ХУСУСИЯТҲОИ НАШЪУНАМО ВА ҲОСИЛНОКИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ДАР КИШТИ АНГОРӢ
Риояи дурусти истифодаи навъҳо ва дурагаҳои зироатҳои кишти такрорӣ вобаста ба шароити иқлимию хокии минтақаҳои ҷумҳурӣ барои пурра пухта расидани дони онҳо ва ҳосили баланди тарҳрезигашта аҳамияти калон дорад. Дар давраи нашъунамои зироатҳои ангорӣ шароити сабзиши (нешзании) онҳо нисбатан ба киштҳои баҳорӣ ба таври куллӣ фарқ мекунанд.
Ҳарорати хок ва ҳаво дар давраи кишт ва аввали нашъунамо нисбатан баланд аст. Дар охири тирамох баръакс ҳарорати хоку ҳаво паст буда, таносубан намии ҳаво ва дарозии рўз низ тағйир меёбад. Ҳамаи ин тағйирёбиҳо сабаби ба таври хос гузаштани сабзишу инкишофи зироатҳои кишти такрорӣ мегарданд. Бинобар ин мо мақсад гузоштем, ки нашъунамо, инкишоф ва маҳсулнокии зироатҳои кишоварзиро дар кишти такрорӣ баррасӣ намоем.
Мақсади асосии таҳқиқоти илмӣ аз инҳо иборат аст:
-омўзиш ва интихоб намудани навъҳои нави ноҳиябандишуда ва ояндадори зироатҳои кишоварзӣ барои кишти такрорӣ ва такмил додани усулҳои илман асоснокшудаи самаранок истифодабарии заминҳои обёришаванда;
-интихоби навъҳо ва зироатҳои кишоварзӣ барои кишти такрорӣ;
-омўзиши нашъунамо ва инкишофёбии зироатҳои кишти такрорӣ;
-муайян намудани ҳосилнокӣ ва сохтори он;
-манфиатнокии иқтисодӣ;
-пешниҳоди тавсияҳо оид ба самаранок истифодабарии заминҳои обӣ.
Нақшаи кишти таҷрибавии 1: лўбиёи чинӣ навъи «Ситора»; мош «Тоҷикӣ-1»; кунҷут «Шаҳноза»; ҷуворимакка «Зоҳир»; ҷуворӣ «Ҳисор-45».
Нақшаи кишти таҷрибавии 2: ҷувори-макка – ВИР-156, «Дилшод», «Зоҳир»; лубиёи чинӣ «Орзу»; мош «Тоҷикӣ-1»
Рушду нумўъ ва ҳосилнокии зироатҳои дар боло қайд кардашуда дар кишти такрорӣ омухта шуданд. Дар натиҷаи тадқиқот беҳтарини онҳо аз рўи маҳсулнокӣ интихоб гардида, ба истеҳсолот пешниҳод карда мешаванд.
Мушоҳидаҳо ва ченаку ҳисобҳои биометрии зироатҳои кишти такрорӣ дар асоси дастурамалҳои методии умумӣ тасдиқгардида барои таҷрибаҳои саҳроӣ гузаронида шудааст.
Таҷрибаҳои саҳроӣ солҳои 2012-2014 дар қитъаи таҷрибавии ИИТ «Зироаткорӣ»-и АИКТ гузаронида шудааст. Масоҳати ҳар як қитъача 25м2, ҷамъи умумии майдони таҷрибави - 0,8 га. Пешинакишт пахта, усули кишти байниқаторӣ-60 см.
а) Нашъунамо, инкишоф ва маҳсулнокии зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ
Натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ исбот намудаанд, ки давомнокии давраи нашъунамо барои кишти такрорӣ яке аз нишондодҳои муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар чи қадар давраи нашъунамо ва инкишофёбии зироатҳои кишти такрорӣ кўтоҳ бошад, ҳамон қадар барои рўёнидани ҳосили онҳо шароит беҳтар мегардад ва то мавсими сармои тирамоҳӣ ҷамъоварӣ карда мешавад.
Аз нишондодҳои нашъунамо ва инкишофёбии зироатҳои кишт дида мешавад, ки давраи аз кишт то баромади майсаҳои мош ва кунҷит – 5 рўз, ҷуворимакка ва ҷуворӣ – 6 рўз ва лўбиёи чинӣ – 7 рўз гузаштааст. Дар китъаи таҷрибавии мо ҳамаи зироатҳои кишти такрорӣ хуб нашъунамо намуда, давраи пухта расиши онҳо аз 20.09 то 25.10. давом кардааст.
Дар байни зироатҳои кишти такрории омўхташуда аз ҳама давраи нашъунамои кўтоҳ, яъне аз давраи баромади ниҳолҳо то пухтарасии ҳосили мош – 82 рўз ва давраи нашъунамои лўбиёи чинӣ -113 рўзро дар бар гирифтааст. Давраи нашъунамои зироатҳои ҷуворримакка, ҷуворӣ ва кунҷит аз баромади ниҳолҳо то давраи ҷамъоварии ҳосил қариб дар як сатҳ қарор доштанд (120-121 рўз).
Унсурҳои асоси муайянкунандаи ҳосилнокии ин ё он зироат нишондодҳои сохтори он мебошад. Дар вақти муҳайё намудани тамоми омилҳои зарурии ҳаёт, нишондодҳои сохтори ҳосилноки зироатҳои кишти такрорӣ хеле беҳтар мегардад.
Аз нишондодҳои дар ҷадвал овардашуда бармеояд, ки баландии қади лўбиёи чинӣ (соя) ба ҳисоби миёна 111,4 см, вазни як дона растанӣ ба 112,6 г, шумораи ғилофакҳо ба 140,0 дона, шумораи дон ба 297 ва вазни дон ба 47,8 г. баробар шудааст. Дар зироати кунҷит бошад, ин нишондодҳо мутаносибан ба 141; 110; 166; 9634; 27,2 ва дар мош бошад, ба 94; 83;93;532 ва 21,1 баробар шудааст.
Ба ҳисоби миёна қади растаниҳо вобаста ба зироат 94-141 см, вазни як растанӣ 62-126 г, шумораи ғилофакҳо 93-166 адад ва вазни дони як растанӣ 21,1-47,8 г.-ро ташкил намуд.
Натиҷаи омўзиши ҳосилнокии муқоисавии зироатҳои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ нишон дод, ки ҳосилнокии онҳо аз ҳар як воҳиди замин якхела нестанд.
Ҳосилнокии аз ҳама паст дар байни зироатхои кишоварзӣ дар кишти такрорӣ аз зироати кунҷит – 6,5 с/га ба даст оварда шуд.
Ҳосилнокии аз ҳама баланд дар кишти такрорӣ аз ҷуворимакка ба ҳисоби миёна – 54,9 с/га гирифта шуд. Ҳосилноки мош дар кишти такрорӣ ба 15,4 с/га ва зироати соя бошад ба 20,5 с/га баробар шудааст.
Дар натиҷаи тадқиқоти илмии мо маълум гардид, ки дар байни зироатҳои омўхташудаи кишти такрорӣ ба ҳисоби миёна аз 6,5 то 54,0 с/га дон ва 466,3 с/га анбўҳи сабз ҷамъоварӣ гардид. Аз ҳама ҳосили баланд 54,0 с/га дон аз кишти такрории ҷуворимакка гирифта шуд.
б) Ҳосилнокии муқоисавии ҷувори-макка, соя ва мош дар кишти такрорӣ
Роҳҳои асосии самаранок истифодабарии замин ин интихоби дурусти зироатҳо ва навъҳо барои кишти ангорӣ (такрорӣ), инчунин кор карда баромадани технологияи самаранок парвариши зироатҳо мебошад.
Натиҷаи тадқиқотҳои олимон дар водии Ҳисор имконияти рўёнидани ҳосили баланди кишти такрорӣ вобаста ба намуд ва навъи зироатҳо тасдиқ намудаст.
Дар натиҷаи таҳқиқоти гузаронидаи мо маълум гардид,ки дар аввали инкишофёбӣ баландии ниҳолҳои дурага ва навъҳои ҷуворимакка аз якдигар кам фарқият доштанд (85-88 см). Аммо аз саршавии давраи гулкунӣ то давраи пухтарасӣ баландии қади ниҳолҳо аз якдигар ба таври назаррас фарқ мекарданд. Баландии қади растаниҳои навъҳои ҷуворимакка дар давраи пухта расӣ аз 272 то 305 см-ро ташкил дод. Дар байни навъҳои омўхташудаи ҷуворимакка аз ҳама қади баланди ниҳолҳо дар навъи ҷуворимаккаи «Зоҳир» ба қайд гирифта шуд. Дар ин давра дарозии қади ниҳолҳои навъи «Зоҳир» нисбат ба навъи «Дилшод» 12 см, нисбат ба дурагаи ВИР 156 ТВ – 33 см зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Дар байни зироатҳои лубиёдонагӣ дарозии қади ниҳолҳои соя (лубиёи чинӣ) дар ҳамаи марҳилаҳои омухташуда нисбат ба ниҳолҳои мош зиёд ба назар мерасид. Дар давраи пухтарасии ҳосил баланди қади ниҳолҳои соя – 92,7 см ва ниҳолҳои мош 63,3 см-ро ташкил дод.
Сатҳи барг яке аз нишондодҳои муҳими фаъолияти фотосинтетикии кишти зироатҳо ба ҳисоб меравад. Вай маҳсулнокии ҳар як зироатро дар давраи инкишофёбиаш муайян менамояд. Барои омўзиши сатҳи барг бисёр тадқиқотҳои илмӣ гузаронида шудааст. Натиҷаи тадқиқотҳои илмии академик Ничипорович А.А. маълум намудааст, ки барои гирифтани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ сатҳи оптималии масоҳати барг бояд дар як гектар дар ҳудуди 40-50 ҳаз.м2 бошад. Ин ақидаро натиҷаи таҷрибаҳои гузаронидашудаи мо низ тасдиқ намудааст.
Дар давраи гулкунӣ андозаи масохати сатҳи барги навъҳои ҷуворимакка дар худуди аз 42,0 то ба 50,5 ҳаз.м2/га қарор дошт. Дар байни ин дурага ва навъҳо аз ҳама бисёртар масоҳати сатҳи барг дар навъҳои «Зоҳир» (50,5 ҳаз.м2/га) мушоҳида шудааст. Сатҳи барги зироатҳои соя навъи «Орзу» ва мош «Тоҷикӣ-1» дар давоми марҳилаи гулкунӣ 39,7-33,5 ҳаз.м2/га-ро ташкил дода бошад, ин нишондод дар давраи пухтарасӣ аз ҳисоби рехтани баргҳо дар зироатҳои кишти такрорӣ кам шудааст - 23,0-25,5 ҳаз.м2/га.
Интихоби дурусти зироатҳо ва риоя намудани талаботҳои агротехникии зироатҳо имконият медиҳад, ки замини корам самаранок истифода шавад.Дар ин вақт вобаста ба кишти такрорӣ зироатҳои омўхташуда аз ҳар як гектар аз 900 то 4390 сомонӣ даромади соф ба даст дароварда шуд. Даромадноки мутаносибан ба зироатҳо аз 38 то 122%-ро ташкил дод.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё