АСКАРОНИ ИХТИЁРИИ ШАЙТОН
Инсоне, ки ҳамеша шайтонро пайравӣ мекунад ва хостаҳои ӯро бекаму кост анҷом медиҳад, аз доираи инсоният берун шуда, фитрати одамии худро гум мекунад. Аҷиб аст, ки баъзе одамон аз сидқи дил розӣ ҳастанд, ки аз доираи инсонӣ берун бароянд. Чаро чунин аст? Чунки онҳо фитрати аслии худро хароб карда, моҳияти инсонияшонро аз даст додаанд. Онҳо на аз корҳои хуб, балки аз иҷрои корҳои зишт ҳаловат мебаранд. Барои онҳо на тоати Парвардигор, балки итоати шайтон хушоянд аст.
Боре як мард, ки пайрави ҳақиқии шайтон будааст, аз рӯйи меҳру муҳаббаташ хостааст, ки шайтонро бубинад. Ӯ ҳамеша дар андешаи он будааст, ки шайтон – ин рамзи бадӣ чӣ гуна бошад, чӣ гуна инсонҳоро аз роҳи рост мебароварда бошад? Ҳамин тавр ӯ як рӯз махлуқи аҷиберо дида, каме дар тарсу ҳайрат афтод ва аз махлуқи тааҷҷубангез пурсид:
– Кистӣ?
Шайтон ҷавоб дод:
– Ман иблисам.
– Иблис? - ҳайраташ афзуда, пурсидааст мард. - Боварам намеояд. Аз дидорат беҳад хушҳолам. Ман туро дӯст медорам ва шефтаи туву амалҳоят ҳастам. Вале аз ту як хоҳиш дорам.
– Чӣ хоҳиш? - пурсид шайтон. Мард ҷавоб дод:
– Ман, ки туро ниҳоят дӯст медорам, мехоҳам корҳои туро бубинам. Мехоҳам бидонам, ки инсонҳоро чӣ гуна ба иҷрои амалҳои зишт равона месозӣ. Хоҳиши ман ин аст, ки имрӯз маро бо худ ҳамроҳ бигирӣ, то ман иҷрои корҳои туро аз наздик тамошо кунам.
Шайтон бо камоли мамнуният хоҳиши ӯро пазируфта, бо ӯ ба роҳ баромад. Ӯ тарзу усулҳои ба гуноҳ ҷалб кардани инсонҳоро ба мухлисаш нишон дода, ӯро бисёр хушҳол кард. Ҳамин тавр бо фаро расидани шаб шайтон ба мард гуфт, ки барои имрӯз ҳамин қадар басанда аст. Вале он мард нахост, ки аз шайтон ҷудо шавад. Ӯ бо дили нохоҳам ба шайтон гуфт:
– Бигзор гуфти ту шавад, вале пеш аз хайрухуш суоле дорам. – Бигӯ! – гуфт шайтон.
Мард пурсид:
– Дар дастат банду ресмонҳои гуногун мебинам. Онҳоро дар кадом маврид ва ба кадом хотир истифода мекунӣ?
Шайтон қоҳ-қоҳ хандида, посух дод:
– Ман инҳоро ба гардани инсонҳо баста, онҳоро ба роҳи худ медарорам.
Дар ин ҳол мард пурсид:
– Пас барои чӣ имрӯз ягоне аз ин ресмонҳоро ба гардани ман набастӣ?
Шайтон ба ин марди гумроҳ гуфт:
– Ман ин ресмонҳоро барои одамоне истифода мекунам, ки хоҳиши пайравии маро надоранд. Онҳоро баста, талош мекунам, ки аз пайи худ биёрам. Вале ту ва касоне, ки монанди туянд, бе заҳмату талош ҳам аскарони манед. Чаро шуморо бандӣ кунам? Шумо ба пойи худ ба наздам меоед.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё