Зеҳн

Инсон ҳар қадар аз гуноҳ дурӣ ҷӯяд, ҳамон қадар камол меёбад ва савоб мегирад.

ЗЕ
Зеҳн9 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

– Муаллим, дасисаҳои шайтон гуфтед, онҳо чӣ гуна мешаванд? Шайтон инсонро чӣ гуна васваса мекунад ва ба доми худ меафтонад?

– Бисёр саволи хуб, вале мавзӯъ хеле доманадор аст. Дар як дарс онро баррасӣ кардан имконнопазир аст. Аммо яке аз макру ҳилаҳои бисёр аҷиби шайтонро ба шумо арз мекунам.

Шайтон барои он ки инсонро мудом дар банди гуноҳ нигаҳ дорад, баъзан худро инкор мекунонад. Яъне ӯ инсонро ба инкори мавҷудияти шайтон таҳрик мекунад ва дар натиҷа инсон мегӯяд: «Шайтон ном махлуқе вуҷуд надорад». Ҳамин тавр инсони гунаҳкор худро аз азоби виҷдон ва аз андешаи фармонбардории як махлуқи зишт раҳо карданӣ шуда, бемалол ба гуноҳ рӯ меорад. Аз ин бармеояд, ки яке аз ҳилаҳои маъмули шайтон инкор кунонидани мавҷудияти худ мебошад.

Пас аз ин гуфтаҳо яке аз шогирдони болаёқат аз ҷо бархосту гуфт:

– Муаллим, шайтон хоксорӣ мекардааст. Пурсидам:

– Чаро?
Ӯ гуфт:

– Шумо дар дарсҳои қаблӣ гуфта будед, ки шайтон ба сабаби мағрурӣ ва худписандияш гирифтори лаънат гардида, аз даргоҳи Худованд ронда шуд. Ин далели он аст, ки мағрурию худписандӣ аз бадтарин хислатҳост. Ҳавобаландӣ ва кибру ғурур сифати шайтон, хоксориву фурӯтанӣ хоси паёмбарон аст. Ҳоло бошад шумо мегӯед шайтон розӣ аст, ки ҳастии ӯро инкор кунанд ва ҳатто худаш инро мехоҳад. Агар касе хоҳад, ки ҳузури ӯро нодида бигиранд ва чизеро ба ӯ нисбат надиҳанд, магар ин нишонаи хоксориву фурӯтанӣ нест?

Мавзӯъро чунин шарҳ додам:
– Не, писарам! Ӯ чунин нияте надорад. Баръакс, паси пардаи инкор мехоҳад инсонҳоро дар зери тасарруфаш қарор диҳад ва пайваста дар доми худ нигоҳ дорад. Зеро ҳар касе, ки ба мавҷудияти шайтон бовар дорад, аз ҳилаву дасисаҳои ӯ андеша намуда, аз он дурӣ меҷӯяд. Ӯ аз шайтон ҳазар мекунад. Аммо ҳар касе, ки ҳастии шайтонро инкор намояд, парвое надорад. Зеро ӯ фикр мекунад, ки чунин махлуқи баде вуҷуд надорад ва аз шарри он паноҳ бурданро зарур намедонад. Ҳамин тавр шайтон ҳастии худро на аз сари хоксорӣ, балки ба қасди фитна ангехтан инкор мекунонад. Ин амали ӯ ба хоксориву фурӯтанӣ ҳеҷ муносибат надорад. Танҳо як дасиса ва фиреби ақл аст.

Албатта, ҳар инсоне, ки ба мавҷудияти шайтон бовар дорад, ҳамеша аз ӯ канораҷӯӣ мекунад ва аз шарру ҳилаҳояш паноҳ меҷӯяд. Чунин инсон ҳама вақт ба даргоҳи Парвардигори бузург дуо мекунад, ки ӯро аз шарри шайтон ва шарри нафси бад ҳифз намояд. Аммо ҳар касе ба ҳузури шайтон бовар надорад, оё зарурати дуоро эҳсос мекунад?

Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки ҳар касе ба офариниши фариштагон бовар дорад, мехоҳад ба онҳо монанд шавад. Ӯ кӯшиш мекунад, ки ба мисли онҳо маъсуму бегуноҳ бошад. Аммо ҳар касе фариштагонро қабул надорад, ҳастии ин мавҷудотро, ки намунаи ибрати инсонанд, инкор мекунад. Ба ибораи дигар бигӯем, инсоне, ки ба фариштагон имон дорад, талош мекунад, ки ба онҳо монанд бошад ва инсоне, ки ҳастии шайтонро қабул дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки аз ӯ ва бадиҳояш дар амон бошад. Аслан, инсон агар аз шарри шайтон ва ҳилаву дасисаҳои ӯ дурӣ наҷӯяд, ҳеҷ гоҳ фариштахӯ намешавад. Сараввал инсон бояд аз бадиҳо канораҷӯӣ кунад, зеро ҳар гоҳе ӯ аз як бадӣ дур мешавад, савоби як ибодатро ба даст меорад.

Дар ин ҳолат шиори мо бояд чунин бошад: «Дурӣ биҷӯ, бурд намо!». Ҳар қадар аз гуноҳ канораҷӯӣ кунем, ҳамон қадар савоби зиёдтар мегирем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба