Зеҳн

ТАЪСИРИ МАНФИИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ ВА БОРИШОТИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА БА САБЗИШ ВА ИНКИШОФЁБИИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА РОҲҲОИ МУТОБИҚШАВӢ БА РАВАНДИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ

ФЕ
Фермер14 августи 2026 · 6 дақиқа хондан

Дар тӯли 160 соли охир, шиддатнокии таъсиррасонии ҳарорати гармӣ ба дараҷаи аз ниҳои экологӣ ду маротиба зиёд гашта, баландшавии ҳарорати ҳаво боиси паст шудани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагиҳо, картошка ва сабзавот гардид. Дар натиҷа бо таъсири гармии ҳавои атмосфера ҳолатҳои гармшавии хок шиддатнок гардида ба равандҳои сабзиши тухми зироатхои кишоварзӣ (ғалладонагиҳо, картошка ва сабзавот-карам, помидор, сабзӣ, пиёз ва дигар сабзавотҳо), таъсири манфӣ расонид. Бо таъсири ҳарорати гармии +23+27 0С хок- қабати ғизогирандаи реша ва ҳарорати ҳавои атмосфера боз доштани вазифаҳои биологии бофтаҳои зироатҳои кишоварзӣ мушоҳида карда шуд.

Гармшавии ҳарорати ҳаво ба раванди сабзиши реша ва вазифаҳои реша, таркибу структураи хок, маҳлулшавии моддаҳо дар қисмати ғилофаки реша, инкишофёбии бофтаҳои ҷабиш, тақсимшавӣ, захирашавӣ, гузаронандаи реша таъсири манфӣ расонид ва вазифаҳои ғилофаки реша, бофтвтаъсири манфӣ расонида, ки ба қобилияти наминигоҳдорӣ, ҳавонигоҳдорӣ, намгузаронии хок, таъсири манфӣ расонид ва ин ҳолат ба талафёбии об дар агроэкосистема ба назар расид.

Таъсири тағйирёбии иқлим ба сабзиш ва инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ бошиддат таъсири худро расонида истодааст. Раванди шиддатнок шудани тағйирёбии иқлим ба давраҳои сабзиш ва инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ таъсири манфии худро расонида ба марҳилаҳои ташакулёбии системаи решаи зироатҳои кишоварзӣ, таъсири аввалиндараҷаи худро расонида ба тақсимшавии ғилофаки реша, бофтаҳои сабзиш, ҷабиш, тақсимшавӣ, бавуҷудоваранда ва гузаронанда расонида ба вазифаҳо ва структураи реша, тағйири биологӣ ва физиологӣ ба назар мерасад.

Дар раванди фаъолшавии гармшавии иқлим ва фаъол гардидани тағйиротҳо дар экосистемаҳои табиӣ-кишоварзӣ ва пасту баландшавии ҳарорати ҳавои атмосфера боиси тағйир ёфтани фишори осмотикии решаи зироатҳои кишоварзӣ гардидааст.

Бо зиёдшавии намнокӣ аз ҳисоби боришоти борон ва баландшавии ҳарорати гармӣ дар моҳҳои декабри соли 2018 ва январи соли 2019 ҳолатҳои вазидани шамолҳои мӯътадили баҳориро фароҳам оварда ба фаъолшавии фишори осмотикии реша мусоидат намуда ба сабзиш сар кардани мӯғҷаҳои вегетативӣ ва генеративии растаниҳои дарахтӣ ва буттагии субтропикӣ, дар водиҳои Вахш, Ҳисор ба назар мерасад.

Мусоид омадани зимистони солҳои 2018-2019 (даҳаи якум ва дуюми моҳи январ) боиси ташаккулёбии фишори осмотикии реша, пайдоиши маҳлулҳои ғизо дар ҳуҷайра-бофтаҳои системаи реша, поя, навда, шохчанавдаҳо ва муғҷаҳои растаниҳо ба назар расид.

Ҳолати гармшавии ҳавои атмосфера ба ҳисоби шабонарӯзӣ аз +5 0С то + 8 0С то моҳҳои октябри соли 2018 дар экосистемаи кишоварзӣ мушоҳида мешавад. Бо ворид шудани сиклонҳои гармӣ ба экосистемаҳои Тоҷикистон, ҳолати ба ҳисоби шабонарӯзӣ зиёдшавии ҳарорати гармии ҳавои атмосфера аз +3 0С то + 5 0С дар моҳҳои ноябр- декабри соли 2018 ва январи соли 2019 ба амал омад, ки дар натиҷа ҳолатҳои фаъолшавии фишори осмотикии зироатҳои кишоварзӣ ва муғҷаҳои вегетативӣ ва генеративӣ ба назар расид. Бо таъсири баландшавии ҳарорати гармӣ ба сабзиш сар кардани муғҷаҳои вегетативӣ растании ангур. Бо назардошти он, ки сиклонҳои дорои ҳарорати гармӣ дошта ба минтақаҳои экосистемаҳои табиӣ ва кишоварзӣ ворид гардида боиси гармшавии ҳавои атмосфера ва қабати хок, гардидааст.

Дар агроэкосистемаҳои кишоварзии Тоҷикистон, нақши боришоти мӯътадил ва намнокӣ, ҷиҳати таъсирбахшии ҳарорати гармӣ ва аз худ намудани нурҳои фаъоли офтоб, имконият медиҳад, ки ба давраҳои инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ шароити мусоиди сабзиш ва инкишофёбӣ фароҳам оварад. Аммо дар шароити табиӣ, ки давраи мӯътадили фасли сол, яъне мавсими табиӣ бедоршавии табиат, табиатан фароҳам наомадааст, таъсири гармшавии иқлим дар моҳҳои декабр-январ ҳолатҳои хатарноки ташаккулёбии сардиҳои ногаҳонӣ дар даҳаи дуюм, сеюми моҳи феврал ва даҳаи якум-дуюми моҳи март, ҳисороти хеле зиёд ба соҳаи кишоварзӣ зиён мерасонад.

Таъсири гармшавии иқлим боиси фароҳам омадани шароити муосиди табиӣ барои инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ гардида бошад ҳам, аммо ҳолатҳои сардиҳои дерӣ ва боришоти барф ва сардшавии қабати хок (расми 3.б, расмҳои 4,5) боиси зарари механикӣ ёфтани системаи реша, поя, тана, навда, муғҷаҳо, гулҳо ва пура талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ мегардад.

Баландшавии ҳарорати гармӣ дар табиат дар баъзе минтақаҳо муфид бошад ҳам, аммо дар аксар минтақаҳо боиси обшавии пиряҳои ҳазорсола, барфҳо ва омадани сел дар минтақаҳои ҳамсарҳад ба экосистемаи кишоварзӣ шуда истода, таназзулёбии ҳазорҳо га заминҳои назди соҳили дарёҳои Кофарниҳон, Норак, Вахш, Панҷ, Зарафшон, Варзоб, Қаратоғ ва дигар экосистемаҳоро ноустувор менамояд. Зеро самти ҳаракати вазиши абрҳои кучиши биологӣ кунанда бо таъсири самти ҳаракати вазиши абрҳои кучиши биологӣ кунанда бо таъсири тағйирёбии фишорҳои гардиши бодҳо, об ва гармшавӣ-сардшавӣ имконияти хеле зиёди ҳаракати сардиҳо ва боришоти барфро метавонад ба экосистемаҳои табиӣ ва экосистемаи кишоварзӣ Тоҷикистон оварда метавонад.

Баланд шудани ҳарорати гармии ҳаво ба намуди мӯътадил дар мавсими сабзишу инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ, манфиатбахш аст, зеро дар ин давра зироатҳои кишоварзӣ ба ҳарорати манфиатбахши хок ва ҳавои атмосфера бештар эҳтиёҷ дорад. Аммо дар ҳолати нарасидани мавсими сабзиш ва инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ, ҳисоротҳои зиёди талафёбии ҳосили маҳсулоти кишоварзиро ба миён меоварад.

Бо мақсади гирифтани пеши роҳи таъсири гармшавии иқлим, бештар корҳои яхобмонии заминҳои кишоварзӣ ва шудгори байни қаторҳои боғҳо, обмонии байни қаторҳо, ташкил намудан бештар манфиатбахш аст ва ин ҳолатро такроран баъди 8-10 рӯз боз такрор намуд, зеро ҳар як яхобмонӣ метавонад барои нигоҳ доштани марҳилаи фаъолшавии системаи решаи зироатҳои кишоварзиро то 12-14 рӯз боз медорад.

Таҷрибаи илмӣ нишон дод, ки бармаҳал омадани гармии хавои атмосфера ва таркиби хок, бештар барои зироатҳое, ки дар гармхонаҳо (помидор, бодиринг, карам, қаламфури ширин, шалғамҷа, сирпиёз, тути заминӣ ва полезиҳо) хеле муфид аст. Зеро гармшавии табиӣ ва таъсири нури манфиатбахши офтоб ба зироатҳои кишоварзӣ, манбаи асосии энергетикӣ (расми 6), шароити табиӣ барои сабзишу инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат менамояд.

Вобаста аз давраҳои сабзишу инкишофёбии зироатҳои кишоварзӣ таъсири ҳарорати ҳавои атмосфера вобастагии зиёд доранд. Ҳангоми муътадил будани намнокии хок ва ҳавои атмосфера шароити табиии барои ҳосилшавии моддаҳои биологи ва узвҳои генеративӣ ва вегетативии зироатҳои кишоварзӣ мусоидат карда ба ҳосилшавии дон-мева имкониятҳои афзудани онҳоро афзун мегардонад.

Барои ташакулёбии вазифаҳои ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ таъсири ҳарорати ҳавои атмосфера (ҳарорати миёнаи шабонарӯзӣ, максималӣ ва оптималӣ) ва боришот ё намӣ, таъсир расонида истодааст. Бо баланд шудани гармии сатҳи рӯизамин талафёбии об дар заминҳои кишоварзӣ ба назар расида дараҷанокии самарабахшии сарфи об дар як гектар паст гардид.

Бо мақсади мутобиқшавӣ ба раванди гармшавии иқлим ва сардиҳои ногаҳонӣ, тавсия карда мешавад, ки дар минтақаҳои водиҳои Вахш, Ҳисор, Зарафшон ташкили боғҳои интенсивӣ ва гармонаҳои замонавиро дар ҳар як ноҳия на кам аз 200-300 га ва ташкили боғҳои махсус муҳофизатии чормағз, дулона, анҷир, себ, нок, зардолу ва дигар намудҳои мевадиҳандаю бесамарро дар майдонҳои заминҳои хос бо риояи технологияи парвариши растаниҳои дарахтӣ, буттагӣ фаъол намуд.

Бо шиддатнок гардидани раванди тағйирёби иқлим дар агроэкосистема, ҳолатҳои таназзулёбии пурмаҳсулнокии хок ва таназзулёбии ҳолати экологии хок ба миён омадааст.

Шиддатнокии тағйирёбии иқлим бештар ба фаъолгардии табиии хоки агроэкосистема, микроорганизмҳои хок, ҳашаротҳои фоидаовар бештар таъсири манфӣ расонида истодааст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба