Зеҳн

Роҳҳои ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб намудани хонандагон.

БА
Барномасоз10 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Китоби бадеӣ  яке аз воситаҳои асосии маданиятнок шудан,бой намудани фонди луғавӣ  ва гирифтани ғизои маънавӣ барои ҳар як хонанда ба шумор меравад. Ҳангоми мутолиаи китоби бадеӣ хонанда худро ҳамроҳи  қаҳрамонҳои он асар гоҳ дар набарду гоҳ дар шаҳрҳои азим, гоҳ дар байни баҳру гоҳ дар соҳил,гоҳтанҳову гоҳ  миёни ҷамъи дўстон тасаввур менамояду баробари муваффақшудани қаҳрамони дўстдоштааш ў низ комёб мегардад. Чи лаззати гуворое дорад мутолиаи китоби бадеӣ, вале афсўс,ки наврасон ҷавонон имрўз хеле кам бо китоби бадеӣ рўй меоранд. (Шояд гуфтан мумкин бошад,ки китоби дарсиашонро базўр мехонанд). Ин сухан ,албатта ,ба ҳама дахл надорад,зеро таҷриба нишон медиҳад,ки хонадагони китобҳои бадеӣ низ вуҷуд доранд.

Сабаби ба китоби бадеӣ кам рў овардани наврасону ҷавонон дар чист? Бо кадом  роҳ онҳоро ба хондани китобҳои бадеӣ ҷалб кардан мумкин аст? Шумо дар ин бора чӣ фикр доред ман, албатта, намедонам,вале мехоҳам нуқтаи назари худро дар ин бора баён намоям. Шояд яке аз сабабҳои кам рў овардани наврасону ҷавонон ба китоби бадеӣ ин тараққиёти босуръати техникаву технологияи муосир ва вақти зиёди худро дар шабакаҳои гуногуни интернетӣ сарф намудани наврасону ҷавонон  бошад. Албатта, аз тараққиёту пешравии замона қафо мондан даркор нест,вале маданияти истифодаи технологияи навин, бахусус, шабакаҳои интернетиро омўхтан зарур аст.

Ба наслҳои оянда, ки ворисони мову шумоянд, китобхониву китобдўстиро аз оила сар карда, дар боғчаву муассисаҳои таълимӣ ва макотиби олӣ омўзондан лозим аст. Вақте ки хондани китоб ба одати муқаррарии хар як шахс мубаддал мегардад, бовар дорам зиндагиву кор ранги дигар мегирад.

Барои ба китоби бадеӣ рў овардани наврасону ҷавонон нақши омўзгорон дар муассисаҳои таълимӣ  хеле калон аст. Маъмурияти муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки бо  истифода аз шароитҳои муносиб китобхонаҳои  муассисаҳои худро аз китобҳои бадеӣ ғанӣ гардонанд. Китобдори муассиса байни хонандагон тарғибгари асосии китобҳои нав бояд бошад ва аъзо намудани хонандагонро ба китобхонаи муассиса ба таври ҳақиқӣ ба роҳ монад. Роҳбарони  синфҳоро зарур аст, ки дар қатори дигар мавзўъҳои муҳим дар нақшаи солонаи кории худ мавзўъҳоеро доир ба китоби бадеӣ ва аҳмияти он дар зиндагии минбаъдаи инсон тарҳрезӣ намуда, аз рўи он фаъолият кунанд. Роҳбарон ва аъзоёни иттиҳодияҳои методии забон ва адабиёти тоҷик дар нақшаҳои солонаву моҳонаи худ масъалаҳои зеринро ҷой дода,иҷроишашро зери назорати қатъӣ бигиранд: Ташкил намудани вохўрӣ бо шоирону нависандагон, гузарондани озмуни «Китобхони беҳтарини муассиса»,ташкил намудани шабҳои эъҷодии ягон адиб ва дар маҷмўъ ҳавасманд намудани ғолибони ин озмуну чорабиниҳо  ва ғайраҳо. Муаллимони фаннӣ ва махсусан,роҳбарони синфҳо  хонандагонро барои доштани китобхонаи шахсӣ роҳбаладӣ намуда,аҳмияти китобхонаҳои шахсиро дар оянда фаҳмонда тавонанд.

 Чанд роҳеро метавон истифода бурд, то хонанда ба китоби бадеӣ рў орад.Омўзгор метавонад бо худ китоберо орад ва  дар равиши дарс  дар бораи қаҳрамони он асари бадеӣ ҳикоя кунад ва нақлро то охир набурда, давомашро ба хонандагон ҳавола кунад. Он гоҳ ҳисси кунҷковии хонандагон бедор шуда,шавқи хондан ва донистани оқибати тақдири қаҳрамон дар онҳо пайдо мешавад ва китобро аз муаллим гирифта мехонанд.

Адабиёти тавсиявие, ки Вазорати Маориф ва илми Тоҷикистон барои ханадагони ҳар як синф пешниҳод намудааст,дар синфхонаҳо бояд овезон бошад ва  дар давоми солу муддати таътил хонандагон он адабиётро дастрас намуда, мутолиа кунанд. Омўзгор метавонад ҳар як хонандаро дар бораи китобҳои мутолианамудааш пурсон шавад ва хонандагон қиссаҳои хондаи худро дар назди ҳамсинфони худ нақл кунанд. Шояд дигарон ҳам ҳаваси хондани қиссаи рафиқашон мутолианамударо пайдо кунанд. Инчунин,дар дафтари махсус тартиб додани асарҳои мутолианамуда ва номи муаллифу қаҳрамонҳои марказии он асарҳо аз фоида холӣ нест.

Барангехтани шавқу завқи хонанда яке аз ҳунарҳои асосии омўзгори асил  ба ҳисоб меравад, аз ин рў сохтани «Гўшаи китоб» ё гўшаи «Бузургон дар васфи китоб» низ метавонад сабаби ба китоби бадеӣ рў овардани хонандагон шавад. Гўшаҳои номбаршуда бояд диққатҷалбкунанда, зебо ва замонавӣ бошанд.

Ташкил намудани иншои хонагӣ дар мавзўи «Қаҳрамони дўстдоштаи ман аз китобҳои мутолианамудаам» низ метавонад хонандаро бо китобҳои бадеӣ бипайвандад ва хонанда муқоиса намудани нақши қаҳрамонҳои асарҳои хондаашрометавонад биомўзад.

Паҳлўи дигари масъала ин саҳми волидайн дар хониши беруназсинфии фарзандонашон мебошад. Хуб мешуд,ки волидони гиромӣ низ дар ин масъала бо мо ҳамфикр мебуданду дастгириамон  менамуданд. Ҳоло дар ҳамаи мағозаву дўконҳои китобфурўшӣ дилхоҳ китобро бо нархи арзон дастрас намудан мумкин аст. Солҳои охир китобҳои бадеии зиёди  синни  мактабӣ дар кишварамон бо сифати баланду нархи дастрас ва муқоваҳои диққатҷалбкунанда аз нашр баромадаанд. Хуб мешуд,ки ба ҷои фиттаҳои пур аз лаҳзаҳои қатлу ғоратдошта, ба фарзандон китоби бадеӣ тақдим менамуданд. Ё аҳли синф ва волидон дар зодрўзи хонанда ба ў китобҳои шавқовари бадеӣ тақдим намуда, бо гузашти муддате чанд аз мазмуни он китобҳо пурсон мешуданд. 

Дар миёни мардуми тангтафаккур сухани бемаъниву бемантиқе вуҷуд дорад, «Фалонӣ хонд чӣ шуд?», ман нисбат ба ин сухан нафрати калон дорам. Охир, мо дар асри 21 қарор дорем, асре, ки бе китобу бе савод ба ҷое  расидан амри муҳол аст.

 Дар охир ба хонандгони мухтарам ин порчаи шеъриро, ки дар васфи китоб эъчод намудаам, тақдим мекунам.

ДАР ВАСФИ КИТОБ

Эй писар, гар мақсадат дар зиндагӣ
Бошад оромиву ҳам созандагӣ. 

Хоҳӣ  аз умрат биёбӣ лаззате,
Байни мардум обрўву иззате.

Кўш то ёрат китоб бошад басе,
Чун китоб бо ту намесозад касе.

Донӣ ўро чун рафиқи боадаб,
Ҳамраҳат гирӣ агар дар рўзу шаб.

Ў туро то водии сабзи умед
Мебарад бо роҳи ҳамвору сафед.

Мекунад шоистаи номи баланд,
Байни мардум некному арҷманд.

Гар биафтад мушкиле дар рўзгор,
Маслиҳатгар ҳамчунон омўзгор.

Ростиву адлу имон аз китоб,
Кори ин дунё  ба сомон аз китоб.

Донишу ақлу саводат  аз китоб,
Бахту иқболу саодат аз китоб.

Ибни Сино кард бо ақл интихоб,
Ҷои лаълу тангаву тилло китоб.

Ин сабаб шуд то бимонад ҷовидон
Номи худро дар ҳама рўи ҷаҳон. 

Инчунин Фирдавсиву Хайёмро,
Рўдакирову Ҳакими Ҷомро.

Саъдиву ҳам Ҳофизи дилдодаро,
Ҳам Камолу Румии озодаро.

Ҳам ҳазорон баъдашон ояндаро,
Шахсиятҳои басо арзандаро.

Тарбият бинмуд авроқи китоб,
Зеҳнашон сайқал бидоду обу тоб

Гашта ҷумла соҳиби илму ҳунар
Аз барои насли фардои башар.

Ёдгор аз худ суҳаф бигзоштанд,
Тухми нахли илму дониш коштанд. 

То ки мо аз сатрҳои ҳар варақ
Ҳосил орем аз барои худ сабақ. 

Аввалин ваҳйи паямбар з-осмон,
«Иқра» нозил гашт,маънояш бихон! 

Пас, бихон, эй ҷони ширини падар,
Ёд гир одобу ахлоқу ҳунар. 

Хонданат ҳаргиз магў, ки дер шуд,
Ё магў чашмам зи дониш сер шуд. 

Худ паямбар гуфт дар ин бораат:
«То ба гўр омўз аз гаҳвораат.»

 

Омўзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳри Ваҳдат - Мирзораҳимов Идибег.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба