ту даҳонам во мешаванд... Лаби дока аз дастам оҳиста меғеҷад. Модарам даст аз хамир барнагирифта, худи бо ман гап мезадагӣ барин орому осуда бо офтоб гуфтугӯ мекунад:

«Офтобаки хушрӯяк, тезтар баро! Сояи писараки ширини маро ёфта биёр. Ба номат кулча мепазам!» «Хуб, хуб, бигӯ, ки кӯча барояду ба кӯҳи Кабуд нигоҳ кунад».

— Ана, бачам, ба кӯча баро, тез....

Офтобро чун нони даруни танӯр интизор мешавам.

Ӯ хандида-хандида мебарояд ва сояамро ба пеши поям дароз мепартояд.

Ин ҳар рӯз такрор меёфт.

Баъдтар хобҳо пайдо шуданд. Гумон кардам афсонаҳои мананд. Афсонаҳои модарам пеш аз хоб буданд. Ҳам ба хоб, ҳам ба афсона бовар мекардам. Офтоб, одамон, хонаи ҳамсоя, ҷӯйчаи беоби рӯйи ҳавлӣ, модарам, нон, танӯр ҳама аз афсона буданд. Ҳар рӯзи нав бароям аз афсона пайдо мешуд ва боз ба афсона мерафт. Рӯзҳо аз хобу афсона, афсонаву хоб аз ҳам ҷудо набуданд. Аловиддин барин чароғи сеҳрнокам набуд, вале саре доштам пур аз аҷоибот, чашм ва боз гиря. Гиряи ман дар сеҳру ҷоду аз ин чароғ чанд баробар мегузаронд: гиря мекунам — модарам ҳозир мешавад; гиря мекунам — акаам пайдо мешавад; гиря мекунам — нон, шир, об, бозича — ҳар чи ки хоҳам, муҳайё мешавад.

Боре хостам ба гардани сояам савор шавам. Натавонистам, гиря кардам.

Баъд ғел зада-ғел зада ором гирифтаму чашмамро кушодам: ҳеҷ чиз нест! На хонаамон, на оғил, на бом, на симчӯб. Гумон кардам ҳоло чашмам пӯшида аст.

Даст ба он мебарам. Не, чашмам кушода.

Мепӯшаму молида-молида аз нав мекушоям. На чизеро мебинам, на касеро; пеши назарам холӣ... Вале ин холигӣ аҷоиб аст — беохиру бесару нӯг ва софу бесадо, — ман аз он чашм канда наметавонам. Оҳиста аз ҷой мехезам. Нӯги симчӯб, худи симчӯб, баъд оғилу рӯйи ҳавлиро мебинам. Ҳама чиз дар рӯйи замин, дар паҳлуи ман...

«Чаро дар ҳаво не? — мепурсам аз худ, вале ҷавоб ёфта наметавонам». «Чаро дар ҳаво намегардам?» Боз ба боло менигарам: селаи гунҷишконро мебинам, ки гоҳ дуру баланд рафта, аз назар ғоиб мешаванд, гоҳ тез поин мефуроянду ба замин нарасида, аз нав боло мераванд. Нидое аз даҳонам мебарояд: Осмон! Дастонам беихтиёр ба сӯйи осмон дароз мешаванд. Дилам метапад. Ман парвоз кардан мехоҳам!

Аввал аз болои катаки мурғ паридам.

Нашуд. Ҳанӯз қанотҳоямро накушода, ба замин афтидам. Хайрият, лат нахӯрдам, камакак ба даҳонам рег даромаду бас.

Вай барои мурғон-да. Гунҷишкҳои дар сими радио қаторнишастаро афтидани ман хӯсонд, ки муҳраҳои шаддаи кандашуда барин ба чор тараф пош хӯрданд ва аз нав села шуда, пайи ҳам ба боми оғил рехтанд. Симчӯб меҷунбид ва симҳо алвонҷ мехӯрданд. Не, гунҷишкакон аз ман не, аз Нусрати монтёр тарсиданд.

Ӯ занҷири миёнашро ҷангар-ҷунгур кунонда, бо симчӯббароякаш ба симчӯб мебаромад. Ман давида назди симчӯб рафтам.

— Акаи Нусрат!

— Ҳа-а.

— Симчӯббарояката намедиҳӣ?

— Чӣ кор мекунӣ?

— Ба симчӯб мебароям.

Майлат.

— Ура-а!

Ҳозир не, додар. Баъди даҳ-понздаҳ сол.

— Ман ҳозир мехоҳам.

— Ҳозир? Ҳозир баромада чӣ кор мекунӣ?

— Мепарам. Гунҷишк мешавам. Дар осмон мегардам.

— Эҳ-ҳа, гапа бину! Бобои Маҷид омада думата меканад. Бигурез!

Бобои Маҷид падари ман аст. Ӯ маро ба лаби дарё рафтан намемонад. Метарсад, ки об чашмамро мебараду ба дарё меафтам, вале гунҷишк шудану паридани маро манъ накардааст. Ман гунҷишк шавам ҳам, аз болои дарё намегузарам, бигузарам ҳам, чашмамро пӯшида мегузарам. Ғарқ шудан намехоҳам. Парвоз кардан беҳтар аст... Нӯги симчӯб медурахшад, акаи Нусрат аллакай ба он лампочка часпонда буд ва поин мефуромад.

— Акаи Нусрат!

— Ҳа-а.

— Симчӯббароякат даркор нест... Бигӯй, ки ман ба гунҷишк монандам ё не?

Дастонамро қаноти гунҷишк барин паҳн мекунаму гирдогирди симчӯб медавам.

— Не-ку.

— Хайр як бори дигар нигоҳ кун! Гунҷишк-ку барин ман.

— Ҳа, гунҷишк барин, майдаҳак менамойӣ....

Беҳад хурсанд шудам; ин тарафу он тарафи ҳавлӣ бол зада медавидам.. Симчӯббароякаша надод! Ду оҳани каҷа-а... Гунҷишк ки шудам, ба нӯги симчӯб мешинам. Аз он ҳам болотар мепарам.

То бегоҳ, то омадани падарам аз катаки мурғу аз суфа ҷаҳидам, қанотак задаму ҷуфтак паридам.

Падарамро дидан замон қанот кушода, ба сӯяш давидам.. Ӯ маро бардошта, бо шаст ба ҳаво партофт. Чӣ хел нағз! Ман дар ҳаво муаллақ мемонам. Пас қанотакзанон поин мефуроям: падарам маро медорад ва аз нав ба осмон мепартояд. Аз миёни хандаву шодӣ базӯр мегӯям:

— ...Ман гунҷишк барин-а!...

— Ҳа, ҷони падар, гунҷишк барин. Баъд ӯ маро гирифта «гунҷишкаки падар» гӯён ба ҳавлӣ медарояд.

Ман беҳад шодам ва дар суфа болои зонуи падарам нишаста, ба пиёлаи вай қанд тар карда мемакам.

— Қанда рӯзи дароз мезаниву шаб ки шуд, хоб барои мо ҳаром, — мегӯяд падарам ва ҷавоби доимии маро бо завқ гӯш мекунад.

— Қанда хӯрам, забонам ширин мешавад.

Ӯ ба ин ҷавоби ман ҳар рӯз як хел механдад, сарашро ба пушт партофта чашмонашро мепӯшад. Хуб хандида, баъд оби чашмашро бо лаби ҷомааш пок мекунад.

Азиз аз куҷое омад. Модарам ба ӯ дарафтод: «Куҷо мегардӣ, дайду, кӯдаки бечора рӯзи дароз танҳо монд. Як-ду соат бо ӯ бозӣ кунӣ, миёнат дард мекунад!?»

— Бозиро чӣ медонад? Рӯзи дароз кораш хаёлбозӣ, чашмҳояш чашми гӯсола барин, — гуфт Азиз.

— Ҳамин рӯз аз саҳар то бегоҳ даводавӣ кард. Бозӣ карда метавонистааст-ку.

Бозӣ шоху дум дорад?

— Хайр, ана бозӣ мекунем.

Азиз хост, ки болиштбозӣ кунем; болишти кулӯлаву вазнини падарамро гирифта, ба сари ман партофт, гарданам лат хӯрду гиря кардам. Хумори хоб гирифта буд.

— Ана, ин бозихунук духтарча барин оби дида мекунад, — гуфт Азиз.

Падарам Азизро акнун танбеҳ доданӣ буд, ки ман ба сари ӯ таксарӣ партофтам.

Падарам барошуфту ба модарам гуфт:

— Ҳар ду ҳам аз як палаканд!

Дигар гап ба ман таъсир надошт. Чашмам хира мешуд, гӯшам карахт.

Хоби аҷибе дидам: ба дунё гӯё аз шишаи кабуд менигаристам: ҳама ҷо кабкабуд менамуд, ситораҳо заб-зард. Ман дар лаби бом менишастам, пойҳоям овезон, аловкови дарозе дар даст доштам ва онро ба чашми ситораҳо мехалондам, аз чашми ситораҳо шарора мерехт.

Банохост аз пушти оғил моҳ баромад.

Аз даҳонаш садбаргҳои хандон мерехт.

Оҳиста аз лаби бом ба ҳаво хестам. Ура-а!

Ман парвоз мекунам, ман гунҷишк шудам! Садбаргҳоро чида-чида, аз дунболи моҳ боло баромадан гирифтам. Бо як дастам садбарг мечидам ва бо дасти дигарам бол мезадам. Қариб ба моҳ расида будам, вале бағалам аз садбарг пур буд ва парвозам сусту ба моҳ расидан мушкилтар мешуд. Байни ману моҳ як садбарг монд. Онро гирифтам, басе вазнин буд: мувозинатамро гум карда, сарозер ба замин омадам. Сахт афтидам. Аз ҷой бархоста, нишастам. Хайрият! Дар болои кӯрпаи хобам афтида будаам... Ҳама масти хоб. Азизро оҳиста ҷунбондам, ӯ ғурғур карду рӯяшро гардонд.

— Азиз! Ман аз осмон фуромадам, — пичиррос задам ба гӯшаш. Ҷавобе надод.

Эҳ ягон садбарг намондааст, афсӯс. Куҷо шудаанд? Шояд болои бом рехта бошанд.

Ба бом нигоҳ кардам. Баланд! Хушам наомад, ки бихезам. Ду-се бор бол задам, нашуд, қанотҳоям гӯё нам доштанд. Ҳаво салқин. Моҳ ором истода буд, ситораҳо меларзиданд.

Ногоҳ овози гиря омад.

Кӯдаки ҳамсоя бедор шуда, ғаш мекард. «Бо бачаи ширхора болои суфа хобидан чӣ зарур? Ҳаво салқин. Хунук хӯрдагист», — гуфта буд динашаб модарам; Имшаб чизе намегуфт, ба фикрам, бедор нашуд.

— Алла-е, алла-е, алла

Хоби ширинат биёяе алла-е, алла...

Ин моҳа бубин, ки меравад лаб-лаби ҷар,

Ҷони ширинам алла-е,

Алла-е, алла-е, алла-е, алла...

Шаб гӯш ба алла дода буд. Моҳу ситораву осмон ҳам. Аз аллаи ширини холаи Маъмурбӣ боз хобам омад. Надонистам, ки кай кӯдак ором гирифт. Боз хобе дидам: Азиз аз ман пештар бархест.

Модарам шабона дар назди ҷойгаҳи ман як пиёла чойи хунук мемонд, то нисфи шаб бедор шуда, об гуфта гиря накунам. Азиз чойро нӯшид ва баъд пиёларо таги тарнов монд. Аз он ҷо қатра-қатра нури сурх мечакид. Пиёла пур шуд. Азиз онро ба лаб бурд. Ҳавасам омад. Давида ба ӯ часпидам, ки пиёла аз дасташ афтид, нураш ба сару рӯйи ман рехт. Рӯям сӯхт... бедор шудам. Офтоб болои дарвоза мебаромад. Суп-сурх. Нисфаш намудор, нисфаш не. Ва селаи гунҷишконро дидам, ки дар бағали офтоб печутоб мехӯрданд, мавзун мавҷ мезаданд, бо риши сурхи офтоб бозӣ мекарданд. Ман ҳам мехоҳам, бо гунҷишкон бошам ва даст ба тоҷи офтоб занам. Парвоз кардан мехоҳам. Парвоз...

Азиз куҷо бошад? То омадани ӯ ба бом бароям шуд. Ҳамин ки омад, фирри аз болои сараш парида, дар ҳаво муаллақ меистам. Хуб метарсидагист вай хоболуди карахт... Нест-ку. Бе вай ба бом баромадан мушкил... Зӯр зада мебароям.

Нардбони бедии тару вазнин дар ҷояки худаш, аз тарафи бетирезаи хона ба лаби бом рост истодааст: дар пояи он гӯсолаи навзодро бастаанд.... Зинаи якум ба замин наздик буд ва ман ба сабукӣ худро болои он гирифтам. Лекин зинаи дуюм хеле азоб дод. Дастам ба он намерасид.

Қадамро ёзонда, бо азобе ангуштонамро андармон кардам, пойҳоямро дар чӯби паҳлуи нардбон печонда, хазида-хазида болотар баромадам. Хайрият, дигар зинаҳо ба ҳам наздик будаанд. Ман болои бом баромадам. Ягон садбарге он ҷо набуд.

— Азиз, ҳо-о Азиз!

Аз куҷое овози ӯ баромад:

— Чӣ?

— Садбаргҳои маро надидӣ?

— Не. Аз куҷо овардӣ?

— Аз осмон.

— Девона.

— Биё, бубин, ман гунҷишк мешавам.

— Наход! — Азиз давида омад. — Чӣ хел?! — гуфту дар таги нигаси бом истод.

— Аз ҳамин ҷо ба ҳаво мепарам.

— Наметавонӣ.

— Метавонам! Ту шаб хоб будӣ, ман аз ҳамин ҷо то моҳ парида будам!

— Дурӯғ!

— Дурӯғ не, садбарг чидам. Аз осмон фуромада, туро бедор кардам, нахестӣ.

— Дурӯғ мегӯйӣ, наметавонӣ.

— Метавонам!

— Наметавонӣ.

— Метавонам, ана нигоҳ кун!

Як-ду бор қанотак задам. Нашуд. Диламро ваҳм мегирад. Дар поин оби равон несту нигоҳ кунам, чашмамро ким-чи мебарад, сарам чарх мезанад.

— Ҳа, чӣ истодаӣ!

— Ҳозир аввал гӯй, ки дар куҷо мешинам?

— Ҳо, ана дар сари симчӯб.

— Не, дар боми оғил мешинам.

— Хайр! Ку... бупар.

Ба гӯшаи дигари бом рафтам. Аз он ҷо ба шаст давидам. Ба лаби бом расидаму қариб буд, ки сарозер равам. Базӯр худро нигоҳ доштам. Боз нашуд. Чаро намешавад? Эҳ-ҳа-а, шаб ман ба боло нигоҳ карда парида будам-ку! Гунҷишкҳо ҳам ҳангоми паридан ба боло нигоҳ мекунанд...

Азиз механдид.

Ман бисёр мехоҳам, ки Азиз парвози маро бубинад. Ҳозир... Давидаму паридам.

— Ана, бубин!

Ягона нидое, ки дар миёни замину осмон аз ман баромад, ҳамин буд ва боз дар ин лаҳзаи кӯтоҳ ҳис кардам, ки чизе аз ман ҷудо шуду боло парид ва ман сахт ба поин омадам. То хеле фаҳмида натавонистам, ки дар осмонам ё замин.

Гумбур-гумбури по маро ба худ овард.

Аввал падару модарам давида омаданд.

— Чӣ гап шуд?

— Гунҷишк шуд, аз бом афтид.

— Ту дар куҷо будӣ!

— Ман дар поин будам. Гуфтам, ки дошта гирам, натавонистам.

Нисфи деҳа болои сарам ғун шуда буд. Сад хел гап мешунидам, яке мегуфт, дигаре гумон мешикаст. Ман карахту лол будам, на овозе бароварда метавонистам, на ҷунбида, гиря кардан ҳам намехостам....

— Ранг дар рӯяш намондааст, — мегуфт модарам оби дида карда, — беақлаки ман.

— Бирав об биёр! Бача сахт тарсидааст,

— гуфт падарам.

— Худо ақли маро бигирад! Ҳамаи обро ба чахдег1 андохтам. Чӣ кор кунам? Давида аз чоҳи акои Зоҳир об биёрам!

1 Чахдег (чархдег) — дастгоҳи хурди равғанкашӣ, ки бо неруи даст ба ҳаракат меояд.

— Доим корат ҳамин: «нест», «набуд», «намешавад!» Камакак ҷурғот ё чакка гирифта биё. Зуд!

Беҳад гарм шуда будам. Пешониам арақ мебаровард, бо вуҷуди ин дилам ях барин буд, ҳолати ногувор доштам. Чизе гулӯямро мегирифт. Алами афтидан бошад? Вале баробари ин диламро боз чизи дигаре, ба оби даҳон монанд, гарм мекард: яхи дилам қанд барин оҳистаоҳиста об мешуд ва боз як мазае аз он ба тамоми ҷону танам давида ҳузур мебахшид; гӯё ман дар осмон муаллақ истода бошам.... Шояд ин ҳамон лаҳзаи парвоз аст, ки ҳарчанд кӯтоҳ буд, онро дар вуҷуди худ нуҳуфтаам. Пас чаро осуда нестам. Ҳушам ба осмон аст. Ё чизе аз ман дар осмон мондааст?!.. Аз миёни сару чашми одамон ба осмон нигоҳ кардам. Ман фақат чизи сафедро дидаму бас, чӣ буданашро фаҳмида натавонистам. Ҳар чи ки буд, буд, вале бол дошт, болҳои нозуку тунуки сап-сафед.

Ва ӯ ҳамаи он чизи зебову аҷиберо, ки то ин лаҳза ҷамъ карда будам, бо худ гирифта, аз ман дур мешуд. Ӯ чист? Чӣ намуд дорад?

Дӯғоб ҳам оварданд.

— Чашматро маҳкам кун.

— Чашмамро пӯшидам. Ду-се панҷа дӯғоб ба рӯям пошиданд.

— Гунҷишки сафед, — гуфт Азиз ва хандид.

— Ба ҷойи раҳмхӯрӣ ханда?! Додаракам афтид, ягон ҷояш маъюб нашуда бошад, гуфтанат ҳамин?

«Гунҷишки сафед»... Акнун ман равшан мебинам, ки дар ҳаво чӣ бол мезанад. Аз

Азиз хафа намешавам, зеро ӯ ба ҳар ҳол ба ман мадад кард, ки чӣ будани сафедии болдорро фаҳмам — «Гунҷишки сафед»...

Инак, ӯ дар осмон сабук-сабук бол мезанад ва ҷисми худро ман аз назари ӯ мебинам, ки кулӯх барин ба замин часпидааст. Одамон бошанд, ба ман чун ба кӯдаке менигаранд, ки аз беақлӣ афтода, худро маъюб кардааст...

Маро як-ду қадам роҳ равонданд, аъзои баданамро даст зада диданд. «Ҳама ҷояш дуруст, умраш дароз мешавад», — гуфтанд ба падарам.

Дардро ҳис намекардам, вале гирдогирди ман пур аз шикастапораҳо буд: дар пораҳои шикаста акси офтобу осмон ва хобҳои рангину афсонаи худро медидам, ки дар рӯйи замин аз ҳам ҷудо-ҷудо медурахшиданд ва миёни мӯзаҳои серчанг оҳиста-оҳиста хомӯш мешуданд. Кадом чизи сеҳрангезе шикаста буд ё дунёчаи зебои ман, ё лонаи гунҷишки сафед. Баъд касе гуфт, ки аз тарс забонаш гирифтааст, як бори дигар тарсонед, овозаш мебарояд.

Ба рӯяш як торсакӣ фуровардан ҳам мумкин, фоида мекунад, ки зиён не, — таъкид мекард дигаре. Осмон ҳам падарам барин бо табъи гирифтаву қавоқи овезон болои сарам меистод ва гӯё ба фикри инҳо розӣ буд. Гунҷишки сафед наменамуд... Ҳушам ба осмон буд, як қад паридам. Забонам кушода шуд. Беихтиёр пичиррос задам.

«Гунҷишки сафед».

Баъзеҳо хандиданд. Баъзеҳо тааҷҷубомез ба ман нигоҳ карданду ба осмон, на чизеро дида, на чизеро фаҳмида, ба қавоқи гирифтаи ҳаво зеҳн монданд.

— Бӯйи борон, — гуфтанд онҳо.

— Бӯйи борон, — гуфт модарам. Азиз аз назди додарат дур нарав. Ман кӯрпаҳоро медарорам.

— Борони бемаҳал, — норозиёна мегуфт як ҳамсояи дурамон. Ӯ шитоб дошт.

— Гунҷишкшавии писари Маҷид барин, — гуфт Нусрати монтёр ва ба қафо нигарист. Чашмонаш ба ман афтиду китф дарҳам кашид.

Бачаҳо ҳам рафтанд. Танҳо мондам, дилам ганда шуд. Ба ҳазор тарсу ваҳм аз назди нардбон гузаштам, Акнун дар пояи он саги занҷирбандамон мехобид, ки ман аз вай метарсидам. Ба кӯча баромадам. Ҳар ки маро медид, «беақлак» гӯён сарамро сила мекард ва ба дастам қанд медод....

— Не, парид, баланд парид. Аз симчӯб ҳам баландтар. Дидам, ки дур меравад, фалахмонро1 гирифтаму чен кардам...

Гуфтам, агар аз ҳавлӣ берун барояд, ман боз гап мешунавам — ба шикамаш задам. Даруни чахдеги ҷурғот ба сар афтид гунҷишки сафед, — бо шавқ нақл мекард Азиз. Бачаҳо завқ бурда механдиданд ва Азизро таҳсин мехонданд: «Мергани зӯр!» Мехостам эътироз баён кунам.

Гуфтанӣ будам, ки афтидагӣ манам, вай париду рафт, ба вай тири фалахмон намерасад, дар осмон аст, вай ҳеҷ гоҳ ба замин намеафтад. Вале гуфта натавонистам; даҳонам пури қанд буд. Омадани маро дида, бачаҳо ба пичир-пичир даромаданд.

— Гунҷишк, гунҷишк.

— Гунҷишкаки сафед...

1 Фалахмон — асбоби сангандозӣ, ки аз ресмони тобдода сохта шуда, бо ин санг меандохтанд.

Ман ба инаш розӣ будам. Ҳатто хурсандӣ барин ҳиссиёте даруни дилам меҷунбид. Пичир-пичири онҳо ба ман маъқул буд.... Баногоҳ осмону замин низ пичир-пичири онҳоро такрор кард.

— Гунҷишкак. Гунҷишкак. Дунё пур аз пичир-пичир шуд. Борон омад.

Донаҳои борон мисли оби панҷаҳои афсунгар ба рӯйи бачаҳо пош хӯрда, онҳо ро афсун мекард.

Пеши чашми ман муъҷизае шуд. Медидам, ки чӣ гуна якеро аз миён поин асп шуду аз миён боло савора ва ӯ ба сағрии аспи худ қамчин зада, шиҳакашон давиду рафт; дигаре саг шуд, думашро ҷунбонд ва забонашро овезон кард, пас ҷакиду аз думи асп тохт; яке рӯбоҳ шуд, думи зебояшро рост карду худро ба гӯшае гирифта, пинҳон гашт; дигаре хурӯс шуду қиғғоси дарозе кашид ва парпарзанон гурехт; яке ҳам шофир шуду ҳам мошин ва дар сангҳои кӯча дакка хӯрда, аз пеши чашмам гурехта рафт.

Ман дар таги борон мондам....

Гунҷишкҳо дар борон парида наметавонанд. Болҳояшон тар мешаваду меафтанд... Ногоҳ барқ аз чанд ҷой чароғак зад; ӯро дидам, ки дурахшида, печу тоб мехӯрду боло мебаромад. Умед доштам, ки меафтад, аз нав ӯро пайдо мекунам. Чароғакҳо дигар надурахшиданд.

Ҳаво тиратар гашт. На осмон монду на гунҷишки сафед. Ҳама ҷо об буду борон буд. Гиряам омад. Қанди даҳонамро макида-макида, паст-паст гиристам.

ҲИКОЯИ ҶАЙРА ВА САНГПУШТ

Ҷайра бо шитоб аз пеши сангпушт гузашт.

— Аз куҷо меойӣ? Ба куҷо равонӣ? — пурсид сангпушт.

— Аз хона, — ҷавоб дод ҷайра. — Ба полез равонам. Дилам харбуза мехоҳад.

Сангпушт номи харбузаро шунида, хомӯш монд. Воқеаеро ба хотир овард: деҳқоне дуртар аз полез нахӯд кошта буд. Нахӯд гул карда, шира баст. Сангпушт, ки нахӯдро дӯст медошт, ба нахӯдзор даромад ва аз он бо иштиҳои том хӯрд. Чунон хӯрд, ки шикамаш варам кард. Пас гаваккашон аз нахӯдзор баромад, ба полез омад ва зери буттаи харбуза ғанаб рафт. Чун аз хоб бедор шуд, болои сараш деҳқонро дид, ки мегуфт: «Лаънатӣ! Харбузаҳоро кафонда, нимхӯрда кардааст. Агар ба дастам афтад, пӯст меканам!...»

Сангпушт ин суханхоро шунида, аз тарс гурехтанӣ шуд. Деҳқон пеши роҳашро гирифт,

— Ҳа, полезро барбод дода, куҷо мегурезӣ?

Чӣ, бо ман шарикӣ доштӣ?

— Ин гуноҳи ман не, — узрхоҳӣ кард сангпушт ва ҳушоҳушкунон cap ба косахона кашид.

Деҳқон аз ғазаб тарафи сангпушт санг андохт, ки ба косахонааш расид...

— Чӣ шуд? — тағйир ёфтани авзои сангпуштро дида пурсид ҷайра ва илова намуд: — Нахӯдзор чунон нашъунамо кардааст, ки ҳава¬си кас меояд. Хоҳӣ, ки шикаматро сер кунӣ, аз паси ман равон шав.

Сангпушт чун одат соле се-чор моҳ, дар ҳавои гарм ва кушод мегашту пас барои худ хонача сохта, дар он муддати дароз мехобид. Пеш аз ин орзу мекард, ки шикамсерӣ нахӯд хӯрад...

Таърифи нахӯдро шунида, оби даҳони санг¬пушт шорид. Вай аз паси ҷайра роҳи полезро пеш гирифт.

Пас аз чанд фурсат он ҷо расиданд. Ҷайра ба полез даромад ва ба хӯрдани харбуза шурӯъ намуд. Сангпушт нахӯд кофт, лекин ёфта натавонист. Деҳқон аллакай ҳосилро ғундошта буд.

Вақти пешин деҳқон ба полез омад. Харбузаҳои кафида ва нимхӯрдаро дида, дар ғазаб шуд. Ин дам сангпуштро дид. Калтак ба даст гирифта, хост адабашро диҳад.

— Хӯш-хӯш, ҳазратам, — cap аз косахона бароварда узр хост сангпушт. — Харбузаҳоро кӣ хӯрд?! — дӯғ зад деҳқон. — Иқрор шав, набошад...

Ҷайра, ки зери буттаҳо пинҳон шуда буд, овози деҳқонро шунида, аз тарс роҳи гурезро пеш гирифт. Деҳқон боварӣ ҳосил кард, ки сангпушт гуноҳ надорад. Аз паси ҷайра таҳдид карда гуфт:

— Дониста мон, ба дастам афтӣ, сихҳоятро меканам!

Корсозии ҷайра, ки харбузаҳоро хӯрда, гуноҳро ба гардани сангпушт бор карданӣ буд, фош гардид.

Минбаъд сангпушт ҳамроҳи ӯ хеҷ куҷо намерафт.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба