Зеҳн

ТАШАККУЛЁБИИ НИШОНДИҲАНДАҲОИ БИОМЕТРИИ ҶУВОРӢ ВОБАСТА АЗ УСУЛИ ПАРВАРИШ ДАР ШАРОИТИ ТОҶИКИСТОНИ МАРКАЗӢ

ФЕ
Фермер14 августи 2026 · 3 дақиқа хондан

Дар давраи нашъунамои зироатҳои саҳроӣ шароити хоку иқлим ва агротехника ба инкишофи растаниҳо таъсири калон мерасонад.

Ҷуворӣ ҳамчун намояндаи зироати ғалладона бо суръати сусти ташаккулёбӣ дар зинаи аввали инкишоф аз дигар зироатҳо фарқ мекунад.

Натиҷаҳои мушоҳида аз раванди ҷараёни сабзиши растаниҳо нишон мендиҳад, ки ҷуворӣ то марҳилаи қадкашӣ (найчабандӣ) суст инкишоф меёбад. Баландии пояи растанӣ дар давраи панҷаронӣ ба 13,0-15,4 см баробар шуда, дар давраи қадкашӣ вобаста аз вариантҳои омўзиши ин нишондод дар атрофи 98,0 - 103,8 см қарор мегирад.

Баландравии босуръати пояи ҷуворӣ пас аз ба анҷом расидани давраи қадқашӣ ба қайд гирифта шудааст. Давраи ҷоруббарорӣ аз рўйи нишондодии баландшавии поя дар муқоиса бо давраи найчабандӣ 3 маротиба бартарӣ дорад. Вобаста аз вариантҳои омўзишӣ ин нишондод 339,1- 348,8 см фарқият намуд.

Дар кишти ҷуворӣ бо усули пуштагӣ баландии поя дар таҷрибаиҳои мо бо 7,6 см нисбат ба усули кишти васеъҷўяк бартарӣ дошт. Бо зиёд намудани зичии растаниҳо мутаносибан баландравии қади растани мушоҳида карда мешавад.

Ҳангоми муқоиса намудани баландии пояи ҷуворӣ дар вариантҳо бо зичии 70 ва 90 ҳаз./га фарқият бо нишондоди 5-7 см дар варианти зичии 70 ҳаз./га қайд карда шудааст. Ин ҳолат аз ҳисоби қадкашии растанӣ ва дарозшавии байнибуғумҳо ва нарасидани рўшноӣ ба қисми поёни пояи растанӣ маънидод карда мешавад.

Чунин қонуният дар динамикаи сабзиши пояи ҷуворӣ дар давраҳои нашъунамои минбаъда низ мушоҳида карда шудааст. Масалан, дар давраи гулкунӣ нисбат ба давраи ҷоруббарорӣ баландии поя назаррас набуда фарқият байни вариантҳои омўзишӣ ҳамагӣ аз 4-5 то 7-8 см-ро ташкил намудааст.

Баландшавии поя асосан аз ҳисоби буғумҳои қисми болои поя ба амал омадааст.

Нишондодҳои баландшавии пояи ҷуворӣ дар давраи пухтарасии дон тақрибан аз нишондодҳои дар марҳилаи гулкунӣ гирифташуда фарқ накарда, ҳамагӣ 1-2 см -ро ташкил дод.

Мувофиқи нишондодҳои таҳлилкардашудае, ки дар ҷадвали 1 оварда шудааст, баландшавии пояи ҷуворӣ ҳангоми гузаронидани кишт бо усули пуштагӣ ва ҷойгиркунии растаниҳо бо зичии 90 ҳаз./га ба амал меояд.

Аз тарафии муҳаққиқони сершумор таъсири назарраси сатҳи барг ба ташаккулёбии ҳосил исбот карда шудааст. Ҳосилнокии зироатҳои саҳроӣ дар сатҳи 90% аз ҳисоби фаъолияти узвҳои фотосинтетикии растанӣ ташаккул меёбад.

Мувофиқи натиҷаҳои таҳқиқот зиёдшавии масоҳати барг дар зироати ҷуворӣ пас аз давраи панҷаронӣ, бо гузаштани растанӣ ба марҳилаи қадкашӣ мушоҳида карда мешавад. Аммо нишондодҳои максималиро дар давраи гулкунӣ дастрас менамояд.

Аз рўи нишондодҳои масоҳати барг дар таҷрибаҳои гузаронидашудаи кишт бо тухмӣ ва шинонидан бо кўчат дар синни 30 рўз фарқияти назаррас мушоҳида карда нашудааст.

Дар таҷрибаи мо вобаста аз усули парвариш нишондодҳои нисбатан баланди сатҳи барг ҳангоми гузаронидани кишти пуштагӣ дар муқоиса бо усули васеъҷўяк ва зиёдшавии зичии растанӣ аз 70 то 90 ҳаз./га муқаррар карда шудааст. Масоҳати майдони барг дар таҷрибаҳои мо дар давраи гулкунӣ вобаста аз вариантҳои парваришӣ бо андозаи 40,1- 44,2 ҳаз.м2/га фарқият дошт.

Дар таҷрибаҳои - гузаронидани кишт бо тухмӣ, растаниҳо дар марҳилаи гулкунӣ дар кишт бо усули пуштагӣ 42,3 ҳаз..м2/га майдони барг пайдо намуданд, ки ин нишондод нисбат ба кишт бо усули васеъҷўяк бо нишондоди 2,1 ҳаз..м2/га зиёд мебошад. Дар варианти бо зичии 90 ҳаз./га дар муқоиса бо варианти 70 ҳаз./га бартарӣ бо нишондоди 4 ҳаз.м2/га мушоҳида карда шуд. Ин қонуният дар ташаккулёбии индекси масоҳати барг дар таҷрибаҳои парвариши ҷуворӣ бо тарзи кўчат низ муқаррар карда шудааст.

Дар давраи пухтарасии дон аз ҳисоби дастрасии нопурраи рушнои зардшавии баргҳое, ки дар қисми поёни поя ҷойгиранд, ба назар расид ва мутаносибан ба ин нишондод камшавии чашмнорас дар масоҳати барг (0,6-1,8 ҳаз.м2/га) ба мушоҳида расид. Новобаста аз ин мутобиқати байни вариантҳои омўзиши дар давраҳои аввали нашъунамо ба мушоҳида расид.

Ҳамин тавр, вобаста ан натиҷаҳои бақайдгирифташуда чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки аз рўйи нишондодҳои масоҳати барг байни таҷрибаҳои омўзишӣ: гузаронидани кишт бо тухмӣ ва парвариши ҷуворӣ бо кўчат фарқияти муайяни чашмрас мушоҳида карда нашуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба