Зеҳни сунъӣ шумораи умумии дарахтони рӯи Заминро ҳисоб кард
Олимон барои муайян кардани шумораи дарахтони рӯи Замин аз имкониятҳои зеҳни сунъӣ истифода бурданд.
Система тасвирҳои моҳвораӣ, маълумоти инвентаризатсияи ҷангалҳо ва беш аз 400 ҳазор ченкунии заминҳои саҳроро таҳлил кардааст.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар рӯи Замин тақрибан 3,04 триллион дарахт мерӯяд. Ин маънои онро дорад, ки ба ҳисоби миёна ба ҳар як сокини сайёра тақрибан 390 дарахт рост меояд.
Дар тӯли даҳсолаҳо олимон бар он ақида буданд, ки дар рӯи Замин ҳамагӣ 400 миллиард дарахт мавҷуд аст. Ин ҳисобҳо асосан ба аксҳои моҳвораӣ такя мекарданд. Аммо аксҳои моҳвораӣ танҳо ҷойгиршавии ҷангалҳоро нишон медиҳанд, на шумораи дарахтонро.
Гурӯҳи байналмилалии олимон таҳти роҳбарии эколог Томас Кроутер бори аввал харитаи ҷаҳонии зичии дарахтонро таҳия намуд. Мувофиқи натиҷаҳои онҳо, шумораи дарахтон нисбат ба ҳисобҳои пешина қариб ҳашт маротиба зиёд будааст.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, зичии аз ҳама зиёди дарахтон дар ҷангалҳои бореалии шимоли Канада, Аляска, Скандинавия ва Россия ба мушоҳида мерасад. Иқлими сард барои дарахтони сӯзанбарг хеле мусоид аст.
Аз рӯи шумораи умумӣ бошад, бештарини дарахтон дар ҷангалҳои тропикӣ ва субтропикии Амрикои Ҷанубӣ, Африқои Марказӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мерӯянд. Дар ин минтақаҳо зиёда аз 40 фоизи тамоми дарахтони рӯи Замин ҷойгир шудаанд. Танҳо ҷангали тропикии Амазонка садҳо миллиард дарахтро дар бар мегирад.
Олимон огоҳ мекунанд, ки танҳо шинондани ниҳол роҳи ҳалли мушкили буридани ҷангалҳо нест. Барои ба дарахти комил табдил ёфтани ниҳолҳо даҳсолаҳо лозим аст. Илова бар ин, гуногуншаклии биологии ҷангалҳои сунъӣ камтар буда, барои ҳайвонот камтар муҳити зист фароҳам меоранд ва ба бемориҳо ва хушксолӣ низ тоб намеоранд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон таъкид мекунанд, ки ҳифзи ҷангалҳои мавҷуда аз бунёди ҷангалҳои нав ҳам муҳимтар аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё