Озарбойҷон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ мекунад
Парламенти Озарбойҷон дар хониши сеюм ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин қонунҳои «Дар бораи ахбор, паҳн ва ҳифзи ахбор» ва «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз маълумоти зараровар» тағйирот қабул кард. Тибқи ин тағйирот, шахсони то 16-сола дигар ҳаққи таъсиси ҳисоб дар шабакаҳои иҷтимоиро надоранд.
Бар асоси қонун, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд ҳангоми бақайдгирии корбарон низоми техникии санҷиши синну солро ҷорӣ намоянд. Аввал корбар синну соли худро нишон медиҳад ва баъдан он тавассути воситаҳои техникӣ тасдиқ карда мешавад. Рӯйхати шабакаҳое, ки ин талабот ба онҳо татбиқ мешавад, баъдан эълон хоҳад шуд.
Барои наврасони аз 16 то 18-сола бошад, кушодани ҳисоб танҳо бо розигии намояндаи қонунӣ иҷозат дода мешавад. Ин розигӣ бояд бо истифода аз маълумоти корти бонкӣ, суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефони мобилии намояндаи қонунӣ тасдиқ гардад.
Илова бар ин, соҳибони шабакаҳои иҷтимоӣ уҳдадоранд дар Озарбойҷон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд. Ширкатҳои хориҷӣ бошанд, бояд дар кишвар филиал ё намояндагӣ таъсис диҳанд, маркази тамос бо забони давлатӣ дошта бошанд ва дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба дархостҳои мақомоти давлатӣ посух диҳанд.
Қонун барои ширкатҳое, ки талаботро риоя намекунанд, ҷазоҳои марҳилавиро пешбинӣ кардааст. Аввал ба онҳо огоҳии хаттӣ дода мешавад, сипас, аз 100 ҳазор то 300 ҳазор манат ҷарима таъин мегардад. Дар сурати идома ёфтани қонуншиканӣ, таблиғи давлатӣ дар он платформа манъ шуда, бо қарори додгоҳ ҳаҷми трафики он метавонад пайдарпай то 20, 50 ва ҳатто 90 фоиз коҳиш дода шавад.
Ҳамчунин, ҳар сол то 15-уми январ ширкатҳо бояд ба мақомоти салоҳиятдор ҳисобот оид ба иҷрои талаботи қонун ва омори рад шудани дархостҳои бақайдгириро пешниҳод намоянд. Барои дигар намудҳои қонуншиканӣ низ ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд: барои шахсони мансабдор аз 6 ҳазор то 9 ҳазор манат ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 40 ҳазор манат.
Қонуни мазкур пас аз 12 моҳи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё