Чаро роҳи оҳан дар ҷаҳон якхела нест?
Имрӯз роҳи оҳан яке аз муҳимтарин сутунҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Бо вуҷуди рушди босуръати дигар навъҳои нақлиёт, он то ҳол мавқеи худро ҳамчун воситаи бовариноки интиқоли бор ва мусофирон нигоҳ доштааст. Мувофиқи маълумот, танҳо дар соли 2025 қариб 25 фоизи борҳои ҷаҳон маҳз тавассути роҳи оҳан ба манзил расонида шудаанд.
Аммо як ҷузъиёти ҷолибе ҳаст, ки на ҳама медонанд: қаторае, ки аз Чин ба Аврупо меравад, дар роҳ маҷбур мешавад ду маротиба чархҳои худро иваз кунад. Сабаб чист?
Фарқи асосӣ — фарқ кардани релсҳо. Маълум мешавад, ки дар кишварҳои гуногун васегии роҳи оҳан якхел нест. Масалан, дар аксари кишварҳои ҷаҳон стандарти 1435 миллиметр қабул шудааст. Аммо дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Ӯзбекистон, ин нишондиҳанда 1520 миллиметрро ташкил медиҳад. Ин фарқият боис мегардад, ки ҳангоми гузаштани қатора аз як минтақа ба минтақаи дигар, махсусан аз Чин ба кишварҳои ИДМ ва сипас ба Аврупо, зарурати мутобиқсозӣ ба миён ояд.
Чаро Россия роҳи васеътар интихоб кард? Коршиносон ду сабаби асосиро зикр мекунанд. Аввал — омилҳои ҳарбӣ. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз дар давраи император Николай I роҳи оҳан ба таври махсус васеътар сохта шуд, то дар сурати ҳамлаи эҳтимолии душман, қатораҳои онҳо натавонанд аз ин роҳ истифода баранд.
Сабаби дуюм ба масъалаҳои техникӣ рабт дорад: роҳи васеътар имкони бештар барои боркашонӣ ва ҳаракати бехатарро фароҳам меорад.
Чӣ гуна қатораҳо дар роҳи релсҳои гуногун ба манзил мерасанд? Имрӯз барои гузаштан аз роҳҳои гуногунченака чанд усул истифода мешавад. Яке аз маъмултарин роҳҳо — иваз кардани чарх мебошад. Дар нуқтаҳои махсус вагонҳо боло бардошта шуда, чархҳои онҳо бо чархҳои мувофиқ иваз карда мешаванд. Илова бар ин, дар баъзе мавридҳо бор аз як қатор ба қатори дигар кӯчонида мешавад. Ҳамчунин, технологияҳои муосир, аз ҷумла системаҳои автоматии тағйирёбии васеъгӣ имкон медиҳанд, ки қаторҳо бидуни таваққуф ба роҳи дигар мутобиқ шаванд.
Аз Чин то Аврупо. Қаторҳое, ки аз Чин ба Аврупо ҳаракат мекунанд, одатан дар марзи Чин бо кишварҳои ИДМ ва баъдан дар сарҳади Беларус бо Полша чархҳои худро иваз мекунанд. Ин ҷараён метавонад чанд соат ва ҳатто то як-ду рӯз вақт гирад.
Лоиҳаҳои нав ва ояндаи нақлиёт. Дар ҳоли ҳозир, лоиҳаи роҳи оҳани. Чин–Қирғизистон–Ӯзбекистон низ таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб кардааст. Қарор аст, ки дар яке аз истгоҳҳои Қирғизистон нуқтаи махсус барои мутобиқсозии қатораҳо сохта шавад.
Дар баробари ин, Чин аллакай рӯйи қаторҳои насли нав кор мекунад, ки метавонанд бо суръати то 400 км/соат ҳаракат кунанд ва ба таври автоматикӣ ба релсҳои гуногуни роҳ мутобиқ шаванд.
Хулоса. Гарчанде фарқияти релси роҳҳои оҳан мушкилоти муайян ба миён меорад, технологияҳои муосир тадриҷан ин монеаҳоро бартараф мекунанд. Бо рушди ин соҳа, интизор меравад, ки дар оянда ҳаракати қатораҳо байни кишварҳо боз ҳам осонтар ва самараноктар гардад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё