Зеҳн

ҲАЛОЛ ЧИВУ ҲАРОМ ЧӢ?

ВА
Валиев Султон12 декабри 2024 · 4 дақиқа хондан

Дар ҳаёти ҳар як фарди ҷомиъа ду роҳ аст, ду роҳи мутафовут ва мутазод: яке ҳалол, пок, беолоиш, инсонӣ... ва дигаре ҳаром, нопок, олуда, шайтонӣ... Интихоби яке аз ин роҳҳо ба ақлу тамиз, майлу ирода, виҷдону имон ва ...-и ҳар як кас вобаста аст...

Як дугонаам мегӯяд, ки аз бозор чормағз хариданӣ шудам. Фурӯшандазан чормағзҳоро таъриф карда шикаста хӯронд ҳам. Онҳо ширину дарунашон сер буданд. Дар хона шикаста бинам аксар мӯрхӯрдаву пуч буданд. Фурӯшанда маро фиреб карда буд. Ҳайрон шудам, ки чӣ гуна ӯ бо пулҳои ҳаром рӯзгорашро ҷунбонида фарзанд калон мекунад?!

Аз ин нақли дугонаам давраи кӯдакӣ ёдам омад: Дар яке аз ошхонаҳои шаҳр кормандон 200 кг. гӯшти ҳароммурдаро ба мизоҷон пухта додаанд. Аз Абдуллоҳ ибни Муборак (р) нақл аст, ки аз баҳри 100 суми шубҳаовар баромадан аз 100 ҳазор эҳсону садақа афзалтар аст.

Агар ҳаром бо ҳалол якҷоя бошаду ба воситаи зиндагии мо табдил ёфта бошад, вой бар ҳоли мо, ки худамонро инсон ё одам мепиндорем!

Ба ростии паллаҳои тарозу сура ва оятҳо низ нозил шудааст... Нақл аст, ки ҳар рӯз фариштагон дар замин се мавзеъро аз назорати махсус мегузаронанд: масҷид, қабристон ва бозорро. Бозорро барои он ки мабодо касе аз тарозу занад! Дар ин хусус низ воқеаи ибратбахше ёдам омад:

Нимашабе аҳлу аёли савдогаре дари шайхеро мекӯбанд. Аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки савдогари беморро дуо хонад. Шайх баъди адои расму русум, аз вазъи бемор огоҳ мешавад ва аз ӯ хоҳиш менамояд, ки калима гардонад. Савдогари бемор бо чашмони ашкбор ба шайх ва аҳлу аёли худ рӯй оварда чунин пичиррос мезанад: “Чӣ гуна калима гардонам, ки забончаи тарозу гулуямро хаста-хаста шикоф карда истодааст?!” Ва дарҳол ҷон медиҳад. Шайх аз аёли ӯ вазъ мепурсад. Зан ҷавоб медиҳад: “Шавҳари савдогарам як умр бо ду тарозу ба тиҷорат сарукор дошта, бо яке мехариду бо дигаре мефурӯхт. Ин яке чоряк кило зиёд нишон медоду он дигаре чоряк кило кам”. Шайх зери лаб мегӯяд: “Оҳ, одамон тоби оташи як дона гугирдчӯб надоранду чаро аз оташи дӯзах андеша намекунанд?!”

Чизи касеро напурсида гирифтан ва истифода кардан низ ҳаром аст. Кори нашударо шуд гуфтан ҳам ҳаром аст. Як адиби рус чунин гуфтааст: “Пора монанди зан аст – пир шавад ҳам, кӯҳна шавад ҳам ҷозибаи дилфиребу дилкаши худро гум намекунад...”

Дар ислом хуку шароб низ ҳаром аст. Дар ин хусус низ нақле шунидаам, ки овардани онро лозим медонам:

Тадбиркоре дар ибтидо кораш авҷ гирифту сипас хонасалот шуд, дур аз молу манот шуд. Пурсидандаш: Чаро ба ин ҳолат гирифтор шудӣ? Гуфт: Аввал бузу гусфанд мепарваридам, сипас барои серсоҳа кардани тадбиркориам даст ба хукпарварӣ задам. Аз дӯстон пули зиёде ба вом гирифта аз Португол хук овардам. Корам омад накард – хукҳо мурданду касофаташон ба бузу гусфандон низ асар кард.

Дар бобати шароб ба шаробхорон муроҷаат менамоям: “Ақалан як фоидаи арақро ба исбот расонед! Наметавонед! Чунки ягон фоида надарад. Фақат ба инсонҳо зарар мерасонад. Шароб танҳо дар шиша хомӯш аст, азизон! Вақте даҳони онро боз карда дар шишаи тан ҷой медиҳед, Шуморо ба шеру рӯбоҳ ва маймуну хук табдил медиҳад. Ҳайфи мардии он мардон, ки аз ризқи фарзандон мебуранду шароб мехӯранд; барои аҳлу аёлашон пораи ноне набурда, ба хонаи ҳамқадаҳон бо шишаи шаробу хуришҳои қиматбаҳо мераванд!”

Кас ба ҳайрат мемонад, ки шаробро дар шишаҳои зеботарин ҷой медиҳанд, беҳтарин коғазҳои зарринро бо навиштаҷоти ҷолиб рӯяш мечаспонанд, хуллас, мисли арӯсак орову торояш медиҳанду ба пули ночиз мефурӯшанд. Аҷоибаш ҳамин ки дар тамоми мағозаҳо фарқи пули нақду корти пластик дар тамоми маҳсулот ҳасту дар маҳсулоти масткунанда не. Чи қадре хоҳӣ, бихару бихӯру “бихар”! Агар ба майли ман мешуд дар рӯи шишаҳои шароб менавиштам: “Шайтоноб”, “Заққум” ва ғайра. Ё худ дар пештоқи майхонаҳо сабт мекардам: “Боғи сӯзони дӯзах”, “Биёед, дар оташи дӯзах якҷоя бисӯзем” ва ҳоказо.

Ана ҳамин хел ҳаёти мову шумо, азизон! Худо кай диҳад умри дубора ба мову Шумо, азизон? Дар саҳифаҳои испеду поку беолоиши ҳаётамон худамон нақшҳои рангин мекашем. Фақат нақшҳои гуногун ва мутазод. Яке нақши зебову дилкаш бо хатти заррин ва дигаре нақшҳои каҷҷу килеб бо ранги сиёҳ.

Пирамарде ҷавонони масту аластро васият мекард: “Чӣ фоида аз аз ҳамон заҳру заққум? О, бачем манам ҷавон будам, ҳамин заҳри ҳалоҳила бист сол хӯрдам. Ягон фоидеша надидам. Касе набуд, ки маро насиҳат кунад. Ҷон бачаҳоям, замон дигар шуд, бар тарбияву таълим эътибор беҳтар гардид, ба доми ҳавову ҳавас наафтед, тавре зиндагӣ кунед, ки аз шумо кори неку номи нек ба ёдгор монад. О, расму оину урфу одати бобоёнамон куҷо шуд? Фаромӯш накунед, ки ҳалолӣ қатра-қатра, ҳаромӣ бошад монанди сел меояд, ҳазор савобатонро як гуноҳ мешиканад, мисли он ки сӯрохии хурде банди обанбореро барҳам мезанаду як қатра хун ташти оберо аз истеъмол соқит мегардонад, эй фарзандони Одам!”

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба