Зеҳн

ЛУҚМОНИ ҲАКИМ

ЗЕ
Зеҳн9 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

«Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст». (Аз халқ)

Дар офаридаҳои халқ, сарчашмаҳои илмию таърихӣ ва адабӣ симои номварони таърихӣ, воқеӣ ва хаёлӣ дучор меоянд, ки эшон бо амали хайр ё шарр шуҳрат ёфта, то рўзгори муосир расидаанд.

Чунончи, Нўшервони Одил, Бузургмеҳр, Намруд, Шаддод, Яъқуб, Юсуф, Нуҳ, Искандар, Қорун, Ҳотами Той ва амсоли инҳо. Дар зимни қиёфаҳо қиссаҳои хаёлии аз тасвироти ирфонӣ бо обу ранги бадеӣ низ холӣ нест. Симои онҳо вобастаи шароиту талаби давру замонҳо маънидод шудаанд.

Яке аз чунин ашхоси дар адабиёти хаттию шифоҳии ҷомеа машҳур Луқмони Ҳаким буда, ки шахсияташ то ҳанўз норўшан мондааст. Дар эҷоди халқ ҳикоёту ривоёти бешумор ба Луқмони Ҳаким мансуб дониста шудаанд. Ўро табиби ҳозиқ, носеҳу хирадманд меноманд.

Доктори илми тиб Ю. Нуралиев, номзадҳои илми филология А. Девонақулов ва А. Боғбон аз шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким бо мақолаи илмии ҳамкорона дарак дода буданд.

Мардум роҷеъ ба шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким – фарди қабл аз мелод, тасаввуроти аниқу равшан надошта, Абўалӣ ибни Сино ва ҳамчунин, баъзе файласуфони Юнони қадимро ба Луқмони Ҳаким нисбат медиҳанд.

Алиакбари Деҳхудо аз шахсияти таърихии Луқмони Ҳаким ва шонздаҳ нафар Луқмони дигар, ки ҳар яке олим, шоир, ҳаким, ҷомеашинос будаанд, аз сарчашмаҳои илмию адабӣ ва таърихӣ ҳуҷҷату далелҳои гувоҳидиҳанда ҷамъ ва шахси таърихӣ будани Луқмони Ҳакимро ошкор намудааст.

Симои Луқмони Ҳаким ҳамчун шахс дар осори илмию таърихӣ ва адабию гуфторҳои халқии Арабу Аҷам интишор ёфта, қабл аз мелод то ин замон ворид гардидааст. Алалхусус, Алиакбари Деҳхудо дар асари машҳураш «Луғатнома» оварда: «Луқмон – номи марди ҳаким, ки бино ба ривояти исломӣ аслаш «ҳабашӣ» буда, дар рўзгори Довуд пайғамбар мезистааст ва дар «Қуръон» зикри вай омадааст». Ҳабашӣ будани Луқмонро Саъдӣ фармудааст:

Шунидам, ки Луқмон сияҳфом буд,
На танпарвару нозукандом буд.

Ба замми ин Алиакбари Деҳхудо дар зимни маълумот оид ба Луқмон аз осори бузургони адабиёт гуфтаҳои назмию насрӣ овардааст:

Куҷост Осаф бини Бархиёву ку Луқмон?
Куҷост Хоҷа Абўзарҷамеҳри некахтар?
Носири Хусрав

Ояд ба дилам, к-аз Худо эмин аст,
Бар ҳикмати Луқмону мулкати Ҷам.
Носири Хусрав

Аз қавлу феъл зину лигомаш ниҳам,
Афсори ў зи ҳикмати Луқмон кунам.
Носири Хусрав

Мулки имомат сўе гусист, ки ўрост,
Мулки Сулаймону илму ҳикмати Луқмон.
Носири Хусрав

Эй, бор худой, ҳама зуррияти1 одам,
Бо мулки Сулаймониву бо ҳикмати Луқмон.

Носири Хусрав

Эй ҳуҷҷати илму ҳикмати Луқмон,
Бигзор ба лафзи хуб ҳисонӣ.
Носири Хусрав

Агар аз хонаву аз ақл ҷудо мондам,
Ҷуфт гаштастам бо ҳикмати луқмонӣ.
Носири Хусрав

Накунам боварӣ, к-аҳкоми Хуросон ин аст,
Гарчи сад Ҳурмузу Луқмон ба Хуросон бинам.
Ҳоқонӣ

Луқмонро гуфтанд:
– Адаб аз кӣ омўхтӣ?
Гуфт:
– Аз беадабон: ҳар чи аз эшон дар назарам нописанд омад, аз он парҳез кардам. Саъдии Шерозӣ

Луқмонро гуфтанд:
– Ҳикмат аз кӣ омўхтӣ?
Гуфт:
– Аз нобиноён, ки то ҷоеро набинанд, напарвосанд, қадам наниҳанд.

Воҳиди Идриси олам бувад Луқмони ҷаҳон,
аммо, Чу марг омад, чӣ судаш дошт идрисиву луқмонӣ.

Луқмони Ҳаким андар он қофила буд, яке аз он корвониён гуфт: – Магар инонро насиҳате кунӣ...?
Гуфт:
– Дареғ бошад калимаи ҳикмат бо эшон гуфтан.

Баҳри луқма гашт, луқмонӣ гар ў?
Вақти луқмонист, эй луқма бар ў.

В-аз қаттоми луқма луқмонӣ шавад,
Толиби ишкори пинҳонӣ шавад.

Дар «Ҳабиб-ус-сияр» оид ба шахсияти Луқмони Ҳаким ҳикояти ирфонӣ оварда шудааст.

Соҳиби «Маҷмаъ-ут-таворих ва-л-қисас» оид ба Луқмон чунин маълумот меоварад:

«Чун дувоздаҳ сол аз мамлакати Довуд бирафт, Худои таоло Луқмонро ҳикмат дод ва сӣ сол бо Довуд буд. Рўзе дар пеши ў рафт. Довуд зиреҳ ҳамекард ба дасти хеш ва оҳан Довудро чун мум нарм буд. Луқмон донист, ки чӣ мекунад ва он чист? Ва аз ҳикмат воҷиб надид сухан пурсидан ва хомўш буд, то тамом карду дар Луқмон пўшид, то бубинад.

Луқмон гуфт:

«Ҳозо ҷайидун лил ҳарбӣ».3 Ва ин сухан Луқмон он вақт гуфт, ки яъне хомўшӣ ҳикматест ва камтар ба кор доранд.

Мавлавӣ дар «Маснавӣ» ҳамин ҳикоятро бо назм овардаву гуфта:

Рафт Луқмон сўи Довуд аз сафо,
Дид, к-ў мекард з-оҳан ҳалқаҳо...

Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд,
Ҳаме оҳан ба муъҷиз мум гардад.
Напурсидаш: Чӣ месозӣ? Чу донист,
Ки бе пурсиданаш маълум гардад.

Сўйи ўй оӣ, агар надидастӣ
Мулки Довуду ҳикмати Луқмон.

«...Муҳаммад Муин (муаллифи «Фарҳанги форсӣ») менависад:

«Довуд – подшоҳи Исроил (ҳудуди солҳои 1010-970- уми қабл аз мелод) ҷонишини Шоул шуд ва бар фаластиниён ғалаба ва Байтулмуқаддасро таъсис кард». Ин маълумоти Муҳаммад Муин далолат мекунад бар он, ки замони зиндагии Луқмони Ҳаким ба солҳои ҳазоруми пеш аз солшумории мо рост меояд...»

Ҳамдуллоҳи Муставфӣ дар «Таърихи гузида» гўяд:

«Луқмон алайҳиссалом ба қавли баъзе муаррихон амзодаи Иброҳими Халил аст ва ба қавле ғуломи сиёҳ (ҳабашӣ) ва баъзе ўро пайғамбар шуморанд. Номи ў сареҳан дар «Қуръон» омадааст, аммо ба ҳикмат мансуб аст. Идомаи гуфтор бо ҳикояти аз воқеият дур тасвир ёфта, дар зер бархе аз ҳикматҳои Луқмон бо наср намуна оварда шудааст, ки ба ин маънӣ Рашиди Ватвот ишора фармудааст:

Туро дар назм луъбатҳои Озар,
Туро дар наср ҳикматҳои Луқмон.

Муаллифи «Таърихи гузида» гуфтори Луқмонро меорад: «...чаҳорсад ҳазор калима дар ҳикмат ҷамъ кардам ва ҷаҳор аз он баргузидам, ду бибояд донист ва ёд дошт ва ду фаромўш бояд кард: бадӣ, ки мардум ба ту кунанд ва некӣ, ки ту ба мардум кунӣ, фаромўш бояд кард, Ҳақ ва маргро ёд бояд дошт.

Аҳмақ агарчи соҳибҷамол бошад, бо ў суҳбат набояд дошт, ки шамшер чӣ хубрухсор аст, зишткирдор аст.

Суҳбати олим мурдаи ҷоҳилро зинда гардонад, чунон ки борон замини пажмурдаро.

Ҳама боре кашидам, гаронтар аз қарзу дайн надидам ва ҳама лаззате чашидам, хуштар аз офият надидам. Ва зиёнкортар айбе - айби худ надидан аст.

Доно чун чароғ аст, Ҳар ки бар ў бигзарад, аз ў нур баргирад.

Ҳар киро гуфтору кирдор мувофиқ набошад, ақли вай ўро накўҳиш кунад.

Ҳар ки саволе кунад, ки сазовори он набошад, ё беҳангом бувад, ё аз лаиме чизе хоҳад, ба мурод нарасад.

Хушхўӣ хеши бегонагон бошад ва бадгўӣ бегонаи хешон.

Аз ў пурсиданд:
– Чист, ки фоидаи он ҳамаро расад?
Гуфт:
– Нестии бадон.
Дар «Таърих-ул-ҳукамо» низ аз шахсияти Луқмони

Ҳаким ишора рафтааст.
«Луқмони Ҳаким марде буд сиёҳчеҳра ва аз аҳли

ҳабаша. Дар замони туфулият ба доми раққият2 мубтало шуда ва ба қайди асорат гирифтор гардида...»

Чӣ маънӣ дорад ин ҳолат, ки гуфтӣ: Зинда шуд Юнус,

Чӣ ҳикмат бошад ин маънӣ, ки гуфтӣ: Банда шуд Луқмон.

Носири Хусрав

«Мавлои ў шахсе буд аз тоифаи бани Исроил ва маъруф ба сўйи ахлоқу ҳаракоти ноҳинҷор. Ғолиби авқот бо ў сахтӣ кардӣ ва ба корҳои саъб2 амр фармудӣ. Луқмон таҳаммули бори гарон кардӣ ва ба ахлоқи зишту ҳаракоти ношоист ў тан дардодӣ...»

Деҳхудо дар зимни ин маълумот ҳикояти аҷибе оварда. Аз рўйи ин ақлу хирад Луқмон аз бандагӣ озод гардида, чунончи, Носири Хисрав гуфта:

Обод ба ақл гашт гардун,
В-озод ба ақл гашт Луқмон.

Дайн – қарзи бомуҳлат.
Раққият – ғуломӣ, бандагӣ.
Каттом – тезии шаҳват, сернафс,
Ишкор – шакли дигари шикор.
Зуррият – насл, авлод.
Ҳисонӣ – зебо.
Парвосидан – даст-даст кардан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба