Зеҳн

Китоб дӯсти инсон буд, ҳаст ва мемонад. Китоб ба инсон ҳаётро меомӯзонад,тарбия менамояд ва доираи андешаву фикррониашро рангину зебо мегардонад.

БА
Барномасоз23 июли 2026 · 2 дақиқа хондан

Мақолаи «Агар омӯзгори адабиёт китоб нахонад...», ки дар шумораи 52-юми рӯзнома («Овози тоҷик», 2026. №52) ба табъ расида, ба қалами Зулхумор Рашидова тааллуқ дорад, ҳар як омӯзгори баномусро бефарқ намегузорад.
Дуруст аст, ки солҳои охир муносибат ба китоб суст шуда истодааст. На фақат омӯзгори адабиёт, балки омӯзгор ном соҳиби касб бояд китоб хонад, рӯзнома хонад, маҷалла хонад...
Аммо омӯзгорони мактабҳо имрӯз бо бешармӣ, «мо китоб намехонем!» мегӯянд.
Ба гӯшҳои худ бовар намекунед, ки омӯзгор ин суханонро мегӯяд. Солҳое, ки мо омӯзгори ҷавон будем, устодон аз ягон китоби бадеӣ баҳс мекарданд ва агар мо нахонда бошем, пинҳонӣ пайдо мекардему мехондем.
Зеро ору номус буд, виҷдон буд. Боварӣ дорам аксарият китоби дарсиро низ ба таври бояду шояд намехонанд. Дар тарҷумаҳои китобҳои дарсӣ чӣ аз ҷиҳати мантиқ, чӣ аз ҷиҳати имло ва истифодаи калимаҳои лозима, хато бисёр аст. Омӯзгоре, ки китоби дарсиро бо мақсади муайян хонд, албатта, ба машварат мепардозад, ё аз ягон кас мепурсад. Ин ҳолат рӯй надодааст ва намедиҳад, чунки ҳама «доно»-анд.
Лаззате, ки хониши китобҳои бадеӣ доранд, фақат хонанда медонад. Бисёр шунидаем, ки мегӯянд: «Агар омӯзгор як рӯз нахонад, симои омӯзгориашро гум мекунад». Ба фикрам, омӯзгори ҳақиқӣ (на хасакӣ) ҳақ надорад, ки нахонад. Дар давраи мактабхонӣ ҳавас мекардем ба устодон, зеро мудом онҳоро дар даст китобу рӯзнома медидем. Имрӯз манзара баръакс аст. Омӯзгорӣ касби тасодуфӣ нест.
Бо ҷавони одие, ки ҳар сол ба Русия ба кор рафта меомад, суҳбате доштам. Зимни суҳбат иброз намуд, ки бо ҳамроҳи ӯ ҷавонони зиёде кор мекунанд. Аҷоиботаш дар он ҳаст, ки ҷавононе, ки худашон дар Русия кор мекунанду таҳсилашон дар ин ё он муассисаи олии Ватан идома дорад. Вақте аз онҳо мепурсед:
– Ин чӣ хел мешавад? Шумо нахонда, чӣ мешавед?
Ҷавоб чунин аст:
– Дар ягон мактаб муаллим мешавам-дия!
Ана, халос.
Аз ҳама касби осону ҳама аз ӯҳдааш мебаромадагӣ муаллимӣ будааст.
Ҳол он ки гирифтани як иншо метавонад сатҳи дониши ҳар як омӯзгорро равшан намояд.
Шукри он мекунам, ки на ҳамаи омӯзгорон андешаҳои болоиро доранд. Шукр, ки фидоиён ҳастанд.
Бешубҳа, фақат китоб метавонад моро аз ин гирдоби ҳалокатовар бираҳонад. Фақат китоб метавонад дар мо тағйиротеро ба вуҷуд орад.
Фақат китоб метавонад моро ба асли хеш баргардонад, то вориси шоиста бошем. Пас, ба нахондан ҳақ надорем. Бояд ҳар як омӯзгор китобхону рӯзномахон бошад.
Тавассути китобхонӣ мо метавонем шоистаи номи «омӯзгор» бошем. Ба ин васила, забони поки модариамонро низ ҳифз менамоем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2