Зеҳн

Хӯрок ва хоб

АХ
Ахбор10 декабри 2024 · 6 дақиқа хондан

Кадом хӯрокҳо хобро мепаронанд?

Хоб кафили саломатии хуб аст. Агар хоб вайрон шавад, дар саломатӣ мушкилот сар мезанад. Диетологҳои олмонӣ муайян кардаанд, ки дар баробари реҷаи ҳаррӯза, ғизои мо ба сифати хобамон низ таъсир мерасонад.

Камхобӣ масуниятро заиф месозад ва диққатнокиро коҳиш медиҳад. Баъзе одамони камхоб бештар хӯрок мехӯранд ва вазн мегиранд - ин аз норасоии энергия аст.

Бар асари бехобӣ инсон метавонад гирифтори фишорбаландӣ ва бемории диабети қанд шавад. Ҳамзамон бехобӣ хатари пайдоиши бемории альцгеймер ва деменсияро зиёд мекунад.

Нӯшидани қаҳва баъди нисфирӯзӣ сабабгори бехобӣ мегардад. Шоколад хӯрдании лазиз бошад ҳам, какаои таркиби он дорои модаи теобромин буда, хобро халалдор месозад.

Истеъмоли хӯриш ва сабзавоти хом пеш аз хоб низ боиси бехобӣ мегардад, зеро дар меъда ҳазм нашуда, дамиши шикамро ба вуҷуд меорад.

Хӯроки қаланфурдор низ бо сабаби модаи капсаитсин доштанаш ҳарорати баданро баланд намуда, сабабгори бехобӣ мегардад

Барои ҷавон ва зебо мондан ба саломатӣ ва ғизои худ диққати ҷиддӣ додан лозим аст. Имрӯз мо ба шумо дар бораи хӯрданиҳое маълумот медиҳем, ки баъди 30-солагӣ зиёд истеъмол намуданашон ба саломатӣ зиён расонида, боиси пайдоиши ожангҳои бармаҳал ва пеш аз мӯҳлат пир шудани инсон мегарданд.

Шакари аз ҳад зиёд метавонад боиси паст шудани ҳассосияти инсулин гардад. Илова бар ин, он пайдоиши ожангҳоро метезонад. Истеъмоли хӯрокҳои аз ҳад шӯр ва сернамак метавонад фишори хунро баланд гардонида, хатари гирифторшавӣ ба инсултро зиёд созад. Калорияи машрубот ва нӯшокиҳои спиртӣ хеле баланд аст ва сатҳи инсулинро зиёд мекунад.

Кофеин ба системаи асаб таъсири манфӣ мерасонад, хобро халалдор мекунад. Набудани хоб ҷараёни пиршавиро метезонад. Саршир (сливки) хеле равғанин аст, вазни баданро зиёд намуда ба кори дил, буғумҳо, фаъолияти майна ва гормонҳо таъсири бад мерасонад. Таркиби равғанҳои трансӣ аз ҷумла равғани зард ба дилу буғумҳо таъсири бад дошта, боиси беморӣ мегардад.

Оилаи солим яке аз пояҳои асосии ҷомеа мебошад. Асоси ҳаёти солим аз овони кӯдакӣ гузошта мешавад ва бо мурури замон такмил меёбад. Боигарии бебаҳои ҷамъият – одам дар оила ба вуҷуд меояд ва аз ин хотир масъалаи тарбия, солимии кӯдак ба ҳамаҷониба солим будани оила вобаста аст. Бинобар ин омили асосии ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар оила, пеш аз ҳама, ҷорӣ кардани тартибу низом дар он мебошад.

Саодатмандии оила на танҳо саломатии ҷисмонӣ, балки саломатии маънавию ботиниро низ дар бар мегирад. Барои кафолати саломатӣ шахс бояд дар меҳнат обутоб ёбад, қадри нони меҳнатиро донад, ба варзиш машғул шуда, ҷисман боқувват гардад, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида бошад. Падару модар, хешу табор ва Ватани хешро дӯст дорад, дар ободии вай саҳми арзанда гузорад, фаъолияти худро ба тартибу низоми муайян дароварда, аз рӯйи он амал кунад.

Тарбия дар оила бояд мувофиқи реҷаи тартибдодашуда ба роҳ монда шавад. Фарзанд бояд аз рӯйи низоми муайян кор кунад, реҷаи рӯзро қатъиян риоя кунад. Барои ӯ риоя кардани реҷаи корӣ бояд ҳукми қонунро дошта бошад. Дар ин ҳолат дар ӯ малака ҳосил мешавад, ки ҳар корро дар вақти муайяншуда иҷро кунад. Ин дар оянда барои ба як низоми муайян даровардани реҷаи корӣ, иҷрои бомуваффақияти корҳои ба нақша гирифташуда асос мешавад.

Реҷаи рӯз, пеш аз ҳама, ба хӯрок дахл дорад. Хӯрок, моддаҳои органикӣ чун энергия барои сохтори ҳуҷайра, бофтаҳо, узвҳо ва фаъолияти организми инсон зарур аст. Хӯрокхӯрии бенизом боиси вайрон шудани кори меъдаю рӯда ва сабаби афзоиши вазни ҷисм, инчунин бемориҳои рагу дил мешавад. Хӯрок бояд ҷавобгӯйи чунин талаботхо бошад :-хӯрок дар таркибаш миқдори муайяни ба организм зарурии сафеда, чарб, карбогидрат, моддаҳои минералӣ, витаминҳо ва об дошта бошад, дар таркибаш маҳсулоти рустанию ҳайвонӣ (шир, гӯшт, моҳӣ, меваҳо, сабзавот ва ғайраро) дошта , серғизо бошад ва дар вақтҳои муайян истеъмол карда шавад.

Тартибу низоми хӯрокхӯриро инсон бояд қатъиян риоя кунад. Чӣ хеле ки дар боло зикр кардем, ба ин масъала бузургон низ диққати махсус додаанд. Луқмони Ҳаким ба писари худ насиҳат кардааст, ки меъдаро аз хӯрок пур кунӣ, фикрат хоб мекунад, ҳикмати ту гунгу кар, аъзои ту суст мешавад.

Ба реҷаи рӯз хоб низ ворид мешавад. Хоб ҳолати осоиш аст, ки ҳангоми он ҳисҳои зоҳирӣ аз кор мемонанд. Ҷисми одам, мағзи сар, асабҳо ба истироҳат ниёз доранд. Агар одам хуб хоб карда, истироҳат кунад, фаъолияти организм, мушакҳо барқарор мегардад, қобилияти корӣ ва фикрии одам меафзояд. Аз ин хотир барои одам, махсусан, дар давраи наврасӣ ва чавони, риоя кардани гигиенаи хоб ҳатмист. Хоби барохати шабона, функсияҳои физиологии шахсро барқарор мекунад. Одам бояд тибқи реҷаи рӯз амал кунанд ва дар як вақт хоб кардану аз хоб хестани онҳо гарави хуби саломатӣ мешавад.

Унсурулмаолии Кайковус оид ба ин масъала дар «Қобус- нома»-и худ дар боби «Андар хуфтан ва осудан» овардааст: «…Ҳамчунон, ки хуфтани бисёр зиёнкор аст, нохуфтан ҳам зиён дорад, ки агар одамӣ ҳафтоду ду соат, яъне се шабонарӯз ба қасд бигузорад ва нахуспад ё ба ситам бедор доранд, он касро бими марг бошад». Аммо ҳар кореро андозаест. Дар хотимаи фикраш нависанда хобро ба марг монанд карда, тафовут дар он дидааст, ки мурда нафас намекашад, аммо хуфта нафас мекашад.

Инсон бояд саҳар барвақт аз хоб хезад. Байти машҳури Саъдии Шерозӣ дар ин мавзӯъ хеле бамаврид аст:

Эй камар баста касби рӯзиро!

Субҳхезӣ далели фирӯзист.

Баҳри хоби сабоҳ чашм мабанд,

З-он ки ин хоб монеи рӯзист.

Омили муҳимми дигари кафолати саломатӣ ва саодатмандии аҳли хонадон машқҳои ҷисмонӣ, варзиш мебошанд. Зеро солиму қавӣ ва обутобёфта ба воя расидан, бо тамоми ҳастӣ баҳри беҳбудии халқу Ватан меҳнат кардан ва агар зарур ояд, барои ҳимояи он бархестан яке аз мақсадҳои асосии оилаи солим аст. Воситаи асосии расидан ба ин ҳадаф, бешубҳа, варзиш, тарбияи бадан мебошад. Ин омилҳо баҳри мустаҳкамгардонии саломатӣ ва имкониятҳои ҷисмонии инсон равона карда шудаанд. Машғул шудан ба варзиш бояд талаботи ҳаррӯзаи хар як шахс бошад, зеро ин барои солимгардонӣ, тарбияи иродаю матонат, устуворию ташки- лотчигӣ ба онҳо кумак мерасонад.

Варзиш воситаи самарабахши такмил додани узвҳои ҳаракати одам мебошад. Он асоси ҳамаи малака ва маҳорат аст ва такомулу устувории тамоми шаклҳои фаъолияти ҳаракати одам дар зери таъсири машқҳо ба даст меояд. Дар натиҷаи машқ дараҷаи қобилияти корӣ баланд мешавад. Одаме, ки машқи зиёд мекунад, муддати дуру дароз кор карда метавонад ва назар ба одаме, ки машқ накардааст, дар як воҳиди вақт кори зиёдеро иҷро мекунад. Варзиш, машқи ҷисмонӣ бевосита бо фаъолияти системаи марказии асаб марбут буда, ягона усули ҳосилкунии тобоварӣ, обутоб додани организм, кори босарфаи мушакҳо, инчунин суботкорӣ мебошад. Обутоб додани организм тадбирест, ки барои ба муҳити тағйирёбанда зуд мувофиқат кардани инсон мусоидат мекунад.

Ба ҳамин тариқ, омилҳои асосие, ки шарҳи онҳо дар боло оварда шуданд (риояи тартибу интизом, хӯрок ва тартибу низоми хӯрокхӯрӣ, реҷаи хоб, машғул шудан ба варзиш ва ғайра) имконият медиҳанд, ки ҳар як шахс моҳияти саломатӣ ва саодатмандии ҳар як аъзои оиларо дурусттар дарк карда, барои кафолати ҳаёти солим дар оила ва ҷомеа саҳми худро гузорад.

Алӣ ибни Ҳусайн гуфт: Худои таоло ҳамаи тибро ба як калима баён кардааст: «Хӯред, нӯшед, исроф накунед».

Аз Лукмони Хаким пурсидаанд, ки чӣ кунам, ки ба табиб ҳоҷат набошад? Гуфт: Кам хӯрдан, кам хоб кардан, кам гуфтан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба