Зеҳн

МАНЗИЛИ ҒИЗО

КИ
Китобдор11 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Фарзона ва аҳли оилаи онҳо ба деҳаи дигар кӯчиданд. Шароити зисти онҳо бад буд ва сатилҳои об бесарпӯш дар замини ошхона нигоҳ дошта мешуданд. Бародари хурдии Фарзона ташна монда буду аз ҳама илтимос мекард, ки ба ӯ об диҳанд, вале ҳеҷ кас ба вай аҳамият намедод. Вай худаш ба ошхона даромада бо пиёла об гирифта нӯшид.

Шабона вай аз дарди шикам ва ҳарорати баланд бедор шуд. Ӯ ба бемории дарунравӣ гирифтор шуда буд. Фарзона ба модари ҳайронаш фаҳмонд, ки додараш обро аз сатили ошхона гирифта нӯшидааст. Модар ба ошхона рафта дид, ки ба сатили об якчанд ҳашарот афтида буд. Беморро ба беморхона бурданд.

Раҳим ва Салим ду бародаранд. Яке дар синфи 2, дигаре дар синфи 4 таҳсил мекунанд. Рӯзе ҳангоми аз мактаб баргаштан дар сари роҳашон сагчаи дайду баромад. Сагча чунон шикоятомез нолиш мекард, ки раҳми бачаҳо омад ва онро ба хонаашон оварданд. Дар хона бачаҳо шиками сагро сер карданд ва бо вай бозӣ карданд: онро рӯйи даст мебардоштанд, дар рӯйи ҳавлӣ бо вай медавиданд, навозиш мекарданд.

Бозии аз ҳад зиёд бачаҳоро гурусна кард. Салим ба ошхона даромада, бо дастони ифлос бурдаи нонро гирифт ва машғули хӯрдан шуд. Раҳим инро диду гуфт «Исто! Охир мо бо сагча рӯйи ҳавлӣ бозӣ кардем. Бо дастони ифлос хӯрдан мумкин нест!»

Вале Салим ба ӯ гӯш накард ва хӯрданро давом дод. Раҳим дастонашро бо собун шуст ва баъд ба сари миз нишаст. Бегоҳирӯзӣ ҳарорати Салим баланд шуд ва шикамаш ба дард даромад. Маҷбур шуданд, ки ӯро ба беморхона баранд. Дуруст мегӯянд, ки «Саломатии ту дар дасти худи туст!»

МАНЗИЛИ ҒИЗО

Манзиле, ки нопок аст,

Ба одам хатарнок аст.

Манзиле, ки озода,

Худо баракат дода.

Ғизо хӯри покиза,

Бо дастҳои тоза.

Бе дарду ғам бигардӣ,

Шоду хуррам бигардӣ.

Шумо медонед, ки барои чӣ бо собун шустани дастон хеле муҳим, зарур аст? Дар дастон шумори зиёди микроб ҷамъ мешавад. агар онҳо (микроб)-ҳо дохили бадан шаванд, ба бемориҳои зиёде дучор шудан мумкин аст. Микроб чунон ҷондори хурд аст, ки ӯро танҳо зери дурбин (микроскоп) дидан мумкин асту тамом. Бе собун аз даст шуста намешаванд. Таркиби собуни дастшӯйӣ аз моддаҳои несткунандаи микробҳо иборат мебошад. Собун аз миллионҳо заррарез иборат буда, дар шакли як собуни калон ташкил шудааст.

Бо оби тоза маҳлул шуда, рӯйи пӯсти бадан лағжида-давида, баробари ин ҳар чизи хеле хурде, ба монанди микроб болои пӯст нишастаро бардошта, шӯста бо худ мебарад. Дар дастони мо, аз ангушт то бозӯвон, метавонад аз 20, то 140 миллион бактерия вуҷуд дошта бошад. Ҳар рӯз, чанд маротиба, дастонро бо собун 20 сония зери оби равон хуб тоза шуста, баъдан бо дастмол хушк бояд кард. Ба ин тартиб, паҳншавии беморӣ ва ифлосии атрофи хешро мо кам хоҳем кард. Кадом вақт дастонро ҳатман бояд шуст? Баъди омадан аз кӯча, ҳоҷатхона, бозӣ бо ҳайвонот, ё баъди ғизо хӯрдан. Мумкин аст, Шумо фикр дошта бошед, ки боктерияҳо танҳо зарар оваранду халос, лекин донишмандон баръакси корро низ мефаҳмонанд.

Дар бадани одам шумори хеле зиёди бактерия зиндагӣ мекунад. Масалан онҳо барои ҳазм, ё ҳал шудани хӯроки дохили рӯда ёрӣ мерасонанд. Бактерияҳое вуҷуд дорад, ки барои ҳазм кардани маводи шири турш хизмат мекунанд. Агар чунин бактерияҳоро ба шир ҳамроҳ кунем, панир, ҷурғотро пайдо мекунан. Доим бояд, на танҳо дастон, балки замони нохунтарошӣ, шона кардани мӯйи сар ва тоза кардани дандон, ҳатман тозагӣ риоя карда шавад. Пӯсидагӣ (кариес) натиҷаи тоза нигоҳ надоштани даҳону дандон мебошад. Дандонро бояд ду бор ҳар рӯз тоза кард. Низ даҳонро баъди хӯрдани ғизо ғар-ғара карад, тоза бояд шӯст.

Ҳазрати Муҳаммад тавсия бар он медод, ки аз мисвок истифода кунед. Мисвок аз шох, ё решаи дарахти арак тарошида мешавад, ки барои тоза кардани дандон хуб буда, бӯйи даҳонро нест сохта, сири дандонро сахттар карда, бактерияҳоро барҳам медиҳад. Бачаҳои азиз! Тозагӣ-гарави саломатист! Худро эҳтиёт кунед. Хеле ҷолиб аст, агар Шумо дастро зери оби равон дароз нигаҳ доред, ожангҳош зиёд шудан мегиранд. Барои чӣ? Барои он, ки равғани нозуки болои пӯсти моро рӯпӯшкарда, зери об шӯста мешавад. Пӯсти хӯшк, аз об варам карда, ожанг, ноҳамворӣ, ё пасту баландиҳои зиёд пайдо мекунад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба